Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002, № 63 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи Бонкии миллии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №24, мод. 410; с. 2001, № 4 мод. 173) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шавад:

1. Дар моддаҳои 1, 2, 8, 23, 24, 70, 71, 74 калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 4:

- дар банди 1 калимаҳои "такмил дода" ба калимаҳои "таҳия намуда" иваз карда шаванд;

- банди 5 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"5) барои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки мақомоти охирини қарздиҳанда мебошад;".

3. Қисми сеюми моддаи 5 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Санадҳои меъёрию ҳуқуқии умумиҳатмии Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории ҷори эътибор пайдо мекунанд. Дигар санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯзи қабул шуданашон эътибор пайдо мекунанд, ба истиснои холатҳое, ки Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд Раёсат) мӯҳлати дигареро муқаррар накарда бошад. Санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон қувваи бозгашт надоранд".

4. Дар қисми якуми моддаи 8 калимаҳои "800 млн. рублро" ба калимаҳои "20,0 млн. сомониро" иваз карда шаванд.

5. Моддаи 10 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 10. Фоида ва фонди Бонки миллии Тоҷикистон

Фоидаи тавозунии воқеан бадастдаровардаи Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои сол мутобиқи дастури сохтори ҳисобдори барои Бонки миллии Тоҷикистон муайян гардида, ба тартиби зерин тақсим карда мешавад:

сармояи оинномави - 10 фоиз

фонди захирави - 20 фоиз.

Аз қисми боқимондаи фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон баъди иҷрои талаботи дар кисми якуми ҳамин модда нишондодашуда 69 фоиз ба буҷети ҷумҳури гузаронида мешавад.

Гузаронидани маблағҳо аз фоида ба буҷети ҷумҳури баъди тасдиқи ҳисоботи солона аз тарафи Раёсат ва гирифтани розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 1 ноябри соли нави молияви амали карда мешавад.

Баъди ба тартиби дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда муқарраршуда тақсим намудани фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон қисми боқимондаи он тибқи қарори Раёсат тақсим карда мешавад.

Дар ҳолати дар соли гузашта зиён дидан ва барои пӯшонидани ин зиён кофи набудани фонди захирави ҳамаи фоидаи соли ҷори барои пӯшонидани зиён равона карда мешавад. Баъди пӯшонидани зиён қисми боқимондаи фоида бо тартиби дар боло зикршуда тақсим карда мешавад.

Маблағҷудокуни ба фонди захирави то вақте ба амал бароварда мешавад, ки андозаи фонди захирави ба андозаи дукаратаи сармояи оинномави расад. Қангоми аз ҳисоби фонди захирави пӯшонидани зиёни Бонки миллии Тоҷикистон фонди захирави аз нав ба тартиби дар боло муқарраргардида пур карда мешавад.

Дар ҳолатҳои истиснои, вақте ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро аз ҳисоби маблағҳои фонди захирави бо зиёни ҷуброннагардида анҷом медиҳад, фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда барои ҷуброн кардани зиёни ҷойдошта равона карда мешавад. Баъд аз пурра ҷуброн намудани зиёни номбаршуда қисми боқимондаи фоида бо тартиби дар қисми якуми ҳамин модда нишондодашуда тақсим карда мешавад.

Аз ҳисоби бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони воқеию ҳуқуқи, ки ба фаъолияти асосии он алоқаманд нестанд, расонидани ёрии молияви ва модди манъ аст".

6. Дар моддаи 12 калимаҳои "такмил медиҳад" ба калимаҳои "таҳия ва амали менамояд" иваз карда шаванд.

7. Қисми чоруми моддаи 16 хориҷ карда шавад.

8. Дар қисми дуюми моддаи 18 баъди калимаҳои "моддаи 21" калимаҳои "ҳамин Қонун" илова карда шаванд.

9. Дар қисми якуми моддаи 21:

- дар банди 1 калимаҳои "аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон харида шуданашон на зиёда аз як сол аст" ба калимаҳои "онҳоро ба даст овардани Бонки миллии Тоҷикистон аз як сол зиёд нест" иваз карда шаванд;

- дар банди 3 калимаи "харидани" ба калимаҳои "ба даст овардани" иваз карда шавад.

10. Қисми дуюми моддаи 22 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Рӯйхати векселҳо ва коғазҳои қиматноки давлати, ки барои таъмини кредитҳои Бонки миллии Тоҷикистон қобили қабуланд, аз тарафи Раёсат муайян карда мешавад. Дар ҳолатҳои муқарраркардаи Раёсат ба сифати таъминоти кредитҳо дигар воситаҳои қиматнок, ҳамчунин кафолат ва замонат истифода шуда метавонад".

11. Моддаи 25 "Ба Қукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани кредит" дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Бонки миллии Тоҷикистон ба Қукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои ҳолатҳое, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешбини шудааст, кредит бевосита намедиҳад.

Ба Бонки миллии Тоҷикистон мустақиман харидани коғазҳои қиматноки давлати дар давраи ҷобаҷокунии ибтидоии онҳо манъ аст".

12. Дар банди "в" моддаи 28 калимаҳои "вазифаҳо ва амалҳои" ба калимаҳои "мақсадҳо ва вазифаҳои" иваз карда шаванд.

13. Моддаи 34 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 34. Хизматрасонии депозитари

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои бонкҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ҳисобҳо кушояд ва ба ин ҳисобҳо бо пардохти фоизҳо ва гирифтани ҳаққи хизмат маблағ ворид намояд".

14. Қисми дуюми моддаи 35 хориҷ карда шавад.

15. Дар моддаи 36:

- дар қисми якум калимаҳои "ва қонунҳои ҷумҳури" ба қалимаҳои "ва дигар қонунҳо" иваз карда шаванд;

- дар қисми дуюм:

дар сарсатри дуюм калимаи "муомилоти" ба калимаи "амалиёти" иваз карда шавад;

дар сарсатри сеюм калимаҳои "муассисаҳое, ки бо мубодилаи асъор" ба калимаҳои "шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба анҷомдиҳии амалиётҳои асъори" иваз карда шаванд;

сарсатри чорум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"- муайян кардани тартиб ва қоидаҳои анҷом додани амалиётҳои асъори барои шахсони воқеи ва ҳуқуқи".

16. Моддаи 37 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 37. Пешниҳоди ҳисобот оид ба амалиётҳои асъори

Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба анҷомдиҳии амалиёти асъори иҷозат доранд, вазифадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи амалиётҳои асъории худ, инчунин оид ба риояи ҳудудҳои мавқеи озоди асъориашон бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд".

17. Дар моддаи 38:

- дар ном ва матни модда калимаҳои "асъори байналхалқи" ба калимаҳои "асъории байналмилали" иваз карда шаванд;

- дар қисми сеюм калимаҳои "муомилоти байналхалқи" ба калимаҳои "амалиётҳои байналмилали" иваз карда шаванд.

18. Дар моддаи 39;

- дар қисми якум калимаҳои "тағйир ёфта наметавонанд" ба калимаҳои "устувор аст" иваз карда шаванд;

- қисми дуюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Бонки миллии Тоҷикистон идоракунии захираҳои асъории байналмилалии худро бо мақсади ҳимояи онҳо аз беқурбшави ва таъмини пардохтпазириашон ба роҳ мемонад".

19. Сарсатри якуми моддаи 41 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Фоида ва зарари асъор (истифоданашаванда)-и дар тавозуни солонаи Бонки миллии Тоҷикистон инъикосгардида, ки ба тағйирёбии баҳои активҳо ва пассивҳои дар шакли тилло, ҳуқуқи махсуси қарзгири ва асъори хориҷи алоқаманд аст ва вобаста ба тағйирёбии нархҳо ё қурби мубодилавии ин активҳо ва пассивҳо нисбат ба асъори милли ба вуҷуд омадаанд, ба тариқи зайл ба ҳисоб гирифта ва ҷуброн карда мешаванд:".

20. Моддаи 45 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 45. Меъёрҳои иқтисодие, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад

Бо мақсади татбиқи вазифаҳои танзими фаъолияти бонкҳо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳои байналмилали чунин меъёрҳои иқтисодиро муқаррар ва амали менамояд;

1) андозаи камтарини (ҳадди ақали) сармояи оинномави барои бонкҳои навтаъсис, андозаи камтарини (ҳадди ақали) воситаҳои (сармояи) худи барои бонкҳои амалкунанда. Андозаи камтарини (минималии) воситаҳои (сармояи) худи ҳамчун маҷмӯи сармояи оинномави, фондҳои бонк ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ва фоидаи тақсимнашуда муқаррар карда мешавад;

2) андозаи ниҳоии (максималии) қисми ғайрипулии сармояи оинномави;

3) андозаи ниҳоии (максималии) таваккал (риск) барои як қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони ба ҳам вобаста, ки нисбати якдигар тобеъ ё асоси ва фаръи мебошанд, бо фоиз аз воситаҳои (сармояи) худии бонк ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки муқаррар карда мешавад. Қангоми муқаррар кардани таваккал ҳамаи маблағи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки, ки ба қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони ба ҳам вобаста дода шудааст, инчунин кафолат ва замонате, ки аз тарафи бонк ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ба қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони ба ҳам вобаста дода шудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад;

4) меъёри пардохтпазири. Ин меъёри бонк ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки чунин муайян карда мешавад:

- таносуби байни активҳо ва пассивҳои он бо дарназардошти мӯҳлат, маблағ, навъи активҳо, пассивҳо ва омилҳои дигар;

- таносуби активҳои пардохтпазир (захираҳои пули нақд, талаботи дархости, коғазҳои қиматноки кӯтоҳмуддат, дигар активҳои зуд ба фурӯшраванда) ва активҳои умуми;

5) меъёри кифоятии сармоя. Меъёри кифоятии сармоя ҳамчун таносуби ниҳоии маблағи умумии воситаҳои (сармояи) худии бонк ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ва маҷмӯи активҳои бо дарназардошти таваккал баҳододашуда муайян карда мешавад;

6) андозаи таваккали асъори, фоизи ва таваккалҳои дигар. Бонки миллии Тоҷикистон андозаҳо ва тартиби баҳисобгирии мавқеи кушодаи бонкҳоро аз рӯи таваккалҳои асъори, фоизи ва таваккалҳои дигар танзим мекунад;

7) меъёри истифодаи воситаҳои (сармояи) худии бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки барои харидани саҳмҳои (ҳиссаи) дигар шахсони ҳуқуқи. Меъёри истифодаи воситаҳои (сармояи) худии бонкҳо ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки барои харидани саҳмияҳои (ҳиссаҳои) дигар шахсони ҳуқуқи ҳамчун таносуби маблағҳои сармоягузоришаванда (инвеститсияшаванда) ва воситаҳои (сармояи) худии бонк ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки муқаррар карда мешавад. Андозаи меъёрии истифодаи воситаҳои (сармояи) худи барои харидани саҳмияҳо (ҳиссаҳо) аз 20 фоизи воситаҳои худии бонк ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки зиёд буда наметавонад;

8) андозаи ниҳоии (максималии) кредитҳо, кафолатҳо ва замонатҳое, ки бонк ба саҳомони (иштирокчиёни) худ додааст, ҳамчун фоизи муайян аз воситаҳои худии бонк муайян карда мешавад. Меъёри мазкур аз 20 фоизи воситаҳои бонк ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки зиёд буда наметавонад,.

21. Дар моддаи 48:

- аз қисми якум калимаҳои "ба миқдори то як фоиз аз андозаи сармояи оинномавии минимали ҷарима ситонад, ё гузаронидани амалиётҳои ҷудогонаро ба мӯҳлати то шаш моҳ маҳдуд созад" хориҷ карда шаванд;

- банди 1 қисми дуюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"1) аз ҳисоби муросилотии бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки бе супориши онҳо то 1 фоиз аз андозаи камтарини сармоя ё воситаҳои худии онҳо ҷарима ситонад".

"- дар банди 6 қисми дуюм калимаҳои "то 18 моҳ" ба калимаҳои "то шаш моҳ" иваз карда шавад.

22. Дар моддаи 50:

- дар банди 1 калимаи "худи" ба калимаи "намояндаи" иваз карда шавад;

- аз зербанди "г" банди 2 калимаҳои "ё аз ҳисоби даромади барҳамдиҳи мувофиқи зербанди 1, банди "а" моддаи 58 ин Қонун" хориҷ карда шаванд.

23. Дар моддаи 52:

- дар зербанди "а" банди 2 калимаҳои "мусодира кардани" ба калимаи "гирифтани" иваз карда шавад;

- ба модда қисми дуюм дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"Маъмурияти (мудири) муваққати чунин тартиби амалиётро интихоб мекунад, ки он ба ақидаи вай, барои таъмини ҷамъкунии андозаи максималии активҳои бонк имконияти бештар медиҳад ё манфиатҳои амонатгузорон ва кредиторони дигарро беҳтар ҳимоя мекунад".

24. Дар моддаи 53:

- дар қисми якум калимаи "панҷ" ба калимаҳои "чилу панҷ" иваз карда шавад;

- банди 3 қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3) тавсияҳо дар бораи бозхонди иҷозатномаи гузаронидани амалиёти бонки":

- дар бандҳои 1 ва 2 қисми чорум калимаҳои "хаждаҳ моҳи" ба калимаҳои "шаш моҳи" иваз карда шавад;

- қисми панҷум хориҷ карда шавад.

25. Ном ва матни моддаи 54 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 54. Қарорҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми баррасии ҳисоботи маъмурияти (мудири) муваққати қабул мекунад

"Бонки миллии Тоҷикистон баъди баррасии ҳисоботи маъмурияти (мудири) муваққати дар муддати понздаҳ рӯз яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад:

а) дар бораи тасдиқ намудани нақшаи барқароркунии дигаргунсозии сохтори бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки;

б) дар бораи бозхонди иҷозатномаи гузаронидани амалиёти бонки ва пешниҳоди талабот ба суд оид ба барҳамдиҳии бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки.

26. Дар моддаи 55;

- дар қисми якум калимаҳои "зербанди 2" ба калимаҳои "бандҳои 1 ё 2" иваз карда шавад;

- аз зербанди "ж" банди 1 калимаҳои "банди 1" хориҷ карда шавад;

- аз банди 2 калимаҳои "аз тарафи мудири муваққати дар ҳолатҳои ба амаломада" хориҷ карда шавад;

- дар зербанди "а" банди 2 калимаи "плони" ба калимаи "феҳристи" иваз карда шавад;

- дар зербандҳои "б" ва "д" калимаҳои "зербанди якуми" ва "зербанди 1-уми" ба калимаҳои "зербанди "а" иваз карда шавад;

- дар зербанди "г" калимаҳои "мусодира кунад" ба калимаи "гирад" иваз карда шавад;

- дар зербанди "и" калимаҳои "як-ҳафти" бо ҳарфҳои "а,б, в, г, д, е, ж" иваз карда шавад;

- зербанди "а" банди 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"а) то қадри имкон ба пастшавии арзиши пассивҳо роҳ надиҳад."

Ба модда қисми дуюм дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"Маъмурияти (мудири) муваққати оид ба фаъолияти худ бо тартиби муқаррарнамудаи Раёсат ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд."

27. "Ном ва матни моддаи 56 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 56. Анҷом ёфтани фаъолияти маъмурияти (мудири) муваққати

Фаъолияти маъмурияти (мудири) муваққати ҳангоми бартараф карда шудани асосҳое, ки боиси таъини он гардидаанд, ба анҷом мерасад.

Бо ба анҷом расидани фаъолияти маъмурияти (мудири) муваққати бинобар солимгардии ҳолати молиявии бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки тамоми маҳдудиятҳое, ки нисбати онҳо, мақомоти идоракуни, шахсони мансабдори онҳо муқаррар шуда буданд, бекор мегарданд.

Қамаи он тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсиси, мақомоти идоракуни ва ҳайати кормандони бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки, ки тибқи қонунҳои меҳнат ҳангоми фаъолияти маъмурияти (мудири) муваққати дароварда шудаанд, амал мекунанд.

Агар фаъолияти маъмурияти (мудири) муваққати оид ба барқароркуни ё дигаргунсозии бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки боиси солимгардии ҳолати молиявии онҳо нагардад, Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи гузаронидани амалиёти бонкиро бозхонда, ба суд талаби барҳам додани бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонкиро пешниҳод менамояд.

Дар бораи ба анҷом расидани фаъолияти маъмурияти (мудири) муваққати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мебарорад.

28. Моддаҳои 57, 58, 59 хориҷ карда шавад.

29. Номи боби YIII дар таҳрири зайл баён карда шавад: "Низоми пули ва ташкили муомилоти пули".

30. Моддаи 60 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 60. Низоми пули

Низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд".

31. Дар моддаи 63:

- дар қисми дуюм калимаҳои "коромад будани" ба калимаи "коршоямии, калимаи "харобро" ба калимаи "фарсударо" иваз карда шаванд;

- дар қисми чорум калимаи "хароб" ба калимаҳои "фарсуда ва корношоям" иваз карда шавад;

- қисми панҷум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

- "Агар ороиши пулҳо ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ набошанд Бонки миллии Тоҷикистон метавонад онҳоро иваз накунад".

32. Моддаи 64 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 64. Бо нишонаҳои пули таъмин намудан

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарури барои бо нишонаҳои пули таъмин намудани иқтисодиёти мамлакат асъори милли мебарорад".

33. Дар моддаҳои 63 ва 65 калимаи "гардиш" ба калимаи "муомилот" иваз карда шавад.

34. Қисми якуми моддаи 67 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Соли молиявии Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 май сар шуда, 30 апрел ба охир мерасад".

35. Дар қисми якуми моддаи 70 калимаҳои "аз 25 апрел" ба калимаҳои "аз 25 август" иваз карда шаванд.

36. Дар моддаи 71:

- номи модда дар таҳрири зайл баён карда шавад: "Сохтор ва мақомоти идоракуни";

- дар қисми якум калимаи "мудириятҳои" ба калимаи "муассисаҳои" иваз карда шавад;

- қисми сеюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Раёсат аз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва се нафар аъзои он, ки бо пешниҳоди Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, иборат мебошад".

37. Дар моддаи 74:

- дар банди 1 калимаи "такмил" ба калимаи "таҳия" иваз карда шавад;

- дар банди 7 калимаҳои "тартиб ва андозаҳое" ба калимаи "тартибе" иваз карда шавад.

38. Дар қисми якуми моддаи 76 калимаҳои "низомнома дар бораи хизматчиёни" ба калимаҳои "санадҳои меъёрию ҳуқуқии" иваз карда шаванд.

39. Банди 1 қисми якуми моддаи 78 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"1) маълумоте, ки сирри бонкиро ташкил медиҳад ва ҳангоми иҷрои вазифааш дар Бонки миллии Тоҷикистон ба вай маълум шудааст, фош намояд".

40. Дар матни Қонун калимаи "плон" ба калимаи "нақша" калимаҳои "ташкилотҳои кредити" ба калимаҳои "ташкилотҳои молиявии ғайрибонки", калимаи "лицензия" ба калимаи "иҷозатнома", калимаи "риск" ба калимаи "таваккал" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

2 декабри соли 2002 № 63