×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, № 57 "Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ"

Санаи амалкуни: 02.08.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1095 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 66, аз 30.07.2007 № 289, аз 25.03.2011 № 691, аз 2.08.2011 № 752

Қонуни мазкур асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи махфӣ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ, мӯҳлатҳои махфӣ доштани ин маълумот, инчунин салоҳияти мақомоти ваколатдори соҳаи сирри давлатиро муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752)

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752)

Қонуни мазкур Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатии соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои берунӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқиро, ки ошкоркунии онҳо метавонад ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад, инчунин мӯҳлати махфӣ доштани ин маълумотро муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752).

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752)

Дар Қонуни мазкур чунин мафҳумҳои асосӣ истифода бурда мешаванд:

- "иншооти махсус" - нуқтаҳои идоракунии давлат ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар иншооте, ки фаъолияти мақомоти давлатиро ҳам дар замени осоишта ва ҳам дар шароити ҷанг таъмин менамоянд;

- "иншооти ҳарбӣ" - мавзеи ҳарбии қушунҳо, нуқтаҳои идоракунӣ, полигонҳо, шӯъбаҳои алоқа, пойгоҳҳо, амборҳо ва дигар иншоотҳои таъиноти ҳарбӣ;

- "иншооти тахта низом (режим) " - иншоотҳои ҳарбӣ ва махсус, қисмҳои ҳарбӣ, корхона, ташкилот ва муассисаҳое, ки барои фаъолияти онҳо чораҳои иловагии амният муқаррар гардидаанд;

- "корхона ва ташкилотҳо" - шахсони ҳуқуқие, ки сарфи назар аз шакли моликият, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, инчунин бахшҳо ва намояндагиҳои онҳо;

- "қушунҳо" - Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қушунҳо, воҳидҳои ҳарбӣ вавоҳидҳои махсусе, ки дар замени ҷанг ташкил меёбанд;

- "яроқ" - воситаҳое, ки барои маҳви қувваи зинда, техника, иншоот ва дигар объектҳои душман пешбини шудаанд, ҷузъҳои асосии ин воситаҳо ва қисмҳои такмили;

- "техникаи ҳарбӣ" - воситаҳои техникие, ки барои таъминоти ҳарбӣ, техники ва ақибгоҳии фаъолияти қушунҳо пешбини гардидааст, инчунин таҷҳизот ва дастгоҳ барои назорат ва озмоиши ин воситаҳо, ҷузъҳои асосии ин воситаҳо ва қисмҳои такмили;

- "иншооти саноати мудофиа" - корхонаҳои коркард, истеҳсол ва таъмири силоҳу техника ё лавозимоти ҳарбӣ;

- "яроқи қатли ом" - яроки ҳаставӣ, кимиёвӣ, биологи ё дигар яроқи дорои иқтидори калони маҳвкунанда, ки истифодаи он боиси талафоти оммавӣ ва (ё) харобӣ мегардад.

Моддаи 3. Дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ ва мӯҳри махфияти манбаъҳои ин маълумот

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752)

Дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд ба дараҷаи вазнинии зараре, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё манфиатҳои мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ дар натиҷаи паҳн намудани маълумоти зикршуда расонида шудааст ё расонида мешавад, мувофиқ бошад.

Ҳамаи ҳомилҳои моддии маълумоти тибқи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ба сирри давлатӣ мансуббуда дорои мӯҳрҳои махфияти "Фавқулодда муҳим", "Комилан махфӣ" ва "Махфӣ" мебошанд, ки дар онҳо мӯҳлати махфӣ доштани ин маълумот нишон дода мешавад:

1) Ба маълумоти фавқулодда муҳим маълумоти соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои берунӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки ошкорсозии он ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ё якчанд соҳаҳои номбаршуда зарар расонида метавонанд, мансуб дониста мешаванд.

2) Ба маълумоти комилан махфӣ маълумоти соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои берунӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки ошкорсозии он ба амнияти вазоратҳо (идораҳо) ё бахши иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ё якчанд соҳаҳои номбаршуда зарар расонида метавонанд, мансуб дониста мешаванд.

3) Ба маълумоти махфӣ ҳама гуна маълумоти дигари дорои сирри давлатӣ, ки ошкорсозии он ба манфиати корхонаву ташкилотҳои соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои берунӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ зарар расонида метавонанд, мансуб дониста мешаванд.

Ҳама гуна маълумоти дигари дар Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ пешбининашуда, агар он маълумоти дар Номгӯй мавҷудбударо ошкор созад, бояд ҳамон дараҷаи махфиятро дошта бошад.

Истифодаи мӯҳрҳои махфияти номбаршуда барои махфӣй доштани маълумоте, ки ба сирри давлатӣ мансуб нестанд, инчунин ба маълумоти зикршуда додани мӯҳри дигари маҳдудкунанда, мумкин нест.

Дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ ва мӯҳрҳои махфияти манбаъҳои ин маълумот метавонанд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752).

БОБИ 2. МАЪЛУМОТИ БА СИРРИ ДАВЛАТӢ МАНСУББУДА

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752)

Моддаи 4. Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи мудофиа

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752)

Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи мудофиа инҳоянд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752):

1) Маълумоте, ки нақшаҳои стратегии истифодаи қӯшунҳо, нақшаҳои оперативӣ, ҳуҷҷатҳои идоракунии ҷангӣ, ҳуҷҷатҳои ба дараҷаҳои гуногуни омодагии ҷангӣ гузаронидани қӯшунҳоро ошкор месозад.

2) Маълумот дар хусуси ба таври стратеги ва оперативӣ рӯ ба ҷабҳа овардани қӯшунҳо.

3) Маълумот дар бораи нақшаи сохтмон, рушд, шумора, ҳайати ҷанги ё теъдоди қӯшунҳо, омодагии ҷангии онҳо, инчунин дар бораи ҳолатҳои ҳарбию сиёсӣ ва (ё) оперативӣ.

4) Маълумоте, ки ҳолатҳои омодагии оперативии (ҷангии) қӯшунҳо, таъмини фаъолияти онҳо, ҳайат ва (ё) ҳолати системаи идоракунии қӯшунҳоро ошкор месозад.

5) Маълумот оид ба ҷойгиршавӣ, номи ҳақиқӣ, сохтори ташкилӣ, силоҳ, теъдоди қӯшунҳо, ки мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд эълон нашавад.

6) Маълумот оид ба сафарбарии рӯ ба ҷабҳа овардани қӯшунҳо, омодагии сафарбарии онҳо, оид ба таъсис ва истифодаи захираҳои сафарбарӣ, системаи идоракунии сафарбарии рӯ ба ҷабҳа овардан ва (ё) оид ба имконпазирии такмили қӯшунҳо бо ҳайати шахсӣ, таъминот бо аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва дигар воситаҳои моддию молиявӣ, инчунин боркашониҳои ҳарбӣ.

Маълумоте, ки ҳолати таҷҳизот, бо мақсадҳои ҳарбӣ омода сохтани шабақаҳои нақлиёт, воситаҳои нақлиёт, ҳаҷми боркашониҳои ҳарбӣ ва самти интиқоли аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ошкор месозад;

7) Маълумоте, ки самт, дурнамои дарозмуддат ё нақшаи инкишофи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, мӯҳтаво ё натиҷаҳои иҷрои барномаҳои мақсаднок, корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро вобаста ба таҳия ё навсозии (модернизатсияи) намунаҳои силоҳ ва техникаи ҳарбӣ, инчунин таснифоти тактикию техникии онҳоро ошкор месозад.

8) Маълумоте, ки самтҳои коркардҳо, конструксияҳо, технологияҳои омодасозӣ, таркиби изотопӣ, хосиятҳои физики, кимиёвӣ ё ҳаставӣ, тартиби истифода ё баҳрабардории аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ошкор месозад.

9) Маълумоте, ки иқтидори истеҳсоли, маълумоти нақшави ё воқеии истеҳсол ва (ё) боррасонии воситаҳои ҳимояи бактериологи ё тиббиро (дар шакли асл) ошкор месозад.

10) Маълумоте, ки дастовардҳои илм ва техникаи ҳаставии дорои аҳамияти муҳими мудофиавӣ ва иқтисодӣ ё сатҳи сифатан нави имконияти таҳияи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ва (ё) маҳсулот ва технологияи усулан навро ошкор месозад.

11) Маълумоте, ки хосият, ретсепт ё технологияи истеҳсоли сузишвории ракета, инчунин борути баллиститӣ, маводи тарканда ё воситаҳои таркиши таъиноти ҳарбӣ, инчунин хӯлаҳои нав, моеъҳои махсус, сӯзишвориҳои нави аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ошкор месозад.

12) Маълумот оид ба ҷойгиршавӣ, таъинот, дараҷаи омодагӣ ё ҳифзи иншооти таҳти низом, ки тибқи шартномаҳои байналхалқӣ ба ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил нашудаанд, дар бораи интихоб, ҷудо кардани қитъаҳои замин, қаъри замин, қитъаи баҳр ё дарё (акватория) барои сохтмони иншооти зикргардида, инчунин оид ба корҳои иктишофии банақшагирифташуда ё гузаронидашуда, корҳои лоиҳавӣ ва дигар корҳои вобаста ба таъсиси чунин иншоот.

13) Маълумот оид ба истифода ё рушди дурнамои шабақаҳои алоқаи ба ҳам пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти давлат.

14) Маълумот оид ба тавозуни иқтидори электрикӣ ва қувваи барқи системаҳои таъминоти иншооти ҳарбӣ, иншооти саноати мудофиа ва воситаҳои идоракунии энергия дар замони ҷанг (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752).

15) Маълумоте, ки тақсимот ё истифодаи хати мавҷҳои радиоро тавассути воситаҳои радиоэлектронии таъиноти ҳарбӣ ё махсус ошкор месозад.

16) Маълумоте, ки ташкил ва фаъолияти ҳамаи навъҳои алоқа, таъминоти радиолокатсионӣ ва радиотехникии қӯшунҳоро ошкор месозад.

17) Маълумоте, ки сохтори ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозад.

18) Маълумоте, ки самти рушди воситаҳо ва технологияи таъиноти дугона, мӯҳтаво, натиҷаҳои иҷрои барномаҳои мақсаднок, корҳои илмию тадқиқоти ва (ё) таҷрибавию конструкториро оид ба кор карда баромадан ё навсозии ин воситаҳо ва технологияхо ошкор месозад. Маълумот дар мавриди бо мақсадҳои ҳарбӣ истифода бурдани воситаҳо ва технологияи таъиноти дугона.

19) Маълумот дар хусуси мӯҳтавои барномаҳои пушидаи таълимӣ дар муассисаҳои олии ҳарбии таълимӣ.

20) Маълумоти маҷмӯӣ дар хусуси ҷойгиршавӣ, системаи муҳофизат ва иқтидори истеҳсолии корхонаҳо (арсеналҳо), пойгоҳҳо ва анборҳои дорои аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва техникаи махсус ё қисмҳо ва муассисаҳои барои таъмири аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъингардида.

21) Маълумот оид ба дурнамои рушд ва (ё) истифодаи инфраструктураи кайҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти кишвар.

22) Маълумоте, ки корҳои бо мақсади таҳияи маводи индикатсия, дегазатсия, ҳимояи кимиёвӣ ё биологи аз яроқи қатли ом иҷрошавандаро ошкор месозад.

23) Маълумоте, ки фаъолияти геодези, гравиметри, картографи, топографи, гидрографи ва гидрометеорологии дороӣ ахамияти муҳими мудофиавӣ ва иқтисодиро ошкор месозад.

24) Маълумоти маҷмӯи оид ба сохтмони муассисаҳои саноати мудофиа, ки иқтидорҳои истеҳсолии онҳоро вобаста ба ҳаҷми истеҳсоли техникаи мудофиавӣ ва ҳарбӣ ошкор месозад.

25) Маълумот оид ба рӯйдодҳои физикию химиявӣ (майдон), ки ба таҳия, истеҳсол ва (ё) истифодаи яроқ, техникаи ҳарбӣ мусоидат намуда, параметрҳои ҳифзшавандаи онҳоро ошкор месозанд.

26) Маълумот дар бораи номгӯи, теъдод ва мӯҳлати ба воҳидҳои ҳарбӣ расонидани навъҳои асосии сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, амволи моддӣ, тиббӣ ва озуқаворӣ.

27) Маълумоте, ки нақшахо (супоришҳои) фармоиши давлатии мудофиа, ҳаҷм ва мӯҳлати расонидани аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, иқтидорҳои истеҳсолии баровардани онҳо, инчунин маълумот дар бораи робитаҳои кооператсионии корхонаҳо, ихтироъкунандагон ё истеҳсолкунандагони аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, агар ин иттилоот маълумотро дар бораи иқтидорҳои истеҳсоли оид ба истеҳсол ва (ё) таснифоти асосии тактикию техникии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ошкор созад. Маълумот дар бораи иҷрои супоришҳои истеҳсол ва интиқоли аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ дар шароити ҷанг.

28) Маълумоте, ки ҳолати таъминоти метрологии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, таснифоти техники ё метрологии эталонҳои ҳарбӣ ё воситаҳои таъминоти метрологии муайянкунандаи сатҳи сифатан нави аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ошкор месозад.

Маълумоте, ки самтҳои асосӣ ё барномаи рушди стандартикунонӣ, инчунин мӯҳтавои стандартҳоро дар соҳаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ошкор месозад;

29) Маълумоте, ки хароҷоти вобаста ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро ҷиҳати кор карда баромадани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ошкор месозад.

Чунин маълумот вобаста ба корҳое, ки ба манфиати иншооти махсус гузаронида мешаванд;

30) Маълумоте, ки маблағгузорӣ ё хароҷоти воқеиро барои фармоишҳо, кор карда баромадан, истеҳсол ё таъмири аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва иншооти тахти низом қарордошта ошкор месозад.

Чунин маълумот вобаста ба объектҳои махсус;

31) Маълумоти ошкоркунандаи ҳаҷми боррасонӣ ва захираҳои сӯзишвории навъи стратеги.

Моддаи 5. Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи мудофиаи гражданӣ

Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи мудофиаи гражданӣ инҳоянд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752):

1) Дар бораи қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконияти нуқтаҳои аҳолинишин, минтақаҳо ва иншооти алоҳида барои ҳифз, таҳлия ва ҷамъ кардани аҳолӣ.

2) Маълумот дар бораи ташкили огоҳонӣ ва идора ҳангоми аз шароити осоишта ба вазъияти давраи ҷанг гузаронидани системаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолати гузаронидани он аз низоми фаъолияти доими ба кор дар шароити ҳолатҳои фавқулодда.

3) Маълумоте, ки нақша ва манбаъҳои обрасонӣ, воситаҳои ҳифзи онро дар маҳалҳои дорои беш аз 50 ҳазор нафар аҳолӣ, дар узелҳои роҳи оҳан ва (ё) ҷойгиршавии иншооти асосии обрасонӣ, хатҳои обгузар ва иншооти таъминкунандаи кори онҳоро ошкор месозад.

4) Маълумоти маҷмӯи дар бораи иншооти махсусан муҳиме, ки дар шароити ҷанг таҳти муҳофизати хадамоти оташнишони ҳарбикунонидашуда қарор дода мешаванд.

Моддаи 6. Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи сафарбарӣ ва омодагии сафарбарӣ

Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи омодагии сафарбарӣ ва сафарбарӣ инҳоянд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752):

1) Маълумоте, ки моҳият ё ҳаҷми ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷӣ дар давраи махсус, инчунин ҳамкориҳои муштараки мақомоти ҳарбию сафарбарии ташкилотҳои робитаҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро оид ба ин масъалаҳо ошкор месозад.

2) Маълумот вобаста ба иқтидорҳои сафарбарӣ ҷиҳати истеҳсоли (таъмири) аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, дар бораи таъсис ва (ё) рушди (ҳифзи) ин иқтидорҳо.

3) Маълумоте, ки имконият ва (ё) захираҳои сафарбарии роҳи оҳани ҷумҳуриро оид ба таъмини боркашонӣ тавассути роҳи оҳан, ташкил ва ҳаҷми боркашониҳои ҳарбӣ, ҳаҷми боркашонӣ ва интиқоли навъҳои стратегии маҳсулоти энергетики, минералӣ, кишоварзӣ, сӯзишворӣ, мавод, навъҳои алоҳидаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ташкил ва (ё) фаъолияти системаи алоқа ё идоракунӣ, инчунин тадбирҳои махсусро ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳи оҳан ё ҳифзи борҳо ошкор месозад.

4) Маълумоте, ки ҷойгиршавӣ, махсусгардонӣ, иқтидор ва (ё) имконияти борбардорӣ ва борфарории пунктҳои саворшавӣ ва фурудоии қувваҳо, маълумот дар бораи таъминоти озуқаворӣ ва хизматрасонии тиббию санитариро ошкор месозад.

5) Маълумоте, ки эҳтиёҷоти сафарбарӣ ба воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла оид ба навъҳои алоҳидаи нақлиёт ва (ё) таъмин будани cафарбариро ба он ошкор месозад.

6) Маълумоте, ки ташкили сохторӣ ё нишондиҳандаҳои нақшаи сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазъи омодагии мақомоти ҳокимияти иҷроия ё корхонаҳои алоҳидаро ошкор месозад.

7) Маълумоте, ки ҷойгиршавӣ, захираҳои воқеии давлатӣ ва (ё) захираҳои сафарбарӣ ва истифодаи онро ошкор месозад.

8) Маълумоте, ки нақша, мӯҳтаво ё натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотиро дар соҳаи омодагии сафарбарии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад.

9) Маълумоте, ки баланси пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷӣ дар давраи ҷанг ошкор месозад.

10) Маълумоти маҷмӯи дар бораи иқтидорҳои сафарбарии саноат вобаста ба истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, таъмини эҳтиёҷоти мудофиа бо маҳсулоти саноати, захираҳои моддию техники ва озуқаворӣ.

11) Мавҷудияти захираҳои сафарбарӣ ва давлатии маҳсулоти нафти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

12) Маълумоте, ки мӯҳтавои чорабиниҳои оид ба таъмини муттақобилаи расонидани ашё, мавод, сӯзишворӣ, таҷҳизот, дорувориро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли ҳисоббаробаркунӣ ё тадбирҳоро оид ба мусоидати техники аз ҷониби давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сохтмони муассиса ва иншоот дар соли ҳисоббаробаркунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад.

13) Маълумот оид ба нишондиҳандаҳое, ки омодагии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои фаъолияти устувор дар шароити ҷанг муайян месозад.

14) Маълумоте, ки ҳаҷми интиқоли борҳои воридотию содиротиро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли ҳисоббаробаркунӣ ошкор месозад.

15) Маълумот оид ба системаи таъминоти берунии бо энергияи барқ, ва гармӣ таъмин намудани корхонаҳое, ки маҳсулоти таъиноти мудофиавӣ мебароранд, маҳалли ҷойгиршавӣ ва таъиноти стансияҳои электрикии муҳофизатшаванда дар давраи сохтмон ва истифодаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752).

Моддаи 7. Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи иқтисод, молия, саноат, илм ва техника

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752)

Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи иқтисод, молия, саноат, илм ва техника инҳоянд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752):

1) Маълумот дар бораи воридот ва содироти аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, таъмир ва истифодаи онҳо, дар бораи мусоидати техники ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кор карда баромадани аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, иншооти ҳарбӣ, объектҳои саноати мудофиа, инчунин маълумот дар бораи расонидани кӯмаки ҳарбию техники аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ, агар ошкор кардани ин маълумот барои яке аз тарафҳо мушкилоти дипломатӣ пеш оварад. Маълумоти ошкоркунандаи нақшаҳои (вазифаҳои) фармоиши мудофиавӣ дар қисмати боррасониҳои воридотию содироти дар соҳаи ҳамкории харбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ.

2) Маълумоти маҷмӯи дар бораи номгӯи ҳаҷм ва маблағгузории амалиёт оид ба воридот ва содироти аслиҳа, инчунин маълумот дар бораи ҳамкориҳои ҳарбӣ, илмию техники бо давлатҳои хориҷӣ, ба истиснои маълумоте, ки бояд мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шаванд.

3) Маълумоте, ки ҳолати фонди суғуртаи ҳуҷҷатҳоро ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, навъҳои асосии маҳсулоти граждании ба нақшаи сафарбарӣ дохилкардашуда ба иншооти дорои таваккали баланд ва (ё) системаи таъмини фаъолияти аҳолӣ ба иншооти дорои арзишҳои миллӣ тасниф медиҳад, инчунин маълумот оид ба ҷойгиршавии объектҳои (пойгоҳҳои) нигаҳдошти фонди суғуртаи аснод дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4) Маълумот оид ба масъалаҳои тиҷорати хориҷӣ: фақат ба навъи молҳои махсус (ҳаҷм, номгӯи, маблағгузории воридот ва содирот вобаста ба як ё якчанд давлатҳо), инчунин оид ба ташаккули сатҳи поёни (назоратии) нархҳои индекативӣ, воридоти асъор, ки паҳн намудани онҳо стратегия ва тактикаи тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозад.

5) Маълумоти маҷмӯи оид ба захираҳои давлатии металлҳои қиматбаҳо бо ифодаи аслӣ ва пули дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6) Маълумоте, ки рақамхои дурнаморо оид ба истеҳсоли тилло, дар давраи аз як сол ва бештар аз он бо ифодаи аслӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад.

7) Маълумоте, ки ҳаҷмҳои дурнамо ё воқеии истеҳсоли платина, металлҳои гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутений, осмий) ва нуқраро бо ифодаи аслӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад.

8) Маълумоти маҷмӯи оид ба воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба Фонди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи аз як сол ва бештар аз он бо ифодаи аслӣ ё арзиши пули дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

9) Маълумоти маҷмӯи дар бораи ҳачми истеъмол ё фурӯши металлҳои қиматбаҳо дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсоли он бо ифодаи аслӣ ё арзиши пули дар давраи аз як сол ва бештар аз он дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

10) Маълумот дар бораи ҳаҷми истеъмоли платина, металлҳои гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутиний, осмий) ва нуқра дар алоҳидагӣ бо ифодаи аслӣ дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсолоти металлҳои зикргардида дар давраи аз як сол ва бештар аз он дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

11) Маълумоте, ки иқтидори захиравӣ ва захираҳои балансии канданиҳои фоиданоки қаръи замини кишвар, афзоиши захираҳои кашфшуда ва истихроҷи ин канданиҳои фоиданокро дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тавсифи конҳоро ошкор месозад, доир ба ҳар як иншооти мушаххас аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 66, аз 30.07.2007 № 289).

12) Маълумот оид ба арзиши аслии платина, металлҳои гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутиний, осмий), тилло ва нуқра дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

13) Маълумот оид ба ҳисоббаробаркуниҳои танзимнагардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ба истиснои нишондихандахои чамъбастй оид ба карзи хориҷ).

14) Маълумот дар бораи маблағдиҳӣ ва (ё) фаъолияти пулию кредитие, ки пешакӣ паҳн кардани онҳо метавонад ба амнияти давлат зарар оварад.

15) Маълумоте, ки хароҷоти воситаҳои пулиро барои таъминоти қушунҳо вобаста ба моддаҳои алоҳидаи буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад.

16) Маълумот оид ба банкнотҳои пулӣ ё тангаҳои намунаи нав (ба истиснои тангаҳои ҷашнӣ ё хотиравӣ).

17) Маълумот дар мавриди барориши банкнотҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо ифодаи аслӣ ё пули, усули таъминкунандаи ҳифзи ин банкнот ва дигар маҳсулоти Нишонаҳои давлатӣ аз сохтакорӣ, инчунин усулҳои муайян намудани аслӣ будани онҳо.

18) Маълумоте, ки ҳаҷми истеҳсол ё расонидани навъҳои стратегии маҳсулоти хоми кишоварзиро ошкор месозад.

19) Маълумоти маҷмӯи дар хусуси воридот ва содироти тиллои ғайрипулӣ, металлҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

20) Маълумоти маҷмӯи оид ба талабот ба маблағгузорӣ ва хароҷоти воқеии молиявӣ вобаста ба моддаҳои алоҳидаи буҷети мақомоти амният, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 289).

21) Маълумот дар бораи ҳаҷми умумии маъдани уран, маъданҳои тоза, оксидҳо, намакҳо бо нишон додани мавҷудияти фоизи уран дар онҳо, ки дар корхонаҳо, идораҳои маъдан, завод, кон ва соҳаи истеҳсолкунанда нигоҳ дошта мешаванд.

22) Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 66);

23) Маълумоти маҷмӯи оид ба эҳтиёҷоти хоҷагии халқи Тоҷикистон бо металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо.

24) Маълумот оид ба ҳаҷмҳои нақшавии воридот ва содироти тилло, нуқра, ва сангҳои қиматбаҳо дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифодаи аслӣ ё арзиши пули.

25) Маълумоти маҷмӯи дар бораи ҳаҷмҳои нақшавии фурӯши тилло бо асъори қобили табдили озод ё теъдоди тиллое, ки барои харидории мол аз хориҷа дода шудааст дар давраи аз як сол ва бештар аз он.

26) Маълумоти маҷмӯи оид ба иқтидори тахвилдиҳии узелҳои роҳи оҳан дар самтҳои асосӣ (номгӯйро роҳи оҳани Тоҷикистон муайян мекунад).

27) Маълумот дар бораи нақша ва иқтидори манбаъҳои таъмини барқи амалкунанда ва эҳтиётии роҳи оҳан.

28) Маълумот дар бораи аз ҷониби саноати металлурги истеҳсол намудани металлҳои ранга, нодир ва дигар маводи дорои аҳамияти стратеги.

29) Маълумоти ошкоркунандаи моҳияти дастовардҳои навин дар соҳаи илму техника, ки метавонад барои кор карда баромадани маҳсулоти усулан нави чараёнҳои технологи дар соҳаҳои мухталифи иқтисод истифода шаванд, инчунин маълумоте, ки сатҳи сифатан нави имконоти аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, баланд бардоштани самарабахшии ҷангиро муайян мекунад.

30) Маълумоте, ки мӯҳтаво ва (ё) самти корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ё лоиҳакашии ба манфиати мудофиа ва таъмини амнияти давлат гузаронидашавандаро ошкор месозад.

31) Маълумоте, ки натиҷаҳои корҳои дар соҳаи гидрометеорология, гидрография ё гелиогеофизика, инчунин натиҷаҳои тадқиқоти махcуси геологию геофизикии ба манфиати таъмини амнияти давлат гузаронидашавандаро ошкор месозад.

32) Маълумоте, ки арзёбии дурнамои рушди илмию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии онро вобаста ба самтҳои муайянкунандаи иқтидори мудофиавӣ ва амнияти давлат ошкор месозад.

Моддаи 8. Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи робитаҳои берунӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752)

Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи робитаҳои берунӣ инҳоянд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752):

1) Маълумот оид ба масъалаҳои робитаҳои берунӣ, тиҷорати хориҷи, робитаҳои илмию техникие, ки стратегия ва тактикаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозанд ва пешаки паҳн кардани он метавонад ба манфиати давлат зарар оварад (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752).

2) Маълумот оид ба масъалахои сиёси, харби, илмию техники ё иктисоди нисбат ба як ё якчанд кишвархои хоричи, ки дар асоси бовари дастрас шудааст, агар пахн кардани онхо боиси ошкор сохтани манбаи чунин маълумот гардад.

3) Маълумот оид ба гуфтушунид байни намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар давлатҳо дар бораи таҳияи мавқеи ягонаи усулӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, агар ба ақидаи иштирокчиёни гуфтушунид ошкор кардани ин маълумот метавонад барои яке аз тарафҳо мушкилиҳои дипломатӣ пеш оварад.

4) Маълумот дар бораи тайёрӣ, ба имзо расонидан, қабул, тасдиқ, омодасозии денонсатсия (беэътиборшуморӣ), мӯҳтаво ё иҷрои шартномаҳо, конвенсия ё созишномаҳо бо давлатҳои хориҷи, ки пешакӣ ошкор намудани онҳо метавонад ба иқтидори мудофиавӣ, амният, манфиатҳои сиёсӣ ё иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар оварад.

5) Маълумоти мавҷудаи дастурҳо, нақшаҳо ва супоришҳо ба аъзои ҳайат ва ашхоси мансабдор додашуда оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷи ва сиёсати иқтисодӣ хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6) Маълумоте, ки дар пешниҳодот оид ба ҳалли масъалаҳои стратегии муносибатҳои сиёсии хориҷи, инчунин оид ба татбиқи ҳамкориҳо бо дигар кишварҳо мавҷуданд ва паҳн кардани онҳо стратегия ва тактикаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозад.

Моддаи 9. Маълумоти дорои сирри давлати дар соҳаи амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ

Маълумоти дорои сирри давлатӣ дар соҳаи амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ инҳоянд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752):

1) Маълумот дар соҳаи фаъолияти разведка, контрразведка ва ҳифзи иттилооте, ки ташкил ё вазъи воқеии ҳолати ҳифзи сирри давлатиро ошкор месозад.

2) Маълумоте, ки усул ва воситаҳои ҳифзи иттилооти дорои маълумоти сирри давлати, чорабиниҳои ба нақша гирифташуда ва (ё) гузаронидашавандаро оид ба ҳифзи иттилоот аз дастрас намудани ғайриқонунӣ, аз техникаи кашфи хориҷи ё дастрас шудан тавассути каналҳои техники ошкор месозад.

3) Маълумот дар бораи системаи алоқаи шифрии президентӣ, ҳукуматӣ, аз ҷумла шифрҳои дорои код ва махфӣ, дар бораи шифрҳо, кор карда баромадани онҳо, таҳия ва бо онҳо таъмин намудан, дар бораи усул ва воситаҳои таҳдили воситаҳои шифр ва воситаҳои ҳифзи махсус, оид ба системаи иттилоотию аналитикии таъиноти махсус.

4) Маълумоте, ки ташкил, қувва, воситаҳо ё усули таъмини амнияти объектҳои ҳифзи давлатиро ошкор месозад, инчунин маълумот оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар онҳо маълумоти зикргардидаро ошкор созанд.

5) Маълумоте, ки қувва, воcита, усул, нақша, вазъ ва натиҷаи фаъолияти разведка, контрразведка ё оперативӣ-ҷустуҷӯиро ошкор месозад, инчунин оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар он маълумоти зикргардидаро ошкор созад (Қонуни ҶТ аз 23.03.2011 № 691).

Маълумот дар мавриди ашхосе, ки бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти контрразведка ё оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамкорӣ мекунанд ё ҳамкорӣ кардаанд, дар бораи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хадамоти махсус ва ташкилотҳои кишварҳои хориҷӣ, дар гурӯҳҳои ҷинояткор вазифаҳои махсусро иҷро мекунанд (иҷро кардаанд) (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 289, аз 23.03.2011 № 691).

Маълумоте, ки марбутияти ашхоси мушаххасро ба ҳайати қадрии мақомоти контрразведкаи Чумҳурии Тоҷикистон ошкор мееозанд.

Маълумоте, ки ҳолат, натиҷаи корҳо ва чорабиниҳои оперативию сафарбариро ошкор мееозанд.

6) Маълумоте, ки қувва, воcита, манбаъ, усул, нақша, вазъ ташкил ва натиҷаи фаъолияти разведка ё оперативӣ-ҷустуҷӯиро ошкор меcозанд; Маълумоте, ки марбутияти ашхоси мушаххасро ба ҳайати қадрии мақомоти разведкаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор меcозанд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 289).

Маълумот дар мавриди ашхосе, ки бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти разведакаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳонӣ ҳамкорӣ мекунанд (ҳамкорӣ кардаанд) (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 289).

7) Маълумоте, ки марбутияти ашхоси мушаххасро ба ҳайати ҷузъу томҳои мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилона, инчунин чорабиниҳои оперативӣ-кофтуковӣ ва оперативӣ-техникиеро, ки онҳо мегузаронанд ошкор меcозанд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 691).

8) Маълумоте, ки марбутияти ашхоси мушаххасро ба ҳайати қадрии ҷузъу томҳои оперативии мақомоти гумрук ошкор месозад.

9) Маълумоте, ки қувва, воcита ва уcули пешбурди тафтишро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар бораи ҷиноятҳои давлатӣ ошкор месозад.

10) Маълумоте, ки қувва, воcита, усул, нақша ва натиҷаи фаъолияти разведкаи радиоэлектронии воситаҳои алоқаро ошкор месозад, инчунин маълумот оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар он маълумоти зикргардидаро ошкор созад.

11) Маълумоте, ки қувва, воcита, усул, нақша ва натиҷаи фаъолияти разведка, контрразведка, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва мақомоти хадамоти сарҳадии ҷумҳуриро ошкор месозад, инчунин маълумот оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар он маълумоти зикргардидаро ошкор созад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 691).

Маълумот дар мавриди ашхосе, ки дар асоси махфӣ бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти разведка, контрразведка ё оперативию ҷустуҷӯии хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд ё ҳамкорӣ кардаанд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 691).

12) Маълумоти омории маҷмӯи оид ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ашхоси объекти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бударо ошкор месозад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 289, аз 25.03.2011 № 691).

Маълумот нисбат ба ашхоси алоҳидае, ки дар амали онҳо аломатҳои ҷиноятҳои махсусан хатарнок ба муқобили давлат вуҷуд дорад: хиёнат ба давлат, ҷосусӣ, фаъолияти терррористӣ, таҳрибкорӣ, суиқасд ё гузаронидани амалиёт бо мақсади ба таври зуроварӣ аз байн бурдан ё иваз кардани сохти конститутсионӣ ё касби ҳокимият.

Маълумот нисбат ба ашхоси алоҳидае, ки дар амали онҳо аломатҳои дигар ҷиноятҳо ба муқобили давлат вуҷуд дорад.

13) Маълумот дар бораи номгӯи, ҳаҷми расонидан, эҳтиёҷот, теъдоди аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус дар вазорату идораҳое, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 691).

14) Маълумоте, ки ташкил ва уcули истифодаи воситаҳои техникии махсусро ҳангоми ҳалли масъалаҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ё уcули ташкили чорабиниҳои мушаххаси оперативӣ-техникӣ ё маълумотро оид ба маҳалли ҷойгиршавии (ҷойгиронӣ) воситаҳои техникии махсус дар иншоот ошкор месозад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 691).

15) Маълумоти ошкоркунандаи иттилооти тактикию техники, инженерию техникии воситаҳои ҳифз ё системаи огоҳони, мӯҳтавои тадбирҳои низоми гузаргоҳӣ ва дохилииншоотии объекти (объектҳои) алоҳидаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо бо мақсади ҳифзи сирри давлатӣ низоми махсуси фаъолият муқаррар шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 289).

16) Маълумот, оид ба самти ҳамкориҳои муштарак байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти вобаста ба мубориза алайҳи қочоқ (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 289).

17) Маълумоти ифшокунандаи кормандони амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, хешу ақрабои онҳо, агар дар мавриди таҳдид ба озодӣ, ҳает ва cаломатии онҳо, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматии ин кормандон ба миён омадааст, иттилоот мавҷуд бошад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 691).

18) Маълумоти маҷмӯи оид ба ташкили хадамот ва тактикаи амали Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми барои боздошти вайронкунандагони сарҳад истифода бурдани техникаи махсус (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 289).

19) Маълумот оид ба ҳолати махсуси ғайриошкорои ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, маҳалли ҷойгиршавии ташкилоту корхонаҳои вобаста ба мақсади пинхонкорӣ таъсисгардида.

20) Маълумоти ошкоркунандаи маҳалли ҷойгиршавии иншооте, ки ба манфиати ҳалли фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пинҳонӣ истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 691).

21) Маълумоте, ки масъалаҳои ҳолати муҳофизат, воситаҳои техникии ҳифзро дар муассисаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ошкор месозанд: мӯҳлат, cамти ҳаракат, системаи ҳифзи интиқоли пул ва тангаҳо, металлҳои қиматбаҳо ва дигар сарватҳо аз Анбори марказӣ ва фондҳои эҳтиётии Бонки миллии Тоҷикистон.

22) Маълумот оид ба иҷрои ҳукмҳо нисбат ба ашхосе, ки ба чораи истисноии ҷазо маҳкум шудаанд: ташкили иҷрои ҳукмҳо ва дафн; маҳалли иҷрои ҳукм; ашхосе, ки ҳукмро ба ҷо меоранд; маҳалли дафни маҳкумшуда, ки нисбат ба ӯ ҳукми ҷазои истиснои иҷро гардидааст;

23) Маълумоте, ки восита ва чораҳои мушаххаси ҳифзи cирри давлатиро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, корхона ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад.

24) Маълумот дар бораи ташкил ва тартиби амалӣ намудани муҳофизати мақомоти олии ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия, муассисаҳои бонкҳои давлатӣ, шахсони олимақоми давлатиро ошкор месозад.

25) Маълумот оид ба натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотии вобаcта ба такмили тадбирҳои ҳифзи сирри давлатӣ.

БОБИ 3. МӯҲЛАТҲОИ МАХФӢ ДОШТАНИ МАЪЛУМОТИ ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 10. Мӯҳлатҳои махфӣ доштани Маълумоти дороӣ сирри давлатӣ

Бо мақсади махфӣ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ мӯҳлатҳои зерин муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752):

1) Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 1, 2, 6, 7, 10, 13, 14, 16, 20, 23, 24 моддаи 4, бандҳои 3, 4 моддаи 5, бандҳои 1, 8, 15 моддаи 6, бандҳои 3, 8, 9, 10, 11, 24, 27, 28. 31 моддаи 7, бандҳои 2, 3, 6 моддаи 8, бандҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19, 20, 22, 23, 24, 25 моддаи 9 зикргардида доими мебошад.

2) Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 11, 12, 17, 21, 28, 29 моддаи 4, банди 10 моддаи 6, бандҳои 1, 30, моддаи 7, банди 4 моддаи 8, банди 9 моддаи 9 зикргардида 25 сол мебошад.

3) Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 27 моддаи 4 зикргардида 20 сол мебошад.

4) Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 5, 8, 15, 18, 19, 25, 26 моддаи 4, бандҳои 1, 2 моддаи 5, бандҳои 3, 4, 7, 9, 12, 13 моддаи 6, бандҳои 2, 5, 6, 7, 12, 13, 15, 18, 20, 23, 29, 32, 33 моддаи 7, банди 21 моддаи 9 зикргардида 10 сол мебошад.

5) Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 9 моддаи 4 зикргардида 7 сол мебошад.

6) Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 3, 30 моддаи 4, бандҳои 2, 5, 6, 11 моддаи 6, бандҳои 14, 19, 21, 26 моддаи 7, бандҳои 1, 5 моддаи 8 зикргардида 5 сол мебошад.

7) Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 4 моддаи 4, банди 14 моддаи 6 зикргардида 3 сол мебошад.

8) Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 22 моддаи 4 зикргардида то нав кардани маводи дахлдори топографӣ, геодезӣ ва картографӣ нигоҳ дошта мешавад.

Банди 9 моддаи 10 хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 66).

9) Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 4, 16, 17 моддаи 7 зикргардида то лаҳзаи интишори расмӣ ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752).

10) Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 25 моддаи 7 зикргардида то анҷоми мӯҳлати амали нақша ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752).

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752)

Моддаи 11. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар таҳияи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752)

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи маълумотеро, ки вобаста ба соҳаҳояш бояд махфӣ нигоҳ дошта шавад, таҳия намуда, дараҷаи махфияташро бо тасдиқи шахсони мансабдори дахлдори мақомоти ҳокимияти давлатии дорои ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот муқаррар менамоянд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752).

Моддаи 12. Назорати ҳуҷҷатгузорӣ оид ба маълумоти дорои сирри давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752)

Назорати дуруст муайян кардан ва иваз намудани мӯҳри махфият, мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ, нигоҳ доштан ва кор бо ҳуҷҷатҳои махфӣ аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 66, аз 30.07.2007 № 289 аз 2.08.2011 № 752).

Моддаи 13. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе

аз 10 майи соли 2002 № 57

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ НОМГӯИ МАЪЛУМОТИ ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 66, аз 30.07.2007 № 289)

Қонуни мазкур сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи махфӣ нигоҳ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ муайян мекунад.

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1.

Ҳамин Қонун Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатии соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқиро, ки ошкоркунии онҳо метавонад ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад, инчунин мӯҳлати махфӣ доштани ин маълумотро муқаррар менамояд.

Моддаи 2.

Дар Қонуни мазкур чунин мафҳумҳои асосӣ истифода бурда мешаванд:

"иншооти махсус" - нуқтаҳои идоракунии давлат ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар иншооте, ки фаъолияти мақомоти давлатиро ҳам дар замени осоишта ва ҳам дар шароити ҷанг таъмин менамоянд;

"иншооти ҳарбӣ" - мавзеи ҳарбии қушунҳо, нуқтаҳои идоракунӣ, полигонҳо, шӯъбаҳои алоқа, пойгоҳҳо, амборҳо ва дигар иншоотҳои таъиноти ҳарбӣ;

"иншооти тахта низом (режим) " - иншоотҳои ҳарбӣ ва махсус, қисмҳои ҳарбӣ, корхона, ташкилот ва муассисаҳое, ки барои фаъолияти онҳо чораҳои иловагии амният муқаррар гардидаанд;

"корхона ва ташкилотҳо" - шахсони ҳуқуқие, ки сарфи назар аз шакли моликият, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, инчунин бахшҳо ва намояндагиҳои онҳо;

"қушунҳо" - Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қушунҳо, воҳидҳои ҳарбӣ вавоҳидҳои махсусе, ки дар замени ҷанг ташкил меёбанд;

"яроқ" - воситаҳое, ки барои маҳви қувваи зинда, техника, иншоот ва дигар объектҳои душман пешбини шудаанд, ҷузъҳои асосии ин воситаҳо ва қисмҳои такмили;

"техникаи ҳарбӣ" - воситаҳои техникие, ки барои таъминоти ҳарбӣ, техники ва ақибгоҳии фаъолияти қушунҳо пешбини гардидааст, инчунин таҷҳизот ва дастгоҳ барои назорат ва озмоиши ин воситаҳо, ҷузъҳои асосии ин воситаҳо ва қисмҳои такмили;

"иншооти саноати мудофиа" - корхонаҳои коркард, истеҳсол ва таъмири силоҳу техника ё лавозимоти ҳарбӣ;

"яроқи қатли ом" - яроки ҳаставӣ, кимиёвӣ, биологи ё дигар яроқи дорои иқтидори калони маҳвкунанда, ки истифодаи он боиси талафоти оммавӣ ва (ё) харобӣ мегардад.

Моддаи 3.

Ҳамаи маълумоти тибқи Номгӯи мазкур ба сирри давлатӣ мансуб донисташуда дорои аломатҳои махфии "Фавқулодда муҳим", "Комилан махфӣ" ва "Махфӣ" мебошанд ва мӯҳлати махфӣ доштани ин маълумот дар он зикр мегардад.

Ба маълумоти фавқулодда муҳим бояд маълумоти соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки ошкоркунии он метавонад ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ё якчанд соҳаҳои номбаршуда зарар расонад, мансуб дониста шавад.

Ба маълумоти комилан махфӣ бояд маълумоти соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки ошкоркунии он метавонад ба амнияти вазоратҳо (идораҳо) ё бахши иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ё якчанд соҳаҳои номбаршуда зарар расонад, мансуб дониста шавад.

Ба маълумоти махфӣ бояд ҳама гуна маълумоти дигари аз ҷумлаи маълумоти дорои сирри давлатиро дохил намуд. Зарар ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳолат зарари ба мудофиа, иқтисод, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ расонидашуда ба ҳисоб меравад.

Ҳама гуна маълумоти дигари дар ҳамин Номгӯи пешбининашуда, агар он маълумоти дар Номгӯи мавҷударо фош намояд, бояд дорои ҳамон дараҷаи махфият бошад.

БОБИ II. НОМГӯИ МАЪЛУМОТИ ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 4. Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи мудофиа:

1. Маълумоте, ки нақшаҳои стратегии истифодаи қӯшунҳо, нақшаҳои оперативӣ, ҳуҷҷатҳои идоракунии ҷангӣ, ҳуҷҷатҳои ба дараҷаҳои гуногуни омодагии ҷангӣ гузаронидани қӯшунҳоро ошкор месозад;

2. Маълумот дар хусуси ба таври стратеги ва оперативӣ рӯ ба ҷабҳа овардани қӯшунҳо;

3. Маълумот дар бораи нақшаи сохтмон, рушд, шумора, ҳайати ҷанги ё теъдоди қӯшунҳо, омодагии ҷангии онҳо, инчунин дар бораи ҳолатҳои ҳарбию сиёсӣ ва (ё) оперативӣ;

4. Маълумоте, ки ҳолатҳои омодагии оперативии (ҷангии) қӯшунҳо, таъмини фаъолияти онҳо, ҳайат ва (ё) ҳолати системаи идоракунии қӯшунҳоро ошкор месозад;

5. Маълумот оид ба ҷойгиршавӣ, номи ҳақиқӣ, сохтори ташкилӣ, силоҳ, теъдоди қӯшунҳо, ки мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд эълон нашавад;

6. Маълумот оид ба сафарбарии рӯ ба ҷабҳа овардани қӯшунҳо, омодагии сафарбарии онҳо, оид ба таъсис ва истифодаи захираҳои сафарбарӣ, системаи идоракунии сафарбарии рӯ ба ҷабҳа овардан ва (ё) оид ба имконпазирии такмили қӯшунҳо бо ҳайати шахсӣ, таъминот бо аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва дигар воситаҳои моддию молиявӣ, инчунин боркашониҳои ҳарбӣ;

Маълумоте, ки ҳолати таҷҳизот, бо мақсадҳои ҳарбӣ омода сохтани шабақаҳои нақлиёт, воситаҳои нақлиёт, ҳаҷми боркашониҳои ҳарбӣ ва самти интиқоли аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ошкор месозад;

7. Маълумоте, ки самт, дурнамои дарозмуддат ё нақшаи инкишофи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, мӯҳтаво ё натиҷаҳои иҷрои барномаҳои мақсаднок, корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро вобаста ба таҳия ё навсозии (модернизатсияи) намунаҳои силоҳ ва техникаи ҳарбӣ, инчунин таснифоти тактикию техникии онҳоро ошкор месозад;

8. Маълумоте, ки самтҳои коркардҳо, конструксияҳо, технологияҳои омодасозӣ, таркиби изотопӣ, хосиятҳои физики, кимиёвӣ ё ҳаставӣ, тартиби истифода ё баҳрабардории аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ошкор месозад;

9. Маълумоте, ки иқтидори истеҳсоли, маълумоти нақшави ё воқеии истеҳсол ва (ё) боррасонии воситаҳои ҳимояи бактериологи ё тиббиро (дар шакли асл) ошкор месозад;

10. Маълумоте, ки дастовардҳои илм ва техникаи ҳаставии дорои аҳамияти муҳими мудофиавӣ ва иқтисодӣ ё сатҳи сифатан нави имконияти таҳияи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ва (ё) маҳсулот ва технологияи усулан навро ошкор месозад;

11. Маълумоте, ки хосият, ретсепт ё технологияи истеҳсоли сузишвории ракета, инчунин борути баллиститӣ, маводи тарканда ё воситаҳои таркиши таъиноти ҳарбӣ, инчунин хӯлаҳои нав, моеъҳои махсус, сӯзишвориҳои нави аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ошкор месозад;

12. Маълумот оид ба ҷойгиршавӣ, таъинот, дараҷаи омодагӣ ё ҳифзи иншооти таҳти низом, ки тибқи шартномаҳои байналхалқӣ ба ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил нашудаанд, дар бораи интихоб, ҷудо кардани қитъаҳои замин, қаъри замин, қитъаи баҳр ё дарё (акватория) барои сохтмони иншооти зикргардида, инчунин оид ба корҳои иктишофии банақшагирифташуда ё гузаронидашуда, корҳои лоиҳавӣ ва дигар корҳои вобаста ба таъсиси чунин иншоот;

13. Маълумот оид ба истифода ё рушди дурнамои шабақаҳои алоқаи ба ҳам пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти давлат;

14. Маълумоте, ки тақсимот ё истифодаи хати мавҷҳои радиоро тавассути воситаҳои радиоэлектронии таъиноти ҳарбӣ ё махсус ошкор месозад;

15. Маълумоте, ки ташкил ва фаъолияти ҳамаи навъҳои алоқа, таъминоти радиолокатсионӣ ва радиотехникии қӯшунҳоро ошкор месозад;

16. Маълумоте, ки сохтори ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозад;

17. Маълумоте, ки самти рушди воситаҳо ва технологияи таъиноти дугона, мӯҳтаво, натиҷаҳои иҷрои барномаҳои мақсаднок, корҳои илмию тадқиқоти ва (ё) таҷрибавию конструкториро оид ба кор карда баромадан ё навсозии ин воситаҳо ва технологияхо ошкор месозад. Маълумот дар мавриди бо мақсадҳои ҳарбӣ истифода бурдани воситаҳо ва технологияи таъиноти дугона;

18. Маълумот дар хусуси мӯҳтавои барномаҳои пушидаи таълимӣ дар муассисаҳои олии ҳарбии таълимӣ;

19. Маълумоти маҷмӯӣ дар хусуси ҷойгиршавӣ, системаи муҳофизат ва иқтидори истеҳсолии корхонаҳо (арсеналҳо), пойгоҳҳо ва анборҳои дорои аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва техникаи махсус ё қисмҳо ва муассисаҳои барои таъмири аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъингардида;

20. Маълумот оид ба дурнамои рушд ва (ё) истифодаи инфраструктураи кайҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти кишвар;

21. Маълумоте, ки корҳои бо мақсади таҳияи маводи индикатсия, дегазатсия, ҳимояи кимиёвӣ ё биологи аз яроқи қатли ом иҷрошавандаро ошкор месозад;

22. Маълумоте, ки фаъолияти геодези, гравиметри, картографи, топографи, гидрографи ва гидрометеорологии дороӣ ахамияти муҳими мудофиавӣ ва иқтисодиро ошкор месозад;

23. Маълумоти маҷмӯи оид ба сохтмони муассисаҳои саноати мудофиа, ки иқтидорҳои истеҳсолии онҳоро вобаста ба ҳаҷми истеҳсоли техникаи мудофиавӣ ва ҳарбӣ ошкор месозад;

24. Маълумот оид ба рӯйдодҳои физикию химиявӣ (майдон), ки ба таҳия, истеҳсол ва (ё) истифодаи яроқ, техникаи ҳарбӣ мусоидат намуда, параметрҳои ҳифзшавандаи онҳоро ошкор месозанд;

25. Маълумот дар бораи номгӯи, теъдод ва мӯҳлати ба воҳидҳои ҳарбӣ расонидани навъҳои асосии сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, амволи моддӣ, тиббӣ ва озуқаворӣ;

26. Маълумоте, ки нақшахо (супоришҳои) фармоиши давлатии мудофиа, ҳаҷм ва мӯҳлати расонидани аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, иқтидорҳои истеҳсолии баровардани онҳо, инчунин маълумот дар бораи робитаҳои кооператсионии корхонаҳо, ихтироъкунандагон ё истеҳсолкунандагони аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, агар ин иттилоот маълумотро дар бораи иқтидорҳои истеҳсоли оид ба истеҳсол ва (ё) таснифоти асосии тактикию .техникии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ошкор созад. Маълумот дар бораи иҷрои супоришҳои истеҳсол ва интиқоли аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ дар шароити ҷанг;

27. Маълумоте, ки ҳолати таъминоти метрологии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, таснифоти техники ё метрологии эталонҳои ҳарбӣ ё воситаҳои таъминоти метрологии муайянкунандаи сатҳи сифатан нави аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ошкор месозад;

Маълумоте, ки самтҳои асосӣ ё барномаи рушди стандартикунонӣ, инчунин мӯҳтавои стандартҳоро дар соҳаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ошкор месозад;

28. Маълумоте, ки хароҷоти вобаста ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро ҷиҳати кор карда баромадани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ошкор месозад;

Чунин маълумот вобаста ба корҳое, ки ба манфиати иншооти махсус гузаронида мешаванд;

29. Маълумоте, ки маблағгузорӣ ё хароҷоти воқеиро барои фармоишҳо, кор карда баромадан, истеҳсол ё таъмири аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва иншооти тахти низом қарордошта ошкор месозад;

Чунин маълумот вобаста ба объектҳои махсус;

30. Маълумоти ошкоркунандаи ҳаҷми боррасонӣ ва захираҳои сӯзишвории навъи стратеги.

Моддаи 5. Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи мудофиаи гражданӣ

1. Дар бораи қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконияти нуқтаҳои аҳолинишин, минтақаҳо ва иншооти алоҳида барои ҳифз, таҳлия ва ҷамъ кардани аҳолӣ.

2. Маълумот дар бораи ташкили огоҳонӣ ва идора ҳангоми аз шароити осоишта ба вазъияти давраи ҷанг гузаронидани системаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолати гузаронидани он аз низоми фаъолияти доими ба кор дар шароити ҳолатҳои фавқулодда;

3. Маълумоте, ки нақша ва манбаъҳои обрасонӣ, воситаҳои ҳифзи онро дар маҳалҳои дорои беш аз 50 ҳазор нафар аҳолӣ, дар узелҳои роҳи оҳан ва (ё) ҷойгиршавии иншооти асосии обрасонӣ, хатҳои обгузар ва иншооти таъминкунандаи кори онҳоро ошкор месозад;

4. Маълумоти маҷмӯи дар бораи иншооти махсусан муҳиме, ки дар шароити ҷанг таҳти муҳофизати хадамоти оташнишони ҳарбикунонидашуда қарор дода мешаванд.

Моддаи 6. Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи сафарбарӣ ва омодагии сафарбарӣ

1. Маълумоте, ки моҳият ё ҳаҷми ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷӣ дар давраи махсус, инчунин ҳамкориҳои муштараки мақомоти ҳарбию сафарбарии ташкилотҳои робитаҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро оид ба ин масъалаҳо ошкор месозад;

2. Маълумот вобаста ба иқтидорҳои сафарбарӣ ҷиҳати истеҳсоли (таъмири) аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, дар бораи таъсис ва (ё) рушди (ҳифзи) ин иқтидорҳо;

3. Маълумоте, ки имконият ва (ё) захираҳои сафарбарии роҳи оҳани ҷумҳуриро оид ба таъмини боркашонӣ тавассути роҳи оҳан, ташкил ва ҳаҷми боркашониҳои ҳарбӣ, ҳаҷми боркашонӣ ва интиқоли навъҳои стратегии маҳсулоти энергетики, минералӣ, кишоварзӣ, сӯзишворӣ, мавод, навъҳои алоҳидаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ташкил ва (ё) фаъолияти системаи алоқа ё идоракунӣ, инчунин тадбирҳои махсусро ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳи оҳан ё ҳифзи борҳо ошкор месозад

4. Маълумоте, ки ҷойгиршавӣ, махсусгардонӣ, иқтидор ва (ё) имконияти борбардорӣ ва борфарории пунктҳои саворшавӣ ва фурудоии қувваҳо, маълумот дар бораи таъминоти озуқаворӣ ва хизматрасонии тиббию санитариро ошкор месозад;

5. Маълумоте, ки эҳтиёҷоти сафарбарӣ ба воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла оид ба навъҳои алоҳидаи нақлиёт ва (ё) таъмин будани cафарбариро ба он ошкор месозад;

6. Маълумоте, ки ташкили сохторӣ ё нишондиҳандаҳои нақшаи сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазъи омодагии мақомоти ҳокимияти иҷроия ё корхонаҳои алоҳидаро ошкор месозад;

7. Маълумоте, ки ҷойгиршавӣ, захираҳои воқеии давлатӣ ва (ё) захираҳои сафарбарӣ ва истифодаи онро ошкор месозад;

8. Маълумоте, ки нақша, мӯҳтаво ё натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотиро дар соҳаи омодагии сафарбарии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад;

9. Маълумоте, ки баланси пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷӣ дар давраи ҷанг ошкор месозад;

10. Маълумоти маҷмӯи дар бораи иқтидорҳои сафарбарии саноат вобаста ба истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, таъмини эҳтиёҷоти мудофиа бо маҳсулоти саноати, захираҳои моддию техники ва озуқаворӣ;

11. Мавҷудияти захираҳои сафарбарӣ ва давлатии маҳсулоти нафти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

12. Маълумоте, ки мӯҳтавои чорабиниҳои оид ба таъмини муттақобилаи расонидани ашё, мавод, сӯзишворӣ, таҷҳизот, дорувориро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли ҳисоббаробаркунӣ ё тадбирҳоро оид ба мусоидати техники аз ҷониби давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сохтмони муассиса ва иншоот дар соли ҳисоббаробаркунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад;

13. Маълумот оид ба нишондиҳандаҳое, ки омодагии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои фаъолияти устувор дар шароити ҷанг муайян месозад;

14. Маълумоте, ки ҳаҷми интиқоли борҳои воридотию содиротиро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли ҳисоббаробаркунӣ ошкор месозад;

15. Маълумот оид ба баланси иқтидори электрики ва қувваи барқи системаи таъмини иншооти ҳарбӣ, иншооти саноати мудофиа ва воситаҳои идораи энергия дар шароити ҷанг;

Маълумот оид ба системаи таъминоти берунии бо энергияи барқ, ва гармӣ таъмин намудани корхонаҳое, ки маҳсулоти таъиноти мудофиавӣ мебароранд, маҳалли ҷойгиршавӣ ва таъиноти стансияҳои электрикии муҳофизатшаванда дар давраи сохтмон ва истифодаи онҳо.

Моддаи 7. Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи иқтисод, молия, илм ва техника

1. Маълумот дар бораи воридот ва содироти аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, таъмир ва истифодаи онҳо, дар бораи мусоидати техники ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кор карда баромадани аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, иншооти ҳарбӣ, объектҳои саноати мудофиа, инчунин маълумот дар бораи расонидани кӯмаки ҳарбию техники аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ, агар ошкор кардани ин маълумот барои яке аз тарафҳо мушкилоти дипломатӣ пеш оварад. Маълумоти ошкоркунандаи нақшаҳои (вазифаҳои) фармоиши мудофиавӣ дар қисмати боррасониҳои воридотию содироти дар соҳаи ҳамкории харбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ;

2. Маълумоти маҷмӯи дар бораи номгӯи ҳаҷм ва маблағгузории амалиёт оид ба воридот ва содироти аслиҳа, инчунин маълумот дар бораи ҳамкориҳои ҳарбӣ, илмию техники бо давлатҳои хориҷӣ, ба истиснои маълумоте, ки бояд мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шаванд;

3. Маълумоте, ки ҳолати фонди суғуртаи ҳуҷҷатҳоро ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, навъҳои асосии маҳсулоти граждании ба нақшаи сафарбарӣ дохилкардашуда ба иншооти дорои таваккали баланд ва (ё) системаи таъмини фаъолияти аҳолӣ ба иншооти дорои арзишҳои миллӣ тасниф медиҳад, инчунин маълумот оид ба ҷойгиршавии объектҳои (пойгоҳҳои) нигаҳдошти фонди суғуртаи аснод дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Маълумот оид ба масъалаҳои тиҷорати хориҷӣ: фақат ба навъи молҳои махсус (ҳаҷм, номгӯи, маблағгузории воридот ва содирот вобаста ба як ё якчанд давлатҳо), инчунин оид ба ташаккули сатҳи поёни (назоратии) нархҳои индекативӣ, воридоти асъор, ки паҳн намудани онҳо стратегия ва тактикаи тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозад;

5. Маълумоти маҷмӯи оид ба захираҳои давлатии металлҳои қиматбаҳо бо ифодаи аслӣ ва пули дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6. Маълумоте, ки рақамхои дурнаморо оид ба истеҳсоли тилло, дар давраи аз як сол ва бештар аз он бо ифодаи аслӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад;

7. Маълумоте, ки ҳаҷмҳои дурнамо ё воқеии истеҳсоли платина, металлҳои гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутений, осмий) ва нуқраро бо ифодаи аслӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад;

8. Маълумоти маҷмӯи оид ба воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба Фонди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи аз як сол ва бештар аз он бо ифодаи аслӣ ё арзиши пули дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9. Маълумоти маҷмӯи дар бораи ҳачми истеъмол ё фурӯши металлҳои қиматбаҳо дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсоли он бо ифодаи аслӣ ё арзиши пули дар давраи аз як сол ва бештар аз он дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

10. Маълумот дар бораи ҳаҷми истеъмоли платина, металлҳои гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутиний, осмий) ва нуқра дар алоҳидагӣ бо ифодаи аслӣ дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсолоти металлҳои зикргардида дар давраи аз як сол ва бештар аз он дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11. Маълумоте, ки иқтидори захиравӣ ва захираҳои балансии канданиҳои фоиданоки қаръи замини кишвар, афзоиши захираҳои кашфшуда ва истихроҷи ин канданиҳои фоиданокро дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тавсифи конҳоро ошкор месозад, доир ба ҳар як иншооти мушаххас аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 66, аз 30.07.2007 № 289);

12. Маълумот оид ба арзиши аслии платина, металлҳои гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутиний, осмий), тилло ва нуқра дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

13. Маълумот оид ба ҳисоббаробаркуниҳои танзимнагардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ба истиснои нишондихандахои чамъбастй оид ба карзи хоричй);

14. Маълумот дар бораи маблағдиҳӣ ва (ё) фаъолияти пулию кредитие, ки пешакӣ паҳн кардани онҳо метавонад ба амнияти давлат зарар оварад;

15. Маълумоте, ки хароҷоти воситаҳои пулиро барои таъминоти қушунҳо вобаста ба моддаҳои алоҳидаи буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад;

16. Маълумот оид ба банкнотҳои_пулӣ ё тангаҳои намунаи нав (ба истиснои тангаҳои ҷашнӣ ё хотиравӣ);

17. Маълумот дар мавриди барориши банкнотҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо ифодаи аслӣ ё пули, усули таъминкунандаи ҳифзи ин банкнот ва дигар маҳсулоти Нишонаҳои давлатӣ аз сохтакорӣ, инчунин усулҳои муайян намудани аслӣ будани онҳо;

18. Маълумоте, ки ҳаҷми истеҳсол ё расонидани навъҳои стратегии маҳсулоти хоми кишоварзиро ошкор месозад;

19. Маълумоти маҷмӯи дар хусуси воридот ва содироти тиллои ғайрипулӣ, металлҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

20. Маълумоти маҷмӯи оид ба талабот ба маблағгузорӣ ва хароҷоти воқеии молиявӣ вобаста ба моддаҳои алоҳидаи буҷети мақомоти амният, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 289);

21. Маълумот дар бораи ҳаҷми умумии маъдани уран, маъданҳои тоза, оксидҳо, намакҳо бо нишон додани мавҷудияти фоизи уран дар онҳо, ки дар корхонаҳо, идораҳои маъдан, завод, кон ва соҳаи истеҳсолкунанда нигоҳ дошта мешаванд;

Банди 22 моддаи 7 хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 66).

22. Маълумоте, ки захирахои асъори милль ва хоричиро дар хазинахои Бонки миллии Тоыикистон ошкор месозад.

23. Маълумоти маҷмӯи оид ба эҳтиёҷоти хоҷагии халқи Тоҷикистон бо металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

24. Маълумот оид ба ҳаҷмҳои нақшавии воридот ва содироти тилло, нуқра, ва сангҳои қиматбаҳо дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифодаи аслӣ ё арзиши пули;

25. Маълумоти маҷмӯи дар бораи ҳаҷмҳои нақшавии фурӯши тилло бо асъори қобили табдили озод ё теъдоди тиллое, ки барои харидории мол аз хориҷа дода шудааст дар давраи аз як сол ва бештар аз он;

26. Маълумоти маҷмӯи оид ба иқтидори тахвилдиҳии узелҳои роҳи оҳан дар самтҳои асосӣ (номгӯйро роҳи оҳани Тоҷикистон муайян мекунад);

27. Маълумот дар бораи нақша ва иқтидори манбаъҳои таъмини барқи амалкунанда ва эҳтиётии роҳи оҳан;

28. Маълумот дар бораи аз ҷониби саноати металлурги истеҳсол намудани металлҳои ранга, нодир ва дигар маводи дорои аҳамияти стратеги;

29. Маълумоти ошкоркунандаи моҳияти дастовардҳои навин дар соҳаи илму техника, ки метавонад барои кор карда баромадани маҳсулоти усулан нави чараёнҳои технологи дар соҳаҳои мухталифи иқтисод истифода шаванд, инчунин маълумоте, ки сатҳи сифатан нави имконоти аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, баланд бардоштани самарабахшии ҷангиро муайян мекунад;

30. Маълумоте, ки мӯҳтаво ва (ё) самти корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ё лоиҳакашии ба манфиати мудофиа ва таъмини амнияти давлат гузаронидашавандаро ошкор месозад;

31. Маълумоте, ки натиҷаҳои корҳои дар соҳаи гидрометеорология, гидрография ё гелиогеофизика, инчунин натиҷаҳои тадқиқоти махcуси геологию геофизикии ба манфиати таъмини амнияти давлат гузаронидашавандаро ошкор месозад;

32. Маълумоте, ки арзёбии дурнамои рушди илмию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии онро вобаста ба самтҳои муайянкунандаи иқтидори мудофиавӣ ва амнияти давлат ошкор месозад;

Моддаи 8. Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи робитаҳои хориҷи

1. Маълумот оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷи, тиҷорати хориҷи, робитаҳои илмию техникие, ки стратегия ва тактикаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозанд ва пешаки паҳн кардани он метавонад ба манфиати давлат зарар оварад;

2. Маълумот оид ба масъалахои сиёси, харби, илмию техники ё иктисоди нисбат ба як ё якчанд кишвархои хоричи, ки дар асоси бовари дастрас шудааст, агар пахн кардани онхо боиси ошкор сохтани манбаи чунин маълумот гардад;

3. Маълумот оид ба гуфтушунид байни намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар давлатҳо дар бораи таҳияи мавқеи ягонаи усулӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, агар ба ақидаи иштирокчиёни гуфтушунид ошкор кардани ин маълумот метавонад барои яке аз тарафҳо мушкилиҳои дипломатӣ пеш оварад;

4. Маълумот дар бораи тайёрӣ, ба имзо расонидан, қабул, тасдиқ, омодасозии денонсатсия (беэътиборшуморӣ), мӯҳтаво ё иҷрои шартномаҳо, конвенсия ё созишномаҳо бо давлатҳои хориҷи, ки пешакӣ ошкор намудани онҳо метавонад ба иқтидори мудофиавӣ, амният, манфиатҳои сиёсӣ ё иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар оварад;

5. Маълумоти мавҷудаи дастурҳо, нақшаҳо ва супоришҳо ба аъзои ҳайат ва ашхоси мансабдор додашуда оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷи ва сиёсати иқтисодӣ хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6. Маълумоте, ки дар пешниҳодот оид ба ҳалли масъалаҳои стратегии муносибатҳои сиёсии хориҷи, инчунин оид ба татбиқи ҳамкориҳо бо дигар кишварҳо мавҷуданд ва паҳн кардани онҳо стратегия ва тактикаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозад.

Моддаи 9. Маълумоти дорои сирри давлати дар соҳаи амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ

1. Маълумот дар соҳаи фаъолияти разведка, контрразведка ва ҳифзи иттилооте, ки ташкил ё вазъи воқеии ҳолати ҳифзи сирри давлатиро ошкор месозад;

2. Маълумоте, ки усул ва воситаҳои ҳифзи иттилооти дорои маълумоти сирри давлати, чорабиниҳои ба нақша гирифташуда ва (ё) гузаронидашавандаро оид ба ҳифзи иттилоот аз дастрас намудани ғайриқонунӣ, аз техникаи кашфи хориҷи ё дастрас шудан тавассути каналҳои техники ошкор месозад;

3. Маълумот дар бораи системаи алоқаи шифрии президентӣ, ҳукуматӣ, аз ҷумла шифрҳои дорои код ва махфӣ, дар бораи шифрҳо, кор карда баромадани онҳо, таҳия ва бо онҳо таъмин намудан, дар бораи усул ва воситаҳои таҳдили воситаҳои шифр ва воситаҳои ҳифзи махсус, оид ба системаи иттилоотию аналитикии таъиноти махсус;

4. Маълумоте, ки ташкил, қувва, воситаҳо ё усули таъмини амнияти объектҳои ҳифзи давлатиро ошкор месозад, инчунин маълумот оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар онҳо маълумоти зикргардидаро ошкор созанд;

5. Маълумоте, ки қувва, воcита, усул, нақша, вазъ ва натиҷаи фаъолияти разведка, контрразведка ё оперативию ҷустуҷуиро ошкор месозад, инчунин оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар он маълумоти зикргардидаро ошкор созад;

Маълумот дар мавриди ашхосе, ки бо мақомоти анҷомдиҳандаи фаъолияти контрразведка ё оперативию ҷустуҷӯи ҳамкорӣ мекунанд ё ҳамкорӣ кардаанд, дар бораи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хадамоти махсус ва ташкилотҳои кишварҳои хориҷӣ, дар гурӯҳҳои ҷинояткор вазифаҳои махсусро иҷро мекунанд (иҷро кардаанд) (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 289);

Маълумоте, ки марбутияти ашхоси мушаххасро ба ҳайати қадрии мақомоти контрразведкаи Чумҳурии Тоҷикистон ошкор мееозанд;

Маълумоте, ки ҳолат, натиҷаи корҳо ва чорабиниҳои оперативию сафарбариро ошкор мееозанд;

6. Маълумоте, ки қувва, воcита, манбаъ, усул, нақша, вазъ ташкил ва натиҷаи фаъолияти разведка ё оперативию ҷустуҷӯиро ошкор меcозанд;

Маълумоте, ки марбутияти ашхоси мушаххасро ба ҳайати қадрии мақомоти разведкаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор меcозанд;

Маълумот дар мавриди ашхосе, ки бо мақомоти анҷомдиҳандаи фаъолияти разведакаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳонӣ ҳамкорӣ мекунанд (ҳамкорӣ кардаанд);

7. Маълумоте, ки марбутияти ашхоси мушаххасро ба ҳайати ҷузъу томҳои мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилона, инчунин тадбирҳои доирнамудаи онҳоро вобаста ба корҳои оперативию ҷустуҷӯи ва оперативию техники ошкор меcозанд.

8. Маълумоте, ки марбутияти ашхоси мушаххасро ба ҳайати қадрии ҷузъу томҳои оперативии мақомоти гумрук ошкор месозад;

9. Маълумоте, ки қувва, воcита ва уcули пешбурди тафтишро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар бораи ҷиноятҳои давлатӣ ошкор месозад;

10. Маълумоте, ки қувва, воcита, усул, нақша ва натиҷаи фаъолияти разведкаи радиоэлектронии воситаҳои алоқаро ошкор месозад, инчунин маълумот оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар он маълумоти зикргардидаро ошкор созад;

11. Маълумоте, ки қувва, воcита, усул, нақша ва натиҷаи фаъолияти разведка, контрразведка, оперативию ҷустуҷӯи ва мақомоти хадамоти сарҳадии ҷумҳуриро ошкор месозад, инчунин маълумот оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар он маълумоти зикргардидаро ошкор созад;

Маълумот дар мавриди ашхосе, ки дар асоси махфӣ бо мақомоти анҷомдиҳандаи фаъолияти разведка, контрразведка ё оперативию ҷустуҷӯии хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд ё ҳамкорӣ кардаанд;

12. Маълумоти омории маҷмӯи оид ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ашхоси объекти фаъолияти оперативию ҷустуҷӯи бударо ошкор месозад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 289);

Маълумот нисбат ба ашхоси алоҳидае, ки дар амали онҳо аломатҳои ҷиноятҳои махсусан хатарнок ба муқобили давлат вуҷуд дорад: хиёнат ба давлат, ҷосусӣ, фаъолияти терррористӣ, таҳрибкорӣ, суиқасд ё гузаронидани амалиёт бо мақсади ба таври зуроварӣ аз байн бурдан ё иваз кардани сохти конститутсионӣ ё касби ҳокимият;

Маълумот нисбат ба ашхоси алоҳидае, ки дар амали онҳо аломатҳои дигар ҷиноятҳо ба муқобили давлат вуҷуд дорад.

13. Маълумот дар бораи номгӯи, ҳаҷми расонидан, эҳтиёҷот, теъдоди аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус дар вазорату идораҳое, ки фаъолияти оперативию ҷустуҷӯиро анҷом медиҳанд;

14. Маълумоте, ки ташкил ва уcули истифодаи воситаҳои техникии махсусро ҳангоми ҳалли масъалаҳои оперативию ҷустуҷӯи ё уcули ташкили чорабиниҳои мушаххаси оперативию техники ё маълумотро оид ба маҳалли ҷойгиршавии (ҷойгиронӣ) воситаҳои техникии махсус дар иншоот ошкор месозад;

15. Маълумоти ошкоркунандаи иттилооти тактикию техники, инженерию техникии воситаҳои ҳифз ё системаи огоҳони, мӯҳтавои тадбирҳои низоми гузаргоҳӣ ва дохилииншоотии объекти (объектҳои) алоҳидаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо бо мақсади ҳифзи сирри давлатӣ низоми махсуси фаъолият муқаррар шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 289);

16. Маълумот, оид ба самти ҳамкориҳои муштарак байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти вобаста ба мубориза алайҳи қочоқ (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 289).

17. Маълумоти ифшокунандаи кормандони анҷомдиҳандаи фаъолияти оперативию ҷустуҷӯи, хешу ақрабои онҳо, агар дар мавриди таҳдид ба озодӣ, ҳает ва cаломатии онҳо, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматии ин кормандон ба миён омадааст, иттилоот мавҷуд бошад;

18. Маълумоти маҷмӯи оид ба ташкили хадамот ва тактикаи амали Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми барои боздошти вайронкунандагони сарҳад истифода бурдани техникаи махсус (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 289);

19. Маълумот оид ба ҳолати махсуси ғайриошкорои ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, маҳалли ҷойгиршавии ташкилоту корхонаҳои вобаста ба мақсади пинхонкорӣ таъсисгардида;

20. Маълумоти ошкоркунандаи маҳалли ҷойгиршавии иншооте, ки ба манфиати ҳалли фаъолияти оперативию ҷустуҷӯи пинҳонӣ истифода бурда мешаванд;

21. Маълумоте, ки масъалаҳои ҳолати муҳофизат, воситаҳои техникии ҳифзро дар муассисаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ошкор месозанд: мӯҳлат, cамти ҳаракат, системаи ҳифзи интиқоли пул ва тангаҳо, металлҳои қиматбаҳо ва дигар сарватҳо аз Анбори марказӣ ва фондҳои эҳтиётии Бонки миллии Тоҷикистон;

22. Маълумот оид ба иҷрои ҳукмҳо нисбат ба ашхосе, ки ба чораи истисноии ҷазо маҳкум шудаанд: ташкили иҷрои ҳукмҳо ва дафн; маҳалли иҷрои ҳукм; ашхосе, ки ҳукмро ба ҷо меоранд; маҳалли дафни маҳкумшуда, ки нисбат ба ӯ ҳукми ҷазои истиснои иҷро гардидааст;

23. Маълумоте, ки восита ва чораҳои мушаххаси ҳифзи cирри давлатиро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, корхона ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад;

24. Маълумот дар бораи ташкил ва тартиби амалӣ намудани муҳофизати мақомоти олии ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия, муассисаҳои бонкҳои давлатӣ, шахсони олимақоми давлатиро ошкор месозад;

25. Маълумот оид ба натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотии вобаcта ба такмили тадбирҳои ҳифзи сирри давлатӣ.

БОБИ III. МӯҲЛАТҲОИ МАХФӢ ДОШТАНИ МАЪЛУМОТИ ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 10. Мӯҳлатҳои махфӣ доштани Маълумоти дороӣ сирри давлатӣ

1. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 1, 2, 6, 7, 10, 13, 14, 16, 20, 23, 24 моддаи 4, бандҳои 3, 4 моддаи 5, бандҳои 1, 8, 15 моддаи 6, бандҳои 3, 8, 9, 10, 11, 24, 27, 28. 31 моддаи 7, бандҳои 2, 3, 6 моддаи 8, бандҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19, 20, 22, 23, 24, 25 моддаи 9 зикргардида доими мебошад;

2. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 11, 12, 17, 21, 28, 29 моддаи 4, банди 10 моддаи 6, бандҳои 1, 30, моддаи 7, банди 4 моддаи 8, банди 9 моддаи 9 зикргардида 25 сол мебошад;

3. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 27 моддаи 4 зикргардида 20 сол мебошад;

4. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 5, 8, 15, 18, 19, 25, 26 моддаи 4, бандҳои 1, 2 моддаи 5, бандҳои 3, 4, 7, 9, 12, 13 моддаи 6, бандҳои 2, 5, 6, 7, 12, 13, 15, 18, 20, 23, 29, 32, 33 моддаи 7, банди 21 моддаи 9 зикргардида 10 сол мебошад;

5. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 9 моддаи 4 зикргардида 7 сол мебошад;

6. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 3, 30 моддаи 4, бандҳои 2, 5, 6, 11 моддаи 6, бандҳои 14, 19, 21, 26 моддаи 7, бандҳои 1, 5 моддаи 8 зикргардида 5 сол мебошад;

7. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 4 моддаи 4, банди 14 моддаи 6 зикргардида 3 сол мебошад;

8. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 22 моддаи 4 зикргардида то нав кардани маводи дахлдори топографӣ, геодезӣ ва картографӣ нигоҳ дошта мешавад;

Банди 9 моддаи 10 хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 66).

9. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 4, 16, 17 моддаи 7 зикргардида то лаҳзаи нашрирасмӣ ба ҳисоб гирифта мешавад;

10. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 25 моддаи 7 зикргардида то охири хатми мӯҳлати амали нақша ба ҳисоб гирифта мешавад;

БОБИ IV. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 11.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо мувофиқа бо Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи васеи маълумотеро, ки вобаста ба сохахояшон махфи нигоҳ дошга шавад, таҳия ва дараҷаи махфияти онро бо тасдиқи дахлдор шахси мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистан маълумотро дорад, муқаррар менамоянд (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 66, аз 30.07.2007 № 289).

Моддаи 12.

Назорати дуруст муайян кардани аломати (грифи) махфият, мӯҳлати махфӣ нигоҳ, доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ, нигоҳ доштан ва кор бо ҳуҷҷатҳои махфӣ а ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 66, аз 30.07.2007 № 289).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе

аз 10 майи соли 2002 № 57