Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003, № 19 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ"

Моддаи 1.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, № 9, мод.115) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

Моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад".

Дар моддаи 4:

дар қисми якум ибораи "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба ибораи "Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад:

сархати сеюми қисми якум хориҷ карда шавад.

Сархати понздаҳуми моддаи 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"-иҷрои дигар вазифаҳои идоракунии системаи нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Дар қисми чоруми моддаи 34 ва қисми сеюми моддаи 74 ибораи "Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба ибораи "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

Дар қисми чоруми моддаи 38 ибораи "Кодекси ақди никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба ибораи "Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

Дар моддаи 46 ибораи "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба ибораи "Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

Қисми чоруми моддаи 76 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Иҷозатнома (литсензия) ба шахсони ҳуқуқӣ барои машғул шудан ба фаъолияти фармасевтӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад".

Дар моддаи 77:

номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 77. Назорати муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо";

дар тамоми матни ин модда калимаи "нашъаовар" ба калимаи "нашъадор" иваз карда шавад;

қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот, содирот, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ ва истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо фақат бо мақсадҳои тиббӣ, байторӣ ва илмӣ иҷозат дода мешаванд";

қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Барои истеҳсол, коркард, воридот, содирот, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурӯши воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳое ҳуқуқ доранд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (литсензия) гирифтаанд";

дар қисми сеюм пас аз калимаи "додан" ибораи "тақсимот ва фурӯш" илова карда шавад, ибораи "истифода бурдан" хориҷ карда шавад, пас аз ибораи "воситаҳои нашъадор" ибораи "моддаҳои психотропӣ" илова карда шавад, ибораи "Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати маовди нашъаовар" ба ибораи "Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;

дар қисми чорум баъд аз ибораи "воситаҳои нашъаовар", ибораи "моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо" илова карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Э.Раҳмонов

ш. Душанбе 

22 апрели соли 2003 № 19