×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003, № 20 "Дар бораи экспертизаи экологӣ"

Санаи амалкуни: 12.01.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 818 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 123, 30.07.2007 № 328, аз 31.12.2008 № 468, аз 12.01.2010 № 589)

Қонуни мазкур тартиби умумии ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологиро танзим намуда, ҳуқуқ ва ӯҳдадории тарафҳои дар гузаронидани экспертизаи экологӣ иштирокдоштаро муайян мекунад, ҳуқуқи шаҳрвандонро оид ба дарёфт намудани иттилоот дар бораи хатари экологии объектҳои банақшагирифташаванда, сохташудаистода ва тартиби эътирози хулосаҳо ва баррасии баҳсҳо, ки дар асоси онҳо қабул шудаанд, инчунин ҷавобгариро барои вайрон намудани қонунгузорӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 468).

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Экспертизаи экологӣ

Экспертизаи экологӣ ба таври расмӣ муайянкунии мутобиқати фаъолияти пешбинишудаи хоҷагӣ ва дигар фаъолиятҳо ба талаботҳои экологӣ ва муайянкунии имконпазирии истифодаи объектҳои экспертизаи экологӣ бо мақсади пешгирии оқибатҳои эҳтимолии номусоиди таъсиррасонии ин фаъолият ба муҳити зист ва оқибатҳои ба он вобастаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва оқибатҳои дигари истифодаи объекти экспертизаи экологӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 468).

Моддаи 2. Қонунгузорӣ оид ба экспертизаи экологӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба экспертизаи экологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи ҳифзи табиат,, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мақсадҳои экспертизаи экологӣ

Мақсадҳои экспертизаи экологӣ аз инҳо иборатанд:

- пешгирии оқибатҳои манфии имконпазири истифодаи объектҳои экспертизашаванда ва таъсири номусоиди онҳо ба саломатии аҳолӣ, сарватҳои табиӣ, муҳити зист, амнияти экологии ҷомеа, аз ҷумла бартарафкунии зарари онҳо ҳангоми иҷрои фаъолияти идоракунӣ, хоҷагӣ, сармоягузорӣ ва дигар фаъолият оид ба истифодаи объектҳои экспертизашаванда;

- таъмини пешгӯиҳои экологӣ дар асоси ахборот оид ба ҳолат ва тағйиротҳои имконпазири вазъияти экологӣ дар натиҷаи ҷойгиркунӣ ва инкишоф додани қувваҳои истеҳсолкунанда, ки ба саломатии аҳолӣ, сарватҳои табиӣ, муҳити зист ва амнияти экологии ҷомеа таъсири манфӣ намерасонанд;

- ба вуҷуд овардани манбаи иттилоот оид ба вазъи муҳити зист ва манбаи маълумот дар соҳаи баҳодиҳии таъсири экологӣ ба инсон ва табиат.

Моддаи 4. Вазифаҳои экспертизаи экологӣ

Вазифаҳои зкспертизаи экологӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- баҳодиҳии самаранокӣ, асоснокӣ ва кофӣ будани тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист дар объектҳои экспертизашаванда;

- баҳодиҳии дурустии аз ҷониби истеҳсолкунанда муайянкунии дараҷаи хавф ва хатари экологии фаъолияти пешбинишаванда (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 468);

-баҳодиҳии мутобиқати объектҳои экспертизашавандаи ҷиҳати истифодабарӣ пешбинишуда ба стандартхои экологӣ пеш аз қабули қарор оид ба истифодабарии онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 468);

- ташкили таҳлил ва баҳодиҳии ҳамаҷониба, холисона, аз ҷиҳати илмӣ асоснокӣ объектҳои экспертизашаванда;

- таҳлил ва баҳодиҳии таъсири эҳтимолии аз ҷиҳати экологӣ зарарноки объектҳои экспертизашаванда ба саломатии аҳолӣ, сарватҳои табиӣ, муҳити зист, инчунин оқибатҳои эҳтимолии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 468);

- тайёр намудани хулосаҳои холисона ва аз ҷиҳати илмӣ асоснокӣ экспетризаи экологӣ, пешниҳоди саривақтии онҳо ба мақомоти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки оид ба истифодаи объекти экспертизашаванда қарор қабул менамояд, додани маълумот ба шахсони манфиатдор, ҷомеа ва шаҳрвандон;

- гирифтани маълумот дар бораи вазъи экологӣ ва таҳлили он.

Моддаи 5. Принсипҳои экспертизаи экологӣ

Экспертизаи экологӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- ба таври ҳатмӣ гузаронидани экспертизаи экологӣ то қабули қарор дар бораи ба истифода додани объекти экспертизаи экологӣ;

- эҳтимоли имконпазири хавфи экологии объектҳое, ки барои экспертизаи экологӣ пешбинӣ шудаанд;

- маҷмӯъи баҳои таъсири фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист ва оқибатҳои он;

- боэътимодӣ ва пуррагии маълумоте, ки ба экспертизаи экологӣ пешниҳод карда мешавад;

- мустақилияти мақомоти экспертӣ ва экспертҳо ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳояшон дар соҳаи экспертизаи экологӣ;

- аз ҷиҳати илмӣ асоснок, холисона ва қонунӣ будани хулосаҳои экспертизаи экологӣ;

- ошкорбаёнӣ, иштироки ҷомеа, ба назар гирифтани афкори умум;

- масъулияти иштирокчиёни экспертизаи экологӣ ва тарафҳои манфиатдор барои ташкил, гузаронидан ва сифати экспертизаи экологӣ.

Моддаи 6. Намудҳои экспертизаи экологӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду намуди экспертизаи экологӣ:

- экспертизаи давлатии экологӣ ва экспертизаи экологии ҷамъиятӣ анҷом дода мешавад.

Моддаи 7. Объектҳои экспертизаи экологӣ

1. Аз экспертизаи ҳатмии экологӣ инҳо бояд гузаронида шаванд:

1) лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, дастурию методӣ, ки фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияти ба истифодабарии муҳити зист алоқаманд бударо танзим менамоянд;

2) ҳуҷҷатҳое, ки пеш аз таҳияи дурнамои рущд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, аз ҷумла:

- лоиҳаҳои барномаҳои давлатии комплексӣ ва мақсадноки иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ғайра;

- лоиҳаҳои нақшаи генералии инкишофи ҳудудҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва ҳудудҳои бо реҷаи махсуси истифодабарии табиат ва бурдани фаъолияти хоҷагӣ;

- лоиҳаҳои нақшаҳои инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҷумла саноат;

- лоиҳаҳои барномаҳои сармоягузорӣ (инвеститсия), ки ба масъалаҳои истифодабарии табиат дахл доранд;

- лоиҳаҳои комплексии нақшаҳои давлатии ҳифзи табиат;

3) ҳамаи намудҳои ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, аз ҷумла:

- лоиҳаҳои нақшаҳои генералии ҷойгиркунонӣ, истифодабарии табиат ва ташкили минтақавии қувваҳои истеҳсолкунанда;

- лоиҳаҳои нақшаҳои комплексии минтақавии ҳифзи табиат ва истифодаи он;

- нақшаҳо ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳиявии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ;

- нақшаи генералии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои зист;

- лоиҳаҳои хати марзии маъмурии шаҳрҳо ва деҳаҳо;

- нақшаи генералии ҳудуд, мақомоти тобеъи ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, инчунин минтақаҳои истиқоматӣ, саноатӣ, истироҳатӣ ва корӣ;

- лоиҳаҳои банақшагирии муфассали марказҳои ҷамъиятӣ, маҳалҳои зист ва роҳҳои асосии шаҳрҳо;

- лоиҳаҳои сохтмони маҳалҳо, қитъаҳои шаҳрҳо ва дигар маҳаллаҳои истиқоматӣ;

- лоиҳаи рекултиватсияи заминҳое, ки дар натиҷаи кофтуковҳои геологӣ, истеҳсоли канданиҳои фоиданок, тарконидан ва дигар намуди корҳо вайрон шудаанд;

4) асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаҳои сохтмонҳо, азнавсозӣ, васеъкунӣ, азнавтаҷҳизонии техникӣ, барҳам додан ва муваққатан хобонидани иншоот, корхонаҳо ва дигар лоиҳаҳо, сарфи назар аз арзиши меъёрӣ, мансубияти муассисавӣ ва шакли моликият, ки татбиқи онҳо мумкин аст ба муҳити зист таъсир расонад, аз ҷумла маводҳо оид ба барпо намудани корхонаҳои муштарак бо фирмаҳои хориҷӣ;

5) асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаҳои фаъолияти хоҷагӣ, ки метавонанд ба муҳити зисти давлатҳои ҳамсоя таъсири манфӣ расонанд ё барои амалӣ намудани онҳо истифодаи объектҳои табиии бо давлатҳои ҳамсарҳад умумӣ зарур аст ва онҳо ба манфиати давлатҳои ҳамсарҳад, ки тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида муайян шудаанд, дахолат мекунанд;

6) маводҳо оиди таъсиси корхонаҳои соҳаи истеҳсоли нафт, истихроҷи нафту газ, истеҳсоли ангишт ва маъданҳои куҳӣ, инчунин корхонаҳои калони дигар соҳаҳои саноат бо сармоягузориҳои хориҷӣ, сарфи назар аз ҳаҷми сармояи оинномавии онҳо;

7) маводҳои тадқиқотии корхонаҳои амалкунандаи аз ҷиҳати экологӣ хавфнок, объектҳо, техника, технология, масолеҳ ва ашё, ки бо тартиби муқарраргардида дар сурати қабули қарорҳои дахлдор оид ба гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист иҷро гардидаанд;

8) лоиҳаҳои шартномаҳо, аҳдномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот ва шартномаҳои консессионӣ ва ғайра, ки истифодаи сарватҳои табиӣ ва партовҳои объекти бо сармояи хориҷиро пешбинӣ менамоянд;

9) ҳуҷҷатҳои техникӣ барои техникаи нав, технология, масолеҳ ва ашё, мол ва хизмати сертификатсияшаванда, аз ҷумла аз хориҷа харидашаванда;

10) маводҳои тадқиқоти комплексии экологии ҳудудҳо ва объектҳое, ки ба онҳо додани мақоми ҳуқуқии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда, минтақаҳои экологии зарардида ё минтақаҳои ҳолати фавқулоддаро асоснок менамоянд;

11) лоиҳаҳои нақшаи ҳифз ва истифодаи об, ҷангал, замин ва дигар сарватҳои табиӣ, ки дар ихтиёри давлат қарор доранд;

12) маводҳо оид ба намудҳои фаъолияте, ки хавфи экологӣ доранд;

13) дигар намуди ҳуҷҷатҳое, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 589).

2. Лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ нагардидаанд, мавриди экспертизаи ҳатмии экологӣ қарор намегиранд. Экспертизаи экологии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии чунин иншоот ва намудҳои фаъолият метавонад ба таври ихтиёрӣ гузаронида шавад (Қонун аз 12.01.2010 № 589).

Моддаи 8. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ

Фаъолият дар соҳаи экспертизаи экологӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, анҷом дода мешавад.

Моддаи 9. Хорич карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 328)

БОБИ 2. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯГИ ДАВЛАТӢ, МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ИҶРОИЯ ДАР МАҲАЛҲО, ҲУҚУҚИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ

Моддаи 10. Ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экспертизаи экологӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатии экспертизаи экологиро ташкил менамояд;

- оид ба ҳифзи манфиатҳои давлат, ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон дар соҳаи экспертизаи экологӣ тадбирҳо меандешад;

- кори мақомоти идораи давлатиро ҷиҳати якҷоя гузаронидани чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаҳои экспертизаи экологии дорои аҳамияти давлатӣ ва байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад;

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 589).

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 123).

Моддаи 11. Ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ

1. Ба ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ дохил мешаванд:

- ташкили экспертизаи давлатии экологии объектҳое, ки дар моддаи 7 ҳамин Қонун зикр гардидаанд, инчунин ташкили комиссияи экспертӣ;

- муқаррар намудани мӯҳлати эътибори хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологӣ;

- таҳия, аз нав баррасӣ намудан ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ва дасгурию методӣ, ки татбиқи ҳамин қонунро дар хусуси гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ таъмин менамояд;

- таъмини илмию методии экспертизаи давлатии экологӣ;

- ташкили бо иттилоот таъмин намудани экспертизаи давлатии экологӣ, аз ҷумла таъсис ва пешбурди манбаи маълумот оид ба фаъолияти пешбинишаванда, оид ба истифодаи объекти экспертиза ва таъсири онҳо ба муҳити зист;

- бо тартиби муқарраршуда ҳамкорӣ намудан бо мақомоти экологию экспертии давлатҳои дигар бо мақсади гузаронидани машваратҳо, экспертизаҳои экологии муштарак, мубодилаи тадқиқотҳои илмию методӣ ва ҷалби мутахассисони хориҷӣ;

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 123).

- гузаронидани семинару конференсияҳо оид ба масъалаҳои методологӣ ва шаклҳои анҷом додани экспертизаи экологӣ, мубодилаи таҷриба доир ба гузаронидани он ва баланд бардоштани сифати фаъолияти экспертизаи экологӣ;

- дар ҳудуди салоҳияти худ ҳамоҳанг сохтани фаъолияти экспертизаи экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом додани роҳбарии методӣ дар масъалаи гузаронидани экспертизаи экологии объектҳо, сарфи назар аз тобеъият ва шакли моликияти онҳо;

- назорати риоя намудани Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи экспертизаи давлатии экологӣ ҳангоми ташкил ва гузаронидани он;

- пешбурди феҳристи давлатии экспертҳо дар гузаронидани экспертизаи экологӣ;

- ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва воҳидҳои экспертии онҳо дар доираи салоҳияти худ.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ҳуқуқ дорад:

- экспертизаҳои экологии байналмилалиро ташкил намояд, анҷом диҳад ва дар онҳо иштирок намояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон олимону мутахассисони хориҷиро оид ба экспертизаи экологӣ ҷалб намояд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки агар объекти экспертиза дорои сирри давлатӣ ё тиҷоратӣ бошад;

- оид ба вазъи муҳити зист аз манбаи иттилоот ва оид ба баҳодиҳии таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намудҳои фаъолияти инсон ва табиат аз манбаи маълумот дастрас намояд;

- ба мақомоти бонкӣ оид ба қатъи маблағгузории объектҳое, ки баҳои мусбии экспертизаи экологиро нагирифтаанд, хулоса фиристад;

- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомот ҷиҳати ҳалли масъалаи оид ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар вайрон намудани қонунгузорӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ гунаҳкоранд, маводи дахлдор тайёр намуда супорад;

- дар доираи салоҳияти худ дигар амалро, ки хилофи қонунгузории ҷорӣ набуда, ҷиҳати татбиқи ваколати онҳо заруранд, анҷом диҳад.

Моддаи 12. ӯҳдадориҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ӯҳдадор аст:

- мувофиқати тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро бо талаботи Қонуни мазкур, дигар санадҳои қонунгузории амалкунанда, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва дастурию методӣ таъмин намояд;

- мақомоти ҳокимияти давлатиро оид ба гузаронидани маҷлисҳои комиссияҳои экспертизаи давлатии экологӣ доир ба объектҳои экспертизаи экологӣ, пешакӣ огоҳ намояд;

- хулосаи экспертизаи давлатии экологиро ба мақомоте, ки оид ба гузаронидани объекти экспертиза қарор қабул мекунад, фиристад;

- барои шинос шудан ба фармоишдиҳанда, ки барои гузаронидани экспертизаи экологӣ ариза додааст, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва дастурию методиро, ки гузаронидан ва ташкили экспертизаи давлатии экологиро ба тартиб медарорад, пешниҳод намояд;

- ба иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки экспертизаи экологии ҷамъиятиро анҷом медиҳанд, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникие, ки ҷиҳати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ талаботро муқаррар мекунад, барои шинос шудан пешниҳод намояд;

- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони алоҳидае, ки пешниҳоди асосноки мансуб ба ҷиҳати экологии татбиқи фаъолияти банақшагирифташударо манзур намудаанд, маводе, ки баҳисобгирии ин пешниҳодотро ҳангоми анҷоми экспертизаи давлатии экологӣ асоснок мекунад, фиристад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 468);

- ба воситаҳои ахбори умум тибқи дархости онҳо оид ба натиҷаҳои анҷоми экспертизаи давлатии экологӣ маълумот диҳад;

- тарбия, бозомузӣ ва такмили ихтисоси эксперт-экологҳои экспертизаи давлатии экологиро ташкил намояд;

- аз ҷониби экспертҳо риоя шудани тартиб ва мӯҳлатҳои гузаронидани экспертизаи экологиро назорат ва таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 589).

Моддаи 13. Ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ

1. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ инҳо дохил мешаванд:

- фиристодани экспертҳо дар ҳайати комиссияҳои экспертӣ ҷиҳати иштирок дар экспертизаи объектҳое, ки истифодаашон дар минтақаи онҳо пешбинӣ шудааст ва дар ҳолатҳои таъсири имконпазири фаъолияти хоҷагии аз тарафи воҳидҳои дигари маъмурию ҳуқуқӣ ба нақша гирифташуда ба муҳити зист;

- ташкили муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, гузаронидани пурсишҳо ва раъйпурсиҳо дар байни аҳолӣ оид ба фаъолияти хоҷагӣ ва фаъолияти дигари пешбинишаванда, ки ба экспертизаи экологӣ тааллуқ доранд;

- қабул ва татбиқи қарорҳо дар доираи ваколатҳояшон оид ба масъалаҳои экспертизаи экологӣ дар асоси натиҷаҳои муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, раъйпурсиҳо, пурсишҳо, дархостҳои иттиҳодияҳо ва ҳаракатҳои ҷамъиятии экологӣ, иттилоот оид ба экспертизаи экологӣ;

- нишон додани ташаббус дар асоси дархостҳои аҳолӣ ҷиҳати гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ;

- огоҳ намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ оид ба фаъолияти хоҷагӣ ва фаъолияти дигари пешбинишуда дар минтақаҳои дахлдор;

- огоҳ намудани мақомоти прокуратура ва мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи табиат оид ба оғози ба амалбарории объекти экспертизаи экологӣ бе хулосаҳои мусбот экспертизаи экологӣ;

- татбиқи дигар ваколатҳо дар ин соҳа дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ доранд:

- аз мақомоти дахлдори ваколатдор оид ба объектҳои экспертизаи экологӣ, ки истифодаи онҳо метавонад ба муҳити зисти минтақаи мазкур таъсир расонад ва аз натиҷаҳои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ ва экспертизаи экологии ҷамъиятӣ маълумотҳои зарурӣ гиранд;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ба таври хаттӣ пешниҳоди далелноки худро оид ба нуқтаи назари экологии амалигардонии фаъолияти хоҷагӣ ва фаъолияти дигари пешбинишуда ирсол намоянд.

Моддаи 14. Ҳуқуқи иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шаҳрвандон дар соҳаи ташкили экспертизаи экологӣ

1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар соҳаи ташкили экспертизаи экологӣ ҳуқуқ доранд:

- мутобиқи Қонуни мазкур ҷиҳати гузаронидани экспертизаи экологии фаъолияти хоҷагӣ ва дигар намудҳои фаъолият, ки иҷрои он ба манфиатҳои экологии аҳолии дар ин маҳалҳо истиқоматкунанда зарар мерасонанд, ташаббус нишон диҳанд;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ба таври хаттӣ пешниҳодоти асосноке манзур намояд, ки ба тарафҳои экологии анҷоми фаъолияти банақшагирифташуда дахл доранд;

- аз мақомоте, ки экспертизаи давлатии экологиро анҷом медиҳанд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ, доир ба натиҷаҳои анҷоми экспертизаи экологӣ маълумот гиранд;

- фаъолияти дигарро дар соҳаи экспертизаи экологӣ, ки хилофи қонунгузории ҷорӣ нестанд, анҷом диҳанд.

2. Ҳангоми таҳияи хулосаи, экспертизаи давлатии экологӣ ва қабули қарор оид ба истифодаи объекти экспертиза маводҳои ба комиссияи экспертӣ фиристодашуда, ки афкори ҷомеаро инъикос мекунанд, бояд баррасӣ карда шаванд.

БОБИ 3. ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ

Моддаи 15. Комиссияи экспертии экспертизаи давлатии экалогӣ

1. Экспертизаи давлатии экологӣ аз тарафи комиссияи экспертӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ таъсис ёфтааст, ба анҷом расонида мешавад.

2. Ба комиссияи экспертӣ экспертҳои ғайриштатӣ дохил карда мешаванд ва дар ҳолатҳое, ки тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ муқаррар шудаанд, кормандони штатии он дохил шуда метавонанд.

3. Низомнома дар бораи фаъолияти комиссияи экспертии экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 16. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ

1. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ мутахассисе мебошад, ки барои гузаронидани экспертизаи экологӣ оид ба самтҳои дахлдори илму техника ва технология аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ҷалб шудааст.

2. Фармоишдиҳанда ё таҳиякунандаи лоиҳа, намояндаи онҳо, намояндаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки объекти таҳти экспертиза қарор дошта ба соҳаи фаъолияти онҳо дахл дорад, инчунин бо фармоишдиҳанда ва таҳиякунандаи лоиҳа муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои шартномавӣ, ки мукофоти моддиро пешбинӣ мекунанд доранд, коршиноси экспертизаи давлатии экологӣ буда наметавонанд.

3. Эксперт дар гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ, мутобиқи Қонуни мазкур ва супориши додашудаи роҳбари комиссияи экспертӣ иштирок мекунад.

4. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ, ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ, ҳуқуқҳои зеринро дорад:

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ дар хусуси зарурияти аз ҷониби фармоишдиҳанда пешниҳод намудани мавод барои экспертизаи экологӣ, ки ҷиҳати баҳодиҳии ҳамаҷониба ва воқеии объектҳои экспертизашаванда заруранд, хабар диҳад;

- доир ба объекти экспертиза андешаи махсус иброз намояд, ки он бояд ҳатман ба хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ замима гардад.

5. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ вазифадор аст:

- таҳлили ҳаматарафа, пурра, холисона ва комплексии маводи ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодшавандаро анҷом дода, мутобиқати онҳоро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ муайян намояд;

- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба экспертизаи экологӣ риоя намояд;

- мӯҳлат ва тартиби иҷрои экспертизаи экологиро, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ муқаррар шудаанд, риоя намояд;

- асоснокӣ ва холисона будани хулосаҳои худро таъмин намояд;

- дар таҳияи маводе, ки ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ баҳисобгирии хулосаҳои экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, инчунин пешниҳодоти аз мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дохилшудаи ба тарафҳои экологии объектҳои экспертиза дахлдорро асоснок мекунанд, иштирок намояд.

6. Пардохти музди меҳнати экспертҳои ғайриштатии экспертизаи давлатии экологӣ дар асоси шартнома аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

7. Пардохт ва ҳавасмандгардонии кормандони штатӣ, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ иштирок мекунанд, бо тартиби барои хизматчиёни давлати муқарраргардида анҷом дода мешавад.

Моддаи 17. Шартҳои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ

1. Объектҳои экспертизашаванда бояд асосноккунии бехатарии экологии фаъолияти банақшагирифташуда, баҳодиҳии комплексии экологию иҷтимоӣ ва иқтисодии таъсири мавҷуда ё дарназардошташудаи онҳоро ба вазъи муҳити зист, баҳои хавфу зарари экологӣ ба сиҳатии одамон, инчунин роҳҳои пешбинишавандаи дигари кам намудани чунин таъсирро дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 468).

2. Экспертизаи давлатии экологӣ ба шарте гузаронида мешавад, ки шакл ва мундариҷаи маводи пешниҳоднамудаи фармоишдиҳанда ба талаботи Қонуни мазкур, тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ тасдиқшуда, мутобиқат намояд ва дар таркиби маводи пешниҳодшаванда мавҷуд бошанд:

- ҳуҷҷатҳое, ки бояд мутобиқи моддаи 7 ҳамин Қонун таҳти экспертизаи давлатии экологӣ дар ҳаҷме, ки бо тартиби муқарраргардида муайян шудааст, қарор гирифта, маводи баҳодиҳии таъсири фаъолияти объекти экспертизашаванда ба муҳити зистро дошта бошанд;

- хулосаҳои мусбӣ ва (ё) ҳуҷҷатҳои мувофиқашудаи мақомоти назорати давлатӣ ва идораи давлатиро, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дастрас мешаванд;

- хулосаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, агар он гузаронида шуда бошад.

3. Экспертизаи давлатии экологӣ дар сурати аз ҷониби фармоишдиҳанда ба таври пурра пешпардохт намудани маблағ гузаронида мешавад.

Моддаи 18. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ

1. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ вобаста ба мураккабии объекти экспертизашаванда, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ муқаррар мегардад, муайян мешавад ва набояд аз 45 рӯзи тақвимӣ зиёд бошад.

2. Ибтидои мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ на дертар аз як моҳи баъди пардохти маблағ ва қабул шудани маҷмӯи мавод ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар ҳаҷм ва миқдори пурра мутобиқи талаботҳои моддаи 17 Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.

Моддаи 19. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ

1. Натиҷаҳои кори комиссияи экспертӣ, дар шакли хулосаҳо тартиб дода шуда, дар ҳолате қабул карда мешавад, ки аксарияти экспертҳои ихтисосноки дар рӯйхати ҳайати комиссияи экспертӣ буда, онро дастгирӣ намоянд.

2. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ҳуҷҷатест, ки аз ҷониби комиссияи экспертии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ташкилшуда омода гардида, оид ба таъсири имконпазири фаъолияти экспертизашаванда ба муҳити зист ва имконияти амалигардонии объекти экспертизашаванда натиҷаи асоснок дорад ва ҳангоми тасдиқи мутобиқати он ба супориши оид ба гузаронидани экспертизаи экологӣ дорои эътибор мебошад.

3. Ба хулосаҳои тайёрнамудаи комиссияи экспертии экспертизаи давлатии экологӣ мулоҳизоти асоснокӣ экспертҳое, ки бо ақидаи комиссия норозиянд, замима карда мешаванд.

4. Хулосаи комиссияи экспертӣ аз ҷониби раиси комиссияи экспертӣ, котиби масъул ва ҳамаи аъзоёни он ба имзо расида, бе розигии онҳо тағйир дода намешавад.

5. Хулосаи таҳиянамудаи комиссияи экспертии экспертизаи давлатии экологӣ, баъди расман тасдиқ шудан аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ мақоми хулосаи экспертизаи давлатии экологиро мегирад.

6. Оқибати ҳуқуқии хулосаи манфӣ баровардани экспертизаи давлатии экологӣ, манъ намудани истифодаи объекти экспертизашаванда мебошад.

7. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ба фармоишдиҳанда фиристода мешавад.

8. Ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дахлдори назорати маълумот оид ба истифодаи хулосаҳои экспертизаи давлатии экологӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фиристода мешавад.

9. Дар сурати манфӣ будани хулосаҳои экспертизаи экологӣ фармоишдиҳанда ҳуқуқ дорад маводро ҷиҳати экспертизаи давлатии экологии такрорӣ, ба шарте, ки он бо дарназардошти мулоҳизоти хулосаи манфӣ такмил дода шудааст, пешниҳод кунад.

10. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ бо тартиби судӣ мавриди баҳс қарор гирифта метавонад.

Моддаи 20. Гузаронидани экспертизаи давлатии экологии такрорӣ ва иловагӣ

1. Экспертизаи давлатии экологии такрорӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

- такмили мавод дар асоси эродҳои пешниҳодкардаи экспертизаи давлатии экологии қаблан гузаронидашуда;

- тағйир ёфтани шартҳои истифодабарии табиат;

- истифодаи объекти экспертиза бо риоя накардани қарорҳои қабулгардидаи қаблӣ ё мӯҳлатҳои меъёрии банақшагирӣ ва сохтмон, ки тибқи меъёр ва қоидаҳои ҷории сохтмонӣ пешбинӣ гардидаанд;

- ба охир расонидани мӯҳлати хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологӣ;

- дар асоси қарорҳои суд ва суди иқтисодӣ;

- дохил кардани тағйирот ба ҳуҷҷатҳо баъди гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ.

2. Ба гузаронидани экспертизаи экологии такрорӣ ҷалб намудани шахсоне, ки дар экспертизаи экологии таҳти муҳокима қарордошта иштирок намудаанд, манъ аст.

3. Экспертизаи давлатии экологии иловагӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

- ҳангоми муайян намудани мухолифат байни технология ва лоиҳаҳои мавҷуда;

- дар сурати дар мӯҳлатҳои муқарраршуда иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ, ҳангоми гузаронидани экспертизаи қаблӣ;

- дар сурати беэътибор донистани хулосаи қаблӣ.

4. Асосҳо ва тартиби беэътибор донистани хулосаи қаблӣ бо тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ тасдиқ менамояд, муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 589).

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз ҳолатҳои дар ҳамин модда пешбинишуда метавонад нисбати ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон ва намудҳои фаъолияте, ки барои онҳо арзёбии таъсир ба муҳити зист ҳатмӣ мебошад ва иншооте, ки сохтмони онҳо аз ҳисоби давлат ва бо кафолати давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, экспертизаи экологии такрорӣ ё иловагӣ таъин кунад (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 589).

6. Экспертизаи экологии такрорӣ ва иловагии дар ҳамин модда пешбинишуда мутобиқи тартиби барои гузаронидани экспертизаи экологии ҳатми муқаррарнамудаи Қонуни мазкур гузаронда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 589).

БОБИ 4. ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГИИ ҶАМЪИЯТӢ

Моддаи 21. Гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

1. Экспертизаи экологии ҷамъиятӣ бо ташаббуси шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки самти асосии фаъолияти онҳо тибқи оинномаашон ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологӣ мебошад, ташкил ва гузаронида мешавад.

2. Экспертизаи экологии ҷамъиятӣ метавонад дар худи ҳамон объектҳо, новобаста аз гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ анҷом дода шавад.

3. Экспертизаи ҷамъиятии экологӣ нисбат ба объектҳои дар моддаи 7 ҳамин Қонун муайяншуда, ба ғайр аз объектҳои экспертизаи экологӣ, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари тибқи қонун муҳофизатшаванда доранд, метавонад анҷом дода шавад.

4. Нисбат ба экспертҳое, ки барои гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ ҷалб карда мешаванд, талаботи дар қисми 2, сархати якуми қисми 4, сархатҳои якум, дуюм ва чоруми қисми 5 моддаи 16 Қонуни мазкур пешбинишуда, татбиқ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 589).

Моддаи 22. Ҳуқуқи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

Ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки экспертизаи экологиро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур анҷом медиҳанд, ҳуқуқ доранд:

- аз фармоишдиҳанда ҳуҷҷатҳои экспертизашавандаро дар ҳаҷми дар моддаи 17 Қонуни мазкур зикр гардида гиранд;

- бо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ки талаботи гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро муқаррар менамояд, шинос шаванд.

Моддаи 23. Шартҳои экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

1. Экспертизаи экологии ҷамъиятӣ дар сурати қайди давлатии аризаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар бораи гузаронидани он аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудуди онҳо фаъолияти экспертӣ дар назар дошта шудааст, амалӣ мегардад.

2. Ҳангоми мавҷуд будани ариза дар бораи гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятии як объекти экспертизаи экологӣ, ташкили комиссияи экспертизакунанда аз ду ва ё зиёда иттиҳодияҳои ҷамъияти иҷозат дода мешавад.

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати ҳафт рӯзи баъд аз рӯзи додани ариза дар бораи гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, онро ба қайд гирад ё рад намояд. Аризаи дар бораи гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, ки ба қайд гирифтани он дар мӯҳлати нишондодашуда рад карда нашудааст, қайдшуда ҳисоб меёбад.

4. Дар аризаи иттиҳодияҳои ҷамъияти дар бораи гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ бояд номгӯӣ, суроғаи ҳуқуқӣ, маълумот дар бораи ҳайати комиссияи экспертизакунанда, маълумот дар бораи объекти экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, мӯҳлати гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ қайд ёфта бошад (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 589).

5. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки экспертизаи экологии ҷамъиятиро ташкил мекунанд, ӯҳдадоранд аҳолиро дар бораи саршавӣ ва натиҷаҳои гузаронидани он хабардор кунанд.

Моддаи 24. Рад намудани қайди давлатии ариза оид ба гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

Бақайдгирии давлатии ариза оид ба гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ дар чунин ҳолатҳо мумкин аст рад карда шавад, агар:

- экспертизаи экологии ҷамъиятӣ нисбати объектҳои экспертӣ пештар гузаронида шуда бошад;

- экспертизаи экологии ҷамъиятӣ нисбати объектҳое, ки маълумот дар бораи онҳо дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари тибқи Қонун муҳофизатшаванда мебошанд;

Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 589);

Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 589).

Моддаи 25. Хулосаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

1. Хулосаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ ба мақомоте, ки экспертизаи давлатии экологиро анҷом медиҳанд ва ба мақомоте, ки оид ба истифодаи объекти экспертизашаванда қарор қабул мекунанд, фиристонида мешавад.

2. Хулосаҳои экспертизаи экологии ҷамъиятӣ хусусияти тавсиявӣ дошта, танҳо баъд аз тасдиқи натиҷаҳои он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ қувваи ҳуқуқӣ пайдо мекунад.

3. Хулосаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ метавонад дар воситаҳои ахбороти умум интишор гардад ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти экспертизаи давлатии экологӣ, фармоишдиҳандагони ҳуҷҷатҳое, ки аз экспертизаи экологии ҷамъиятӣ мегузаранд ва дигар шахсони манфиатдор пешниҳод карда шавад.

БОБИ 5. БАҲОИ ТАЪСИРИ ОБЪЕКТҲОИ НАВ ВА НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ПЕШБИНИШАВАНДА БА МУҲИТИ ЗИСТ

Моддаи 26 . Ба нақшагирии объектҳои нав ва намудҳои фаъолият

1. Ба нақшагирии объектҳои нав ва намудҳои фаъолият, ки ба муҳити зист таъсир расонида метавонанд, дар асоси талаботи ҳуҷҷатҳои оид ба баҳои таъсир ба муҳити зист амалӣ гардонида шуда, аз экспертизаи давлатии экологи ҳатмӣ гузаронида мешавад.

2. Номгӯи объектҳо ва намудҳои фаъолият, ки барои онҳо кор карда баромадани ҳуҷҷатҳо доир ба баҳои таъсир ба муҳити зист ҳатмӣ мебошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 27 . Ташкил ва гузаронидани баҳои таъсир ба муҳити зист

1. Ташкил ва гузаронидани баҳои таъсир ба муҳити зист дар ҳама давраҳои банақшагирӣ ва ба лоиҳагирии объектҳо, маблағгузории коркарди ҳуҷҷатҳои оид ба баҳои таъсир ба муҳити зист, ташкил намудани муҳокимаҳои ҷамъиятии фаъолияти пешбинишуда, ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо доир ба баҳои таъсир ба муҳити зист аз тарафи дархосткунанда таъмин карда мешавад.

2. Талабот оиди гузаронидани баҳои таъсир ба муҳити зист, инчунин ба ҳуҷҷатҳо оид ба баҳои таъсир ба муҳити зист, дар Низомномаи баҳои таъсир ба муҳити зист, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, номбар карда мешавад.

БОБИ 6. ҲУҚУҚ ВА ӯҲ ДАДОРИҲОИ ФАРМОИШДИҲАНДАГОН, ТАҲИЯКУНАНДАГОНИ ЛОИҲА ВА ШАХСОНИ СЕЮМ

Моддаи 28. Ҳуқуқҳои фармоишдиҳандагон, таҳиякунандагони лоиҳа ва шахсони сеюм

Фармоишдиҳандагон, лоиҳасозон ва шахсони сеюм ҳуқуқ доранд:

- аз мақоми ташкилкунандаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ оид ба ҷараёни экспертизаи давлатии экологӣ, ки ба манфиати онҳо дахлдор аст, маълумот гиранд;

- аз мақоми ташкилкунандаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ ҷиҳати шиносоӣ маълумоти меъёрии техникӣ ва дастурию методиро гиранд;

- ба мақоме, ки гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро ташкил менамояд, бо талаби бартараф намудани вайронкунии тартиби муқарраргардидаи гузаронидани экспертиза муроҷиат намоянд;

- ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ шарҳ, эрод ва таклифҳои марбут ба объекти экспертизашавандаро пешниҳод намоянд;

- бо хулосаҳои экспертизаи экологӣ шинос шаванд;

- ба суд ҷиҳати ҷуброни зарар, ки дар натаҷаи қасдан вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ расонида шудааст, даъво пешниҳод намоянд.

Моддаи 29. ӯҳдадориҳои таҳиякунандагон, фармоишдиҳандагони лоиҳа ва ҳуҷҷатҳои дигар

Таҳиякунандагон, фармоишдиҳандагони лоиҳаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар ӯҳдадоранд:

- ба экепертизаи давлатии экологӣ ҳуҷҷатҳоро мутобиқи талаботи моддаҳои 7 ва 20 Қонуни мазкур, аз ҷумла дар сурати ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳое, ки хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ гирифтаанд, пешниҳод намоянд;

- гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро мутобиқи сметаи хароҷоте, ки аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи экспертизаи экологӣ муайян карда мешавад, маблағгузорӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 589);

- ба мақоме, ки гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро ташкил менамояд, мавод, маълумот, ҳисобу китоб ва тадқиқоти иловагиро, ки ба объектҳои экспертизашаванда дахл доранд, диҳанд;

- фаъолияти банақшагирифташударо мутобиқи ҳуҷҷатҳое, ки хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологиро гирифтааст ва барои оғози маблағгузорӣ ба муассисаҳои бонкӣ пешниҳод шуда метавонанд, амалӣ намояд.

БОБИ 7. МАБЛАҒГУЗОРИИ ЭКCПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ

Моддаи 30. Маблағгузории экспертизаи давлатии экологӣ

1. Экспертизаи давлатии экологӣ, аз ҷумла ҳангоми такроран гузаронидани он, аз ҳисоби фармоишдиҳанда, мутобиқи тартиби муайяншудаи хароҷоте, ки аз ҷониби мақоми анҷомдиҳандаи экспертизаи экологӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ муайян мегардад, маблағгузори карда мешавад.

2. Маблағҳои молиявӣ ҷиҳати амалӣ намудани экспертизаи давлатии экологии объектҳо, аз ҷониби фармоишдиҳанда, ки мутобиқи Қонуни мазкур маводро барои экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳод мекунад, ба ҳисобномаи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ гузаронида мешаванд. Тартиби истифодаи ин маблағҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 31. Маблағгузории экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

Маблағгузории экспертизаи экологии ҷамъиятӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, хазинаҳои экологӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра, инчунин аз ҳисоби дигар маблағҳое, ки тибқи қонунгузорӣ манъ нагаштаанд, сурат мегирад.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 468)

Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 468)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 33. Ҷуброни зараре, ки бо сабаби риоя накардаии қонунгузорӣ оид ба экспертизаи экологӣ расонида мешавад

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби мақомоти экспертизаи экологӣ, фармоишдиҳандагон, лоиҳасозон ва шахсони дигар, дар натиҷаи риоя нагардидани қонунгузорӣ оид ба экcпертизаи экологӣ вайрон карда мешаванд, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброни зарари расонидашударо талаб намуда метавонанд.

Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуии мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Э. Рахмонов

ш. Душанбе 

22 апрели соли 2003 № 20

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ

(Қонун аз 26.12.2005с. № 123, аз 30.07.2007 № 328 аз 31.12.2008с. № 468)

Қонуни мазкур тартиби умумии ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологиро танзим намуда, ҳуқуқ ва ӯҳдадории тарафҳои дар гузаронидани экспертизаи экологӣ иштирокдоштаро муайян мекунад, ҳуқуқи шаҳрвандонро оид ба дарёфт намудани иттилоот дар бораи хатари экологии объектҳои банақшагирифташаванда, сохташудаистода ва тартиби эътирози хулосаҳо ва баррасии баҳсҳо, ки дар асоси онҳо қабул шудаанд, инчунин ҷавобгариро барои вайрон намудани қонунгузорӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ муқаррар менамояд (Конун аз 31.12.2008с. № 468).

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Экспертизаи экологӣ

Экспертизаи экологӣ ба таври расмӣ муайянкунии мутобиқати фаъолияти пешбинишудаи хоҷагӣ ва дигар фаъолиятҳо ба талаботҳои экологӣ ва муайянкунии имконпазирии истифодаи объектҳои экспертизаи экологӣ бо мақсади пешгирии оқибатҳои эҳтимолии номусоиди таъсиррасонии ин фаъолият ба муҳити зист ва оқибатҳои ба он вобастаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва оқибатҳои дигари истифодаи объекти экспертизаи экологӣ мебошад (Конун аз 31.12.2008с. № 468).

Моддаи 2. Қонунгузорӣ оид ба экспертизаи экологӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба экспертизаи экологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи ҳифзи табиат,, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мақсадҳои экспертизаи экологӣ

Мақсадҳои экспертизаи экологӣ аз инҳо иборатанд:

- пешгирии оқибатҳои манфии имконпазири истифодаи объектҳои экспертизашаванда ва таъсири номусоиди онҳо ба саломатии аҳолӣ, сарватҳои табиӣ, муҳити зист, амнияти экологии ҷомеа, аз ҷумла бартарафкунии зарари онҳо ҳангоми иҷрои фаъолияти идоракунӣ, хоҷагӣ, сармоягузорӣ ва дигар фаъолият оид ба истифодаи объектҳои экспертизашаванда;

- таъмини пешгӯиҳои экологӣ дар асоси ахборот оид ба ҳолат ва тағйиротҳои имконпазири вазъияти экологӣ дар натиҷаи ҷойгиркунӣ ва инкишоф додани қувваҳои истеҳсолкунанда, ки ба саломатии аҳолӣ, сарватҳои табиӣ, муҳити зист ва амнияти экологии ҷомеа таъсири манфӣ намерасонанд;

- ба вуҷуд овардани манбаи иттилоот оид ба вазъи муҳити зист ва манбаи маълумот дар соҳаи баҳодиҳии таъсири экологӣ ба инсон ва табиат.

Моддаи 4. Вазифаҳои экспертизаи экологӣ

Вазифаҳои зкспертизаи экологӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- баҳодиҳии самаранокӣ, асоснокӣ ва кофӣ будани тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист дар объектҳои экспертизашаванда;

- баҳодиҳии дурустии аз ҷониби истеҳсолкунанда муайянкунии дараҷаи хавф ва хатари экологии фаъолияти пешбинишаванда (Конун аз

31.12.2008с. № 468);

-баҳодиҳии мутобиқати объектҳои экспертизашавандаи ҷиҳати истифодабарӣ пешбинишуда ба стандартхои экологӣ пеш аз қабули қарор оид ба истифодабарии онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (Конун аз

31.12.2008с. № 468);

- ташкили таҳлил ва баҳодиҳии ҳамаҷониба, холисона, аз ҷиҳати илмӣ асоснокӣ объектҳои экспертизашаванда;

- таҳлил ва баҳодиҳии таъсири эҳтимолии аз ҷиҳати экологӣ зарарноки объектҳои экспертизашаванда ба саломатии аҳолӣ, сарватҳои табиӣ, муҳити зист, инчунин оқибатҳои эҳтимолии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ (Конун аз 31.12.2008с. № 468);

- тайёр намудани хулосаҳои холисона ва аз ҷиҳати илмӣ асоснокӣ экспетризаи экологӣ, пешниҳоди саривақтии онҳо ба мақомоти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки оид ба истифодаи объекти экспертизашаванда қарор қабул менамояд, додани маълумот ба шахсони манфиатдор, ҷомеа ва шаҳрвандон;

- гирифтани маълумот дар бораи вазъи экологӣ ва таҳлили он.

Моддаи 5. Принсипҳои экспертизаи экологӣ

Экспертизаи экологӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- ба таври ҳатмӣ гузаронидани экспертизаи экологӣ то қабули қарор дар бораи ба истифода додани объекти экспертизаи экологӣ;

- эҳтимоли имконпазири хавфи экологии объектҳое, ки барои экспертизаи экологӣ пешбинӣ шудаанд;

- маҷмӯъи баҳои таъсири фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист ва оқибатҳои он;

- боэътимодӣ ва пуррагии маълумоте, ки ба экспертизаи экологӣ пешниҳод карда мешавад;

- мустақилияти мақомоти экспертӣ ва экспертҳо ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳояшон дар соҳаи экспертизаи экологӣ;

- аз ҷиҳати илмӣ асоснок, холисона ва қонунӣ будани хулосаҳои экспертизаи экологӣ;

- ошкорбаёнӣ, иштироки ҷомеа, ба назар гирифтани афкори умум;

- масъулияти иштирокчиёни экспертизаи экологӣ ва тарафҳои манфиатдор барои ташкил, гузаронидан ва сифати экспертизаи экологӣ.

Моддаи 6. Намудҳои экспертизаи экологӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду намуди экспертизаи экологӣ:

- экспертизаи давлатии экологӣ ва экспертизаи экологии ҷамъиятӣ анҷом дода мешавад.

Моддаи 7. Объектҳои экспертизаи экологӣ

Аз экспертизаи ҳатмии экологӣ инҳо бояд гузаронида шаванд:

1) лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, дастурию методӣ, ки фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияти ба истифодабарии муҳити зист алоқаманд бударо танзим менамоянд;

2) ҳуҷҷатҳое, ки пеш аз таҳияи дурнамои рущд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, аз ҷумла:

- лоиҳаҳои барномаҳои давлатии комплексӣ ва мақсадноки иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ғайра;

- лоиҳаҳои нақшаи генералии инкишофи ҳудудҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва ҳудудҳои бо реҷаи махсуси истифодабарии табиат ва бурдани фаъолияти хоҷагӣ;

- лоиҳаҳои нақшаҳои инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҷумла саноат;

- лоиҳаҳои барномаҳои сармоягузорӣ (инвеститсия), ки ба масъалаҳои истифодабарии табиат дахл доранд;

- лоиҳаҳои комплексии нақшаҳои давлатии ҳифзи табиат;

3) ҳамаи намудҳои ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, аз ҷумла:

- лоиҳаҳои нақшаҳои генералии ҷойгиркунонӣ, истифодабарии табиат ва ташкили минтақавии қувваҳои истеҳсолкунанда;

- лоиҳаҳои нақшаҳои комплексии минтақавии ҳифзи табиат ва истифодаи он;

- нақшаҳо ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳиявии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ;

- нақшаи генералии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои зист;

- лоиҳаҳои хати марзии маъмурии шаҳрҳо ва деҳаҳо;

- нақшаи генералии ҳудуд, мақомоти тобеъи ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, инчунин минтақаҳои истиқоматӣ, саноатӣ, истироҳатӣ ва корӣ;

- лоиҳаҳои банақшагирии муфассали марказҳои ҷамъиятӣ, маҳалҳои зист ва роҳҳои асосии шаҳрҳо;

- лоиҳаҳои сохтмони маҳалҳо, қитъаҳои шаҳрҳо ва дигар маҳаллаҳои истиқоматӣ;

- лоиҳаи рекултиватсияи заминҳое, ки дар натиҷаи кофтуковҳои геологӣ, истеҳсоли канданиҳои фоиданок, тарконидан ва дигар намуди корҳо вайрон шудаанд;

4) асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаҳои сохтмонҳо, азнавсозӣ, васеъкунӣ, азнавтаҷҳизонии техникӣ, барҳам додан ва муваққатан хобонидани иншоот, корхонаҳо ва дигар лоиҳаҳо, сарфи назар аз арзиши меъёрӣ, мансубияти муассисавӣ ва шакли моликият, ки татбиқи онҳо мумкин аст ба муҳити зист таъсир расонад, аз ҷумла маводҳо оид ба барпо намудани корхонаҳои муштарак бо фирмаҳои хориҷӣ;

5) асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаҳои фаъолияти хоҷагӣ, ки метавонанд ба муҳити зисти давлатҳои ҳамсоя таъсири манфӣ расонанд ё барои амалӣ намудани онҳо истифодаи объектҳои табиии бо давлатҳои ҳамсарҳад умумӣ зарур аст ва онҳо ба манфиати давлатҳои ҳамсарҳад, ки тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида муайян шудаанд, дахолат мекунанд;

6) маводҳо оиди таъсиси корхонаҳои соҳаи истеҳсоли нафт, истихроҷи нафту газ, истеҳсоли ангишт ва маъданҳои куҳӣ, инчунин корхонаҳои калони дигар соҳаҳои саноат бо сармоягузориҳои хориҷӣ, сарфи назар аз ҳаҷми сармояи оинномавии онҳо;

7) маводҳои тадқиқотии корхонаҳои амалкунандаи аз ҷиҳати экологӣ хавфнок, объектҳо, техника, технология, масолеҳ ва ашё, ки бо тартиби муқарраргардида дар сурати қабули қарорҳои дахлдор оид ба гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист иҷро гардидаанд;

8) лоиҳаҳои шартномаҳо, аҳдномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот ва шартномаҳои консессионӣ ва ғайра, ки истифодаи сарватҳои табиӣ ва партовҳои объекти бо сармояи хориҷиро пешбинӣ менамоянд;

9) ҳуҷҷатҳои техникӣ барои техникаи нав, технология, масолеҳ ва ашё, мол ва хизмати сертификатсияшаванда, аз ҷумла аз хориҷа харидашаванда;

10) маводҳои тадқиқоти комплексии экологии ҳудудҳо ва объектҳое, ки ба онҳо додани мақоми ҳуқуқии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда, минтақаҳои экологии зарардида ё минтақаҳои ҳолати фавқулоддаро асоснок менамоянд;

11) лоиҳаҳои нақшаи ҳифз ва истифодаи об, ҷангал, замин ва дигар сарватҳои табиӣ, ки дар ихтиёри давлат қарор доранд;

12) маводҳо оид ба намудҳои фаъолияте, ки хавфи экологӣ доранд;

13) дигар намуди ҳуҷҷатҳое, ки тибқи санадҳои меъёрии бо тартиби муқарраргардида қабулшуда, метавонанд ба муҳити зист таъсири мустақим ё ғайримустақим расонанд.

Моддаи 8. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ

Фаъолият дар соҳаи экспертизаи экологӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, анҷом дода мешавад.

Моддаи 9. Хорич карда шуд (Конун аз 30.07.2007 № 328)

БОБИ 2. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯГИ ДАВЛАТӢ, МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ИҶРОИЯ ДАР МАҲАЛҲО, ҲУҚУҚИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ

Моддаи 10. Ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экспертизаи экологӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатии экспертизаи экологиро ташкил менамояд;

- оид ба ҳифзи манфиатҳои давлат, ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон дар соҳаи экспертизаи экологӣ тадбирҳо меандешад;

- кори мақомоти идораи давлатиро ҷиҳати якҷоя гузаронидани чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаҳои экспертизаи экологии дорои аҳамияти давлатӣ ва байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад;

- аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ гузаронидани экспертизаи давлатии экологии иловагӣ ва такрориро таъин менамояд;

Хориҷ карда шуд (Қонун аз 26.12.2005 № 123).

Моддаи 11. Ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ

Ба ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ дохил мешаванд:

- ташкили экспертизаи давлатии экологии объектҳое, ки дар моддаи 7 ҳамин Қонун зикр гардидаанд, инчунин ташкили комиссияи экспертӣ;

- муқаррар намудани мӯҳлати эътибори хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологӣ;

- таҳия, аз нав баррасӣ намудан ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ва дасгурию методӣ, ки татбиқи ҳамин қонунро дар хусуси гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ таъмин менамояд;

- таъмини илмию методии экспертизаи давлатии экологӣ;

- ташкили бо иттилоот таъмин намудани экспертизаи давлатии экологӣ, аз ҷумла таъсис ва пешбурди манбаи маълумот оид ба фаъолияти пешбинишаванда, оид ба истифодаи объекти экспертиза ва таъсири онҳо ба муҳити зист;

- бо тартиби муқарраршуда ҳамкорӣ намудан бо мақомоти экологию экспертии давлатҳои дигар бо мақсади гузаронидани машваратҳо, экспертизаҳои экологии муштарак, мубодилаи тадқиқотҳои илмию методӣ ва ҷалби мутахассисони хориҷӣ;

Хориҷ карда шуд (Қонун аз 26.12.2005 № 123).

- гузаронидани семинару конференсияҳо оид ба масъалаҳои методологӣ ва шаклҳои анҷом додани экспертизаи экологӣ, мубодилаи таҷриба доир ба гузаронидани он ва баланд бардоштани сифати фаъолияти экспертизаи экологӣ;

- дар ҳудуди салоҳияти худ ҳамоҳанг сохтани фаъолияти экспертизаи экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом додани роҳбарии методӣ дар масъалаи гузаронидани экспертизаи экологии объектҳо, сарфи назар аз тобеъият ва шакли моликияти онҳо;

- назорати риоя намудани Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи экспертизаи давлатии экологӣ ҳангоми ташкил ва гузаронидани он;

- пешбурди феҳристи давлатии экспертҳо дар гузаронидани экспертизаи экологӣ;

- ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва воҳидҳои экспертии онҳо дар доираи салоҳияти худ.

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ҳуқуқ дорад:

- экспертизаҳои экологии байналмилалиро ташкил намояд, анҷом диҳад ва дар онҳо иштирок намояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон олимону мутахассисони хориҷиро оид ба экспертизаи экологӣ ҷалб намояд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки агар объекти экспертиза дорои сирри давлатӣ ё тиҷоратӣ бошад;

- оид ба вазъи муҳити зист аз манбаи иттилоот ва оид ба баҳодиҳии таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намудҳои фаъолияти инсон ва табиат аз манбаи маълумот дастрас намояд;

- ба мақомоти бонкӣ оид ба қатъи маблағгузории объектҳое, ки баҳои мусбии экспертизаи экологиро нагирифтаанд, хулоса фиристад;

- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомот ҷиҳати ҳалли масъалаи оид ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар вайрон намудани қонунгузорӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ гунаҳкоранд, маводи дахлдор тайёр намуда супорад;

- дар доираи салоҳияти худ дигар амалро, ки хилофи қонунгузории ҷорӣ набуда, ҷиҳати татбиқи ваколати онҳо заруранд, анҷом диҳад.

Моддаи 12. ӯҳдадориҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ӯҳдадор аст:

- мувофиқати тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро бо талаботи Қонуни мазкур, дигар санадҳои қонунгузории амалкунанда, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва дастурию методӣ таъмин намояд;

- мақомоти ҳокимияти давлатиро оид ба гузаронидани маҷлисҳои комиссияҳои экспертизаи давлатии экологӣ доир ба объектҳои экспертизаи экологӣ, пешакӣ огоҳ намояд;

- хулосаи экспертизаи давлатии экологиро ба мақомоте, ки оид ба гузаронидани объекти экспертиза қарор қабул мекунад, фиристад;

- барои шинос шудан ба фармоишдиҳанда, ки барои гузаронидани экспертизаи экологӣ ариза додааст, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва дастурию методиро, ки гузаронидан ва ташкили экспертизаи давлатии экологиро ба тартиб медарорад, пешниҳод намояд;

- ба иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки экспертизаи экологии ҷамъиятиро анҷом медиҳанд, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникие, ки ҷиҳати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ талаботро муқаррар мекунад, барои шинос шудан пешниҳод намояд;

- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони алоҳидае, ки пешниҳоди асосноки мансуб ба ҷиҳати экологии татбиқи фаъолияти банақшагирифташударо манзур намудаанд, маводе, ки баҳисобгирии ин пешниҳодотро ҳангоми анҷоми экспертизаи давлатии экологӣ асоснок мекунад, фиристад (Конун аз

31.12.2008с. № 468);

- ба воситаҳои ахбори умум тибқи дархости онҳо оид ба натиҷаҳои анҷоми экспертизаи давлатии экологӣ маълумот диҳад;

- тарбия, бозомузӣ ва такмили ихтисоси эксперт-экологҳои экспертизаи давлатии экологиро ташкил намояд.

Моддаи 13. Ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ

Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ инҳо дохил мешаванд:

- фиристодани экспертҳо дар ҳайати комиссияҳои экспертӣ ҷиҳати иштирок дар экспертизаи объектҳое, ки истифодаашон дар минтақаи онҳо пешбинӣ шудааст ва дар ҳолатҳои таъсири имконпазири фаъолияти хоҷагии аз тарафи воҳидҳои дигари маъмурию ҳуқуқӣ ба нақша гирифташуда ба муҳити зист;

- ташкили муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, гузаронидани пурсишҳо ва раъйпурсиҳо дар байни аҳолӣ оид ба фаъолияти хоҷагӣ ва фаъолияти дигари пешбинишаванда, ки ба экспертизаи экологӣ тааллуқ доранд;

- қабул ва татбиқи қарорҳо дар доираи ваколатҳояшон оид ба масъалаҳои экспертизаи экологӣ дар асоси натиҷаҳои муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, раъйпурсиҳо, пурсишҳо, дархостҳои иттиҳодияҳо ва ҳаракатҳои ҷамъиятии экологӣ, иттилоот оид ба экспертизаи экологӣ;

- нишон додани ташаббус дар асоси дархостҳои аҳолӣ ҷиҳати гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ;

- огоҳ намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ оид ба фаъолияти хоҷагӣ ва фаъолияти дигари пешбинишуда дар минтақаҳои дахлдор;

- огоҳ намудани мақомоти прокуратура ва мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи табиат оид ба оғози ба амалбарории объекти экспертизаи экологӣ бе хулосаҳои мусбот экспертизаи экологӣ;

- татбиқи дигар ваколатҳо дар ин соҳа дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ доранд:

- аз мақомоти дахлдори ваколатдор оид ба объектҳои экспертизаи экологӣ, ки истифодаи онҳо метавонад ба муҳити зисти минтақаи мазкур таъсир расонад ва аз натиҷаҳои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ ва экспертизаи экологии ҷамъиятӣ маълумотҳои зарурӣ гиранд;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ба таври хаттӣ пешниҳоди далелноки худро оид ба нуқтаи назари экологии амалигардонии фаъолияти хоҷагӣ ва фаъолияти дигари пешбинишуда ирсол намоянд.

Моддаи 14. Ҳуқуқи иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шаҳрвандон дар соҳаи ташкили экспертизаи экологӣ

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар соҳаи ташкили экспертизаи экологӣ ҳуқуқ доранд:

- мутобиқи Қонуни мазкур ҷиҳати гузаронидани экспертизаи экологии фаъолияти хоҷагӣ ва дигар намудҳои фаъолият, ки иҷрои он ба манфиатҳои экологии аҳолии дар ин маҳалҳо истиқоматкунанда зарар мерасонанд, ташаббус нишон диҳанд;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ба таври хаттӣ пешниҳодоти асосноке манзур намояд, ки ба тарафҳои экологии анҷоми фаъолияти банақшагирифташуда дахл доранд;

- аз мақомоте, ки экспертизаи давлатии экологиро анҷом медиҳанд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ, доир ба натиҷаҳои анҷоми экспертизаи экологӣ маълумот гиранд;

- фаъолияти дигарро дар соҳаи экспертизаи экологӣ, ки хилофи қонунгузории ҷорӣ нестанд, анҷом диҳанд.

Ҳангоми таҳияи хулосаи, экспертизаи давлатии экологӣ ва қабули қарор оид ба истифодаи объекти экспертиза маводҳои ба комиссияи экспертӣ фиристодашуда, ки афкори ҷомеаро инъикос мекунанд, бояд баррасӣ карда шаванд.

БОБИ 3. ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ

Моддаи 15. Комиссияи экспертии экспертизаи давлатии экалогӣ

Экспертизаи давлатии экологӣ аз тарафи комиссияи экспертӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ таъсис ёфтааст, ба анҷом расонида мешавад.

Ба комиссияи экспертӣ экспертҳои ғайриштатӣ дохил карда мешаванд ва дар ҳолатҳое, ки тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ муқаррар шудаанд, кормандони штатии он дохил шуда метавонанд.

Низомнома дар бораи фаъолияти комиссияи экспертии экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 16. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ

Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ мутахассисе мебошад, ки барои гузаронидани экспертизаи экологӣ оид ба самтҳои дахлдори илму техника ва технология аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ҷалб шудааст.

Фармоишдиҳанда ё таҳиякунандаи лоиҳа, намояндаи онҳо, намояндаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки объекти таҳти экспертиза қарор дошта ба соҳаи фаъолияти онҳо дахл дорад, инчунин бо фармоишдиҳанда ва таҳиякунандаи лоиҳа муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои шартномавӣ, ки мукофоти моддиро пешбинӣ мекунанд доранд, коршиноси экспертизаи давлатии экологӣ буда наметавонанд.

Эксперт дар гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ, мутобиқи Қонуни мазкур ва супориши додашудаи роҳбари комиссияи экспертӣ иштирок мекунад.

Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ, ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ, ҳуқуқҳои зеринро дорад:

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ дар хусуси зарурияти аз ҷониби фармоишдиҳанда пешниҳод намудани мавод барои экспертизаи экологӣ, ки ҷиҳати баҳодиҳии ҳамаҷониба ва воқеии объектҳои экспертизашаванда заруранд, хабар диҳад;

- доир ба объекти экспертиза андешаи махсус иброз намояд, ки он бояд ҳатман ба хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ замима гардад.

Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ вазифадор аст:

- таҳлили ҳаматарафа, пурра, холисона ва комплексии маводи ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодшавандаро анҷом дода, мутобиқати онҳоро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ муайян намояд;

- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба экспертизаи экологӣ риоя намояд;

- мӯҳлат ва тартиби иҷрои экспертизаи экологиро, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ муқаррар шудаанд, риоя намояд;

- асоснокӣ ва холисона будани хулосаҳои худро таъмин намояд;

- дар таҳияи маводе, ки ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ баҳисобгирии хулосаҳои экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, инчунин пешниҳодоти аз мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дохилшудаи ба тарафҳои экологии объектҳои экспертиза дахлдорро асоснок мекунанд, иштирок намояд.

Пардохти музди меҳнати экспертҳои ғайриштатии экспертизаи давлатии экологӣ дар асоси шартнома аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Пардохт ва ҳавасмандгардонии кормандони штатӣ, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ иштирок мекунанд, бо тартиби барои хизматчиёни давлати муқарраргардида анҷом дода мешавад.

Моддаи 17. Шартҳои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ

Объектҳои экспертизашаванда бояд асосноккунии бехатарии экологии фаъолияти банақшагирифташуда, баҳодиҳии комплексии экологию иҷтимоӣ ва иқтисодии таъсири мавҷуда ё дарназардошташудаи онҳоро ба вазъи муҳити зист, баҳои хавфу зарари экологӣ ба сиҳатии одамон, инчунин роҳҳои пешбинишавандаи дигари кам намудани чунин таъсирро дошта бошанд (Конун аз 31.12.2008с. № 468).

Экспертизаи давлатии экологӣ ба шарте гузаронида мешавад, ки шакл ва мундариҷаи маводи пешниҳоднамудаи фармоишдиҳанда ба талаботи Қонуни мазкур, тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ тасдиқшуда, мутобиқат намояд ва дар таркиби маводи пешниҳодшаванда мавҷуд бошанд:

- ҳуҷҷатҳое, ки бояд мутобиқи моддаи 7 ҳамин Қонун таҳти экспертизаи давлатии экологӣ дар ҳаҷме, ки бо тартиби муқарраргардида муайян шудааст, қарор гирифта, маводи баҳодиҳии таъсири фаъолияти объекти экспертизашаванда ба муҳити зистро дошта бошанд;

- хулосаҳои мусбӣ ва (ё) ҳуҷҷатҳои мувофиқашудаи мақомоти назорати давлатӣ ва идораи давлатиро, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дастрас мешаванд;

- хулосаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, агар он гузаронида шуда бошад.

Экспертизаи давлатии экологӣ дар сурати аз ҷониби фармоишдиҳанда ба таври пурра пешпардохт намудани маблағ гузаронида мешавад.

Моддаи 18. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ

Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ вобаста ба мураккабии объекти экспертизашаванда, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ муқаррар мегардад, муайян мешавад ва набояд аз 45 рӯзи тақвимӣ зиёд бошад.

Ибтидои мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ на дертар аз як моҳи баъди пардохти маблағ ва қабул шудани маҷмӯи мавод ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар ҳаҷм ва миқдори пурра мутобиқи талаботҳои моддаи 17 Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.

Моддаи 19. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ

Натиҷаҳои кори комиссияи экспертӣ, дар шакли хулосаҳо тартиб дода шуда, дар ҳолате қабул карда мешавад, ки аксарияти экспертҳои ихтисосноки дар рӯйхати ҳайати комиссияи экспертӣ буда, онро дастгирӣ намоянд.

Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ҳуҷҷатест, ки аз ҷониби комиссияи экспертии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ташкилшуда омода гардида, оид ба таъсири имконпазири фаъолияти экспертизашаванда ба муҳити зист ва имконияти амалигардонии объекти экспертизашаванда натиҷаи асоснок дорад ва ҳангоми тасдиқи мутобиқати он ба супориши оид ба гузаронидани экспертизаи экологӣ дорои эътибор мебошад.

Ба хулосаҳои тайёрнамудаи комиссияи экспертии экспертизаи давлатии экологӣ мулоҳизоти асоснокӣ экспертҳое, ки бо ақидаи комиссия норозиянд, замима карда мешаванд.

Хулосаи комиссияи экспертӣ аз ҷониби раиси комиссияи экспертӣ, котиби масъул ва ҳамаи аъзоёни он ба имзо расида, бе розигии онҳо тағйир дода намешавад.

Хулосаи таҳиянамудаи комиссияи экспертии экспертизаи давлатии экологӣ, баъди расман тасдиқ шудан аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ мақоми хулосаи экспертизаи давлатии экологиро мегирад.

Оқибати ҳуқуқии хулосаи манфӣ баровардани экспертизаи давлатии экологӣ, манъ намудани истифодаи объекти экспертизашаванда мебошад.

Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ба фармоишдиҳанда фиристода мешавад.

Ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дахлдори назорати маълумот оид ба истифодаи хулосаҳои экспертизаи давлатии экологӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фиристода мешавад.

Дар сурати манфӣ будани хулосаҳои экспертизаи экологӣ фармоишдиҳанда ҳуқуқ дорад маводро ҷиҳати экспертизаи давлатии экологии такрорӣ, ба шарте, ки он бо дарназардошти мулоҳизоти хулосаи манфӣ такмил дода шудааст, пешниҳод кунад.

Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ бо тартиби судӣ мавриди баҳс қарор гирифта метавонад.

Моддаи 20. Гузаронидани экспертизаи давлатии экологии такрорӣ ва иловагӣ

Экспертизаи давлатии экологии такрорӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

- такмили мавод дар асоси эродҳои пешниҳодкардаи экспертизаи давлатии экологии қаблан гузаронидашуда;

- тағйир ёфтани шартҳои истифодабарии табиат;

- истифодаи объекти экспертиза бо риоя накардани қарорҳои қабулгардидаи қаблӣ ё мӯҳлатҳои меъёрии банақшагирӣ ва сохтмон, ки тибқи меъёр ва қоидаҳои ҷории сохтмонӣ пешбинӣ гардидаанд;

- ба охир расонидани мӯҳлати хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологӣ;

- дар асоси қарорҳои суд ва суди иқтисодӣ;

- дохил кардани тағйирот ба ҳуҷҷатҳо баъди гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ.

Ба гузаронидани экспертизаи экологии такрорӣ ҷалб намудани шахсоне, ки дар экспертизаи экологии таҳти муҳокима қарордошта иштирок намудаанд, манъ аст.

Экспертизаи давлатии экологии иловагӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

- ҳангоми муайян намудани мухолифат байни технология ва лоиҳаҳои мавҷуда;

- дар сурати дар мӯҳлатҳои муқарраршуда иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ, ҳангоми гузаронидани экспертизаи қаблӣ;

- дар сурати беэътибор донистани хулосаи қаблӣ.

БОБИ 4. ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГИИ ҶАМЪИЯТӢ

Моддаи 21. Гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

Экспертизаи экологии ҷамъиятӣ бо ташаббуси шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки самти асосии фаъолияти онҳо тибқи оинномаашон ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологӣ мебошад, ташкил ва гузаронида мешавад.

Экспертизаи экологии ҷамъиятӣ метавонад дар худи ҳамон объектҳо, новобаста аз гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ анҷом дода шавад.

Экспертизаи ҷамъиятии экологӣ нисбат ба объектҳои дар моддаи 7 ҳамин Қонун муайяншуда, ба ғайр аз объектҳои экспертизаи экологӣ, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари тибқи қонун муҳофизатшаванда доранд, метавонад анҷом дода шавад.

Нисбат ба экспертҳое, ки барои гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ ҷалб карда мешаванд, талаботи дар қисми дуюм, банди 1 қисми чорум, бандҳои 1, 2, 4 қисми панҷуми моддаи 16 Қонуни мазкур пешбинишуда, татбиқ мегарданд.

Моддаи 22. Ҳуқуқи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

Ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки экспертизаи экологиро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур анҷом медиҳанд, ҳуқуқ доранд:

- аз фармоишдиҳанда ҳуҷҷатҳои экспертизашавандаро дар ҳаҷми дар моддаи 17 Қонуни мазкур зикр гардида гиранд;

- бо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ки талаботи гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро муқаррар менамояд, шинос шаванд.

Моддаи 23. Шартҳои экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

Экспертизаи экологии ҷамъиятӣ дар сурати қайди давлатии аризаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар бораи гузаронидани он аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудуди онҳо фаъолияти экспертӣ дар назар дошта шудааст, амалӣ мегардад.

Ҳангоми мавҷуд будани ариза дар бораи гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятии як объекти экспертизаи экологӣ, ташкили комиссияи экспертизакунанда аз ду ва ё зиёда иттиҳодияҳои ҷамъияти иҷозат дода мешавад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати ҳафт рӯзи баъд аз рӯзи додани ариза дар бораи гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, онро ба қайд гирад ё рад намояд. Аризаи дар бораи гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, ки ба қайд гирифтани он дар мӯҳлати нишондодашуда рад карда нашудааст, қайдшуда ҳисоб меёбад.

Дар аризаи иттиҳодияҳои ҷамъияти дар бораи гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ бояд номгӯӣ, суроғаи ҳуқуқӣ, маълумот дар бораи ҳайати комиссияи экспертизакунанда, хулосаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, маълумот дар бораи объекти экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, мӯҳлати гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ қайд ёфта бошад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки экспертизаи экологии ҷамъиятиро ташкил мекунанд, ӯҳдадоранд аҳолиро дар бораи саршавӣ ва натиҷаҳои гузаронидани он хабардор кунанд.

Моддаи 24. Рад намудани қайди давлатии ариза оид ба гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

Бақайдгирии давлатии ариза оид ба гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ дар чунин ҳолатҳо мумкин аст рад карда шавад, агар:

- экспертизаи экологии ҷамъиятӣ нисбати объектҳои экспертӣ пештар гузаронида шуда бошад;

- экспертизаи экологии ҷамъиятӣ нисбати объектҳое, ки маълумот дар бораи онҳо дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари тибқи Қонун муҳофизатшаванда мебошанд;

- низоми ба қайди давлатӣ гирифтани иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо тартиби муайяншуда мувофиқат накунад;

- оинномаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки экспертизаи экологии ҷамъиятиро мегузаронад, ба талаботи моддаи 22 Қонуни мазкур мувофиқат накунанд.

Моддаи 25. Хулосаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

Хулосаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ ба мақомоте, ки экспертизаи давлатии экологиро анҷом медиҳанд ва ба мақомоте, ки оид ба истифодаи объекти экспертизашаванда қарор қабул мекунанд, фиристонида мешавад.

Хулосаҳои экспертизаи экологии ҷамъиятӣ хусусияти тавсиявӣ дошта, танҳо баъд аз тасдиқи натиҷаҳои он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ қувваи ҳуқуқӣ пайдо мекунад.

Хулосаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ метавонад дар воситаҳои ахбороти умум интишор гардад ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти экспертизаи давлатии экологӣ, фармоишдиҳандагони ҳуҷҷатҳое, ки аз экспертизаи экологии ҷамъиятӣ мегузаранд ва дигар шахсони манфиатдор пешниҳод карда шавад.

БОБИ 5. БАҲОИ ТАЪСИРИ ОБЪЕКТҲОИ НАВ ВА НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ПЕШБИНИШАВАНДА БА МУҲИТИ ЗИСТ

Моддаи 26 . Ба нақшагирии объектҳои нав ва намудҳои фаъолият

Ба нақшагирии объектҳои нав ва намудҳои фаъолият, ки ба муҳити зист таъсир расонида метавонанд, дар асоси талаботи ҳуҷҷатҳои оид ба баҳои таъсир ба муҳити зист амалӣ гардонида шуда, аз экспертизаи давлатии экологи ҳатмӣ гузаронида мешавад.

Номгӯи объектҳо ва намудҳои фаъолият, ки барои онҳо кор карда баромадани ҳуҷҷатҳо доир ба баҳои таъсир ба муҳити зист ҳатмӣ мебошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 27 . Ташкил ва гузаронидани баҳои таъсир ба муҳити зист

Ташкил ва гузаронидани баҳои таъсир ба муҳити зист дар ҳама давраҳои банақшагирӣ ва ба лоиҳагирии объектҳо, маблағгузории коркарди ҳуҷҷатҳои оид ба баҳои таъсир ба муҳити зист, ташкил намудани муҳокимаҳои ҷамъиятии фаъолияти пешбинишуда, ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо доир ба баҳои таъсир ба муҳити зист аз тарафи дархосткунанда таъмин карда мешавад.

Талабот оиди гузаронидани баҳои таъсир ба муҳити зист, инчунин ба ҳуҷҷатҳо оид ба баҳои таъсир ба муҳити зист, дар Низомномаи баҳои таъсир ба муҳити зист, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, номбар карда мешавад.

БОБИ 6. ҲУҚУҚ ВА ӯҲ ДАДОРИҲОИ ФАРМОИШДИҲАНДАГОН, ТАҲИЯКУНАНДАГОНИ ЛОИҲА ВА ШАХСОНИ СЕЮМ

Моддаи 28. Ҳуқуқҳои фармоишдиҳандагон, таҳиякунандагони лоиҳа ва шахсони сеюм

Фармоишдиҳандагон, лоиҳасозон ва шахсони сеюм ҳуқуқ доранд:

- аз мақоми ташкилкунандаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ оид ба ҷараёни экспертизаи давлатии экологӣ, ки ба манфиати онҳо дахлдор аст, маълумот гиранд;

- аз мақоми ташкилкунандаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ ҷиҳати шиносоӣ маълумоти меъёрии техникӣ ва дастурию методиро гиранд;

- ба мақоме, ки гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро ташкил менамояд, бо талаби бартараф намудани вайронкунии тартиби муқарраргардидаи гузаронидани экспертиза муроҷиат намоянд;

- ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ шарҳ, эрод ва таклифҳои марбут ба объекти экспертизашавандаро пешниҳод намоянд;

- бо хулосаҳои экспертизаи экологӣ шинос шаванд;

- ба суд ҷиҳати ҷуброни зарар, ки дар натаҷаи қасдан вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ расонида шудааст, даъво пешниҳод намоянд.

Моддаи 29. ӯҳдадориҳои таҳиякунандагон, фармоишдиҳандагони лоиҳа ва ҳуҷҷатҳои дигар

Таҳиякунандагон, фармоишдиҳандагони лоиҳаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар ӯҳдадоранд:

- ба экепертизаи давлатии экологӣ ҳуҷҷатҳоро мутобиқи талаботи моддаҳои 7 ва 20 Қонуни мазкур, аз ҷумла дар сурати ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳое, ки хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ гирифтаанд, пешниҳод намоянд;

- гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро пардохт намоянд;

- ба мақоме, ки гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро ташкил менамояд, мавод, маълумот, ҳисобу китоб ва тадқиқоти иловагиро, ки ба объектҳои экспертизашаванда дахл доранд, диҳанд;

- фаъолияти банақшагирифташударо мутобиқи ҳуҷҷатҳое, ки хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологиро гирифтааст ва барои оғози маблағгузорӣ ба муассисаҳои бонкӣ пешниҳод шуда метавонанд, амалӣ намояд.

БОБИ 7. МАБЛАҒГУЗОРИИ ЭКCПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ

Моддаи 30. Маблағгузории экспертизаи давлатии экологӣ

Экспертизаи давлатии экологӣ, аз ҷумла ҳангоми такроран гузаронидани он, аз ҳисоби фармоишдиҳанда, мутобиқи тартиби муайяншудаи хароҷоте, ки аз ҷониби мақоми анҷомдиҳандаи экспертизаи экологӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ муайян мегардад, маблағгузори карда мешавад.

Маблағҳои молиявӣ ҷиҳати амалӣ намудани экспертизаи давлатии экологии объектҳо, аз ҷониби фармоишдиҳанда, ки мутобиқи Қонуни мазкур маводро барои экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳод мекунад, ба ҳисобномаи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ гузаронида мешаванд. Тартиби истифодаи ин маблағҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 31. Маблағгузории экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

Маблағгузории экспертизаи экологии ҷамъиятӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, хазинаҳои экологӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра, инчунин аз ҳисоби дигар маблағҳое, ки тибқи қонунгузорӣ манъ нагаштаанд, сурат мегирад.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ (Конун аз 31.12.2008с. №468)

Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур (Конун аз 31.12.2008с. №468)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 33. Ҷуброни зараре, ки бо сабаби риоя накардаии қонунгузорӣ оид ба экспертизаи экологӣ расонида мешавад

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби мақомоти экспертизаи экологӣ, фармоишдиҳандагон, лоиҳасозон ва шахсони дигар, дар натиҷаи риоя нагардидани қонунгузорӣ оид ба экcпертизаи экологӣ вайрон карда мешаванд, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброни зарари расонидашударо талаб намуда метавонанд.

Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуии мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов

аз 22 апрели соли 2003 № 20

ш. Душанбе