аз 1 сентябри соли 2022 бо Кодекси манзили ҶТ аз 18.03.2022 №1852 аз эътибор соқит дониста мешавад
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚАБУЛ КАРДАНИ КОДЕКСИ МАНЗИЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
2. Аз эътибор чунин қонунҳо соқит дониста шаванд:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 1986 "Дар бораи тасдиқ намудани Указҳои Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар қисмати тасдиқи Указҳои Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1986 "Дар хусуси пурра кардани моддаи 22 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1986, № 24, моддаи 252);
Моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 май соли 1987 "Дар бораи даровардани тағйирот ба баъзе актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати роҳҳои асосии ислоҳоти мактаби таълимоти умумӣ ва касбӣ ва тасдиқ карда шудани таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1987, № 11, моддаи 153);
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 "Дар хусуси тасдиқ намудани Указҳои Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 1988 "Дар бораи дохил намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил" ва аз 27 январи соли 1989 "Дар бораи иловаи моддаи 5 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1989, № 15, моддаи 107);
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 1989 "Дар бораи тасдиқ намудани Указҳои Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар қисмати тасдиқи Указҳои Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 1989 ,Дар бораи даровардани иловаю тағйирот ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1989, № 23, моддаи 211);
Фасли II. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 "Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, № 14, моддаи 237).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
12 декабри соли 1997 № 505
...