Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмате, ки ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият мухолифат надоранд, амал мекунанд
Ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 феврали соли 2003 № 54
тасдиқ шудааст
Тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
1. Аттестатсия, аккредититсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли моликият ва тобеият дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Низомномаҳои аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ва тартиби мазкур аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад .
2. Аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои типпи нав ба монанди литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳо, таълимгоҳҳои шахсӣ, ширкатие, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ доранд, мактабҳои ғайридавлатӣ, мактабҳои миёнаи касбӣ ва олии ҷумҳурӣ, аспирантура, докторантура, Донишкадаҳои такмили ихтисосу азнавтайёркунии кадрҳо, маркази ҷумҳуриявии корҳои беруназмактабӣ, литсейҳои техникӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, муассисаҳои таълимии вазорату идораҳои қудратӣ, муассисаҳои таълимии беруназмактабӣ, муассисаҳои таълимии муштараки байналмилалӣ, муассисаҳои таълимии хусусӣ (аз ҷумла муассисаҳои таълимие, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ таъсис ёфтаанд) новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон аз тарафи Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пулакӣ гузаронида мешаванд .
3. Аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои томактабӣ ва ҳамаи намудҳои мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ, ғайр аз намудҳои мактабҳои фавқузикр, аз тарафи идора ё шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, бо назардошти ҳуҷҷати расмӣ ва маводи илмию методии тавсия кардаи Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Бо мақсади муайян кардани сифати санҷиш Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад интихобан аз нав аттестатсияи муассисаҳои таълимии аттестатсияшударо гузаронад .
4. Барои гузаронидани аттестатсия ё литсензиядиҳии Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон, идора ва шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ комиссияи экспертӣ ташкил медиҳанд, ки ба ҳайати он мутахассисони Дастгоҳи Вазорати маориф ва илм, коркунони муассисаҳои илмӣ, томактабӣ, муаллимону олимон, кормандони мақомоти органҳои таълимию тарбиявӣ, такмили ихтисосу азнавтайёркунии кадрҳо, мутахассисони ташкилотҳои манфиатдоре, ки барои тайёр кардани кадрҳо фармоиш медиҳанд, намояндагони вазоратҳо ва идораҳои соҳавӣ, намояндагони идораҳою шӯъбаҳои маориф, ҳокимиятҳо дохил мешаванд .
5. Барои гирифтани литсензия оиди пайдо кардани ҳуқуқи пешбурди фаъолият муассисаи таълимӣ тибқи "Низомнома дар бораи литсензионидани муассисаҳои таълимии Ҷумҳумии Тоҷикистон", ки Вазорати маориф ва илм тасдиқ кардааст, ҳуҷҷатҳои дахлдорро мутаносибан ба Вазорати маориф ва илм, идораҳо, шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ пешниҳод менамояд .
6. Комиссияи литсензионии Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо таҳлил намуда, дар муассисаи таълимӣ ташхиси пояи моддию техникӣ, ҳайати кадрӣ, таълимӣ, лабораторӣ, илмӣ, илмию методӣ, молиявӣ, таъминот бо адабиёт ва дигар маводҳои таълимию методӣ, барномаҳои таълимии касбӣ, омодагии муассисаи таълимиро доир ба қабули хонандагону донишҷӯён мегузаронад .
7. Комиссияи экспертӣ самтҳои асосии фаъолияти муассисаи таълимии литсензионидашавандаро таҳлил намуда, ба меъёрҳои мавҷуда мувофиқат кардани онро муайян мекунад ва дар асоси он ба Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илм, идораҳои маорифи вилоятӣ, шӯъбаҳои маорифи шаҳрӣ, ноҳиявӣ хулосаи ниҳоӣ (мусбат ё манфӣ) пешниҳод менамояд .
8. Қарори Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илм ва лоиҳаи фармон дар барои додани литсензия ба Вазири маориф, мутаносибан ба сардори Идора, мудири шӯъбаи маориф пешниҳод карда мешавад. Баъди тасдиқи қарори Шӯро ва баровардани фармони Вазири маориф аз ҷониби идора ва шӯъбаҳои маориф ба муассисаи таълимӣ литсензия (бо замимааш) дода мешавад .
9. Ба муассисаи таълимии литсензиягиранда, вобаста ба хусусиятҳои хос ва шаклҳои таълим, ба мӯҳлати аз 1 то 5 сол литсензия дода мешавад ва баъд аз он аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида мешавад.
Муассисаи таълимӣ танҳо баъди гарифтани литсензияи Вазорати маориф ва илм, идораҳои маорифи вилоятӣ, шӯъбаҳои маорифи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимиро пайдо менамояд .
Литсензия танҳо ба ҳамон фаъолияти таълимӣ ҳуқуқӣ амал кардан медиҳад, ки дар он равия, ихтисос, сатҳи тайёрӣ, миқдори ниҳоии муҳассилин, мӯҳлат ва дигар реквизитҳо муқаррар шуда бошад.
10. Муассисаи таълимие, ки ихтисоси нав мекушояд, ё аз рӯи барномаҳои нави таълимӣ амал мекунад, новобаста аз литсензияи доштааш, барои гирифтани литсензияи нав ҳуҷҷатҳоро мутобиқи Низомномаи литсензионидани муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташхис пешниҳод менамояд.
Ҳуҷҷатҳои барои гирифтани литсензия пешниҳодшуда дар давоми 20 рӯз аз лаҳзаи бақайдгирии ариза дар ин хусус дида баромада шуда, баъди ташхиси литсензионӣ дар давоми як моҳ оид ба он қарори дахлдор қабул карда мешавад.
11. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудани муассисаҳои таълимӣ бе литсензия манъ аст. Дар сурати тағйир ёфтани номгӯи самт ва ихтисосҳо, зиннаи тайёркунии мутахассисон, мӯҳлати таҳсил, иваз шудани мақоми муассисаи таълимӣ ва дигар талаботҳои меъёрию назоратӣ, литсензияи Вазорати маориф ва илм эътиборашро гум мекунад .
12. Атгестатсияи муассисаҳои таълимӣ дар асоси нақша давра ба давра дар давоми панҷ сол як маротиба гузаронида мешавад. Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон идора ва шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ нақша-ҷадвали панҷсола ва яксолаи аттестатсияи муассисаҳои таълимии Ҷумҳуриро тасдиқ менамоянд. Қисми нақша-ҷадвали гузаронидани аттестатсияи муассисаҳои таълимии дар тобеияти Вазорати маориф ва илм набударо, Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳою идораҳои дахлдор мувофиқа мекунонад. Аттестатсияи нахустини муассисаи таълимии навтаъсис баъди хатми аввалин тамомкунандагон аз рӯи аризаи он ба шарте гузаронида мешавад, ки баъд аз се соли литсензионидан натиҷаҳои аттестатсияи ҷамъбастӣ на кам аз нисфи хатмкунандагон мусбӣ бошад. Аттестатсияи нахустини муассисаҳои таълимии навтаъсиси ибтидоии умумӣ, асосӣ ва миёнаи (пурра) , и маълумоти ҳамагонӣ мумкин аст давра ба давра, вобаста ба зинаҳои маълумот (ибтидоии умумӣ, асосӣ, миёна (пурра)-и умумӣ, гузаронида шаванд .
13. Комиссияи аттестатсионӣ оид ба самтҳои асосии фаъолияти муассисаи таълимии аттестатсияшаванда-литсензиягиранда маълумотнома ва хулоса тайёр карда, ба Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораи маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ пешниҳод мекунад, ки вай дар навбати худ лоиҳаи фармон ва қарорро омода месозад .
Дар лоиҳаи қарор ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ чунин баҳо дода мешавад:
-агар муассисаи таълимӣ вазифаҳои мувофиқи Низомнома ва талаботҳои Стандарти давлатии маълумот ба зиммааш гирифтаро қаноатбахш иҷро карда истода бошад, он аттестатсияшуда;
-агар дар кори муассисаи таълимй ҳангоми иҷрои вазифаҳояш камбудиҳо ошкор гардида бошанд, ки онҳоро дар мӯҳлатҳои муайян (кӯтоҳ) бо роҳи анҷом додани тадбирҳои амалӣ, барҳам доданашон мумкин бошад, аз аттестатсияи аввалин (шартан) гузашта ва аз нав аттестатсияшаванда;
-агар муассисаи таълимӣ вазифаҳояшро дар бобати тайёр намудани таълимгирандагон мувофиқи Стандарти давлатии маълумот ва низомномааш иҷро накарда бошад, аз аттестатсия нагузашта ҳисобида мешавад;
-оид ба барҳам додани муассисаи таълимӣ, аз нав ташкил кардани он, маҳдуд ва ё васеъ намудани фаъолияташ, таклифҳо пешкаш менамояд.
14. Лоиҳаи қарор дар бораи атгестатсияи муассисаҳои таълимӣ ба муҳокимаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мушовараи якҷояи Вазорати маориф ва илми, вазорату идораҳои соҳавӣ, шӯроҳои идораи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии маориф, лоиҳаи фармон дар бораи додани литсензия мутаносибан ба Вазири маориф, сардори идора, мудири шӯъбаи маориф пешниҳод карда мешавад .
15. Ба муассисаи таълимие, ки аз аттестатсия мусбат гузаштааст, барои 5 сол литсензия (бо замимааш) дар бораи тайёр намудани мутахассисон ё пешбурди фаъолияти таълимӣ дода мешавад, ки намунаашро Вазорати маориф ва илми тасдиқ кардааст .
16. Муассисаи таълимие, ки аз аттестатсия шартан гузаштааст аз тарафи мақомоти бевосита ба он роҳбарикунанда сабабҳои миқдоран ва сифатан ба талабот мувофиқ накардани тайёрии умумӣ ва касбии таълимгирандагонро ҳаматарафа таҳлил намуда, якҷоя бо Вазорати маориф ва илми баҳри бартараф кардани нуқсонҳои мавҷуда, тадбирҳо андешида, онҳоро амалӣ мегардонад ва баъд аз ду сол аттестатсияи такрорӣ гузаронида мешавад .
17. Агар муассисаи таълимӣ аз аттестатсия гузашта ҳисобида нашавад, пас Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати на зиёда аз се моҳ дар бораи табдилдиҳӣ, тағйир додани номгӯи ихтисосҳо ё барҳам додани муассисаи таълимӣ вобаста ба хулосаи Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ қарори дахлдор қабул мекунад ва ё ба таври муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд .
18. Муассисаи таълимии аз аттестатсияи давлатӣ гузашта, тибқи Низомнома дар бораи аккредитатсияи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикястон, ки Вазорати маориф ва илми тасдиқ кардааст, барои аз аккредитатсия гузаштан ба комиссияҳои аккредитатсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳо ё шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ муроҷиат менамояд .
19. Аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ муайян намудани мақоми он аз рӯи намуд (муассисаи таълимӣ) ва шакли он (донишгоҳ, академия, донишкада, коллеҷ, литсей, гимназия, интернат ва ғайра) вобаста ба имконияти муассиса ҷиҳати татбиқи барномаҳои тахассусӣ, мувофиқати мазмун ва сифати раванди таълим ба талаботи стандартҳои давлатии маълумот ва ҳуқуқи ба хатмкунандагон додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ мебошад.
Аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимиро бо ҷузъҳои таркибиашон, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, комиссияи давлатии аккредитатсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад .
Аккредитатсияи муассисаҳои таълимии мақоми маҳаллидоштаро мутобиқан комиссияи давлатии аккредитатсионии идораҳои маорифи вилоятӣ, шӯъбаҳои маорифи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, мегузаронанд.
20. Бо ҳайати комиссияи давлатии аккредитатсионӣ муовини Вазири маориф ва илм, сардори идораи аттестатсияи муассиаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илм, сардори идораи маълумоти миёна ва олии касбӣ, сардори Идораи маълумоти ҳамагонӣ, сардори Идораи банақшагирӣ ва иқтисод, намояндагони дигар вазорату кумитаҳои дахлдор шомил мегарданд .
Ҳайати комиссияи аккредитатсионии идораҳои маорифи вилоятӣ ва шӯъбаҳои шаҳрию ноҳиявиро идораю шӯъбаҳои марбутта дар асоси Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, муайян мекунанд .
Комиссияи аккредитатсионии давлатӣ мақом, шакл ва намуди муассисаи таълимиро вобаста ба талаботҳои нисбати он пешниҳодшуда, муайян месозад.
21. Ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои ба аккредитатсия вобастабударо роҳбарияти муассисаи таълимӣ пас аз як моҳи қабули қарори мусбии мушовараи Вазорати маориф ва илм ё мушовараи якҷояи Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳои соҳавӣ ва қарори мушовараи идораҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ ё Шӯрои шӯъбаҳои маорифи ноҳиявӣ оид ба натиҷаи аттестатсия ба вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳою шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ ва шаҳрӣ пешниҳод карда метавонад .
Агар филиали муассисаи таълимӣ то пешниҳоди аризаи муассисаи таълимии марказӣ оид ба аккредитатсия аз аттестатсия гузашта бошад, он гоҳ аккредитатсияро дар якҷоягӣ бо ин муассиса мегузарад.
22. Бо мақсади муайян кардани дурустии иттилоот аз ҷониби муассисаи таълимӣ доир ба аккредитатсия пешниҳодшуда ва муқаррар кардани мақоми муассисаи таълимӣ мумкин аст, комиссияи салоҳиятнок иборат аз 5- нафар таъсис дода шавад, ки дар давоми як ҳафта дар таълимгоҳ кор карда, ба комиссияи аккредитатсионӣ хулосаро оиди муассисаи таълимии аккредитатсияшаванда пешниҳод менамояд.
23. Бо назардошти муҳокима ва тавсияи Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илм комиссияи аккредитатсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми муассисаи таълимӣ, номгӯи ихтисосҳои аз аккредитатсия гузаштаро муайян карда, оиди додани нусхаи муқарраршудаи шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ бо замимааш қарор қабул мекунад ва бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ карда мешавад. Ба муассисаи таълимии аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ дода мешавад, ки намунаашро Вазорати маориф ва илм тасдиқ кардааст. Дар шаҳодатнома мақоми муассисаи таълимӣ (донишгоҳ, академия, донишкада, коллеҷ, гимназия, литсей, интернат ва ғайра) муайян карда мешавад. Варақаи шаҳодатнома оид ба аккредитатсия бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Аккредитатсияи навбатии муассисаи таълимӣ аз рӯи муқаррарот баъди аттестатсия дар 5 сол як маротиба гузаронида мешавад .
24. Дар сурати қабули қарор оид ба мувофиқат накардани муассисаи таълимӣ ба мақоми пешниҳодшудааш, оид ба надодани шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ дар муддати 2 ҳафта ба муассисаи таълимӣ расман хабар дода мешавад. Дар ин сурат муассисаи таълимӣ ҳуқуқ дорад, ки дар давоми як сол баъди бартараф кардани камбудиҳо ба комиссияи аккредитатсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштан аз аккредитатсияи давлатӣ муроҷиат намояд .
Дар сурати барҳам хӯрдан ё аз нав ташкил кардан, тағйир ёфтани мақоми муассисаи таълимӣ, шаҳодатнома доир ба аккредитатсияи давлатии қаблан додашуда эътиборашро гум мекунад.
25. Пардохти масрафи кори аттестатсионӣ, аккредитатсионӣ ва литсензиядиҳӣ (ба ғайр аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии давлатӣ, муассисаҳои томактабӣ ва беруназмактабии давлатӣ) аз тарафи муассисаҳои таълимии арзёбишаванда то саршавии амалиёт ба амал бароварда мешавад. Вазоратҳо, Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳое, ки дар ихтиёрашон муассисаҳои таълимӣ доранд, ҳангоми тарҳрезии буҷет ин масрафро дар асоси харҷномаи Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои пешбинишаванда ба инобат, мегиранд. Маблағҳои мазкур, мувофиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷот карда мешаванд .
Литсензия фақат баъди пардохти маблағи кори литсензионӣ, аттестатсионӣ, аккредитатсионӣ ба муассисаи таълимӣ дода мешавад.
Ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 феврали соли 2003 № 54
тасдиқ шудааст
Тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 445)
1. Аттестатсия, аккредититсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли моликият ва тобеият дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Низомномаҳои аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ва тартиби мазкур аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
2. Аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои типпи нав ба монанди литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳо, таълимгоҳҳои шахсӣ, ширкатие, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ доранд, мактабҳои ғайридавлатӣ, мактабҳои миёнаи касбӣ ва олии ҷумҳурӣ, аспирантура, докторантура, Донишкадаҳои такмили ихтисосу азнавтайёркунии кадрҳо, маркази ҷумҳуриявии корҳои беруназмактабӣ, литсейҳои техникӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, муассисаҳои таълимии вазорату идораҳои қудратӣ, муассисаҳои таълимии беруназмактабӣ, муассисаҳои таълимии муштараки байналмилалӣ, муассисаҳои таълимии хусусӣ (аз ҷумла муассисаҳои таълимие, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ таъсис ёфтаанд) новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф пулакӣ гузаронида мешаванд .
3. Аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои томактабӣ ва ҳамаи намудҳои мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ, ғайр аз намудҳои мактабҳои фавқузикр, аз тарафи идора ё шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, бо назардошти ҳуҷҷати расмӣ ва маводи илмию методии тавсия кардаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф гузаронида мешавад. Бо мақсади муайян кардани сифати санҷиш Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф метавонад интихобан аз нав аттестатсияи муассисаҳои таълимии аттестатсияшударо гузаронад .
4. Барои гузаронидани аттестатсия Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, идора ва шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ комиссияи экспертӣ ташкил медиҳанд, ки ба ҳайати он мутахассисони Дастгоҳи Вазорати маориф, коркунони муассисаҳои илмӣ, томактабӣ, муаллимону олимон, кормандони мақомоти органҳои таълимию тарбиявӣ, такмили ихтисосу азнавтайёркунии кадрҳо, мутахассисони ташкилотҳои манфиатдоре, ки барои тайёр кардани кадрҳо фармоиш медиҳанд, намояндагони вазоратҳо ва идораҳои соҳавӣ, намояндагони идораҳою шӯъбаҳои маориф, ҳокимиятҳо дохил мешаванд .
5. Барои гирифтани литсензия оиди пайдо кардани ҳуқуқи пешбурди фаъолият муассисаи таълимӣ тибқи "Низомнома дар бораи литсензионидани муассисаҳои таълимии Ҷумҳумии Тоҷикистон", ки Вазорати маориф тасдиқ кардааст, ҳуҷҷатҳои дахлдорро мутаносибан ба Вазорати маориф, идораҳо, шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ пешниҳод менамояд.
6. Комиссияи литсензионии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо таҳлил намуда, дар муассисаи таълимӣ ташхиси пояи моддию техникӣ, ҳайати кадрӣ, таълимӣ, лабораторӣ, илмӣ, илмию методӣ, молиявӣ, таъминот бо адабиёт ва дигар маводҳои таълимию методӣ, барномаҳои таълимии касбӣ, омодагии муассисаи таълимиро доир ба қабули хонандагону донишҷӯён мегузаронад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 445).
7. Комиссияи экспертӣ самтҳои асосии фаъолияти муассисаи таълимии литсензионидашавандаро таҳлил намуда, ба меъёрҳои мавҷуда мувофиқат кардани онро муайян мекунад ва дар асоси он ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, идораҳои маорифи вилоятӣ, шӯъбаҳои маорифи шаҳрӣ, ноҳиявӣ хулосаи ниҳоӣ (мусбат ё манфӣ) пешниҳод менамояд .
8. Қарори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва лоиҳаи фармон дар барои додани литсензия ба Вазири маориф, мутаносибан ба сардори Идора, мудири шӯъбаи маориф пешниҳод карда мешавад. Баъди тасдиқи қарори Шӯро ва баровардани фармони Вазири маориф аз ҷониби идора ва шӯъбаҳои маориф ба муассисаи таълимӣ литсензия (бо замимааш) дода мешавад .
9. Ба муассисаи таълимии литсензиягиранда, вобаста ба хусусиятҳои хос ва шаклҳои таълим, ба мӯҳлати аз 1 то 5 сол литсензия дода мешавад ва баъд аз он аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида мешавад.
Муассисаи таълимӣ танҳо баъди гарифтани литсензияи Вазорати маориф, идораҳои маорифи вилоятӣ, шӯъбаҳои маорифи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимиро пайдо менамояд.
Литсензия танҳо ба ҳамон фаъолияти таълимӣ ҳуқуқӣ амал кардан медиҳад, ки дар он равия, ихтисос, сатҳи тайёрӣ, миқдори ниҳоии муҳассилин, мӯҳлат ва дигар реквизитҳо муқаррар шуда бошад.
10. Муассисаи таълимие, ки ихтисоси нав мекушояд, ё аз рӯи барномаҳои нави таълимӣ амал мекунад, новобаста аз литсензияи доштааш, барои гирифтани литсензияи нав ҳуҷҷатҳоро мутобиқи Низомномаи литсензионидани муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташхис пешниҳод менамояд.
Ҳуҷҷатҳои барои гирифтани литсензия пешниҳодшуда дар давоми 20 рӯз аз лаҳзаи бақайдгирии ариза дар ин хусус дида баромада шуда, баъди ташхиси литсензионӣ дар давоми як моҳ оид ба он қарори дахлдор қабул карда мешавад.
11. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудани муассисаҳои таълимӣ бе литсензия манъ аст. Дар сурати тағйир ёфтани номгӯи самт ва ихтисосҳо, зиннаи тайёркунии мутахассисон, мӯҳлати таҳсил, иваз шудани мақоми муассисаи таълимӣ ва дигар талаботҳои меъёрию назоратӣ, литсензияи Вазорати маориф эътиборашро гум мекунад.
12. Атгестатсияи муассисаҳои таълимӣ дар асоси нақша давра ба давра дар давоми панҷ сол як маротиба гузаронида мешавад. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон идора ва шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ нақша-ҷадвали панҷсола ва яксолаи аттестатсияи муассисаҳои таълимии Ҷумҳуриро тасдиқ менамоянд. Қисми нақша-ҷадвали гузаронидани аттестатсияи муассисаҳои таълимии дар тобеияти Вазорати маориф набударо, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф бо вазоратҳою идораҳои дахлдор мувофиқа мекунонад. Аттестатсияи нахустини муассисаи таълимии навтаъсис баъди хатми аввалин тамомкунандагон аз рӯи аризаи он ба шарте гузаронида мешавад, ки баъд аз се соли литсензионидан натиҷаҳои аттестатсияи ҷамъбастӣ на кам аз нисфи хатмкунандагон мусбӣ бошад. Аттестатсияи нахустини муассисаҳои таълимии навтаъсиси ибтидоии умумӣ, асосӣ ва миёнаи (пурра)-и, маълумоти ҳамагонӣ мумкин аст давра ба давра, вобаста ба зинаҳои маълумот (ибтидоии умумӣ, асосӣ, миёна (пурра)-и умумӣ, гузаронида шаванд .
13. Комиссияи аттестатсионӣ оид ба самтҳои асосии фаъолияти муассисаи таълимии аттестатсияшаванда-литсензиягиранда маълумотнома ва хулоса тайёр карда, ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, идораи маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ пешниҳод мекунад, ки вай дар навбати худ лоиҳаи фармон ва қарорро омода месозад .
Дар лоиҳаи қарор ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ чунин баҳо дода мешавад:
-агар муассисаи таълимӣ вазифаҳои мувофиқи Низомнома ва талаботҳои Стандарти давлатии маълумот ба зиммааш гирифтаро қаноатбахш иҷро карда истода бошад, он аттестатсияшуда;
-агар дар кори муассисаи таълимй ҳангоми иҷрои вазифаҳояш камбудиҳо ошкор гардида бошанд, ки онҳоро дар мӯҳлатҳои муайян (кӯтоҳ) бо роҳи анҷом додани тадбирҳои амалӣ, барҳам доданашон мумкин бошад, аз аттестатсияи аввалин (шартан) гузашта ва аз нав аттестатсияшаванда;
-агар муассисаи таълимӣ вазифаҳояшро дар бобати тайёр намудани таълимгирандагон мувофиқи Стандарти давлатии маълумот ва низомномааш иҷро накарда бошад, аз аттестатсия нагузашта ҳисобида мешавад;
-оид ба барҳам додани муассисаи таълимӣ, аз нав ташкил кардани он, маҳдуд ва ё васеъ намудани фаъолияташ, таклифҳо пешкаш менамояд.
14. Лоиҳаи қарор дар бораи атгестатсияи муассисаҳои таълимӣ ба муҳокимаи мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мушовараи якҷояи Вазорати маориф, вазорату идораҳои соҳавӣ, шӯроҳои идораи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии маориф, лоиҳаи фармон дар бораи додани литсензия мутаносибан ба Вазири маориф, сардори идора, мудири шӯъбаи маориф пешниҳод карда мешавад.
15. Ба муассисаи таълимие, ки аз аттестатсия мусбат гузаштааст, барои 5 сол литсензия (бо замимааш) дар бораи тайёр намудани мутахассисон ё пешбурди фаъолияти таълимӣ дода мешавад, ки намунаашро Вазорати маориф тасдиқ кардааст.
16. Муассисаи таълимие, ки аз аттестатсия шартан гузаштааст аз тарафи мақомоти бевосита ба он роҳбарикунанда сабабҳои миқдоран ва сифатан ба талабот мувофиқ накардани тайёрии умумӣ ва касбии таълимгирандагонро ҳаматарафа таҳлил намуда, якҷоя бо Вазорати маориф баҳри бартараф кардани нуқсонҳои мавҷуда, тадбирҳо андешида, онҳоро амалӣ мегардонад ва баъд аз ду сол аттестатсияи такрорӣ гузаронида мешавад.
17. Агар муассисаи таълимӣ аз аттестатсия гузашта ҳисобида нашавад, пас Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати на зиёда аз се моҳ дар бораи табдилдиҳӣ, тағйир додани номгӯи ихтисосҳо ё барҳам додани муассисаи таълимӣ вобаста ба хулосаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф қарори дахлдор қабул мекунад ва ё ба таври муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд .
18. Муассисаи таълимии аз аттестатсияи давлатӣ гузашта, тибқи Низомнома дар бораи аккредитатсияи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикястон, ки Вазорати маориф тасдиқ кардааст, барои аз аккредитатсия гузаштан ба комиссияҳои аккредитатсионии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳо ё шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ муроҷиат менамояд.
19. Аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ муайян намудани мақоми он аз рӯи намуд (муассисаи таълимӣ) ва шакли он (донишгоҳ, академия, донишкада, коллеҷ, литсей, гимназия, интернат ва ғайра) вобаста ба имконияти муассиса ҷиҳати татбиқи барномаҳои тахассусӣ, мувофиқати мазмун ва сифати раванди таълим ба талаботи стандартҳои давлатии маълумот ва ҳуқуқи ба хатмкунандагон додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ мебошад.
Аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимиро бо ҷузъҳои таркибиашон, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, комиссияи давлатии аккредитатсионии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.
Аккредитатсияи муассисаҳои таълимии мақоми маҳаллидоштаро мутобиқан комиссияи давлатии аккредитатсионии идораҳои маорифи вилоятӣ, шӯъбаҳои маорифи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, мегузаронанд.
20. Бо ҳайати комиссияи давлатии аккредитатсионӣ муовини Вазири маориф, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, сардори идораи маълумоти миёна ва олии касбӣ, сардори Идораи маълумоти ҳамагонӣ, сардори Идораи банақшагирӣ ва иқтисод, намояндагони дигар вазорату кумитаҳои дахлдор шомил мегарданд .
Ҳайати комиссияи аккредитатсионии идораҳои маорифи вилоятӣ ва шӯъбаҳои шаҳрию ноҳиявиро идораю шӯъбаҳои марбутта дар асоси Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, муайян мекунанд.
Комиссияи аккредитатсионии давлатӣ мақом, шакл ва намуди муассисаи таълимиро вобаста ба талаботҳои нисбати он пешниҳодшуда, муайян месозад.
21. Ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои ба аккредитатсия вобастабударо роҳбарияти муассисаи таълимӣ пас аз як моҳи қабули қарори мусбии мушовараи Вазорати маориф ё мушовараи якҷояи Вазорати маориф, вазорату идораҳои соҳавӣ ва қарори мушовараи идораҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ ё Шӯрои шӯъбаҳои маорифи ноҳиявӣ оид ба натиҷаи аттестатсия ба вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳою шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ ва шаҳрӣ пешниҳод карда метавонад.
Агар филиали муассисаи таълимӣ то пешниҳоди аризаи муассисаи таълимии марказӣ оид ба аккредитатсия аз аттестатсия гузашта бошад, он гоҳ аккредитатсияро дар якҷоягӣ бо ин муассиса мегузарад.
22. Бо мақсади муайян кардани дурустии иттилоот аз ҷониби муассисаи таълимӣ доир ба аккредитатсия пешниҳодшуда ва муқаррар кардани мақоми муассисаи таълимӣ мумкин аст, комиссияи салоҳиятнок иборат аз 5- нафар таъсис дода шавад, ки дар давоми як ҳафта дар таълимгоҳ кор карда, ба комиссияи аккредитатсионӣ хулосаро оиди муассисаи таълимии аккредитатсияшаванда пешниҳод менамояд.
23. Бо назардошти муҳокима ва тавсияи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф комиссияи аккредитатсионии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми муассисаи таълимӣ, номгӯи ихтисосҳои аз аккредитатсия гузаштаро муайян карда, оиди додани нусхаи муқарраршудаи шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ бо замимааш қарор қабул мекунад ва бо қарори мушовараи Вазорати маориф тасдиқ карда мешавад. Ба муассисаи таълимии аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ дода мешавад, ки намунаашро Вазорати маориф тасдиқ кардааст. Дар шаҳодатнома мақоми муассисаи таълимӣ (донишгоҳ, академия, донишкада, коллеҷ, гимназия, литсей, интернат ва ғайра) муайян карда мешавад. Варақаи шаҳодатнома оид ба аккредитатсия бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Аккредитатсияи навбатии муассисаи таълимӣ аз рӯи муқаррарот баъди аттестатсия дар 5 сол як маротиба гузаронида мешавад .
24. Дар сурати қабули қарор оид ба мувофиқат накардани муассисаи таълимӣ ба мақоми пешниҳодшудааш, оид ба надодани шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ дар муддати 2 ҳафта ба муассисаи таълимӣ расман хабар дода мешавад. Дар ин сурат муассисаи таълимӣ ҳуқуқ дорад, ки дар давоми як сол баъди бартараф кардани камбудиҳо ба комиссияи аккредитатсионии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштан аз аккредитатсияи давлатӣ муроҷиат намояд.
Дар сурати барҳам хӯрдан ё аз нав ташкил кардан, тағйир ёфтани мақоми муассисаи таълимӣ, шаҳодатнома доир ба аккредитатсияи давлатии қаблан додашуда эътиборашро гум мекунад.
25. Пардохти масрафи кори аттестатсионӣ, аккредитатсионӣ ва литсензиядиҳӣ (ба ғайр аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии давлатӣ, муассисаҳои томактабӣ ва беруназмактабии давлатӣ) аз тарафи муассисаҳои таълимии арзёбишаванда то саршавии амалиёт ба амал бароварда мешавад. Вазоратҳо, Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳое, ки дар ихтиёрашон муассисаҳои таълимӣ доранд, ҳангоми тарҳрезии буҷет ин масрафро дар асоси харҷномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар доираи маблағҳои пешбинишаванда ба инобат, мегиранд. Маблағҳои мазкур, мувофиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷот карда мешаванд .
Литсензия фақат баъди пардохти маблағи кори литсензионӣ, аттестатсионӣ, аккредитатсионӣ ба муассисаи таълимӣ дода мешавад.