Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Масъалаҳои Агентни миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот"
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2006с. № 273)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Агентии миллии кайҳонии назди Президентн Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геодезия ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Харитасоз" ба Агентии миллии кайқонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот" табдил дода шаванд.
2. Низомномаи замимагардидаи Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурин Тоҷикистон "Тоҷиккоинот" тасдиқ карда шавад.
3. Сохтори дастгоҳи марказии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот" ва нақшаи идоракунии он тасдиқ карда шавад.
Шумораи ниҳоии кормандони системаи Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот" ба миқдори 46 адад бо назардошти ҳайати кормандони хизматрасон муқаррар карда шавад.
4. Ба Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот" иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Директори генералӣ, аз ҷумла як муовини аввал ва иборат аз 5 нафар ҳайати мушовара дошта бошад ва лимит барои нигоҳдории мошинҳои сабукрави хизматӣ ба андозаи 4 адад муқаррар карда шавад.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот" дар мӯҳлати як моҳ фонди музди меҳнат ва хароҷоти нигоҳдории Дастгоҳи марказиро муайян намояд;
шумораи иловагии кормандони Дастгоҳи марказӣ, корхонаи марказии аэрогеодезӣ (шаҳри Душанб), корхонаи аэрогеодезии Суғд (шаҳри Хуҷанд), корхонаи аэрогеодезии Хатлон (шаҳри Қӯрғонтеппа), Маркази геодезии Хоруғ, Маркази илмию тадқиқотӣ ва Фабрикаи харитасозӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷет, ки бо моддаи "Маблағгузории хоҷагии халқ" барои Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот" пешбинӣ шудааст, таъмин карда шаванд.
6. Беэътибор дониста шавад:
қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 маи соли 1993 № 216 "Дар бораи таъсис ёфтани Саридораи геодезия ва харитасозии назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 1993 № 367 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Саридораи геодезия ва харитасозии назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон", сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии он".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 6 июни соли 2003 № 246
ш. Душанбе