Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2003, № 94 "Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2005"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2005

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шуғли аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2005 тасдиқ карда шавад.

2. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазоратҳо ва идораҳо иҷрои чорабиниҳои дар Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барссӣ солҳои 2003-2005 пешбинишударо таъмин намуда, ҳар нимсола натиҷаи иҷрои онро мувофиқан дар ҷаласаҳои ҷамъбастӣ баррасӣ намоянд ва аз натиҷааш ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрокунандагон расонидани Барномаи мазкурро таъмин намояд ва аз рафти иҷрои он ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 4 марти соли 2003 № 94

ш. Душанбе