ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи даровардани иловаю тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма"
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитсон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1990, № 24, моддаи 421) тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шавад:
1. Қисми дуюми моддаи 3 дар таҳрири зайл баён гардад:
"Давлат ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода аз забони модари ва забонҳои дигари халқҳои ҷумҳури ҳангоми дастрасу интишори ахбори омма таъмин менамояд".
2. Аз матни Қонун калимаи "ИҶШС" хориҷ карда шавад. Калимаҳои "ҶШС Тоҷикистон" бо калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
3. Қисми дуюми моддаи 6 дар таҳрири зайл баён гардад:
"Истифодаи воситаҳои ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, дидаву дониста чоп кардани хабару мақолаҳои дурӯғин, маълумотҳои тӯҳмату иғвоангез, ки шаъну шарафи шаҳрвандон, мақомоти давлати, иттиҳодҳои ҷамъияти ва дигар ташкилотҳоро паст мезанад, манъ аст".
4. Ба моддаи 9 қисми нав бо мазмуни зайл илова гардад:
"Табдили муассис, тағйири ҳаммуассис, шакли интишори ахбори умум, ном ё забон (забонҳои) воситаҳои ахбори омма дар асоси аризаи (ҳаммумассис) аз сари нав ба қайд гирифта мешавад".
5. Дар қисми якуми моддаи 14 баъди калимаҳои "ва ё" калимаҳои "бо пешниҳоди прокурор" илова шавад.
6. Қисми дуюми моддаи 14 дар таҳрири зайл баён гардад:
"Дар мавриди талаботи моддаи 6 ҳамин Қонунро вайрон кардани воситаҳои ахбори омма, мақомоте, ки воситаи ахбори оммаро ба қайд гирифтааст ё прокурор вайронгари Қонунро расман огоҳ менамоянд ва дар сурати такроран вайрон кардани ҳамин Қонун, фаъолияти воситаи ахбори омма дар асоси қисми якуми ҳамин модда қатъ карда мешавад".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Набиев
ш.Душанбе
14 марти соли 1992 № 599