ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" аз 13 декабри соли 1996 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 23, моддаи 353) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шавад:
1. Дар номи Қонун ва матни он ибораи "ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" ба ибораи "ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда" иваз карда шавад.
2. Дар сатри 7-уми моддаи 1 ва матни Қонун калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" иваз карда шавад.
3. Дар сатри 5- уми қисми якуми моддаи 2 ва матни Қонун калимаи "режими" ба калимаи "низоми" иваз карда шавад.
4. Ба қисми чоруми моддаи 2, банди 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад: "боғҳои ҳайвоноти давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ".
5. Ба қисми якуми моддаи 4 бандҳои зайл илова карда шаванд:
ба амал баровардани сиёсати давлатӣ ва қабули санадҳои дахлдори меъёрию ҳуқуқӣ;
таҳия ва тасдиқи барномаҳои давлатӣ;
ба амал баровардани назорати давлатӣ;
муқаррар кардани ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;
ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ;
6. Дар сатри 4-уми қисми дуюми моддаи 5 ва матни Қонун калимаи "юридикӣ" ба калимаи "ҳуқуқӣ" иваз карда шавад.
7. Дар сатри 2-юми қисми якуми моддаи 6 баъд аз калимаи "табиии" калимаи "махсус" илова карда шавад.
8. Дар сатри 3-юми қисми якуми моддаи 16 калимаи "илтимосномаи" ба калимаи "пешниҳоди" иваз карда шавад.
9. Ба Қонун фасли V ба мазмуни зайл илова карда шавад:
"Фасли V. Боғҳои ҳайвоноти давлатӣ
Моддаи 26. Қоидаҳои умумӣ
Боғҳои ҳайвоноти давлатӣ - муассисаҳои дорои мақоми ҳифзи табиат ва илмӣ - тадқиқотии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда мебошанд, ки барои ҳифз, афзоиши олами ҳайвонот ва истифодаи онҳо муайян шудаанд.
Боғҳои ҳайвоноти давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.
Моддаи 27. Ташкили боғҳои ҳайвоноти давлатӣ, ба минтақаҷудокунӣ ва хусусиятҳои ҳифзи онҳо
Боғҳои ҳайвоноти давлатии ҷумҳуриявиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ ташкил мекунад.
Боғҳои ҳайвоноти давлатии маҳаллиро мақомоти ҳокимияти вилоятӣ ва ноҳиявӣ таъсис медиҳанд.
Қитъаҳои замин бо мақсади ташкили боғҳои ҳайвоноти давлатӣ, мутобиқи қонунгузорӣ барои истифодабарии доимӣ дода мешаванд.
Дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ барои нигоҳдорӣ ва афзоиши ҳайвонот минтақаи намоишӣ, барои гузаронидани тадқиқоти илмӣ минтақаи илмӣ, барои хизматрасонии тамошобинон минтақаҳои ҷамъиятӣ, маъмурӣ ва хоҷагию истеҳсолӣ ҷудо карда мешаванд.
Моддаи 28. Парвариши ҳайвонот дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ
Дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ намудҳои гуногуни ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мамолики ҷаҳонро ҷамъ меоваранд ва ҳифзи онҳоро таъмин менамоянд.
Дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ воридоту содироти ҳайвонот, инчунин мубодилаи онҳо бо дигар муассисаҳои соҳаи ҳайвонотшиносӣ (зоологӣ) тибқи тартиботи муқарраршуда анҷом дода мешавад.
Дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ хадамоти байторӣ ва зоотехникӣ, ҷои махсуси инкишоф додани насли ҳайвоноти нодир, ки ба онҳо нобудшавӣ таҳдид мекунад, таъсис дода мешавад.
Моддаи 29. Хусусиятҳои истифодаи боғҳои ҳайвоноти давлатӣ
Боғҳои ҳайвоноти давлатӣ ба мақсадҳои илмӣ, маданӣ ва таълимӣ истифода мешаванд.
Тадқиқотҳои илмӣ дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ дар соҳаи нигоҳдорӣ ва парвариши ҳайвонот дар шароити маҳкам ва нимкушода гузаронида мешавад.
Боғҳои ҳайвоноти давлатӣ метавонанд фондҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва бойгониҳо таъсис диҳанд, вобаста ба фаъолияти онҳо адабиёти илмӣ, илмию оммавӣ ва ғайраро нашр намоянд, инчунин ба аҳолӣ дар соҳаи байторӣ, кори селексионӣ ва зотгири хизмати пулакӣ расонанд.
Дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ мутобиқи тахассуси ин муассисаҳо хоҷагиҳои ёрирасон, устохонаҳо, мағозаҳои зоологӣ ва дигар объектҳоро, ки барои фаъолияти хоҷагидории онҳо зарур аст, таъсис додан мумкин аст".
10. Дар сатри 6-уми қисми дуюми моддаи 28, калимаи "паспорти" ба калимаи "шиносномаи" иваз карда шавад.
11. Фаслҳои V, VI, VII, VIII, IX, X , XI ва XII мувофиқан фаслҳои VI, VII, VIII, IX , X , XI, XII, XIII, моддаҳои 26, 27, 28, 29, 30, 31, 32, 33, 34, 35, 36, 37, 38, 39, 40 ва 41 мувофиқан моддаҳои 30, 31, 32, 33, 34, 35, 36, 37, 38, 39, 40, 41, 42, 43, 44 ва 45 ҳисобида шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
10 майи соли 2002 № 39