ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи ҳифзи табиат" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, №2, мод.36; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, №3, мод.48; с.1997, №23-24, мод.333; с.2002, №4, мод.245) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад.
1.Моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гирифта, аз Қонуни мазкур, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад".
2. Дар моддаи 4:
ба қисми якум сархати дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда";
қисмҳои дуюм ва сеюм хориҷ карда шаванд.
3. Дар моддаи 7:
сархатҳои дуюм, сеюм, даҳум, ёздаҳуми қисми якум хориҷ карда шаванд;
қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи табиат дигар ваколатҳоро амалӣ намояд".
4. Дар қисми дуюми моддаи 8 ибораи "ба суд" ба ибораи "бо тартиби муқаррарнамудаи қонун" иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 8:
Дар сарлавҳа ва дар матни Қонун ибораи "мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соҳаи ҳифзи муҳити зист" ба ибораи "мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи табиат" иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 9:
дар сархати панҷум ибораи "гузаронидани санҷишҳои экологии лоиҳаҳо" хориҷ карда шавад;
дар сархати ёздаҳум баъд аз калимаи "халқ", ибораи "мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шавад.
7. Дар қисми дуюми моддаи 12 ибораи "нашр намудани ахборот" ба ибораи "ташкил намудани баромадҳо ва интишори мунтазам дар воситаҳои ахбори омма" иваз карда шавад.
8.Дар моддаи 14:
дар қисми сеюм баъд аз ибораи "муҳити зист" ибораи "ва тартиби амалӣ кардани онро" илова карда шавад;
9. Моддаи 16 хориҷ карда шавад.
10. Моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 17. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи табиат
Маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи табиат аз ҳисоби манбаъҳои зерин амалӣ мегардад:
- буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;
- фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи табиат;
- пардохтҳои ихтиёрии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ".
11. Дар қисми якуми моддаи 22 баъд аз ибораи "шаҳрвандони хориҷӣ" ибораи "ва шахсони бешаҳрванд" илова карда шавад.
12. Қисми сеюми моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Дар сурати иҷро накардани талаботи меъёрҳои ҳифзи табиат бо қарори мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи табиат, фаъолияти корхонаҳо метавонанд маҳдуд, ё ки боздошта шаванд"
13. Дар моддаи 27:
дар қисми сеюм баъд аз ибораи "бо асбобҳои радиометрӣ" ибораи "бо тартиби аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда" илова карда шавад;
қисми чорум хориҷ карда шавад.
14. Дар боби V ва дар тамоми матни қонун баъд аз калимаи "муоинаи" калимаи "(экспертизаи)" навишта шавад.
15. Дар моддаи 34:

"Муоинаи (экспертизаи) давлатии экологӣ аз ҷониби мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи табиат бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад;
дар қисми сеюм ибораи "Ақидаҳои" ба калимаи "хулосаи" иваз карда шуда, ибораи - Муоинаи (экспертизаи) давлатии экологӣ мувофиқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад" хориҷ карда шавад;
Ба модда қисми чоруми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Аз болои хулосаи муоинаи (экспертизаи) давлатии экологӣ ба суд шикоят намудан мумкин аст".
16. Қисми сеюми моддаи 36 хориҷ карда шавад.
17. Дар қисми чоруми моддаи 50 ибораи "кори корхонаҳо" ба ибораи "фаъолияти корхонаҳо" иваз карда шавад.
18. Дар қисми сеюми моддаи 51 ибораи "кори корхонаҳо, цехҳо, дастгоҳу дигар таҷҳизотҳо, истифодаи воситаҳои нақлиёт" ба ибораи ",фаъолияти корхонаҳо" иваз карда шавад.
19. Қисми панҷуми моддаи 52 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Риоя накардани коидаҳои мазкур то вақти ислоҳи вайронкуниҳо боиси маҳдудкунӣ, ё боздоштани фаъолияти корхонаҳо ва объектҳои дигар мегардад."
20. Дар моддаи 53:
дар қисми сеюм ибораи "тасдиқ намуда" ба ибораи "тасдиқ гардида" ва ибораи "ба маълумоти ҳамаи вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо" ба ибораи "тавассути воситаҳои ахбори умум паҳн карда мешавад" иваз карда шаванд;
қисми чорум хориҷ карда шавад;
дар қисми панҷум калимаи "боздоштан" ба калимаи "боздоштани" иваз карда шуда ибораи "ё манъ кардани" хориҷ карда шавад.
21. Дар моддаи 66:
қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи табиат аз ҷониби мақомоти
давлатии махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи табиат, назорати санитарӣ, назорати рафти бехатарии иҷрои корҳо дар саноат ва соҳаи назорати кӯҳкорӣ амалӣ карда мешавад";
дар сархати чоруми қисми дуюм калимаи "ҳакамӣ" ба калимаи "иқтисодӣ" иваз карда шавад;
дар сархати панҷуми қисми дуюм ибораҳои "қатъ намудани", "ва ҳар гуна фаъолият" хориҷ карда шуда калимаи "кори" ба калимаи "фаъолияти" иваз карда шавад.
22. Моддаи 69:
Сархати сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ихтиёрӣ ҷудо кардани маблағ ба фондҳои ҳифзи табиат, инчунин тавассути иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори умум";
дар сархати сеюм баъд аз калимаи "изҳоротҳо" ибораи "ба мақомоти дахлдор ва шахсони мансабдор" илова карда шавад;
сархати шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"талаб кардан аз мақомоти дахлдор дар бораи саривақт пешниҳод кардани маълумоти пурра ва дуруст оид ба ҳолати муҳити зист ва чораҳои ҳифзи он".
23. Дар моддаи 73:
баъд аз ибораи "бо истифода аз воситаҳои ахбори умумӣ" ибораи "ва таблиғоти васеъ оид ба қонунгузории ҳифзи табиат" илова карда шавад;
24. Номи фасли ХIII "Қоидаҳои хотимавӣ" ифода карда шуда, рақам ва номи фаслҳои ХIV- ХVI аз матн хориҷ карда шаванд.
25. Қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 78 хориҷ карда шаванд.
26. Моддаҳои 79 ва 80 хориҷ карда шаванд.
27. Дар моддаи 83 калимаи "ҳакамӣ" ба калимаҳои "иқтисодӣ" иваз карда шавад;
28. Моддаи 87 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд дар бораи қатъ кардани фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ зарарноке, ки ба саломатӣ, амволи онҳо ва муҳити зист зарар расонида метавонад, ба суд ё суди иқтисодӣ даъво пешниҳод намоянд".
29. Моддаи 89 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 89. Таҳлили таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва вазифаҳои он.
Таҳлили таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз санҷиши комплексии ба нақша гирифтаи фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолият, ё шароити зисти аҳолӣ дар муҳити зист иборат буда, то қабул кардани қарор дар бораи ҷорӣ намудани ин фаъолият амалӣ карда мешавад.
Вазифаҳои асосии таҳлили таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз таҳияи сиёсати самараноки экологӣ ва роҳҳои устувори истифода ва ҳифзи сарватҳои табиӣ, сифати муҳити атроф ва саломатии одамон бо баррасии тамоми алтернативҳои мақсаднок, бо ҷалби аҳли ҷомеа дар муҳокимаи манфиат ва хавфнокии фаъолияти ба нақша гирифташуда иборат мебошанд.
Таҳлили таъсиррасонӣ ба муҳити зист яке аз чорабиниҳои муҳим барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба нақшагирии амалиёти хатари эҳтимолӣ барои муҳити зист, намудҳои фаъолият, гузаштан аз муоинаи (экспертизаи) давлатии экологӣ ба шумор меравад.
Номгӯи намудҳои фаъолият, ки таҳти чорабиниҳои таҳлили таъсиррасонӣ ба муҳити зист қарор доранд ва тартиби гузаронидани он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
30. Қонун бо моддаи нави дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 90. Ҳуқуқҳои нозирони давлатӣ оид ба ҳифзи табиат"
Нозирони давлатии ҳифзи табиат ҳуқуқҳои зеринро доранд:
- пӯшидани либосҳои махсуси дорои аломатҳои фарқкунанда;
- гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифодаи яроқҳои оташфишон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо мақсади амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба ҳифзи табиат бемамоният ворид шудан ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар объектҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеъияташон,.
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
2 декабри соли 2002 № 75