Конвенсияи манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зидди қушуни пиёдагард ва нобудсозии онҳо аз 18 сентябри соли 1997
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 апрели соли 2003 тасдиқ намуд.
Муқаддима
Давлатҳои аъзо,
ба азми қатъи ҷиҳати хотима бахшидан ба азобу бадбахтиҳое, ки таркиши минаҳои зидди қӯшуни пиёдагард меорад ва ҳар ҳафта садҳо одамон, асосан бегуноҳон - шахсони ғайринизоми ва шаҳрвандони ҳифзнашуда ва дар навбати аввал кӯдаконро нобуд ва маҷрӯҳ месозад, ба рушди иқтисоди ва барқарорсози монеъ мегардад, ба ватан баргаштани гурезагон ва шахсони дар дохили кишвар ба дигар маҳал кӯчонидашударо мушкил месозад ва дар тӯли солҳои зиёди баъди гузоштани онҳо дигар оқибатҳои вазнин меоранд,
бо зарур донистани андешидани тамоми чораҳо, то ки ба тарзи самаранок ва ҳамоҳанг ба ҳалли вазифаи мураккаби тоза кардани минаҳои зидди қӯшуни пиёдагарди дар тамоми ҷаҳон гузошташуда мусоидат кардан ва таъмин намудани нобудсозии онҳо,
бо хоҳиши ҳадди аксар мусоидат намудан ба саъю кӯшишҳо баҳри нигоҳубин ва офиятбахши, аз ҷумла ҳамгироии иҷтимоии шахсони аз минаҳо зарардида,
бо эътирофи он, ки манъи пурраи минаҳои зидди қӯшуни пиёдагард чораи муҳими таҳкими бовари хоҳад буд,
бо ҷонибдори аз қабули Протоколи 3 майи соли 1996 ислоҳшуда оид ба манъ ё маҳдуд сохтани истифодаи минаҳо, мина-қапқонҳо ва дигар дастгоҳҳо (-и тарканда), ки ба Конвенсияи манъ ё маҳдуд сохтани истифодаи навъҳои мушаххаси силоҳи муқаррари, ки метавонанд расонандаи зиёни фавқулодда ё дорои таъсири ғайриинтихоби ҳисобида шаванд замима гардидааст, инчунин тамоми давлатҳоеро, ки ҳанӯз ин Протоколро тасдиқ накардаанд, ба ҳарчи зудтар тасдиқ кардани он даъват намуда,
ҳамчунин бо ҷонибдори аз резолютсияи 51/45 S Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 10 декабри соли 1996, ки дар он аз тамоми давлатҳо қотеона даъват шудааст, дар мавриди созишномаи байналмилалии самараноки дорои эътибори ҳатмии ҳуқуқи оид ба манъи истифода, захирасози, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зидди қӯшуни пиёдагард фаъолона кор кунанд.
минбаъд бо ҷонибдори аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда - чи дар асоси якҷониба ва чи дар асоси бисёрҷониба - бо мақсади манъ, маҳдуд ё муваққатан қатъ намудани истифода, захирасози, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зидди қӯшуни пиёдагард,
бо таъкид аз нақшаи афкори ҷомеа дар таҳкими принсипҳои башардӯсти, ки даъват баҳри пурра манъ намудани минаҳои зидди қӯшуни пиёдагард гувоҳи он мебошад ва бо хотирнишон намудан аз кӯшишҳое, ки бо ин мақсад Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Созмони байналмилали оид ба манъи минаҳои замини ва бисёр дигар ташкилотҳои ғайриҳукумати дар тамоми ҷаҳон ба харҷ медиҳанд,
бо истинод ба Эъломияи Оттава аз 5 октябри соли 1996 ва Эъломияи Брюссел аз 27 июни соли 1997, ки дар онҳо қотеона аз ҷомеаи ҷаҳони даъват шудааст, созишномаи байналмилалии дорои эътибори ҳатмии ҳуқуқи оид ба манъи истифода, захирасози, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зидди қӯшуни пиёдагардро ба имзо расонанд,
бо таъкид аз зарурати таъмини ҳароҳшавии тамоми давлатҳо ба ин Конвенсия ва бо азми қатъи ҷиҳати фаъолона мусоидат намудан баҳри ба он додани хислати умуми дар тамоми форумҳои (анҷуманҳои) марбута, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Конференсия оид ба халъи силоҳ, созмону иттиҳодияҳои минтақави ва конференсияҳо оид ба баррасии амали Конвенсияи манъ ё маҳдуд сохтани истифодаи навъҳои мушаххаси силоҳи муқаррари, ки метавонанд расонандаи зиёни фавулодда ё дорои таъсири ғайриинтихоби ҳисобида шаванд ва бо дарназардошти принсипи ҳуқуқи гуманитарии байналмилали, ки тибқи он ҳуқуқи тарафҳо дар низои мусаллаҳона ба интихоб намудани усул ва воситаҳои пешбурди ҷанг маҳдуд намебошад, принсипи дар низоъҳои мусаллаҳона манъ намудани истифодаи силоҳ, гулулаҳо (снарядҳо), воситаҳо ва усулҳои пешбурди ҷанг, ки метавонанд зиёни фавқулодда расонанд ё азоби зиёдати оранд, инчунин принсипе, ки дар асоси он дар байни шахсони ғайринизоми ва ҷангиён фарқ гузошта шавад,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
...