Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003, № 35 "Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ "

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ "

Моддаи 1.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1997, № 23-24, мод. 350) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

Ба моддаи 3 қисмҳои дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Захираҳои ҳатмии нафақавӣ - маҷмӯи маблағҳои аз ҳисоби саҳмҳои ҳатмии суғуртавии аз маоши кормандон ҷамъшуда мебошад, ки тартиби нигоҳ доштани онҳоро дар ҳисобномаҳои захиравии инфиродӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Ҳисобномаи захиравии инфиродӣ - ҳуҷҷатест, ки дар мақомоти ваколатдори махсус дар шакли электронӣ нигоҳ дошта шуда, маълумотро дар бораи шахсони суғурташуда, даромадҳои онҳо, ки аз онҳо (барои онҳо) саҳмҳои суғуртавӣ ворид гардидаанд, инчунин дигар маълумотеро, ки ҳуқуқи нафақавии шахсони суғурташударо ба назар гирифтааст, дар бар мегирад.

Суратҳисоби захиравии инфиродӣ - қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфиродие мебошад, ки дар он маблағи захираҳои ҳатмии нафақавӣ, даромадҳо аз сармоягузорӣ ва индексатсияи онҳо, инчунин пардохтҳо аз ҳисоби захираҳои нафақавӣ дарҷ гардидаанд.

Қисми захиравии нафақаи меҳнатӣ - пардохтҳои иловагӣ ба нафақаи меҳнатӣ мебошад, ки аз ҳисоби маблағи дар суратҳисоби захиравии инфиродӣ ҷамъшуда амалӣ мегарданд"

Ба қисми дуюми моддаи 17 сархати дорои мазмуни зайл илова карда

шавад:

"пардохти қисми захиравии нафақаи меҳнатӣ".

Дар сархати нӯҳуми қисми дуюми моддаи 22 ибораи "маблағҳое, ки ба ҳисобномаҳои номӣ", ба ибораи "маблағе, ки ба қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфиродӣ" иваз карда шавад.

Дар моддаи 22 калимаҳои "суғуртакунанда", "ашхоси", "саҳмия" мутобиқан ба калимаҳои "муассисаи суғурта", "шахсони" ва "саҳм" иваз карда шаванд.

Дар қисми якуми моддаи 23 ибораи "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд" ба ибораи "бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст" иваз карда шавад.

Дар қисми 2 моддаи 23 калимаи "муайяннамудаи" ба калимаи "муқаррарнамудаи", ибораи "ҳисобномаи инфиродии пасандозӣ" ба ибораи "суратҳисоби захиравии инфиродӣ" ибораи "як фоиз" ба ибораи "муайяннамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шуда, дар қисми 3 ба ҷои калимаи "саҳмияҳои" калимаи "саҳмҳои" навишта шавад.

Ба Қонун моддаи 23.1 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 23.1 Тартиби нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи воситаҳои пулӣ, ки ба ҳисобномаи захиравии инфиродӣ ворид шудаанд

Ҳангоми ҷорӣ намудани баҳисобгирии захиравии инфиродӣ дар системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ба ҳар як шахси суғурташуда ҳисобномаи захиравии инфиродӣ кушода мешавад, ки дар намуди электронӣ маълумот оиди ҳуқуқҳои нафақавӣ аз ҳисоби захираҳои ҳатмии нафақавӣ қайд карда мешаванд.

Суратҳисоби захиравии инфиродӣ қисми махсуси ҳисобнома мебошад, ки саҳмҳои суғуртавии воридгардида, маблағҳои ҳисобкардашудаи даромадҳо аз истифодаи захираҳои шахси суғурташуда, индексатсияи ин маблағҳо ва пардохтҳои анҷомдодашударо дар бар мегирад.

Бо мақсади аз беқурбшавӣ нигоҳ доштан ва таъмини индексатсияи минбаъдаи маблағҳое, ки дар суратҳисоби захиравии инфиродӣ ҷамъ омадаанд, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, тибқи қонунҳои амалкунанда онҳоро ба ҳисоби депозитӣ дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар коғазҳои қимматнок (саҳмҳо, векселҳо ва ғайра) гузорад.

Тартиби таъин ва пардохти қисми кафолатии нафақаи меҳнатиро аз ҳисоби захираҳои ҳатмии нафақавӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд,.

Дар қисми чоруми моддаи 26 ибораи "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи андози даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаият" ба ибораи "Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

Дар моддаи 29 ибораи "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар қонунҳо" ба ибораи "Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

 1 августи соли 2003 № 35