Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2001, № 277 "Дар бораи бастани қарордодҳо оид ба истифодаи қаъри замин"

Санаи амалкуни: 03.11.2001

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 426 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи бастани қарордодҳо оид ба истифодаи қаъри замин

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2001 № 500)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазифаи мақомоти салоҳиятдор доир ба бастани қарордодҳо оид ба истифодаи қаъри замин ҳангоми кашфи конҳои канданиҳои фоиданок ба зиммаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир ба конҳои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ бошад - ба зиммаи мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо) гузошта шавад.

2. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Геологияи тоҷик", дар мувофиқа бо вазорату идораҳои манфиатдори ҷумҳурӣ, тартиби бастани қарордодҳоро оид ба истифодаи қаъри замин таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2001 № 500).

3. Ба маълумот гирифта шавад ки, мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" додани литсензия (иҷозатнома) барои омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, истихроҷу коркарди маъданҳои фоиданок салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон           Э. Раҳмонов

аз 16 июни соли 2001 № 277

ш. Душанбе