Низомномаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2001, № 74

Санаи амалкуни: 03.06.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006с.№ 606 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 феврали соли 2001 № 74

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.07.2001с. № 326, аз 01.08.2005с. № 282, аз 03.06.2006с. № 267)

1. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ( минбаъд - Кумита) дар соҳаи сиёсати баҳисобгирии оморӣ ва таҳлили иқтисодӣ мақомоти соҳибихтиёри хадамоти давлатӣ буда, дар фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

2. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун "Дар бораи омори давлатӣ" қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президентн Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарору Фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ннзомномаи мазкур ва инчунин меъёҳои байналхалқии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

Кумита фаъолияти худро дар ҷамъоварӣ ва паҳн намудани иттилооти оморӣ, сарфи назар аз ташкилотҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, дар асоси принсипҳои омӯзиши объективӣ ва ҳаматарафаи равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар Ҷумҳурӣ ба вуҷуд меоянд, ба амал мебарорад.

3. Кумита, Маркази кулли ҳисоббарорӣ (МКҲ), кумитаҳои омории вилоятҳо, кумитаи омори шаҳри Душанбе, шӯъбаҳои омори ноҳиявии (шаҳрӣ) ва Маркази таълимӣ системан ягонаи мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

4. Дар ҳалли масъалаҳое, ки салоҳияти Кумита ва қисмҳои сохтории вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии он мебошанд, дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар дараҷаҳои мақомоти ҳокимият мумкин нест.

5. Методологияи нишондодҳои оморӣ, шаклу усулҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳои оморӣ, ки Кумита муқаррар кардааст, стандартҳои расмии омории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

6. Кумита дар фаъолияти худ Барноман корҳои омориро ба роҳбарӣ мегирад, ки он бо назардошти пешниҳодоти мақомоти ҳокимияти иҷроия ва қонунгузорӣ ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо ташаккул меёбад ва онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

7. Мақомоти омори давлатйӣ корҳои оморие, ки ба Барномаи корҳои оморӣ дохил нестанд, аз ҳисоби маблағи фармоишгар, аз ҷумла аз рӯи фармоиши мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия аз ҳисоби маблағи буҷета маҳаллӣ иҷро мекунанд.

8. Вазифаҳои асосии Кумита :

ба Президентн Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Оллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомоти маҳаллии Ҳокимияти иҷроия, аҳли ҷомеа, инчунин ба ташкилотҳои байналхалқӣ пешниҳод намуданн иттилооти расмии оморӣ;

такмили методологияи ягонаи илмӣ, ташили баҳисобгирӣ, омор ва системаи нишондиҳандаҳои оморӣ, кн ба талаботи ҷомеа дар давраи ҳозира, ннчунин ба стандартҳои байналхалқӣ мувофиқ бошад;

таҳияи иттилооти иқтисодӣ - оморӣ, таҳлили он, тартиб додани ҳисоби миллӣ, ҳисобу китоби зарурии балансҳо;

ҳамоҳанг сохтани фаъолияти омории мақомоти ҳокимияти иҷроия, таъмини шароит барои он, ки мақомоти зикршуда стандартҳои расмии омориро дар мавриди мушоҳидаҳои омории соҳавӣ (идоравӣ) истафода карда тавонанд;

таъмини иттилооти расмии омории таъҷилӣ, мӯътамад пурраю хушсифат ва илман асоснок;

ба ҳамаи муштариён баробар дастрас кардани нттилооти омории ошкоро тавассути паҳн кардани гузорншҳои расмӣ дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, иқтисодиёти соҳавӣ, табъу нашри маҷмӯаҳои оморӣ ва дигар маводи оморӣ.

9. Кумита мувофиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда:

аз рӯи барнома, шаклҳо ва методологияи таҳия ва тасдиқ кардаи Кумита гузаронидани мушоҳидаҳои омории давлатиро ташкил мекунад, Барномаҳои гузаронидани мушоҳидаҳои омории соҳавӣ (идоравӣ) - ро мутобиқ месозад, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва хоҷагии кишоварзиро мегузаронад, омори хоҷагиҳои хонаводаҳо, инкишофи ҳар гуна шаклҳои хоҷагидорӣ ва намудҳои фаъолияти соҳибкориро ташкил мекунад;

кору фаъолияти Регистри давлатии корхона ва ташкилотҳоро дар асосн баҳисобгирии ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад ва ба онҳо бо назардошти классификаторҳои иттилооти техникию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ коди идентификатсионӣ медиҳад;

муносибати ягонаи вазорату идораҳоро ба ташаккули регистрҳои мақсаднок (реестрҳо) таҳия мекунад;

ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва муҳофизати иттилооти оморӣ, махфӣ доштани сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ, ҳифзи манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро таъмин мекунад;

нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию - иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нншондиҳандаҳои байналхалқӣ муқоиса мекунад;

якҷоя по Бонкн миллии Тоҷикистон, дар асоси маълумотҳои аз вазорату идораҳо ва дигар мақомот гирифташуда балансҳои пардохт тартиб медиҳад;

якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷнкистон барои субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, шаклҳои ҳисоботи бухгалтериро тасдиқ мекунад;

дар мавриди зарурӣ барои субъектҳои хоҷагидории ҳамаи шаклҳои моликият ва намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошанд, ва вобаста ба иқтисоди бозорӣ ба миён меоянд, шаклҳои ҳисоботи омориро тасдиқ менамояд, доир ба пур кардани шаклҳои ҳисоботи оморӣ дастуруламал ва нишондодҳо, инчунин тавсияҳои методологӣ тартиб медиҳад;

дар технологияи ҷамъоварӣ, таҳия ва интиқоли ахбори оморӣ сиёсати ягонаи техникиро -таъмин карда, бо системаҳои соҳавии иттилоотию ҳисоббарорӣ ҳамкорӣ мекунад;

6а тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили қонунгузории соҳаи омор ва баҳисобгирӣ таклифҳо пешниҳод мекунад, инчунин барои афзудани самараи корҳои ҳуқуқии Кумита ва мақомоти маҳаллии он тадбирҳо меандешад;

барои истифодаи самараноки техникаи ҳисоббарорӣ ва ташкилӣ, навсозии онҳо шароит муҳайё мекунад, технологияҳои навтарини таҳия ва интишори нттилоот, маҳсули барномавии муосир, системаи идораи базаи маълумотҳо, системаҳои таҳлилӣ ва иттилоотию маълумотдиҳиро татбиқ менамояд;

ба шахсонн ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин ташкилотҳои байналхалқӣ, мувофиқи шартномаю қарордодҳои хоҷагӣ, созишномаҳо ва талабномаҳои яквақта, хизмати пулакии иттилоотию таҳлилӣ мерасонад;

корхонаю ташкилот ва муассисаҳои ҳудуди ҷумҳуриро бо варақаҳои шаклҳои мутамаркази ҳисоботи оморӣ ва асбобу анҷоми дахлдори пуркунии онҳо таъмин менамояд;

ба тағйироти нарху тариф дар ҷумҳурӣ мушоҳидаи оморӣ ташкил мекунад ва дар ҳамин асос сохти системаи индекси нархҳо, индекси дефляторро таъмин мекунад ва барои муштариён иттилоот таҳия месозад;

дар Марказн таълимӣ таҳсили кормандони баҳисоогирӣ ва омориро барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва системаи Кумита ташкил мекунад;

10. Ба Кумита барои ҳалли масъалаҳо ва иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқҳои зерин дода мешавад:

доир ба масьалаҳои омор ва баҳисобгирӣ қарору фармон ва дастуруламалҳо барорад, ки иҷрояшон барои ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз тобеи кадом идора буданашон ва шакли моликияташон, инчунин барои шахсони вокеӣ, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ҳатмист;

аз ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли моликняташон, намуди фаъолияти иқтисодӣ ва тобеияти кадом идора буданашон, аз он ҷумла аз мақомоти ҳокимияти иҷроия, ҳокимияти давлатии маҳалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ва пурра бепул ҳисоботи дақиқи оморӣ (аз он ҷумла сирри тиҷорат бошад ҳам) бигирад;

аз хадамоту идораҳои молия, бонк, гумрук, андоз ва дигар хадамоту идораҳо, инчунин аэ ташкилотҳои хориҷӣ ва ҷамъиятӣ маълумоти оморӣ бигирад ва истифода барад;

аз шаҳрвандон роҷеъ ва вазъи иҷтимоию демографӣ ва фаъолияти истеҳсолиашон варақаи пурсиши мушоҳидаҳои оморӣ бигирад;

дар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ вазъи баҳисобгирии аввалия ва дақиқии маълумоти омориро бисанҷад ва дар баҳисобгирии аввалия ва дигар нишондиҳандаҳои ба ҳам алоқаманд ислоҳу тағйиротҳо дарорад. Шахсони далхдори ҳуқуқӣ ва воқеиро вазифадор намояд, ки ин ислоҳҳоро дар баҳисобгирии аввалия сабт кунанд;

аз иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор аз шахсони ҳуқуқӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ назорат барад;

нисбат ба шахсони мансабдор барои таҳриф кардан ё ба мақомоти давлатии омор пешниҳод накардани ҳисоботи оморӣ, мувофиқи қонунгузории амалкунанда муҷозоти иқтисодӣ ба кор барад. Тартиботи пешниҳоди ҳисоботи омории давлатиро Кумита муқаррар мекунад;

оид ба масъалаҳои салоҳияти Кумита машваратҳо, семинарҳо, конфронсҳо, аз ҷумла байналхалқӣ, гузаронад;

дар ташкилотҳои байналхалқӣ манфиатҳои ҷумҳуриро муаррифӣ карда, аз номи он оид ба масъалаҳои баҳисобгирӣ ва омор мувофиқи қонунгузории ҷорӣ ва шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳо бандад;

бо тартиби муқарраршуда ҳамчун фармоишгари давлатӣ амалӣ кунад, бо иштироки вазорату идораҳо, ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо доир ба коркарди маълумотҳои оморӣ барномаҳои мақсаднок таҳия ва ташаккул диҳад;

бо тартиби муқарраршуда кормандони лоиқу сазоворро ба унвонҳои шоиста ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.

11. Кумитаро Раис сарварӣ мекунад, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод мекунад ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад; Раиси Кумита:

аз номи Кумита амал мекунад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар манфиатҳои онро муаррифӣ менамояд, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои фаъолияти Кумита қарорҳо қабул мекунад;

се муовин, аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки онҳоро бо пешниҳоди Раиси Кумита Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод мекунад;

барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда шахсан ҷавобгар мебошад, доираи ваколати муовинони Раис ва роҳбарони воҳидҳои сохториро муқаррар мекунад;

кормандони дастгоҳи марказии Кумита, сардорон ва муовинони МКҲ-и Кумита, кумитаҳои омори вилоятҳо, ш.Душанбе ва шӯъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрии) ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Маркази таълимиро ба вазифа таъин ва озод менамояд, онҳоро мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд мекунад ва ҷазои интизомӣ медиҳад;

12. Дар Кумита аз 7 нафар иборат дар ҳайати Раиси Кумита (раиси ҳайати мушовара), муовинони Раис аз рӯн вазифа, инчунин дигар кормандони раҳбарияти системаи Кумита ҳайати мушовара ташкил карда мешавад.

Аъзои ҳайати мушовараи Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Қарорҳои ҳайати мушовара бо қарору фармонҳои Кумита ба амал бароварда мешаванд.

Дар мавриди байни Раис ва аъзои ҳайати мушовара пайдо шудани ихтилоф Раис қарордодҳои худро ба амал бароварда, дар бораи пайдо шудани ихтилофҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон гузориш медиҳад ва аъзои ҳайати мушовара низ, дар навбати худ, фикрашонро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мекунанд.

Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои асосии марбут ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумиа гузошташударо баррасӣ мекунад.

13 Низомнома, сохтор ва теъдоди кормандони дасттоҳи марказии Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Ҷадвали штатҳо, сметаи хароҷоти дасттоҳи марказии Кумита, воҳидҳои сохтории онро дар миқёси шумораи муқарраршуда ва фонди музди меҳнат ва инчунин Низомномаи воҳидҳои тобеъро Кумита тасдиқ мекунад;

14. Қабули кормандон ба дастгоҳи марказии кумита ва мақомоти дар минтақаҳо будан он ( ғайр аз ҳайати хизматрасон) дар асоси озмун қарордод ва хабардиҳӣ дар васоитн ахбори омма анҷом дода мешавад. Тартиби тавассути озмун интихоб кардани кормандон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хидмати давлатӣ" муайян карда мешавад.

15. Кумита аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

16. Кумита дар асос ва ҷиҳати иҷрои қонунгузории амалкунанда қарору фармонҳо, дастуруламалҳо мебарорад ва фармоишҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти маҳаллии омор ҳатмист.

17. Кумита шахси ҳукуқӣ буда, мӯҳри худро дорад, ки дар он тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи Кумита ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сабт шудааст, штамп ва ҳисоби ягонаи хазинагии худро дорост.