ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират"
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 "Дар бораи муҳоҷират" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 320) тағйирот ва иловаҳои зайл дохил карда шавад:
1. Сархати дуюми моддаи 1 хориҷ карда шуда, сархатҳои дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:
"муҳоҷирати меҳнати ба хориҷа - сафари ихтиёрии қонунии шаҳрвандони ба таври доими дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ба хориҷи кишвар, инчунин сафари шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванди ба таври доими берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ба қаламрави он барои машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнати;
муҳоҷирати меҳнатии наздисарҳади - сафари ҳаррӯза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави давлати ҳамсарҳад ва сафари ҳаррӯза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони давлати ҳамсарҳад ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнати, бо шарти истиқомати доими дар ҳудуди давлати таркнамудаашон;
коргари муҳоҷир - шахсе, ки дар давлати ҷои кор, ба таври доими истиқомат намекунад, шаҳрванди он намебошад, ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ё машғул мешавад;
коргари наздисарҳади - коргари муҳоҷире, ки ҷои истиқомати муқаррарии худро дар давлати ҳамсарҳад нигоҳ медорад ва ҳар рӯз ё як маротиба дар як ҳафта ба он ҷой бармегардад;
давлати таркнамуда - давлате, ки коргари муҳоҷир дар қаламрави он ба таври доими истиқомат дорад ва барои машғул шудан ба кори музднок ба давлати дигар сафар мекунад;
давлати ҷои кор - давлате, ки дар он коргари муҳоҷир ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ва ё машғул мешавад,.
2. Моддаи 8 дар таҳрири зайл баён шавад:
"Моддаи 8. Фиристодани коргарони муҳоҷир барои кор ба хориҷа
Давлат мусоидат менамояд, ки коргарони муҳоҷир - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври муташаккилона ва бо розигии онҳо танҳо ба он кишварҳое фиристода шаванд, ки дар он ҷо ҳуқуқҳояшон ҳифз карда мешаванд.
Кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир дар хориҷа барои давлат ҳолатҳои зерин шуда метавонанд:
- дар давлати ҷои кор мавҷуд будани қонунгузории меҳнати ва иҷтимоии ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷирро ҳифзкунанда;
- иштироки давлати ҷои кор дар созишномаҳои байналмилали, эъломияҳо ва қатъномаҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир иртибот доранд;
- мавҷуд будани шартномаҳои дутарафа ё бисёртарафаи давлати ҷои кор бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир дар хориҷа;
- қабули тадбирҳои амалии мусби оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир аз тарафи давлати ҷои кор,.
3. Моддаҳои 8.1 , 8.2 , 8.3 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 8.1 Тартиби фиристодан ва ҷалб намудани қувваи кори
Аз ҷониби субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани фаъолияти оид ба таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷои кор дар хориҷа ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи (литсензия) аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон додашаванда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 8.2 Тартиби рафту омади коргарони муҳоҷир
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои машғул шудан ба кори музднок ба хориҷа сафар мекунанд, бояд бо худ шартномаи (қарордоди) меҳнатии бо корфармо басташуда, шиносномаи хориҷии тибқи тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохили ба расмият даровардашуда ва дар мавриди зарури раводиди намояндагии дипломати ё идораи консулгарии давлати ҷои кор додашударо дошта бошанд.
Тартиби ҷалби коргарони муҳоҷир, талаботи синну соли ва дигар талабот нисбат ба онҳо тибқи қонунҳои давлати ҷои кор ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Коргарони муҳоҷир барои кор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи раводиде, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи намояндагиҳои дипломати ё муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дода шудаанд, сафар менамоянд.
Раводид метавонад дар сурати пешниҳоди санадҳои тасдиқкунандаи сабабҳои узрноки истифода набурдани он (бемори, ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра) ва нигоҳ доштани ҷои кор, тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатии бо корфармо басташуда аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда шавад. Тартиби дароз кардани раводид аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Коргарони муҳоҷири ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, бояд тибқи тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохили вобаста ба маҳалли истиқомати муваққати дар асоси пешниҳоди хаттии мақомоти ваколатдор ба қайд гирифта шаванд.
Коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқи озодона тарк намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозгашт ба онро доранд.
Бо гузашти мӯҳлати амали шартномаи (қарордоди) меҳнати коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо вазифадоранд, ки давлати ҷои корро тарк намоянд.
Моддаи 8.3 Шартномаи (қарордоди) меҳнати
Муносибатҳои меҳнатии коргари муҳоҷир бо корфармо тавассути шартномаи (қарордоди) меҳнати ба расмият дароварда шуда, бояд маълумоти зайлро дар бар гирад:
мӯҳлати амали он, хусусият ва ҷои кори музднок, шароити меҳнат ва тартиби додани музди он, аз ҷумла барои кори шабона, кор дар рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои ид;
андозаи мукофотпули, иловапулиҳо ва нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат;
ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулияти тарафҳо, тартиб ва шароити бекор кардан ё дароз кардани шартномаи (қарордоди) меҳнати;
ташкили тағйири макон, таъминот бо озуқа, истиқомат, хизматрасонии тиббии коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи ӯ;
тартиб ва шартҳои суғуртаи иҷтимоии коргари муҳоҷир;
тартиби ҷуброни зарари ба саломатии коргари муҳоҷир дар ҷараёни фаъолияти меҳнатии музднокаш расонидашуда ва дигар кафолатҳои иҷтимои.
Корфармои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташударо дар мақомоти минтақавии муҳоҷират ба қайд гузорад.
Як нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнати то сафар намудан ба давлати ҷои кор ба коргари муҳоҷир супорида мешавад".
4. Моддаи 9 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 9. Муқаррар намудани квотаҳои муҳоҷирати хориҷи ва ҷалби қувваи кории хориҷи
Квотаи муҳоҷирати хориҷи ва ҷалби қувваи кории хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як соли тақвими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд,.
5. Моддаҳои 9.1, 9.2 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 9.1 Ҳисоботи омори ва ахборот дар бораи муҳоҷират
Барои баҳодиҳии воқеи ба вазъияти муҳоҷирати меҳнати ба хориҷа ва вазъияти соҳаи муҳоҷират ҳисоботи давлатии омори муқаррар карда мешавад.
Мақоми ваколатдор бе музд бо мақомоти давлатии манфиатдор санадҳои ҳисоботи ва дигар маълумотеро, ки барои иҷрои фаъолиятҳои онҳо зарур мебошанд, мубодила мекунад.
Мақоми ваколатдор нашри ҳисоботи омори ва маводҳои ахборотиро дар бораи вазъияти муҳоҷирати меҳнати ба хориҷа ва муҳоҷират, талабот ва пешниҳоди муҳоҷирати меҳнати ба хориҷа, имконияти бо кор таъминкуни, тадбирҳои интихоби касбу ҳунарро таъмин менамояд.
Модда 9.2 Таҳвили маблағҳои пули
Коргарони муҳоҷире, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии музднок машғуланд, метавонанд маблағҳои пулии бадастоварда ва пасандозашонро ба ҳудуди давлати таркнамудаашон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил намоянд".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
10 майи соли 2002 № 31