Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.06.2011 № 290)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.06.2011 № 290)
Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, идораҳо, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва худидора дар соҳаи назорати муомилоти моддаҳои химиявӣ, танзими чораҳо нисбати ифлоскунандаҳои устувори органикӣ, таъмини амнияти экологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати он (аз рӯи вазифа) тасдиқ карда шавад.
2. Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати 2 моҳ низомномаи худро таҳия намуда, ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1997 № 325 "Дар бораи таъсиси комиссияи батартибдарорӣ ва танзими муомилоти воситаҳои химиявӣ" беэтибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 марти соли 2003 № 92
ш. Душанбе
аз 3 марти соли 2003 № 92
...

Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2003 № 92
ҲАЙАТИ Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз рӯи вазифа)
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - нозири соҳа (Раиси Комиссия)
Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини Раиси Комиссия)
Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини Раиси Комиссия)
Сардори бозрасии экспертизаи экологии Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон (котиби Комиссия)
Аъзои Комиссия:
Муовини аввали Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири иқтнсод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазир - сардори Департаменти гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон