ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи табъу нашр"
Моддаи 1. Моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи табъу нашр" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 1, моддаи 28; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 3, моддаи 48; соли 1997, № 9, моддаи 117; соли 1999, № 12, моддаи 329) дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"Моддаи 5. Истеҳсоли ҳуҷҷатҳову варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботи қатъӣ ва норавоии дар нашрияҳо истифода бурдани маводе, ки чопашон манъ аст
Ҳамаи намуди ҳуҷҷатҳову варақаҳои баҳисисобгирию ҳисоботи қатъӣ танҳо дар корхонаҳои табъу нашри махсусгардонидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол карда мешаванд. Номгӯи чунин ҳуҷҷатҳову варақаҳо ва корхонаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Нашр, инчунин паҳн кардани нашрияҳои дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари қонунан маҳфуз, ахборе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват мекунанд, шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозанд, ҷанг, зулму зӯроварӣ, терроризм бо ҳама гуна зуҳуроташ, экстремизм, хусумати нажодию миллӣ ва ё динӣ, инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷур (порнография)-ро таблиғ мекунанд, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамоянд, манъ аст.
Дидаву дониста чоп кардани хабару мақолаҳои дурӯғ, маълумоту тӯҳматҳои иғвоангез, ки шаъну шарафи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, инчунин паҳн кардани нашрияҳое, ки ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон дахолат мекунанд, мувофиқи қонун манъ аст ва ба ҷавобгарӣ кашида мешавад".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
2 декабри соли 2002 № 81