Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
I. Муқаррар карда шавад, ки Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми идораи давлатӣ, масъули таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия, инчунин анҷомдиҳандаи назорати савдо дар бозори истеъмолии кишвар ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон мебошад.
2. Сохтори дастгоҳи марказии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва нақшаи замимагардидаи идораи он тасдиқ карда шаванд.
Шумораи кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 102 воҳид, аз ҷумла: дастгоҳи марказӣ 46 воҳид, ташкилотҳои тобеи он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳмҳурӣ 56 воҳид муқаррар карда шавад.
Ба Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон се муовин муқаррар карда шавад. Барои Агентии мазкур лимити нигаҳдории се автомошини сабукрави хизматӣ муайян карда шавад.
3. Маблағгузории дастгоҳи марказии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумхуриявӣ, ташкилотҳои тобеи он дар вилоятҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сурат мегирад.
4. Таъминоти бозрасии давлатии савдо (шумораи дастгоҳи марказӣ 7 воҳид, корхонаҳои тобеъ 6 воҳид) хароҷот аз ҳисоби фаъолияти хоҷагии Агентӣ сурат мегирад.
5. Ҳуқуқи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи моликият ва бинои маъмурии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қаробоев 42/2 нигоҳ дошта шавад.
6. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1992 № 136 "Дар бораи сохтор ва шумораи дастгоҳи марказии Маркази давлатии стандартизатсия ва метрологияи Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 8 майи соли 2001 № 215
ш. Душанбе