ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1 Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1961 тасдиқ карда шудааст, (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1961 №24, моддаи 126) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 10. Ҳайати суд ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноӣ.
Парвандаҳои ҷиноӣ дар суди зинаи аввал ба таври дастаҷамъӣ ё танҳо баррасӣ мегарданд.
Дар баррасии парванда ба таври дастаҷамъӣ судя ва ду машваратчии халқӣ иштирок мекунанд.
Парвандаҳои ҷиноӣ оиди ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиршуда, инчунин ҷиноятҳои начандон вазнин, ҷиноятҳои дараҷаи миёна ба таври танҳо баррасӣ мегарданд.
Парвандаҳои ҷиноӣ оиди ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба таври дастаҷамъӣ баррасӣ мегарданд.
Баррасии парвандаҳо дар коллегияҳои судии судҳои дахлдор ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ дар ҳайати се нафар судя сурат мегирад.
Раёсати судҳо парвандаҳоро дар сурати ҳузур доштани на камтар аз се ду ҳиссаи аъзоёни Раёсат баррасӣ менамояд".
2. Қисми панҷуми моддаи 329 хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 330:
банди 4 қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"4) аз болои судҳои ҳарбии гарнизонҳо - ба коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
ба қисми якум банди 5 дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"5) аз болои ҳукмҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон".
4. Аз қисми якуми моддаи 337 калимаҳои "инчунин трибунали ҳарбӣ" хориҷ карда шаванд.
5. Дар моддаи 339:
дар қисми якум калимаҳои "ҳимоячӣ иштирок карда метавонад" ба калимаҳои "шахсоне, ки дар моддаи 329 ҳамин Кодекс зикр гардидаанд иштирок карда метавонанд" иваз карда шаванд;
қисмҳои дуюм ва сеюм хориҷ карда шаванд.
6. Дар моддаи 378:
дар қисми дуюм баъд аз калимаҳои "ки аз болои" калимаҳои "ҳукмҳои коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ ва ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
аз қисми сеюм калимаҳои "ҳукмҳо ва" хориҷ карда шуда, калимаҳои "корҳои ҷиноятии" ба калимаҳои "парвандаҳои ҷиноӣ ва коллегияи ҳарбии" иваз карда шаванд.
7. Дар банди 3 қисми якуми моддаи 392 калимаҳои "Президиуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
10 майи соли 2002 № 42