ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1993, № 15-16, мод.350; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, № 3, мод.48; с.1997, № 9, мод.117; с.1998, №10, мод.119; № 22, мод.318; с.1999, № 5, мод.61; № 9, мод.236; № 12, мод.351; с.2002, № 4 қисми 1, мод.198) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад:
1. Дар моддаи 18:
ба банди "д"-и қисми якум калимаҳои "шахсоне, ки бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардидаанд" хориҷ карда шаванд;
банди "м" бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"м) иловапулиҳо ба нафақаи аз рӯи синну сол таъиншудаи шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешаванд";
дар қисми дуюм ва сеюм баъди банди "к", бандҳои "л" ва "м" илова карда шаванд;
қисмҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зайл илова карда шаванд;
"Дар сурати бо ду ва бештар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани шаҳрванд, ки онҳо иловапулиҳоро ба нафақа пешбинӣ мекунанд, ба ӯ иловапулии миқдораш зиёдтар дода мешавад.
Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд ва ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иловапулиҳо ба нафақаи барояшон таъингардида доранд, метавонанд бо хоҳиши худ яке аз онҳоро интихоб кунанд";
Қисми сеюм қисми панҷум ҳисоб карда шавад.
2. Дар моддаи 31:
ба қисми якум банди "к" бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"к) иловапулиҳо ба нафақаи аз рӯи маъюбӣ таъиншудаи шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешаванд";
дар қисмҳои якум ва дуюм баъди банди "з" бандҳои "и" ва "к" илова карда шаванд;
қисмҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд ва ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иловапулиҳо ба нафақаи барояшон таъингардида доранд, метавонанд бо хоҳиши худ яке аз онҳоро интихоб кунанд".
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 декабри соли 2002 № 76
ш. Душанбе