ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1.
Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, № 4, мод.215) иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
Ба моддаи 23 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҳангоми зарурат, бо иҷозати хаттии Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё бо супориши ӯ бо иҷозати хаттии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо ва фармоишиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои алоҳидаи хусусияти оперативӣ дошта, мумкин аст бе гузаронидани маҷлис бо роҳи пурсиши хаттии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аз нисф зиёди аъзои Ҳукумат қабул карда шаванд.";
қисмҳои дуюм, сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум ва нуҳум мутобиқан қисмҳои сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум ва даҳум ҳисобида шаванд.
Ба қисми дуюми моддаи 24 ҷумлаи нав дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"Ба ҳайати Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар аъзои Ҳукумат дохил шуда метавонанд, ки онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд".
Моддаи 35.1 бо мазмуни зайл ворид карда шавад:
"Моддаи 35.1 Муҳофизати давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаи ӯ ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини амнияти ҳаёт ва фаъолияти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаи ӯ ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи рӯйхати шахсони мансабдор, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муҳофизати давлатии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад.
Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ваколати худ ҳақ надоранд, ки аз муҳофизати давлатӣ даст кашанд".
Моддаи 2.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
22 апрели соли 2003 № 22