×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, № 52 "Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 29.12.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1780 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 266, аз 29.12.2010 № 678)

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ

Моддаи 1. Мақсади Қонун

Қонуни мазкур мақоми ҳуқуқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Академияи илмҳо) ва аъзои он, принсипҳои ташкил ва фаъолияти Академияи илмҳо, мавқеи онро дар соҳаи таҳқиқот ва кашфиёт, ваколат ва масъулияташро ба сифати муассисаи худидорашавандаи давлатии илми муайян менамоад.

Қонун барои инкишоф додани илмҳои бунёди ва амали чун асоси пешрафти илми ва илмию техники, тараққиёти иқтисоди, иҷтимои ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Моддаи 2. Мақоми Академиям илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академияи илмҳо муассисаи худидорашавандаи олии давлатии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар фаъолияти худ масъалаҳои гузаронидан, инкишоф додан ва мутобиқ гардонидани таҳқиқоти бунёди ва амали дар ҷумҳури, омӯзиши проблемаҳои муҳими тараққиёти иқтисоди, иҷтимои ва фарҳангии ҷумҳури, афзун гардонидани самараи истифодаи дастовардҳои илми, тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, пурзур кардани таъсири илм ба инкишофи маориф ва маданиятро таъмин менамояд.

Моддаи 3. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Академияи илмҳо

Академияи илмҳо дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи худ ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалиро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дастури амал қарор медиҳад.

Моддаи 4. Оинномаи Академияи илмҳо

Оинномаи Академияи илмҳоро Маҷлиси умумии он қабул карда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд ва он набояд ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф бошад.

Оинномаи Академияи илмҳо бояд инҳоро пешбини намояд:

ном, маҳали воқеъ ва мақоми ҳуқуқии Академияи илмҳо;

вазифаҳои асоси ва принсипҳои фаъолияти Академияи илмҳо;

ҳуқуқҳои Академияи илмҳо;

тартиби идораи Академияи илмҳо, сохторҳои ташкилии он ва назорат ба фаъолияти онҳо;

шаклҳо ва тартиби амали сохтани худидораи илми;

салоҳият, тартиби ташкил ва мӯҳлати ваколатҳои мақомоти роҳбарии Академияи илмҳо;

шарт ва тартиби интихобот ба аъзогии Академияи илмҳо;

сохтори Академияи илмҳо, тартиби ташкил, фаъолият ва барҳам додани сохторҳои ташкилии он;

ҳуқуқ, ӯҳдадори ва масъулияти аъзо ва ташкилотҳои Академияи илмҳо, шартҳои ҳамкории онҳо бо дигар шахсони ҳуқуқи ва воқеи;

тартиби ворид намудани тағйироту илрваҳо ба Оинномаи Академияи илмҳо.

Дар Оиннома инчунин дигар коидаҳои вобаста ба хусусиятҳои мақоми ҳуқуқи ва фаъолияти Академияи илмҳо пешбини шуда метавонанд.

Моддаи 5. Ҳайат ва сохтори ташкилии Академиям илмҳо

Академияи илмҳо дар ҳайати худ инҳоро муттаҳид менамояд:

шахсони воқеи-аъзои Академияи илмҳо, ки бо тартиби муқарраркардаи Оинномаи он интихоб мешаванд;

шахсони ҳуқуқи-ташкилотҳои илми, хизматрасонии илми ва идоракунии тайёр кардани кадрҳои илми, соҳаи хизматрасонии иҷтимои ва дигар ташкилотҳои Академияи илмҳо.

Сохтори ташкилии Академияи илмҳо, тартиби фаъолият ва маблағгузории ташкилотҳоеро, ки ба ҳайати он дохил мешаванд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон ва Оинномаи Академияи илмҳо муайян менамояд.

Моддаи 6. Вазифаҳои асосии Академияи илмҳо

Вазифаҳои асосии Академияи илмҳо инҳо мебошанд:

иштирок дар тартиб додани пешниҳодҳо оид ба соҳаҳои афзалиятноки сиёсати илмию техники;

омӯзиш ва таҳияи проблемаҳои муҳими тараққиёти иқтисоди, иҷтимои, сиёси ва давлатию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, фарҳанг, забон, таърих, табиат ва вазъи муҳити атрофи он;

гузаронидани таҳқиқоти бунёдии илми оид ба самтҳои муҳимтарини илмҳои табиатшиноси, техники, гуманитари, ҷамъияти ва санъат бо мақсади афзун гардонидани неруи илмию техники, зеҳни ва маънавии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон;

ошкор сохтани принсипи нави пешрафти илми ва илмию техники, иштирок дар таҳияи афзалиятҳои фаъолияти илми ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, ба амал баровардани таҳққкоти бунёди ва кашфиёт оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмию техники, таҳияи тавсияҳо оид ба истифодаи дастовардҳои илм дар амалия, ҳамроҳи кардани онҳо ҳангоми татбиқ ва истифода дар истеҳсолот;

гузаронидани экспертизаи илмии муҳимтарин барномаҳои илми, илмию техники, иқтисодиву иҷтимои, фарҳанги ва лоиҳаҳои навовари;

мусоидат кардан ба истифодаи амалии комёбиҳои илми ҷаҳони;

дидани чорабиниҳо барои тайёр кардани кормандони илмии баландихтисос тавассути унвонҷӯи, аспирантура ва докторантура, баланд бардоштани ихтисоси олимон ва мутахассисон, аз ҷумла дар марказҳои илмии хориҷи.

Моддаи 7. Самтҳои асосии фаъолияти Академияи илмҳо

Самтҳои асосии фаъолияти Академияи илмҳо аз инҳо иборатанд:

иштирок дар ташкил ва татбиқи сиёсати давлатии илмию техники, таҳияи пешгӯиҳои комплексии тараққиёти илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар тайёр кардани маърузаи ҳарсола дар бораи вазъ ва пешомадҳои инкишофи илм дар ҷумҳури;

таҳия ва ташкили иҷрои барномаҳои давлатии таҳқиқоти бунёди, нақшаҳои ояндабини ва ҳарсолинаи муҳимтарин корҳои илмию таҳқиқоти дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, ба амал баровардани таҳқиқоти бунёди дар ташкилотҳои илмии Академияи илмҳо;

таъмини мутобиқати таҳқиқоти бунёди дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, аз ҷумла бо роҳи таъсис додани шӯроҳо, кумитаҳо, комиссияҳои илми оид ба проблемаҳои илмҳои табиатшиноси, техники, гуманитари, ҷамъияти ва санъат;

гузаронидан ва ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмии амали, иҷрои супоришҳои барномаҳои давлатии илмию техники, амали намудани кашфиёти таҷрибави-конструктори ва таҷрибави-технологи барои ба вуҷуд овардани намунаҳои техникаи нав, технологияҳои нав ва баланддараҷа;

ташкили иетеҳсолоти таҷрибавии маҳсулоти илмталаб, дигар сохторҳои навовари;

иштирок дар экспертизаи илмии муҳимтарин барномаҳои илми, илмию техники ва хоҷагии халқ ва лоиҳаҳои алоҳида, амали гардидани арзёбии илмии пешниҳодҳо оид ба тараққиёти иқтисоди, иҷтимоию сиёси ва маънавии ҷомеа, ҳифзи муҳити зист;

иштирок дар ташкили ҳамкории байналхалқии илмию техники;

таҳлил, чамъбаст ва мусоидат ба иcтифодаи амалии дастовардҳои илмии ҷаҳони;

муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои илми, ташкили хизматрасонии илми ва идора, тайёр кардани кормандони илми, соҳаи хизматрасонии иҷтимоии Академияи илмҳо;

бо тартиби муқарраршуда таҳия ва пешниҳод кардани лоиҳаи нақшаҳои маблағгузори ва таъминоти моддию техникии таҳқиқоти илми, инчунин маблағгузории асосии инкишофи ташкилотҳои илми ва дигар ташкилотҳои Академияи илмҳо;

мусоидати ҳамаҷониба барои баланд бардоштани сатҳи илмии низоми миллии маориф, тарғиб ва паҳн кардани донишҳои илми, иштирок дар тайёр намудани мутахассисон ва такмили ихтисоси профессорону муаллимони муассисаҳои олии таълими;

бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистoн амали гардонидани дигар ваколатҳо дар соҳаи илм ва ширкати илмию техники.

Моддаи 8. Батанзимдарории давлатии фаъолияти Академиям илмҳо

Академили илмҳо субъекти сиёсати давлатии илми ва илмию техникии Ҷумҳурии Точикистон мебошад. Таҳияи ҳамаи санадҳои қонунгузори оид ба масъалаҳои инкишофи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти фикру акидаи Академиям илмҳо сурат мегирад.

Давлат барои вазифаҳояшро иҷро кардани Академияи илмҳо шароит муҳайё месозад ва барои таъмини фаъолияти он бо тартиби муқарраршуда маблағ ҷудо мекунад.

Академияи илмҳо дар фаъолияти худ бо мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлати фаъолона ҳамкори менамояд. Аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияти Академияи илмҳо мансубанд, вай ҳуқуқ дорад ба ин мақомот, инчунин ташкилотҳо, муассисаҳо, ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита муроҷиат намояд, аз онҳо ба дархости худ ҷавоб гирад. Намояндагони ваколатдори Академияи илмҳо ҳангоми баррасии масъалаҳое, ки ба салоҳияти Академияи илмҳо мансубанд, ҳуқуқ доранд дар ҷаласаи мушовараҳо, шӯроҳои илмию техники ва дигар машваратҳои мақомоти ҷумҳуриявии мақомоти давлати иштирок намоянд.

Академияи илмҳо ӯҳдадор аст муроҷиати мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлатиро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти он мансубанд, барои барраси қабул кунад.

Фаъолияти Академияи илмҳо дар асоси пайвастани принсипҳои танзими давлатии фаъолияти илми ва худидораи илми ба амал бароварда мешавад, ки он бояд иҷрои самараноки вазифаҳои дар назди Академияи илмҳо гузошташуда, инкишофи имкониятҳои эҷодии олимон, амали гардидани ҷустуҷӯи озодонаи илмиро таъмин намояд.

Шаклҳо ва тартиби амали гардидани худидораи илмиро дар Академияи илмҳо Оинномаи он муайян мекунад.

Муносибатҳои вобаста ба барпо, ҳифз ва истифодаи моликияти зеҳни, натиҷаҳои фаъолияти илми, илмию техники ва навоварии Академияи илмҳо, ташкилотҳои илмии он ва кормандони алоҳидаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.

Моддаи 9. Ҳамкории Академияи илмҳо бо дигар субъектҳо ва иштирокчиёни фаъолияти илми, илмию техники ва навовари

Академияи илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи худ шаклу усулҳои фаъолияташро мустақилона муайян менамояд, дар асоси ба ҳамдигар муфид ва баробарҳуқуқ бо шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ташкилотҳои байналмилали ва хориҷи, ки таҳқиқоти илми мегузаронанд, онро дастгири мекунанд ё таҳқиқоти илми ва кашфиётҳоро дар амал татбиқ менамояд, аз ҷумла бо такя ба фаъолияти аъзои Академияи илмҳо, ки дар дигар муассисаҳо, ташкилотҳо кор мекунанд, ҳамкори менамояд.

Шаклҳои асосии ҳамкории Академияи илмҳо бо дигар субъектҳо ва иштирокчиёни фаъолияти илми, илмию техники ва навовари инҳо мебошанд:

иҷрои таҳқиқоти илми ва кашфиёт дар доираи барномаҳои якҷоя, нақшаҳо ва лоиҳаҳо;

ба иҷрои таҳқиқот ва кашфиёт дар ташкилотҳои илмии Академияи илмҳо ҷалб кардани олимон ва мутахассисон ташкилотҳои илми ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

иштироки олимон ва мутахассисони Академияи илмҳо дар иҷрои таҳқиқот ва кашфиёте, ки ташкилотҳои илми ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд;

иштироки олимони Академияи илмҳо дар тайёр кардани мутахассисон ва кормандони илмии баландихтисос дар ташкилотҳои илми ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ба ҳайати шӯроҳои илми, кумитаҳо ва комиссияҳое, ки Академияи илмҳо таъсис медиҳад, ҳамроҳ кардани олимон ва мутахассисони ташкилотҳои илми ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

гузаронидани сессияҳо, конференсияҳо, машваратҳо, симпозиумҳо, семинарҳои якҷояи илми ва илмию амали;

дар нашрияҳои даврии Академияи илмҳо ба табъ расондани натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимон.

Ташкилотҳои илми ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд доир ба самтҳои фаъолияти илмии худ аз рӯи ихтисосҳои эълоншуда номзадҳоро ба узвияти ҳақиқи (академики) ва узвияти вобастаи Академияи илмҳо пешбари намоянд. Тартиби пешбарии номзадҳоро аз ҷониби ташкилотҳои илми ва мактабҳои оли Оинномаи Академияи илмҳо муайян мекунад.

Академияи илмҳо ҳуқуқ дорад аз ташкилотҳои илми ва мактабҳои оли, ки аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳури таҳқиқоти бунёди ва амали мебаранд, дар бораи ҳолат ва натиҷаҳои таҳқиқоти бунёди ва амали ахборот талаб намояд ва ба даст оварад, якҷоя бо мақомоти болоии ин ташкилотҳои илми ва мактабҳои оли тафтиш гузаронад ва ба ҳолату дараҷаи таҳқиқоти бунёди ва амалии иҷрошаванда баҳо диҳад.

Барои амали гардонидани ҳамоҳангии таҳқиқоти бунёди ва амалии илми дар миқёси ҷумҳури дар назди Академияи илмҳо инҳо таъсис дода мешаванд:

Шӯрои ҳамоҳангсозии таҳқиқоти бунёди ва амали, ки ҳайат ва низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;

шабакаи шӯроҳои илми ва эксперти доир ба проблемаҳои гуногун. Академияи илмҳо метавонад барои бехтарин корҳои илми ба олимони ҷумҳури ва донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои Академияи илмҳоро таъсис диҳад ва супорад, инчунин барои бехтарин донишҷӯён ва аспирантҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон стипендияҳои махсус таъсис кунад.

БОБИ 2. АЪЗО ВА КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО, ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ОНҲО

Моддаи 10. Аъзои Академияи илмҳо

Аъзои ҳақиқи (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахри ва хориҷии Академияи илмҳо аъзои Академияи илмҳо мебошанд.

Олимон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар инкишофи илм саҳми калон гузоштанд, аъзои ҳақиқи (академикҳо), аъзои вобаста интихоб шуда метавонанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар тараққиёти иқтисодиёти милли, фарҳанг ва маориф саҳми калон гузоштаанд, мумкин аст аъзои фахри интихоб шаванд.

Олимон ва шахсиятҳои барҷастаи хориҷи аъзои хориҷи интихоб шуда метавонанд. Тартиб ва шартҳои интихоби аъзои ҳақиқи (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахри ва хориҷии Академияи илмҳоро Оинномаи он муайян мекунад.

Моддаи 11. ӯҳдадори ва ҳуқуқи аъзои Академиям илмҳо

Аъзои ҳақиқи (академикҳо) ва аъзои вобаста ӯҳдадоранд:

дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Академияи илмҳо гузошташуда фаъолона иштирок намоянд;

илмро бо роҳи таҳқиқоти шахсии илми, ташкили таҳқиқи дастҷамъии проблемаҳои илми ва роҳбарии илми ба ин таҳқиқот бо комёбиҳо ғани гардонанд;

ба татбиқи амалии дастовардҳои илм фаъолона мусоидат намоянд, барои тайёр кардани кормандони илми ва баланд бардоштани ихтисоси онҳо кор баранд;

супоришҳои Раёсати Академияи илмҳо ва шӯъбаҳои дахлдорро иҷро намоянд, инчунин дар кори маҷлиси умумии Академияи илмҳо ва маҷлисҳои умумии шӯъбаҳои дахлдор иштирок намоянд;

ба шӯъбаи дахлдори Академияи илмҳо дар бораи фаъолияти илмии худ ҳар сол ҳисоботи ҳатти пешниҳод кунанд.

Аъзои ҳақиқи (академикҳо) ва аъзои вобаста барои фарохам овардани шартҳо аз ҷониби Академияи илмҳо, ки барои гузаронидани корҳои шахсии илми ё шахсан ташкилкунандаи онҳо заруранд ва онҳоро шӯъбаи дахлдори Академияи илмҳо маъқул донистааст, ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

Аъзои фахри ва хориҷии Академияи илмҳо ҳуқуқ доранд дар ҷорабиниҳои умумиакадемии илми ва илмию ташкили иштирок кунанд, дар кори маҷлиси умумии Академияи илмҳо ва маҷлисҳои умумии шӯъбаҳо бо овози машварати иштирок намоянд.

Моддаи 12. Кормандони Академиям илмҳо

Тартиби киро кардан, ишғол намудани вазифаҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва масъулияти кормандони Академияи илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академияи илмҳо ва оинномаҳои ташкилотҳои он муайян карда мешавад.

БОБИ 3. МАҚОМОТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

Моддаи 13. Маҷлииси умумии Академияи илмҳо

Маҷлиси умумии Академияи илмҳо мақоми олии роҳбарикунандаи Академияи илмҳо мебошад ва ба ҳайати он аъзои ҳақиқи (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо дохил мешаванд.

Маҷлиси умумии Академияи илмҳо:

оинномаи Академияи илмҳоро қабул мекунад ва ба он тағйирот ва иловаҳо ворид мекунад;

проблемаҳои инкишофи илмро дар ҷумҳури муҳокима менамояд;

масъалаҳои дохилиакадемии дорои хусусияти илми ва ташкилиро муҳокима ва ҳал мекунад;

самтҳои таҳқиқоти илмиро дар соҳаи илмҳои табиатшиноси, техники, гуманитари ва иҷтимои муайян менамояд;

ҳисоботи Академияи илмҳоро тасдиқ мекунад, маърузаҳои Раёсат, шӯъбаҳо ва дигар ташкилотҳои Академияи илмҳо, инчунин аъзои онро мешунавад;

бо тартиби муайянкардаи Оинномаи Академияи илмҳо аъзои ҳақиқи (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахри ва хориҷии Академияи илмҳоро интихоб мекунад.

Маҷлиси умумии Академияи илмҳо аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як сол даъват карда мешавад.

Моддаи 14. Раёсати Академияи илмҳо

Раёсати Академияи илмҳо мақоми доимоамалкунандаи Академияи илмҳо буда, фаъолияти онро идора менамояд. Раёсат дар ҳайати Президент, ноиби Президент (ноибони Президент), саркотиби илми, академикҳо-котибони (раисони) шӯъбаҳои Академияи илмҳо ва дигар аъзои Раёсат ба миқдори муайянкардаи Маҷлиси умуми ташкил карда мешавад.

Аъзои Раёсатро Маҷлиси умумии Академияи илмҳо ба мӯҳлати панҷ сол интихоб мекунад. Тартиби пешбарии номзадҳо ва интихоби аъзои Раёсати Академияи илмҳо, вазифа ва ваколати онҳоро Оинномаи Академияи илмҳо муайян менамояд.

Раёсати Академияи илмҳо:

Маҷлиси умумии Академияи илмҳоро даъват мекунад;

дар бораи ташкил, навсози ва барҳам додани ташкилотҳои илми ва дигар ташкилотҳои Академияи илмҳо ба тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамояд;

оинномаҳои онҳоро тасдиқ мекунад, ба риоя намудани Оинномаи Академияи илмҳо аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳо ва шахсони мансабдори Академияи илмҳо назорат мебарад;

сметаи солонаи Академияи илмҳоро тасдиқ намуда, дурустии харҷи маблағҳои ҷудошударо назорат мекунад;

дигар вазифаю ваколатҳоро мутобиқи оинномаи Академияи илмҳо амали мегардонад;

дастгоҳи Раёсати Академияи илмҳо мақоми кории Раёсати Академияи илмҳо буда, дар асоси Низомномаи тасдиқкардаи Раёсати Академияи илмҳо амал мекунад. Роҳбари дастгоҳи Раёсати Академияи илмҳо аз рӯи вазифа саркотиби илмии Академияи илмҳо мебошад.

Моддаи 15. Президенти Академияи илмҳо

Президенти Академияи илмҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 266, аз 29.12.2010 № 678).

Президенти Академияи илмҳо:

ба Академияи илмҳо роҳбари мекунад ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Академияи илмҳо гузошташуда шахсан масъул аст;

дар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ватани ва байналмилали, ҷамъиятҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо аз Академияи илмҳо намояндаги менамояд;

ба кори Раёсати Академияи илмҳо роҳбари намуда ва дар ҷаласаҳои он раиси мекунад;

дар Маҷлиси умумии Академияи илмҳо раиси мекунад;

аз рӯи вазифа Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии таҳқиқоти бунёди мебошад;

дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;

ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти илми, илмию таҳқиқотии Академияи илмҳо ҳисобот пешниҳод мекунад.

Моддаи 16. Шӯъбаҳои Академияи илмҳо

Шӯъбаҳои Академияи илмҳо воҳидҳои асосии илми ва илмию ташкили буда, ташкилотҳои илмии Академияи илмҳо, инчунин олимони як ё якчанд соҳаи илмро муттаҳид менамояд. Шумора ва сохтори ташкилии шӯъбаҳоро Оинномаи Академияи илмҳо муайян мекунад.

Ба фаъолияти шӯъба академик-котиби шӯъба роҳбари мекунад, ки ӯро Маҷлиси умумии шӯъба аз байни аъзои ҳақиқи (академикҳо) ё аъзои вобаста ба мӯҳлати панҷ сол интихоб менамояд ва маҷлиси умумии Академияи илмҳо ба вазифа тасдиқ мекунад.

Фаъолияти шӯъбаҳои Академияи илмҳо, ҳуқуқу ӯҳдадории академик-котиби шӯъбаро Оинномаи Академияи илмҳо танзим мекунад.

БОБИ 4. ТАШКИЛОТҲОИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

Моддаи 17. Ташкилотҳои илмии Академияи илмҳо

Акдемияи илмҳо дар ҳайати худ ташкилотҳои илми-институтҳои илми-тадқиқоти, филиалҳо, марказҳо ва дигар ташкилотҳо дорад, ки онҳо шахсони ҳуқуқи буда, дар асоси оинномаҳои тасдиқкардаи Раёсати Академияи илмҳо амал мекунанд. Оинномаҳои ташкилотҳои илми на бояд мухолифи Оинномаи Академияи илмҳо бошанд.

Моддаи 18. Дигар ташкилотҳои Академияи илмҳо

Барои таъмини фаъолияти илми, илмию техники, навовари, илмию ташкили, ахбороти, патентию литсензиони, метрологи, таҳририю нашри, хоҷаги ва дигар фаъолият дар ҳайати Академияи илмҳо ташкилотҳои таҷрибави, таҷрибавию конструктори, татбиккуни, хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимои, инчунин дигар ташкилоту корхонаҳо таъсис ёфтанашон мумкин аст, ки онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академияи илмҳо ва оинномаҳои худ амал мекунанд.

БОБИ 5. ВОСИТАҲОИ МОЛИЯВИ ВА АМВОЛИ АКАДЕМИЯМ ИЛМҲО

Моддаи 19. Воситаҳои молиявии Академияи илмҳо

Воситаҳои молиявии Академияи илмҳо аз ҳисоби инҳо ташкил меёбанд:

маблағи буҷетҳои ҷумҳурияви ва маҳалли, ки барои фаъолияти илми, илмию техники ва навовари равона карда мешавад;

маблағи фондҳои таъиноти махсус;

даромад аз фаъолияти хоҷагии Академияи илмҳо, аз ҷумла аз ҳисоби ҳиссаҷудокуни аз фоидаи корхонаҳои тиҷорати, ки бо иштироки Академияи илмҳо таъсис дода шудаанд;

саҳмияҳои ихтиёри ва хайрияҳои корхонаҳо, ташкилотҳо, фондҳо ва шахсони алоҳида, аз ҷумла хориҷиён;

дигар манбаъҳои манъ накардаи қонун.

Маблағҳои буҷет, ки барои бо пул таъмин кардани фаъолияти илми ва илмию техники пешбини шудаанд, ба мақсадҳои зерин истифода бурда мешаванд:

гузаронидани таҳқиқотҳои бунёди;

иҷрои барномаҳои илмию техники ва лоиҳаҳои навовари;

тайёр кардан ва такмил додани ихтисоси кадрҳои илми;

равнақу ривоҷи моддию техникии Академияи илмҳо ва ташкилотҳои он;

таъминоти ташкилии фаъолияти Академияи илмҳо, нигоҳ доштани Раёсати Академияи илмҳо ва китобхонаи марказии илми;

пардохти ҳармоҳаи иловапули барои унвонҳои илмии узви ҳақиқи (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳо ва дараҷаҳои илми;

тайёр ва нашр кардани адабиёти илмию техники ва илмию методи;

гузаронидани чорабиниҳои илми ва илмию амали;

ҳамкории байналмилалии илмию техники дар асоси шартномаҳои байналмилали;

пардохти хароҷоти иҷтимои (барои табобат, пешгирии бемориҳо, мустаҳкам кардани саломатии кормандон, додани қарзҳои имтиёзнок барои ҳалли масъалаҳои иҷтимои);

бо маблағ таъмин намудани хароҷоти вобаста ба муҳокимаи корҳое, ки барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника пешбари мешаванд;

бо маблағ таъмин намудани хароҷоти вобаста ба муҳокимаи корҳое, ки барои гирифтани мукофотҳои таъсисдодаи Академияи илмҳо пешбари мешаванд ва пардохти ин мукофотҳо;

додани стипендияҳои махсуси Академияи илмҳо барои бехтарин донишҷӯён ва аспирантҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маблағҳои буҷет инчунин бо мақсадҳои зерин истифода шуда метавонанд:

нигоҳ доштани объектҳои соҳаи иҷтимои;

бо маблағ таъмин кардани сохтмони асосии объектҳои таъиноти илмию истеҳсоли ва иҷтимои;

мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Академияи илмҳо додани субсидияи якдафъинаи беподош барои сохтан (аз нав сохтан) ё харидани манзилгоҳ.

Академияи илмҳо воситаҳои молиявиро мутобиқи қарори Раёсати он истифода мебарад. Маблағҳое, ки то охири соли ҷори харҷ нанамудаанд, барои истифода дар соли оянда нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 20. Амволи Академияи илмҳо

Амволи Академияи илмҳо ба моликияти ҷумҳурияви мансуб буда дар идораи оперативии Академияи илмҳо қарор дорад.

Ихтиёрдори кардани амволи ташкилотҳои давлатии илмии Академияи илмҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Объектҳои бештар қиматбаҳои илми, ки дар ихтиёр ва истифодабарии Академияи илмҳо қарор дошта, аҳамияти умумидавлати доранд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст сарвати милли эълон карда шаванд.

БОБИ 6. ҲУҚУҚҲОИ АЛОҲИДАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

Моддаи 21. Унвонҳои илмии академи

Академияи илмҳо ҳуқуқ дорад унвонҳои зерини илмии академи диҳад:

Узви ҳақиқии (академики) Академияи илмҳои Тоҷикистон;

Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Додани ин унвонҳо аз рӯи натиҷаи интихобот, ки мувофиқи Оинномаи Академияи илмҳо гузаронда мешавад, сурат мегирад. Ба аъзои ҳақиқи (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо, инчунин нафақахурҳое, ки ин унвонҳоро доранд, барои унвонҳои илмии академи иловапулии ҳармоҳа муқаррар карда мешавад, ки ҳаҷми онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Аъзои ҳақиқи (академикҳо) ва аъзои вобаста, ки мансубияташон ба академияи илмҳои мушаххас дода нашудааст, ҳуқуқ доранд танҳо аъзои ҳақиқи (академикҳо) ва аъзои вобастаи академияи илмҳои Тоҷикистон номида шаванд.

Моддаи 22. Бойгониҳои илмии Академияи илмҳо

Академияи илмҳо дар бойгонии илмии Академия ва бойгониҳои ташкилотҳои илмии он дастнависи олимон, ходимони адбиёт, фарҳанг ва санъат, инчунин маводи бойгонии ташкилотҳои Академияи илмҳо ва дигар маводро, ки барои таърихи илм гаронбаҳо мебошанд, маҳфуз медорад.

Академияи илмҳо дар бораи таркиб ва мундариҷаи ҳуқуқҳои бойгонии Академияи илмҳо ва бойгониҳои ташкилотҳои илмии он ба мақсади ба маҷмӯаи фонди давлатии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани маълумотҳо дар бораи онҳо ба мақомоти дахлдори ҷумҳурияви ахборот пешниҳод менамояд.

Моддаи 23. Фаъолияти нашри ва нашрияҳои Академияи илмҳо

Академияи илмҳо ба фаъолияти нашри, аз ҷумла нисбати нашрияҳои расмии даври, инчунин ба мубодилаи нашрияҳо бо ташкилотҳои илми ва мактабҳои оли, китобхонаҳо ва осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷи тибқи қонунгузории ҷори ҳуқуқ дорад.

Академияи илмҳо ҳар сол нашрияҳои расмии илмии даври ба табъ мерасонад. Академияи илмҳо ва ташкилотҳои илмие, ки ба ҳайати он дохил мешаванд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори дигар нашрияҳои даври чоп карда метавонанд.

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

10 майи соли 2002 № 52

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АКАДЕМИЯМ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Президенти Академияи илмҳоро маҷлиси умумии Академияи илмҳо бо овоздиҳии пинҳони аз байни аъзои ҳақиқи (академикҳо) ба мӯҳлати панҷ сол интихоб мекунад.

Президенти Академияи илмҳо:

ба Академияи илмҳо роҳбари мекунад ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Академияи илмҳо гузошташуда шахсан масъул аст;

дар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ватани ва байналмилали, ҷамъиятҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо аз Академияи илмҳо намояндаги менамояд;

ба кори Раёсати Академияи илмҳо роҳбари намуда ва дар ҷаласаҳои он раиси мекунад;

дар Маҷлиси умумии Академияи илмҳо раиси мекунад;

аз рӯи вазифа Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии таҳқиқоти бунёди мебошад;

дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;

ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти илми, илмию таҳқиқотии Академияи илмҳо ҳисобот пешниҳод мекунад.

Моддаи 16. Шӯъбаҳои Академияи илмҳо

Шӯъбаҳои Академияи илмҳо воҳидҳои асосии илми ва илмию ташкили буда, ташкилотҳои илмии Академияи илмҳо, инчунин олимони як ё якчанд соҳаи илмро муттаҳид менамояд. Шумора ва сохтори ташкилии шӯъбаҳоро Оинномаи Академияи илмҳо муайян мекунад.

Ба фаъолияти шӯъба академик-котиби шӯъба роҳбари мекунад, ки ӯро Маҷлиси умумии шӯъба аз байни аъзои ҳақиқи (академикҳо) ё аъзои вобаста ба мӯҳлати панҷ сол интихоб менамояд ва маҷлиси умумии Академияи илмҳо ба вазифа тасдиқ мекунад.

Фаъолияти шӯъбаҳои Академияи илмҳо, ҳуқуқу ӯҳдадории академик-котиби шӯъбаро Оинномаи Академияи илмҳо танзим мекунад.

БОБИ 4. ТАШКИЛОТҲОИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

Моддаи 17. Ташкилотҳои илмии Академияи илмҳо

Акдемияи илмҳо дар ҳайати худ ташкилотҳои илми-институтҳои илми-тадқиқоти, филиалҳо, марказҳо ва дигар ташкилотҳо дорад, ки онҳо шахсони ҳуқуқи буда, дар асоси оинномаҳои тасдиқкардаи Раёсати Академияи илмҳо амал мекунанд. Оинномаҳои ташкилотҳои илми на бояд мухолифи Оинномаи Академияи илмҳо бошанд.

Моддаи 18. Дигар ташкилотҳои Академияи илмҳо

Барои таъмини фаъолияти илми, илмию техники, навовари, илмию ташкили, ахбороти, патентию литсензиони, метрологи, таҳририю нашри, хоҷаги ва дигар фаъолият дар ҳайати Академияи илмҳо ташкилотҳои таҷрибави, таҷрибавию конструктори, татбиккуни, хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимои, инчунин дигар ташкилоту корхонаҳо таъсис ёфтанашон мумкин аст, ки онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академияи илмҳо ва оинномаҳои худ амал мекунанд.

БОБИ 5. ВОСИТАҲОИ МОЛИЯВӢ ВА АМВОЛИ АКАДЕМИЯМ ИЛМҲО

Моддаи 19. Воситаҳои молиявии Академияи илмҳо

Воситаҳои молиявии Академияи илмҳо аз ҳисоби инҳо ташкил меёбанд:

маблағи буҷетҳои ҷумҳурияви ва маҳалли, ки барои фаъолияти илми, илмию техники ва навовари равона карда мешавад;

маблағи фондҳои таъиноти махсус;

даромад аз фаъолияти хоҷагии Академияи илмҳо, аз ҷумла аз ҳисоби ҳиссаҷудокуни аз фоидаи корхонаҳои тиҷорати, ки бо иштироки Академияи илмҳо таъсис дода шудаанд;

саҳмияҳои ихтиёри ва хайрияҳои корхонаҳо, ташкилотҳо, фондҳо ва шахсони алоҳида, аз ҷумла хориҷиён;

дигар манбаъҳои манъ накардаи қонун.

Маблағҳои буҷет, ки барои бо пул таъмин кардани фаъолияти илми ва илмию техники пешбини шудаанд, ба мақсадҳои зерин истифода бурда мешаванд:

гузаронидани таҳқиқотҳои бунёди;

иҷрои барномаҳои илмию техники ва лоиҳаҳои навовари;

тайёр кардан ва такмил додани ихтисоси кадрҳои илми;

равнақу ривоҷи моддию техникии Академияи илмҳо ва ташкилотҳои он;

таъминоти ташкилии фаъолияти Академияи илмҳо, нигоҳ доштани Раёсати Академияи илмҳо ва китобхонаи марказии илми;

пардохти ҳармоҳаи иловапули барои унвонҳои илмии узви ҳақиқи (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳо ва дараҷаҳои илми;

тайёр ва нашр кардани адабиёти илмию техники ва илмию методи;

гузаронидани чорабиниҳои илми ва илмию амали;

ҳамкории байналмилалии илмию техники дар асоси шартномаҳои байналмилали;

пардохти хароҷоти иҷтимои (барои табобат, пешгирии бемориҳо, мустаҳкам кардани саломатии кормандон, додани қарзҳои имтиёзнок барои ҳалли масъалаҳои иҷтимои);

бо маблағ таъмин намудани хароҷоти вобаста ба муҳокимаи корҳое, ки барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника пешбари мешаванд;

бо маблағ таъмин намудани хароҷоти вобаста ба муҳокимаи корҳое, ки барои гирифтани мукофотҳои таъсисдодаи Академияи илмҳо пешбари мешаванд ва пардохти ин мукофотҳо;

додани стипендияҳои махсуси Академияи илмҳо барои бехтарин донишҷӯён ва аспирантҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маблағҳои буҷет инчунин бо мақсадҳои зерин истифода шуда метавонанд:

нигоҳ доштани объектҳои соҳаи иҷтимои;

бо маблағ таъмин кардани сохтмони асосии объектҳои таъиноти илмию истеҳсоли ва иҷтимои;

мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Академияи илмҳо додани субсидияи якдафъинаи беподош барои сохтан (аз нав сохтан) ё харидани манзилгоҳ.

Академияи илмҳо воситаҳои молиявиро мутобиқи қарори Раёсати он истифода мебарад. Маблағҳое, ки то охири соли ҷори харҷ нанамудаанд, барои истифода дар соли оянда нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 20. Амволи Академияи илмҳо

Амволи Академияи илмҳо ба моликияти ҷумҳурияви мансуб буда дар идораи оперативии Академияи илмҳо қарор дорад.

Ихтиёрдори кардани амволи ташкилотҳои давлатии илмии Академияи илмҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Объектҳои бештар қиматбаҳои илми, ки дар ихтиёр ва истифодабарии Академияи илмҳо қарор дошта, аҳамияти умумидавлати доранд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст сарвати милли эълон карда шаванд.

БОБИ 6. ҲУҚУҚҲОИ АЛОҲИДАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

Моддаи 21. Унвонҳои илмии академи

Академияи илмҳо ҳуқуқ дорад унвонҳои зерини илмии академи диҳад:

Узви ҳақиқии (академики) Академияи илмҳои Тоҷикистон;

Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Додани ин унвонҳо аз рӯи натиҷаи интихобот, ки мувофиқи Оинномаи Академияи илмҳо гузаронда мешавад, сурат мегирад. Ба аъзои ҳақиқи (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо, инчунин нафақахурҳое, ки ин унвонҳоро доранд, барои унвонҳои илмии академи иловапулии ҳармоҳа муқаррар карда мешавад, ки ҳаҷми онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Аъзои ҳақиқи (академикҳо) ва аъзои вобаста, ки мансубияташон ба академияи илмҳои мушаххас дода нашудааст, ҳуқуқ доранд танҳо аъзои ҳақиқи (академикҳо) ва аъзои вобастаи академияи илмҳои Тоҷикистон номида шаванд.

Моддаи 22. Бойгониҳои илмии Академияи илмҳо

Академияи илмҳо дар бойгонии илмии Академия ва бойгониҳои ташкилотҳои илмии он дастнависи олимон, ходимони адбиёт, фарҳанг ва санъат, инчунин маводи бойгонии ташкилотҳои Академияи илмҳо ва дигар маводро, ки барои таърихи илм гаронбаҳо мебошанд, маҳфуз медорад.

Академияи илмҳо дар бораи таркиб ва мундариҷаи ҳуқуқҳои бойгонии Академияи илмҳо ва бойгониҳои ташкилотҳои илмии он ба мақсади ба маҷмӯаи фонди давлатии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани маълумотҳо дар бораи онҳо ба мақомоти дахлдори ҷумҳурияви ахборот пешниҳод менамояд.

Моддаи 23. Фаъолияти нашри ва нашрияҳои Академияи илмҳо

Академияи илмҳо ба фаъолияти нашри, аз ҷумла нисбати нашрияҳои расмии даври, инчунин ба мубодилаи нашрияҳо бо ташкилотҳои илми ва мактабҳои оли, китобхонаҳо ва осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷи тибқи қонунгузории ҷори ҳуқуқ дорад.

Академияи илмҳо ҳар сол нашрияҳои расмии илмии даври ба табъ мерасонад. Академияи илмҳо ва ташкилотҳои илмие, ки ба ҳайати он дохил мешаванд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори дигар нашрияҳои даври чоп карда метавонанд.

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 10 майи соли 2002 № 52

ш. Душанбе