Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003, № 6 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи омори давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, № 10, моддаи 127) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Сарсатри дуюми қисми якуми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"ҷамъоварӣ, коркард, таҳлилу ҷамъбасти маълумоти оморӣ, ки инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсиф менамояд ва назорати баамалбарории фаъолияти омори давлатӣ".

2. Дар қисми якуми моддаи 4 калимаҳои "Агентии давлатии омори назди Ҳукумати" ба калимаҳои "Кумитаи давлатии омори" иваз карда ва баъди калимаи "ҷамъоварӣ" калимаи "назорат" дохил карда шавад.

3. Қисми сеюми моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Истифодабарандагони маълумоти оморӣ ҳақ надоранд, ки маълумоти гирифтаашонро бе розигии мақомоти омори давлатӣ истифода баранд, нашр ё паҳн намоянд. Барои интишори маълумоти омори давлатӣ бе розигии мақомоти он, ё барои маълумоти аз тарафи намояндагиҳои мустақили оморӣ дода шуда, мақомоти омори давлатӣ ҷавобгар нестанд".

4. Дар моддаи 8:

дар сарсатри якуми қисми якум баъди калимаҳои "мақомоти худидораи маҳаллӣ" калимаҳои "корхонаҳои дорои инвеститсияи хориҷӣ" илова карда шавад;

сарсатри нави ҳаштум, нуҳӯм ва даҳуми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"мувофиқи тартиби муқарраршуда оид ба ҳамкории омории байналмилалӣ шартнома банданд;

ҳисоботи аз рӯи тартиби муқарраргардида тасдиқнашуда, инчунин маълумоти нодаркори ҳамаи субъектҳои хоҷагидорро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон ошкор ва беэътибор намоянд;

гузаронидани барӯйхатгирӣ ва тадқиқот дар он бахшҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва шахсони воқеӣ, ки берун аз мушоҳидаҳои оморӣ қарор доранд, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳаҷму мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи мақомоти оморӣ".

5. Дар сарсатри якуми қисми якуми моддаи 9, баъди калимаҳои "маълумоти зарурии оморӣ" калимаҳои "ва шаклҳои ҳисоботии зарурии оморӣ" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Э.Раҳмонов

ш.Душанбе

 22 апрели соли 2003 № 6