ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАРИФИ ГУМРУКӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи тарифи гумрукӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 15, мод.235; соли 1999, № 5, мод.57) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 35 бандҳои "к" ва "л" бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"к) таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва ҷузъҳои таркибии он (ташкилдиҳандаи комплекти ягона, ки бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ имконнопазир аст), ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бевосита ташаккул додани фонди оинномавии корхона ё ин ки аз нав таҷҳизонидани истеҳсолоти амалкунанда ворид карда мешавад, ба шарте, ки ин амвол бевосита барои истеҳсоли молҳо, иҷрои кор ва хизматрасонӣ мувофиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона истифода гардад ва ба навъи молҳои аксиздор дохил нашавад, инчунин амволи шахсие, ки ба ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони хориҷии корхонаҳои дорои сармоягузориҳои хориҷӣ бевосита барои эҳтиёҷоти худ ворид карда мешавад. Дар сурати барҳам хӯрдани чунин корхона ё дар муддати чор сол истифода набурдани таҷҳизоти дар боло номбаршудаи истеҳсолию технологӣ ва ҷузъҳои таркибии он, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст (оварда шудааст), аз вақти ба ҷумҳурӣ овардан ё аз вақти бақайдгирии давлатии (аз нав бақайдгирӣ бинобар зиёд намудани фонди оинномавии) ин корхона ё ба шахси дигар фурӯхтани ин корхона дар асоси банди мазкур маблағи пардохтанашудаи боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид намудани таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва ҷузъҳои таркибии он ба Буҷети давлатӣ ситонида мешавад";
"л) Воридоти мол барои татбиқи лоиҳаҳои мақсадноке, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донистааст ва амалӣ гардонидани онҳо аз ҳисоби қарзу кредитҳо, кӯмаки ройгони молиявӣ ва техникии (грантҳо) ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе
2 декабри соли 2002 № 67