ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он"
Моддаи 1.
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №23-24, моддаи 348) тағйироту иловаҳои зайл илова карда шаванд:
Ба банди 3 моддаи 3 калимаҳои зерин илова карда шаванд:
"Мафҳуми манбаи маълумот ба барномаҳо барои мошини электронии ҳисоббарор (минбаъд-МЭҲ), ки бо ёрии он дастрасии электронӣ ба маводи манбаи маълумот амалӣ мегардад, дахл надорад;".
Дар банди 4 моддаи 3 калимаҳои "мошини электронии ҳисоббарор (минбаъд -МЭҲ)" ба аббревиатураи "МЭҲ" иваз карда шаванд.
Дар банди 2 моддаи 4 ҷумлаи дохили қавс ба таври зайл баён карда шавад:
"(аз ҷумла асарҳое, ки дар муддати 30 рӯзи пас аз санаи интишори аввалин дар кишвари дигар, бори аввал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд".
Банди 2 моддаи 7 ба тарзи зайл баён карда шавад: "рамзҳо ва нишонаҳои давлатӣ (Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ, орденҳо, пули миллӣ ва нишонаҳои дигари давлатӣ)".
Қисми 1 моддаи 14 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволӣ ба муаллифи асаре, ки онро зимни иҷрои вазифа ё супориши хизматӣ эҷод кардааст (асари хизматӣ), тааллуқ доранд.".
Ба моддаи 32 қисми 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ҳуқуқҳои вобаста ба он метавонанд ҳар вақт дар давоми мӯҳлати ҳифзи ҳуқуқҳои вобаста ба он бақайдгирии асарро, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор амалӣ намоянд.".
Ба қисми 2 моддаи 47 баъди калимаҳои "Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "бе розигии соҳибҳуқуқ" илова карда шаванд.
Моддаи 2.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
1 августи соли 2003 № 27