ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ХУСУСИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ"
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи хизмати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 22, моддаи 297) тағйироту иловаҳои зерин дохил карда шаванд:
1. Аз моддаи 3 калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" хориҷ карда шаванд.
2. Дар моддаи 5:
банди 1 қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1) кумитаҳо, комиссияҳо ва Дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
банди дуюми қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2) Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси Маҷлиси намояндагон, муовинони онҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон".
3. Дар қисми якуми моддаи 17 калимаҳои "60 сол аст" ба калимаҳои "барои занон - 58 сол ва барои мардон - 63 сол аст" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 28 баъд аз калимаҳои "Низомномае, ки" калимаҳои "Маҷлиси намояндагони" илова карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш.Душанбе
3 майи соли 2002 № 16