ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2003"
Моддаи 1.
Ба моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 "Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, № 11, мод.756; соли 2003, № 7, мод. 385) қисми панҷуми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
Воридот, коркард, фурӯш ва хизматрасонии 25000 (бисту панҷ ҳазор) тонна мазути камсулфат барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди "Маркази гарму барқдиҳии Душанбе", ки Ширкати саҳҳомию холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" тавассути Заводи алюминийи Тоҷикистон ворид менамояд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.
Моддаи 2.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
16 декабри соли 2003 № 74