Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали соли 2003 № 74
тасдиқ шудааст
Низомномаи Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2006с. № 269, аз 04.07.2006с. № 311)
1. Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумитаи давлатӣ) мақоми идораи давлатӣ буда, дар соҳаи сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ сиёсати ягонаи давлатиро таҳия ва татбиқ менамояд.
2. Кумитаи давлатӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар вазоратҳо, ташкилоту идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, анҷом медиҳад.
3. Кумитаи давлатӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
4. Вазифаҳои асосии Кумитаи давлатӣ аз инҳо иборатанд:
- таҳия ва пешбурди сиёсати ягонаи давлатии илмию техникӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ;
- ташкил ва таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти инвестисионӣ дар сохтмони асосӣ ва дигар санадҳои меъёрии марбут ба лоиҳакашӣ, фаъолияти пудратӣ, шаҳрсозӣ, истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ;
- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташаккули нарх, бамеъёргирии сметавӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ;
- такмили сатҳи меъморӣ ва лоиҳаҳои меъмории биною иншоот ва маҷмааи онҳо, сарфи назар аз шакли моликият;
- ташкил ва таҳияи нақша ва лоиҳаҳои тарҳрезии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, нуқтаҳои аҳолинишини деҳот, курортҳо ва минтақаҳои истироҳат, тарҳи нақшаи генералии марказҳои саноатӣ;
- таҳияи барномаҳои минтақавӣ, аз худ намудани ҳудудҳои кӯҳӣ, ки ба таъмини амнияти сохтмон дар минтақаҳои нисбатан хавфнок, ҳифзи аҳолии шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишин аз таъсири хатарноки табиӣ нигаронида шудааст;
- иштирок дар таҳияи созишномаҳо ҷиҳати ҷалби инвеститсияҳо ва захираҳои кредитӣ, аз ҷумла қарзҳои созмонҳои молиявии байналмилалӣ ба соҳаҳои сохтмони саноатӣ, мулкӣ (гражданӣ), саноати бинокорӣ, соҳаи иҷтимоӣ, сохтмони иншооти энергетикӣ ва нақлиётӣ;
5. Кумитаи давлатӣ мутобиқи мақсад ва вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда функсияҳои зайлро анҷом медиҳад:
- таҳияи стратегияи рушди маҷмӯи бинокорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи он дар асоси барномаҳои байнидавлатӣ, давлатӣ ва соҳавӣ;
- таҳияи лоиҳаҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии фаъолият ва рушди маҷмӯи бинокорӣ, ҳамчунин ба Ҳукумат манзур доштани пешниҳодот оид ба такмили санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ;
- пешбурди такмили ҳамаҷонибаи фаъолият ва таҳияи дурнамои рушди соҳаи маҷмӯи бинокорӣ, кор карда баромадани дастурҳо ва татбиқи чорабиниҳо оид ба таъмини фаъолияти устувор ва рушди он;
- дастгирии методӣ ва методологии вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, баланд бардоштани самаранокии сохтмон ва саноати бинокорӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок дар соҳаи бинокорӣ;
- муқаррар намудани тартиби таҳия, мувофиқасозӣ, экспертиза ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ;
- таҳияи меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯҳои инженерӣ, инчунин тадбирҳои инженерию техникӣ вобаста ба мудофиаи гражданӣ, ҳифзи ҳудуд ва нуқтаҳои аҳолинишин аз таъсири ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногеннӣ, тасдиқ ва нашри ҳуҷҷатҳои зикршуда;
- дар доираи салоҳияти худ анҷом додани назорати риояи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) дар доираи салоҳияти худ ва роҳбарии фаъолияти онҳо дар қисмати таъминоти илмию методӣ;
- амалӣ намудани сиёсати ягонаи техникӣ дар соҳаи кашфиёти инженерӣ барои сохтмон, созмон додани ташкил ва пешбурди фонди давлатии ҷустуҷӯҳои маҷмӯии инженерӣ барои сохтмон;
- ташкил ва анҷом додани назорати давлатии меъморию бинокорӣ ҷиҳати аз ҷониби тамоми иншоот, сарфи назар аз шакли моликият, риоя намудани талаботи ҳатмии стандартҳои давлатӣ, шартҳои техникӣ, меъёр ва қоидаҳои бинокорӣ, лоиҳаҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ дар соҳаи сохтмон ва саноати бинокорӣ;
- ҳангоми ошкор намудани вайронкунии талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи бинокорӣ боздоштани сохтмони иншоот, саноати бинокорӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани чораҳои дахлдор;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудан ва таҳияи қоидаҳои додани сертификатҳо, омилҳои арзёбии маҳсулоти сертификатсияшаванда дар сохтмон;
- анҷом додани таъминоти иттилоотии шаҳрвандон ва мақомоти меъморию шаҳрсозӣ;
- созмон додани тарбия ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, инчунин таълим, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахасусси кадрҳо дар комбинатҳои таълимии Кумитаи давлатӣ дар асосҳои шартномавӣ;
- ташаккули стратегияи пешбурд ва интихоби афзалиятҳои корҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ дар соҳаи сохтмон, шаҳрсозӣ ва меъморӣ;
- мусоидат ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурд дар соҳаи сохтмон, саноати бинокорӣ, инчунин ташкили гурӯҳҳои молиявию саноатӣ ва ширкатҳои лизингӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида анҷом додани таъмини методии такмили ташкилотҳо ва бамеъёргирии меҳнат дар сохтмон, таҳияи тавсифи тарифию тахасуссӣ оид ба касбҳои коргароне, ки ба фасли "Корҳои бинокорӣ, васл ва таъмиру сохтмон" шомил нестанд, Маълумотномаи ягонаи тарифию тахасуссии корҳо ва касбҳои коргарон, тавсифи тахасуссии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиёни ташкилотҳои бинокорӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида иштирок дар созишномаҳои соҳавии тарифӣ оид ба масъалаҳои шартҳои пардохти музди меҳнат ва ҳифзи меҳнат, кафолатҳои иҷтимоӣ барои кормандони соҳаи сохтмон, меъморӣ, саноати бинокорӣ, ки бо вазоратҳо ва иттифоқҳои касабаи соҳавӣ баста мешаванд;
- татбиқи сиёсати техникӣ ва таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи меҳнат дар сохтмон, иштирок дар ташхиси ҳодисаҳои нохуши гурӯҳӣ, ки боиси фавт гардидааст, таҳдили сабаби осеб дидан дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ, тибқи тартиби муқарраргардида андешидани тадбирҳо ҷиҳати рафъ ва пешгирии онҳо, анҷом додани роҳбарии методии хадамоти ҳифзи меҳнат дар сохтмон ва саноати бинокорӣ, омӯзиш ва ҷамъбасти таҷрибаи пешқадам дар соҳаи ҳифзи меҳнат;
- таҳияи пешниҳодот оид ба такмили ҳисоботдиҳии оморӣ дар сохтмон;
- ташкил ва гузаронидани намоишгоҳҳо - ярмаркаҳо, иштирок дар кори онҳо, расонидани ёрии методӣ ва машваратӣ оид ба масъалаҳои рушд ва такмили корҳои намоишгоҳҳо дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ;
- иштирок дар ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида анҷом додани ҳамкориҳои илмию техникӣ ва иқтисодӣ бо мақомоти дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти бинокорӣ;
- таҳияи пешниҳодот оид ба такмили шароитҳои иқтисодии ташаккули инфраструктури бозаргонӣ дар сохтмон ва меъморӣ ва тавсияҳо оид ба нархҳои маҳсулоти бинокорӣ, муайян намудани арзиши иншооти сохтмони оммавӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сурат мегирад;
- ташкили корҳо оид ба такмили усулҳои иқтисодии идора ва бамеъёргирии сметавӣ дар сохтмон, саноати масолеҳи бинокорӣ, конструксияҳо, асбобу анҷом, таҳияи принсипҳои асосии муайян намудани арзиши сметавии сохтмон, ташкили таҳияи заминаи сметавию меъёрӣ ва нишондиҳандаҳои меъёраи хароҷоти захираҳои моддӣ, меъёри вақт барои бо паспорти техникӣ таъмин намудани амволи ғайриманқул;
- муқаррар намудани тартиби таҳия, бақайдгирӣ, тасдиқ, амалӣ сохтан ва таҷдиди назар кардани меъёр ва қоидаҳои давлатии шаҳрсозӣ;
- ташаккули системаи байнисоҳавии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи сохтмон, таъмини таҳия, бақайдгирӣ, тасдиқ, амалӣ намудан, таҷдиди назар ва бекор кардани меъёрҳо ва қоидаҳои давлатии шаҳрсозӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида иҷрои таъмини ченаки ягона дар соҳаи сохтмон ва навсозии корхонаҳо, бино ва иншоот, саноати масолеҳи бинокорӣ, конструксия ва асбобу анҷом, ҳангоми зарурат барои иҷрои корҳо оид ба таъмини ченаки ягона ва гузаронидани назорати мётрологӣ ташкил додани хадамоти метрологӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида, дар доираи салоҳияти худ анҷом додани назорат, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги фаъолияти арзёбӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани литсензия барои навъҳои алоҳидаи фаъолият ва истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, созмон додани назорати риояи шартҳо;
- иштирок дар танзими давлатии раванди инвеститсионӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҷалби
- инвеститсияҳо, аз ҷумла хориҷӣ, оид ба ин масъалаҳо ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии байналмилалӣ;
- анҷом додани сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар маҷмӯи бинокорӣ, ташкили гузаронидани корҳои илмию техникӣ оид ба самтҳои афзалиятноки рушд ва фаъолияти он, ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои илмии маҷмӯи бинокорӣ, созмондиҳии таҳия ва татбиқи барномаҳои байнисоҳавии илмию техникӣ ба лоиҳаҳои инноватсионӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида таҳия, мувофиқа ва тасдиқ намудани талаботи техникӣ ва дигар талабот нисбат ба маҳсулоти саноатӣ, таҷҳизот ва маводе, ки дар маҷмӯи бинокорӣ истифода мегардад, тасдиқи меъёри хароҷоти ашёю мавод, қисмҳои такмилӣ, захираҳои энергетикӣ ва ғайра ба як воҳиди маҳсулот;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрологӣ ва сертификатсия созмондиҳии пешбурди корҳо оид ба сертификатсияи масолеҳи бинокорӣ ва дигар хизматрасониҳо, ҳамчунин оид ба стандартизатсия ва таъминн метрологии истеҳсолот;
- дар доираи салоҳияти худ ташкил ва ҳамоҳангсозии иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шартномаҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои байниҳукуматии марбут ба масъалаҳои фаъолияти маҷмӯи бинокорӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида намояндагии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ;
- анҷом додани маркетинг оид ба омӯзиши талаботи бозор;
- мусоидат ба ташаккул ва фаъолияти гурӯҳҳои молиявию саноатӣ ва сохторхои трансмиллӣ бо иштироки корхонаҳои маҷмӯи бинокорӣ;
- ташкил ва амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи сохтмон;
- ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои чорабиниҳо дар соҳаи сохтмон, ки ба татбиқи вазифаҳои мудофиаи гражданӣ, омодагии сарфарбарсозӣ, таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар иттилооти махфӣ нигаронида шудаанд;
- дар доираи салоҳияти худ иштирок дар ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сохтмон, дар тарбия, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳо, таъмини шуғл, ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи сохтмон ва меъморӣ, ҳифзи меҳнати онҳо, инкишофи муносибатҳои меҳнатӣ дар асоси шарикии иҷтимоӣ ва пешгирии зиддиятҳои меҳнатӣ;
- анҷом додани ҷамъбаст ва таҳлили иттилооти давлатии оморӣ ва молиявӣ дар маҷмӯи бинокорӣ;
- созмон додани корҳо оид ба компютерикунонӣ, пешбурд ва нигаҳдошти маҳзани маълумот вобаста ба маҷмӯи бинокорӣ ва реестри иттилоотии субъектҳои он, таъмини иттилоотии маҷмӯи бинкорӣ.
6. Мутобиқи вазифаҳо ва функсиҳои ба иммааш гузошташуда Кумитаи давлатӣ ҳуқуқ дорад:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ фаъолияти хоҷагидориро анҷом медиҳанд, сарфи назар аз шакли моликият, литсензия диҳад, ҳангоми ошкор намудани вайронкунӣ амали онҳоро боз дорад ё бекор кунад, мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон вайронкунандагонро ба масъулият ҷалб намояд;
- сиёсати давлатии вобаста ба соҳаҳои маҷмӯи бинокорӣ ҳамоҳангшударо дар фаъолияти байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷӣ ташкил ва татбиқ намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда ҷиҳати рафъи ин вазъ ва оқибатҳои имконпазири онҳо гурӯҳҳо ва комиссияҳои кории муваққатӣ таъсис диҳад ва барои кор дар онҳо мутахассисони корхонаҳои маҷмӯи бинокориро ҷалб намояд;
- оид ба лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрӣ, ки ба манфиатҳои маҷмӯи бинокорӣ дахл мекунанд, хулосаҳо диҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида таҳлили фаъолияти корхонаҳои маҷмӯи бинокориро оид ба риояи стандартҳои технологӣ, экологӣ, дигар стандартҳо ва талаботи давлатӣ таъйин ва доир намояд, ҷиҳати рафъи норасоиҳои ошкоршуда тадбирҳо андешад;
- оид ба масъалаҳои такмил за рушди маҷмӯи бинокорӣ конференсияҳо, машваратҳо, семинарҳо, ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳо ташкил намояд;
- дар муҳокимаи масъалаҳои консессияҳо, истифодаи замин, ташаккули нарх, лоиҳакашӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ иштирок намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар шӯроҳои байналмилалӣ, марказҳои ҳамоҳангсоз, кумитаҳои ҳамгироӣ ва дигар созмонҳо оид ба масъалаҳои сохтмон ва меъморӣ иштирок намояд;
- аз дигар мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), ташкилоту муассисаҳо маълумот ва маводи барои иҷрои фаъолияташ заруриро дархост намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида аз корхонаҳои маҷмӯи бинокорӣ, сарфи назар аз шакли моликият, тибқи намунаи тасдиқшуда оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Кумитаи давлатӣ қарордошта иттилоот гирад;
- дар муҳокимаи масъалаҳои ҷорӣ намудан, тағйир додан ва ё бекор кардани шакли ҳисоботдиҳии давлатии оморӣ дар соҳаи сохтмон иштирок намояд, аз мақомоти давлатии омор маҷмӯаҳо ва маводро ба даст орад.
7. Кумитаи давлатиро Раис роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тасдиқи минбаъда дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Раис роҳбарии соҳаи ба ӯ вогузошташударо дар асоси яккасардорӣ анҷом дода, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумитаи давлатӣ гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.
Раис муовинон, аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки бо пешниҳоди Раиси Кумитаи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Тақсими вазифаҳо байни муовинон аз ҷониби раис анҷом дода мешавад.
8. Раиси Кумитаи давлатӣ дар доираи салоҳиятии худ:
- кори Кумитаи давлатиро ташкил менамояд;
- барои иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаи Кмитаи давлатӣ гузошташуда дараҷаи масъулияти роҳбарони воҳидҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ, мақомоти тоберо, ки ба нақшаи идораи Кумиати давлатӣ дохил шудаанд, муқаррар менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ мутобиқи санадҳои ҷории қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон ва меьморӣ фармону амрҳо мебарорад, дастурамалҳо, қоида, меъёр ва стандартҳоеро тасдиқ менамояд, ки барои иҷро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ҳатмӣ мебошад;
- салоҳиятҳои муовинони худро муқаррар намуда, байни онҳо вазифаҳоро тақсим мекунад, салоҳияти дигар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони Кумитаи давлатиро муайян месозад;
- Кумитаи давлатиро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва пешниҳодотро оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои _ фаъолияти Кумитаи давлатӣ манзур медорад;
- мутобиқи қонунгузорӣ оид ба хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба гузаштани хизмати давлатиро дар Кумитаи давлатӣ ҳал менамояд;
- сохтори департаменҳо, саридораҳо, идораҳо, рӯйхати штатии дастгоҳи марказии Кумитаи давлатиро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони Кумитаи давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҳамчунин сметаи хароҷоти нигаҳдошти онро дар доираи маблағҳои дар буҷети ҷумҳурӣ барои идораи давлатӣ пешбинишуда тасдиқ мекунад;
- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумитаи давлатиро тасдиқ менамояд;
- хизматчиёни давлатӣ ва кормандони Кумимтаи давлатиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- оинномаҳои (низомномаҳои) корхона ва ташкилотҳои давлатиро тасдиқ намуда, тибқи тартиби муқарраргардида роҳбарони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, бо онҳо карордод мебандад, ҳангоми вайрон кардани қоидаҳои молиявӣ ва муносибати хунукназарона ба амвол онро тағйир медиҳад ё бекор мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Кумитаи давлатиро ба сафари хизматӣ, аз ҷумла берун аз ҳудуди Ҷумҳурии тоҷикистон мефиристад;
- дар доираи салоҳияти худ масъалаҳои таъмини ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кормандони Кумитаи давлатиро ҳал мекунад;
- мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро анҷом медиҳад.
9. Дар Кумитаидавлатӣ коллегия дар ҳайати Раиси Кумитаи давлатӣ (Раиси коллегия), муовинони ӯ, мудири корҳои Кумитаи давлатӣ, ки аз рӯи мансаб ба он дохиланд, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатӣ, олимон ва мутахассисони пешбар таъсис дода мешавад. Аъзои коллегия, ба истиснои шахсоне, ки аз рӯи мансаб ба он шомиланд, бо пешниҳоди Раиси Кумитаи давлатӣаз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Тақсими вазифаҳо байни аъзои коллегия аз ҷониби Раиси коллегия сурат мегирад. Коллегия масъалаҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатӣ, корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, ҷамъиятҳои саҳомиро, ки бо он дар асоси созишномаи дуҷониба амал мекунанд, инчунин соҳаҳои сохтмонро баррасӣ менамояд. Қарорҳои коллегия бо протоколҳо ба расмият дароварда шуда, бо фармони Раиси Кумитаи давлатӣ амалӣ мегарданд.
10. Дар назди Кумитаи давлатӣ шӯрои илмию техникӣ таъсис дода мешавад, ки оид ба масъалаҳои рушди сохтмон, шаҳрсозӣ, меъморӣ, саноати масолеҳи бинокорӣ, конструксияҳо ва асбобу анҷом мақоми машваратии коллегиалӣ мебошад. Ҳайати шӯро ва низомномаи онро Раиси Кумитаи давлатӣ тасдиқ менамояд.
11. Маблағгузории хароҷоти нигаҳдошти дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷет анҷом дода мешавад.
12. Кумитаи давлатӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои бланк, мӯҳр бо инъикоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, мӯҳр ва штампи дахлдор буда, дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали соли 2003 № 74
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Департаменти шаҳрсозӣ ва меъморӣ
3. Департаменти иқтисод ва молия
4. Саридораи истеҳсолӣ
5. Идораи индустрияи бинокорӣ, нақлиёт за механизатсия
6. Идораи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ
7. Мудирияти корҳо
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали соли 2003 № 74
тасдиқ шудааст
Нақшаи идораи Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дастгоҳи марказӣ
2. Маркази давлатии литсензионӣ
3. Бозрасии давлатии сохтмон
4. Идораи экспертизаи давлатии ғайриидораи лоиҳаҳои сохтмон
5. Корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ
6. Ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки пакети назоратии саҳмияҳо ба давлат таалуқ дошта, фаъолияти худро тавассути бастани созишномаҳои дуҷониба бо Кумитаи давлатӣ анҷом медиҳанд.
7. Маҷмӯи солимгардонии Кумитаи давлатӣ
8. Комбинати таълимию истеҳсолӣ