ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастовардҳои селексионии зироат"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи дастовардҳои селексионии зироат" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 22, моддаи 257) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
Ба моддаи 5 қисми нуҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҳамаи ахбороте, ки ба дархост оид ба додани патент тааллуқ доранд, дар бюллетени расмии дастовардҳои селексионӣ нашр карда мешаванд".
Дар қисми якуми моддаи 12 калимаҳои "понздаҳ сол" ва "бист сол" мутобиқан ба калимаҳои "бист сол" ва "бисту панҷ сол" иваз карда шаванд.
Дар қисми сеюми моддаи 13 зербанди "е" дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"е) барои содирот ва воридоти тухмӣ мувофиқи Реестри давлатӣ".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
2 декабри соли 2002 № 83