×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002, № 80 "Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ"

Санаи амалкуни: 02.01.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТЕАТР ВА ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 723; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1012)

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478, аз 2.01.2018 № 1485)

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар ҷараёни офаридан ва ба тарзи мустақим пешниҳод намудани намоишномаҳои театрӣ ба миён меоянд, ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти театрӣ, ҳамчунин шаклҳои дастгирии давлатии онро муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478).

Боби 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478)

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478):

театр - муассисаест, ки фаъолияти асосии он офаридан ва ба тамошобин ба тарзи зинда пешниҳод ва иҷро намудани намоишномаҳои театри, дигар намоишномаҳо мебошад;

ташкилоти театри - ташкилотест, ки мақсади асосии он таъмини фаъолияти театрҳо ва ё фаъолияти кормандони эҷодии театрҳо мебошад;

театри ғайритиҷорати, ташкилоти театрии ғайритиҷорати - театр, ташкилоти театрие, ки дар заминаи яке аз шаклҳои ташкили - ҳуқуқии барои ташкилотҳои ғайритиҷорати пешбиникардаи қонунгузории граждани таъсис дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478);

театри тиҷорати, ташкилоти театрии тиҷорати - театр, ташкилоти театрие, ки дар заминаи яке аз шаклҳои ташкили - ҳуқуқии барои ташкилотҳои тиҷорати пешбиникардаи қонунгузории граждани таъсис дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478);

театри давлати, ташкилоти театрии давлати - театр, ташкилоти театрие, ки онро мақоми ваколатдори ҳокимияти давлати таъсис додааст;

театр, ташкилоти театрии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот -театр, ташкилоти театрие, ки онро мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мустақилона ё бо иштироки субъектҳои ҳуқуқи граждани таъсис додааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1485).

театри ғайридавлати, ташкилоти театрии ғайридавлати - театр, ташкилоти театрие, ки субъектҳои ҳуқуқи граждани бе иштироки мақомоти ҳокимияти давлати таъсис додаанд;

фаъолияти театри - фаъолият ҷиҳати офаридан, паҳн гардонидан ва нигоҳ доштани асарҳои санъати театри (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478);

намоишномаи театри - асари санъати театри, ки дар асоси асари драмави ё мусиқи - драмави офарида шуда, ғояи умуми ва номи мушаххас дорад;

спектакл - ба тарзи зинда иҷро ва пешниҳоди намоишномаи театри;

- таҳиягар (режиссёр-таҳиягар, балетмейстер-таҳиягар, дирижёртаҳиягар, хормейстер-таҳиягар, рассом-таҳиягар) - шахсе, ки мустақилона намоиши театрӣ ё қисми алоҳидаи онро амалӣ мегардонад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1485);

продюсер - театр, дигар шахси ҳуқуқи ё воқеи, ки намоишномаи театриро тайёр ва бо маблағ таъмин менамояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи театр ва фаъолияти театри

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1485).

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478)

Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478).

Қонуни мазкур ба ҳамаи театрҳо, ташкилотҳои театрии амалкунанда ва театру ташкилотҳои нави театрии таъсисшаванда, инчунин дигар ташкилотҳое, ки мутобиқи оинномаҳои худ фаъолияти театриро ба ҷо меоваранд, паҳн мегардад.

Амали Қонуни мазкур ба муносибатҳое, ки бо қонунгузории оид ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он танзим мешаванд, паҳн намегардад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478).

Моддаи 4. Мақсад ва вазифаҳои Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, инчунин шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванд ба озодии эҷодиёти бадеи, иштирок дар фаъолияти театри, истифода аз хизмати театрҳо ва ташкилотҳои театри, дастрас гардонидани асарҳои санъати театри мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1485).

Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:

- нигоҳдории хусусияти хоси маданияти театри, инкишофи равобити фарҳангии байналмилали;

- фароҳам овардани кафолатҳои ҳуқуқи барои нигоҳдории низоми таърихан ташаккулефтаи театрҳои давлати, инкишоф додани театрҳои шаклҳои дигари ташкили ва шаклҳои моликият, татбиқ кардани лоиҳаҳои навоварона дар соҳаи фаъолияти театри;

- ҳимояи ҳуқуқи таҳиягарон ва ҳунарпешагон барои намоишномаи театри, батадриҷ амали гардонидани сиёсати ҳимояи давлати нисбати санъати театри, кормандони эҷодии театрҳо ва дигар ташкилотҳое, ки мутобиқи оинномаҳои худ фаъолияти театриро амали мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478);

- таъминоти молиявию иқтисодии фаъолияти театрҳо, низоми ҳимояи иҷтимоии кормандони театрҳо, муҳайё сохтани шароит барои нав гардонидани ҳайатҳои эҷодии театрҳо.

Моддаи 5. Сиёсати давлати дар соҳаи театр ва фаъолияти театри

Сиёсати давлати дар соҳаи театр ва фаъолияти театри қисми таркибии сиёсати фарҳангии давлат буда, ба эътирофи нақши нодири театр чун унсури ҷудонашавандаи фарҳанг, воситаи нигоҳдории худогоҳии милли ва забонҳои халқҳо, яке аз муассисаҳои иҷтимоие, ки барои инкишофи ҷомеа аҳамияти калон дорад, асос меёбад.

Сиёсати давлати дар соҳаи театр ва фаъолияти театри ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- мусодиранашаванда ва мансубияти ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар шаҳрванд дар соҳаи эҷодиети театри ва ҷалбкуни ба санъати театр;

- эътирофи нодир будани истеъдод ва масъулияти давлат баҳри муҳайё намудани шароит барои татбиқ ва дархости он;

- мустақилияти театрҳо ва ташкилотҳои театри, ҳуқуқи онҳо ба дастгирии давлати, ҳамкории театрҳои ватани ва ҷаҳони.

Моддаи 6. Мақсад ва намудҳои асосии фаъолияти театр

Мақсади фаъолияти театр инкишофи санъати театри, ташаккул додан ва қонеъ гардонидани талаботи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санъати саҳнави мебошад.

Намудҳои асосии фаъолияти театри инҳоянд:

- офаридан ва намоиш додани намоишномаҳои театри, дигар асарҳои санъати театри дар саҳнаи (саҳнаҳои) асоси, гастролҳо ва сафарҳои ҳунари, фурӯши чиптаҳо барои чорабиниҳои мазкур;

- тайёр намудани намоишномаҳои театри, консертҳо дар асоси шартномаҳо бо шахсони ҳуқуқи вa воқеи барои намоиш додан дар саҳнаҳои хусуси ё ба иҷора гирифтаи онҳо, тавассути телевизион, радио, ба наворгирии кино, видео ва дигар маводи сабт дар сурати риояи ҳуқуқи муаллифон ва иҷрокунандагони нақшхо (партияҳо) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478);

- ташкили дигар чорабиниҳои дорои хусусияти бадеи - эҷоди, ки бо имкониятҳои худ ё имкониятҳои коллективҳои даъватшуда ва иҷрокунандагони даъватшуда гузаронида мешаванд;

- гузаронидани таҷрибаомузии кормандони касбҳои эҷодии театри бо устодон ва ходимони намоёни театр;

- дар асоси шартномаҳо расонидани хизмат ба ташкилотҳо оиди басаҳнагузори, воситаҳои басаҳнагузори барои гузаронидани спектаклҳо, консертҳо, намоишномаҳо;

- аз рӯи фармоиши шахсони ҳуқуқи ва воқеи тайёр кардани ашёи ороиши бадеии намоишҳои театри, консертҳо ва намоишномаҳо;

- ба театрҳои дигар пешниҳод намудани саҳнаҳои худ барои гузаронидани гастролҳою сафарҳои ҳунари, лоиҳаҳо ва барномаҳои якҷояи театри;

- омода кардан, муайян намудани адади нашр ва фурӯши маводи иттилооти - маълумоти ва рекламави, нусхаҳои маводи видео ва сабти овоз, ки ба фаъолияти бадеи - эҷодии театр вобаста аст, дар сурати риояи ҳуқуқи муаллифон ва иҷрокунандагони нақшҳо (партияҳо) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он;

БОБИ 2. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ТЕАТР ВА ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРИ

Моддаи 7. Мазмун, шакл ва тарзҳои дастгирии фаъолияти театри аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478, (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1485)

Тарзҳои асосии дастгирии давлатии фаъолияти театри инҳо мебошанд:

- фароҳам овардани шароит барои инкишофи фаъолияти театри, васеъ шудани шабакаи театрҳо, пеш аз ҳама театрҳо барои кӯдакон;

- ҷудо кардани маблағҳо барои сохтан, аз нав сохтан ва таъмири асосии биноҳо ва иншооти театрҳо, навсозии таҷҳизот, пурра ё қисман маблағгузори кардани театрҳои давлати (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478);

- дар асоси озмун барои аз ҷониби театрҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқ ва молияви иҷро намудани фармоишҳои эҷодии мақсаднок, лоиҳаҳои алоҳида ва чорабиниҳое, ки дигар барномаҳои мақсаднок низ дар соҳаи фарҳанг ва санъат пешбини кардаанд, инчунин ҷудо намудани субвенсияҳо ба театрҳое, ки нисбати табакаҳои аз ҷиҳати иҷтимои ҳимоянашудаи аҳоли сиёсати имтиёзноки нархиро ба амал мегузаронанд;

- иштирок дар ташкил ва маблағгузории фестивалҳо ва озмунҳо байналмилали, байниминтақави ва минтақавии театрҳо, мубодилаи байналмилалии театрҳо (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478);

- ҳар сол ҷудо кардани маблағгузори аз буҷет барои офаридан ва харидани асарҳои драмави ва мусиқи - драмави, аз рӯи ин асарҳо намоиш додани спектаклҳо, амали гардонидани фаъолияти гастроли;

- таъсис додани стипендияҳо ва мукофотҳои давлати барои ходимони барҷастаи театр муаллифон ва иҷрокунандагони ҷавони боистеъдод, ки барои офаридани асарҳои нави санъати театри мусоидат менамоянд;

- мусоидат кардан ба тарғиботи санъати театри дар васитаҳои давлатии ахбори омма (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1485).

Мақомоти ҳокимияти давлати барои дар муассисаҳои таълимии маълумоти миёна ва олии касби тайёр кардани ҳунарпешагон, режиссерҳо, балетмеёстерҳо, мунаққидони театр, дигар мутахассисони касбҳои театри, дар пажӯҳишгоҳҳои илмии соҳави гузаронидани таҳқиқоти соҳаи санъати театри аз буҷет маблағи зарури ҷудо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478).

Маблағ барои мақсадҳое, ки қисми 2 моддаи 6 Қонуни мазкур ва қисми моддаи мазкур пешбини шудааст, ҳар сол дар буҷетҳои дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба буҷет пешбини карда мешавад.

Моддаи 8. Танзими зиддимонополии фаъолияти театри

Мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии зиддимонополи ва фароҳам овардани муҳити рақобати дар соҳаи фаъолияти театри тадбирҳои зеринро ба амал мебароранд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1485):

- барои татбиқи лоиҳаҳои навоварона дар соҳаи санъати театри грантҳои махсус ҷудо мекунад;

- барои барпо кардани системаи майдончаҳои озоди намоиши ва дар асоси озмун ба мӯҳлати маҳдуд ба театрҳо ва ташкилотҳои театрии ғайридавлати додани онҳо мусоидат менамоянд;

- дастгирии эҷодкорони ҷавон, коллективҳои навташкили эҷодиро таъмин мекунанд.

Моддаи 9. Мақомоти ҳокимияти давлати ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳо

Мақомоти ҳокимияти давлати:

- ба фаъолияти Иттифоқи ходимони театр ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳо, инчунин иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои) онҳо мусоидат менамоянд;

- ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳо имконият фароҳам меоваранд, ки дар таҳияи сиёсати давлатии соҳаи фарҳанг иштирок намоянд, ҳангоми таҳияи чорабиниҳои соҳаи шуғл, тайёрии касби, шароити меҳнат ва муҳофизати он, ҳимояи иҷтимоии кормандони театр бо онҳо маслиҳат мекунанд;

Иттифоқи ходимони театр ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳоро бо роҳи маблағгузории мақсадноки барномаҳои алоҳида, дар асоси озмунҳо ҷойгиркунии дархостҳо аз ҷониби театрҳо барои иҷро кардани лоиҳаҳо ва чорабиниҳои алоҳидае, ки ба барномаҳои мақсадноки соҳаи фарҳанг ва санъат пешбини шудаанд, дастгири менамоянд.

Дахолати мақомоти ҳокимияти давлати ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолита иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳо, хамчунин дахолати иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳо ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати ва шахсони мансабдори онҳо роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст.

БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ТЕАТР ВА ТАШКИЛОТИ ТЕАТРИ

Моддаи 10. Ҳуқуқи театр ва ташкилоти театри дар соҳаи фаъолияти бадеи - эҷоди, ташкилию иқтисоди ва ба рамзҳои худи

Театр дар интихоби равияи эҷоди ва барнома мустақил аст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478).

Маҳдуд гардонидани фаъолияти бадеи - эҷодии театр манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст.

Иҷрои оммавии намоишҳои театрӣ, дигар намудҳои истифодаи он, инчунин чопи маводи иттилоотӣ ва рекламавӣ танҳо дар асоси ҳалномаи суд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1485).

Театр, ташкилоти театри фаъолияти худро мустақилона ба нақша гирифта, пешомадҳои тараққиётро дар асоси мақсадҳои пешбиникардаи оинномаҳои онҳо, мавҷудияти захираҳои эҷодию хоҷагии худи ва зарурияти инкишофи эҷодию истеҳсоли ва иҷтимои муайян менамоянд.

Театр, ташкилоти театри нархи чиптаро мустақилона муқаррар мекунанд. Нархҳо (тарифҳо) ба хизмати пулаки ва маҳсулоте, ки театр, ташкилоти театри мефурӯшанд, бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Театр, ташкилоти театри бо тартиби пешбиникардаи қонунгузори дар доираи маблағи мавҷуда музди меҳнати штатҳо, шаклҳои музди меҳнат, ҳавасмандии модди, ҳаҷми маоши вазифаҳои кормандони худ, намуд ва ҳаҷми иловапули, иҷорапули ва дигар пардохти дорои хусусияти ҳавасмандиро мустақилона муқаррар мекунанд.

Театр, ташкилоти театри низоми кори худро мустақилона муқаррар менамоянд, агар ҳуҷҷатҳои таъсисотии онҳо қоидаи дигарро пешбини накарда бошанд.

Театр, ташкилоти театри ба рамзи худи (номи расми, нишон, аломати моли, дигар мусаввара) ҳуқуқ доранд.

Театр, ташкилоти театри, ки рамзи онҳо бо тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифта шудааст, барои истифодаи он ҳуқуқи мустасно доранд.

Истифодаи рамзҳои бақайдгирифташудаи театр, ташкилоти театри аз ҷониби дигар шахсони ҳуқуқи ва воқеи танҳо дар асоси шартнома бо театр, ташкилоти театри рох дода мешавад.

Шахсони ҳуқуқи ва воқеи, ки рамзҳои театр, ташкилоти театриро ғайриқонуни истифода мебаранд, бо талаби театр, ташкилоти театри ӯҳдадоранд истифодаи онро қатъ кунанд ва зарари расидаро ҷуброн намоянд.

Моддаи 11. Вазифаи театр, ташкилоти театри

Театр, ташкилоти театри вазифадоранд:

- музди меҳнати кормандони худро сари вақт пардохт намоянд, барои онҳо ҳадди ақалли музди меҳнати бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатдода, шароити меҳнат ва муҳофизати он чораҳои ҳифзи иҷтимоиро таъмин намуда, барои зарари ба ҳаёт ва саломатии онҳо расида ҷавобгар бошанд;

- пардохти саривақтии мукофотпулиҳоро ба шахсоне, ки бо театр, ташкилоти театри шартномаи граждани - ҳуқуқи бастаанд, инчунин чораҳои ҳифзи иҷтимоии ин шахсонро бо тартиби пешбиникардаи қонунгузори ва шартнома таъмин кунанд;

- суғуртаи иҷтимои, тибби ва дигар намудҳои суғуртаи ҳатмии кормандони худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амали гардонанд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи бухгалтери ва омори баранд.

Театр, ташкилоти театри, ки намоиши оммавии намоишномаҳои театриро амали мегардонанд вазифадоранд;

- ҳангоми намоиш додани намоишнома муҳофизати ҳаёт ва саломатии тамошобинон инчунин ҳифзи амволи онҳоро, ки барои маҳфуздори қабул шудааст, таъмин намоянд;

- дар ҷоиҳои чиптафурӯши ва намоиши оммавии намоишномаи театри барои тамошои умуми эълонномаро бо нишон додани номи пурраи театр, номи намоишномаи театри, номи муаллифи (муаллифон) асар ва номи асаре, ки асоси онро ташкил медиҳад, номҳои басаҳнагузорандагон ва иҷрокунандагони нақшҳо (партияҳо), инчунин дигар маълумотҳоро бо салоҳдиди театр овехта монанд;

- ба тамошобинон дар бораи ҷойи намоиш, вақти оғоз ва анҷоми намоишнома, нархи чипта, шароити харидан ва баргардондани он, имтиёзҳое, ки барои гурӯҳҳои алоҳидаи тамошобинон пешбини шудааст, маҳдудиятҳои синнусоли барои тамошои намоишнома ахбор пешниҳод намоянд;

- дар чиптаи театр нархи он, номи театр, номи намоишномаи театри, ҷой, сана, вақти намоиш ва ҷойро дар толори тамошо нишон диҳанд;

- дар ҳолатҳои иваз ё бекор кардани намоишномаи пешаки эълоншуда, иваз шудани иҷрокунандаи нақши асосии пешаки эълоншуда, инчунин дар ҳолати аз тамошои намоишнома саркаши кардани тамошобин бо сабаби надодани ахбор дар бораи маҳдудияти синнусолии муайяннамудаи тамошои он, пули чиптаи пешаки харидашударо баргардонанд ё бо хоҳиши шахсони чиптаи пешаки харида онҳоро то оғози спектакл иваз намоянд.

Меъерҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ба дигар ташкилотҳое, ки намоиши номаҳои театриро ба амал мебароранд, паҳн мегардад.

БОБИ 4. ҲУҚУҚИ МУСТАСНОИ БА САҲНА ГУЗОШТАНИ НАМОИШНОМАИ ТЕАТРИ БАРОИ НАМОИШИ ИҶРОИ ЗИНДА

Моддаи 12. Субъектҳои дорои ҳуқуқи ба саҳна гузоштани намоишномаи театри барои намоиши иҷрои зинда

Субъектҳои дорои ҳуқуқи басаҳнагузории намоишномаҳои театри барои намоиши иҷрои зинда басаҳнагузоранда, ҳунарпешагон, иҷрокунандаҳои нақшҳо (партияҳо) дар намоишномаҳои театри ва продюсер мебошанд.

Ҳуқуқи мустаснои ба саҳна гузоштани намоишномаи театри барои намоиши иҷрои зинда (минъбад - ҳуқуқи ба саҳна гузоштани намоишномаи театри) аз вақти қабули қарор дар бораи намоиши оммави ба миён меояд, агар дар шартномаи байни субъектҳои дорои ҳуқуқи ба саҳна гузоштани намоишномаи театри пештар ба миён омадани ин ҳуқуқ пешбини нашуда бошад.

Қарор дар бораи тайёр будани намоишномаи театри барои намоиши оммави аз ҷониби таҳиягар ва продюсер якҷоя қабул карда мешавад, агар дар шартномаи аз ҷониби онҳо басташуда қоидаи дигар пешбини нашуда бошад.

Моддаи 13. Ҳуқуқи таҳиягар ва ҳунарпешагон барои ба саҳна гузоштани намоишномаи театри

Таҳиягар ва ҳунарпешагон, иҷрокунандагони нақшҳо (партияҳо) дар намоишномаи театри, ба ном - ифодаи номи худ дар нашрияҳои рекламави, эълонномаҳо, дигар маводҳои иттилооти, ки бо намоишномаи театри алоқаманданд, ҳуқуқ, доранд.

Таҳиягар барои аз таҳриф муҳофизат кардани намоишномаи театри ҳуқуқ дорад. Бидуни огоҳи ё иҷозати таҳиягар тағйир додани ҳайати иҷрокунандагони нақшҳо (партияҳо), мизанстсенаҳо, хореография, ороиши саҳна, партитураи равшанидиҳи, костюмҳои театри, асбобу анҷоме, ки ҳунарпешагон истифода мебаранд, мусиқии намоиши театри ҳамчун аломати таҳриф дониста мешаванд. Дар шартномаи байни таҳиягар ва продюсер муқаррар кардани дигар аломатҳое, ки боиси таҳрифи намоишномаи театри мегарданд имкон дорад.

Дар шартномаи байни продюсер, таҳиягар ва ҳунарпешагон мумкин аст ба ғайр аз ҳуқуқҳои муқарраркардаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда дигар ҳуқуқҳо низ пешбини карда шаванд.

Ҳуқуқи ҳунарпеша ба ифодаи номи худ дар давоми тамоми давраи иштироки вай дар намоишномаи театри амал мекунад.

Ҳуқуқи таҳиягар ба намоишномаи театри дар давоми тамоми давраи намоиши оммавии ин намоишнома амал менамояд.

Моддаи 14. Ҳуқуқи продюсер ба намоиши оммавии намоишномаи театри

Бастани шартномаи байни таҳиягар ва продюсер барои иштирок дар офаридан ё намоиш додани намоишномаи театри боиси ба продюсер додани ҳуқуқи ба амал баровардани намоиши оммавии намоишномаи театри мегардад. Дар ин ҳолат продюсер ҳуқуқ дорад:

- ҷой ва вақти намоиши оммавии намоишномаи театриро муайян намояд, ин намоишро аз номи худ амали гардонад, нархи чиптаҳоро муқаррар кунад;

- шумораи намоишҳои оммавии намоишномаи театриро муайян намояд, намоиши оммавии намоишномаи театриро қатъ ва барқарор созад;

- шартҳои истифодаи намоишномаи театри, қисмҳои он дар намоишномаҳои дигар, шартҳои дар эфир бо ерии воситаҳои техники (намоиши телевизони, телевизиони кабели ва дигар воситаҳои техники) истифода бурдани намоишномаи театри, бо ҳар гуна маводи техники сабт кардан ва таҷдиди намоишномаи театриро муайян кунад;

- ба шахсони ҳуқуқи ва воқеи нусха бардоштани намоишномаи театриро бо ҳуқуқи намоиши оммавии он дар сурати риояи меъерҳои пешбиникардаи қисми дуюми ҳамин модда иҷозат диҳад, агар дар шартномаи байни продюсер ва шахсони мазкур шартҳои дигар пешбини нашуда бошад.

Моддаи 15. Вазифаи продюсер оид ба нигоҳдории ҳалли бадеии намоишномаи театри э

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478)

Продюсер вазифадор аст, ки агар дар шартномаи байни ӯ ва таҳиягар шартҳои дигаре пешбини нашуда бошанд, таҳиягарро огоҳ намояд:

- дар бораи зарурати дохил кардани тағйирот ба намоишномаи театри ва шартҳое, ки дар асоси он амали гардонидани онҳо ба таҳиягар пешниҳод мешавад;

- дар бораи тағйиротҳои фаврии дар шартнома муқарраршуда, бидуни иштироки таҳиягар ба намоишномаи театри ворид карда шуда ва дар бораи сабабҳои ин тағйиротҳо;

- дар бораи қатъи намоиши оммавии намоишномаи театри то ба охир расидани мӯҳлат ё дар бораи ихтисори шумораи намоишномаҳои дар шартнома пешбинишуда, инчунин дар ҳолатҳое, ки мӯҳлати ниҳоии намоиши оммави ё шумораи намоишномаҳо дар шартнома муайян гардидаанд.

Таҳиягар ҳуқуқи аз тахриф ҳимоя намудани намоишномаи театриро татбиқ намуда, метавонад боздошти намоиши оммавиро бо мақсади барқарорсозии ҳалли бадеии намоишномаи театри талаб намояд.

Моддаи 16. Ҳимояи ҳуқуқи гузоштани намоишномаи театри

Субъектҳои дорои ҳуқуқи мустасно ба намоишномаи театри ҳуқуқ доранд аз вайронкунандаи ин ҳуқуқ барқарор сохтани муқаррароти то вақти вайронкуни ҷойдоштаро талаб намоянд.

Дар шартномаи байни продюсер ва субъектҳои дигари дорои ҳуқуқи мустаснои намоишномаи театри, мумкин аст барои ҳуқуқи мустаснои намоишномаи театриро вайрон кардани яке аз тарафҳо, ҷавобгарии модди ё дигар намуди ҷавобгари бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини карда шавад.

БОБИ 5. ТАШКИЛ ВА ТАНЗИМИ ИҚТИСОДИИ ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРҲО ВА ТАШКИЛОТҲОИ ТЕАТРИ

Моддаи 17. Шаклҳои ташкилию ҳуқуқии театрҳо

Театрҳои давлати метавонанд дар шакли муассиса ё шакли ширкати ғайритиҷорати таъсис ёбанд.

Театрҳои ғайридавлати метавонанд дар ҳар гуна шаклҳои ташкилию ҳуқуқи, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст, таъсис ёбанд.

Моддаи 18. Амволи театрҳои давлати ва ғайритиҷорати

Театрҳои давлати ва ғайритиҷорати мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои онҳо бо амволи зарурии фаъолияти театри (биноҳо, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои саҳнавию басаҳнагузори, дигар амволи истеъмолшаванда, иҷтимои, фарҳанги ва таъиноти дигар) таъмин мешаванд.

Ба театрҳои давлати ва ғайритиҷорати амвол барои ҳуқуқи идораи фаври вобаста карда мешавад.

Ба театрҳои давлати ва ғайритиҷорати муассисон амволро тибқи шартномаи идораи эътимоднок таҳвил медиҳанд.

Амволи ғайриманкули ба театрҳои давлати ва ғайритиҷорати вобасташуда ба онҳо ройгон бо ҳуқуқи истифодаи доими (бемӯҳлат) вогузошта мешавад.

Театрҳои давлати ва ғайритиҷорати метавонанд иштирокчиени ҷамъиятҳои хоҷаги ва саҳмгузори ширкатҳои тибқи бовари танҳо бо иҷозати мақоми ба он ваколатдори ҳокимияти давлати ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бошанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1485).

Мақоми ваколатдори давлати, ки ба он танзими давлатии соҳаи фарҳанг вогузошта шудааст, нисбати амволи театрҳои аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлати таъсисёфта, аз номи давлат ҳуқуқ ва вазифаи амволи, инчунин назорати давлатиро амали мегардонад.

Ҳуқуқ ва вазифаҳои амволи, инчунин назорат нисбати амволи театрҳои ғайритиҷорати бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

Дар сурати барҳам хӯрдани театри давлати ё ғайритиҷорати амволи он, ки баъди қонеъ гардидани талаботи қарздиҳандаҳо боқи мондааст, аз ҷумла амволи ғайриманқул, ба мақоми ваколатдори ҳокимияти давлати ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мегузарад ва метавонад танҳо бо мақсадҳои фаъолияти театри истифода гардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1485).

Моддаи 19. Маблағгузории театрҳои давлати ва ғайритиҷорати

Театрҳои давлати ва ғайритиҷорати аз буҷетҳои дахлдор ва инчунин аз манбаъҳои ғайрибуҷети маблағгузори карда мешаванд.

Даромадҳои театрҳои давлати ва ғайритиҷорати аз иҷорадиҳии амволи дар моликияти давлати қарордошта аз ҷониби ин театрҳо ба сифати манбаи маблағгузории фаъолияти оинномавии онҳо пурра истифода мегарданд.

Маблағҳои аз дигар манбаъҳо воридшуда, ҳаҷми маблағгузории буҷетии театрҳои давлати ва ғайритиҷоратиро кам намекунанд.

Маблағҳои молиявии дар давраи ҳисоботи истифоданашуда аз театрҳои давлати ва ғайритиҷорати гирифта намешаванд ё аз ҷониби муассисон (моликон) ба ҳаҷми маблағгузории соли оянда дохил карда намешаванд.

Маблағгузории театрҳои давлати ва ғайритиҷорати аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои дахлдор дар асоси беподош ва бебозгашт барои амали гардидани хароҷотҳои муайяни мақсаднок ё бо шартҳои маблағгузории саҳомии ин хароҷотхо бо тартиби қонунгузории буҷети сурат мегирад.

Моддаи 20. Идораи театрҳои давлати ва ғайритиҷорати

Мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар қатори дигар муассисон дар идораи театрҳои давлати ва ғайритиҷорати бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1485).

Роҳбарии бевосита ба фаъолияти театрҳои давлати ва ғайритиҷорати бо тартиби пешбиникардаи ҳуҷҷатҳои таъсисотии онҳо ба амал бароварда мешавад:

- дар асоси яккасардории директор ё роҳбари бадеии театр, муассис бо онҳо шартномаи (қарордоди) меҳнати мебандад;

- дар асоси тақсимоти ваколатҳои соҳави байни директор ва роҳбарони бадеии театр муассис ба ҳар кадоми онҳо шартномаи (қарордоди) меҳнати мебандад.

Моддаи 21. Театрҳои ғайридавлати ва ташкилотҳои театри

Театрҳои ғайридавлатии тиҷорати ва ғайритиҷорати, инчунин ташкилотҳои театри дар баробари театрҳои давлати ва ғайритиҷорати ва ташкилотҳои театри ҳуқуқ доранд дар озмунҳое, ки мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот эълон мекунанд, иштирок намоянд, инчунин барои гузаронидани сиёсати имтиёзноки нархи нисбати табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимои ҳимоянашудаи аҳоли, барои мақсадҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст, субвенсия гиранд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1485).

Идораи театрҳо ва ташкилотҳои театрии ғайридавлатии тиҷорати ва ғайритиҷорати бо тартиби пешбиникардаи ҳуҷҷатҳои таъсисотии онҳо ва қонунгузории граждани сурат мегирад.

БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИИ КАСБИ. ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ ТЕАТР

Моддаи 22. Тартиби тасдиқи феҳристи касбҳои эҷодии театри ва феҳристи вазифаҳои кормандони дигар касбҳои хоси театри

Феҳристи касбҳои эҷодии театри (ихтисосҳо) ва феҳристи вазифаҳои (ихтисосҳои) кормандони дигар касбҳои хоси театри аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳодҳои мақоми ваколатдори давлати, ки ба зиммаи он танзими давлати дар соҳаи фарҳанг вогузошта, бо Иттифоқи ходимони театри мувофиқа гардидааст, тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 23. Шартномаҳо бо кормандони эҷодии театри

Фаъолияти кормандони эҷодии касбҳои театри дар асоси шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнати ва шартномаҳои ҳуқуқии граждани сурат мегирад.

Ишғоли вазифаҳо дар театр аз ҷониби кормандони эҷодии касбҳои театри, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнати баста мешавад, сурат мегирад.

Низомномаро дар бораи ишғоли вазифаҳои кормандони эҷодии касбҳои театри дар театр мақоми ваколатдори давлати, ки ба зиммаи он танзими давлатии соҳаи фарҳанг вогузошта, бо Иттифоқи ходимони театр мувофиқа шудааст, тасдиқ мекунад.

Дар шартномаи (қарордоди) корманди эҷодии касбҳои театри бо маъмурияти театр ба ғайр аз шартҳои ҳатми, ки қонунгузори пешбини кардааст, шароит ва тартиби ҳуқуқҳои муаллиф, ҳуқуқҳои вобаста ба он, ҳуқуқ ба иҷрои зиндаи намоишномаи театри муайян карда мешавад.

Шартномаҳои ҳуқуқи граждани мутобиқи талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд.

Моддаи 24. Шароит ва мухофизати меҳнати кормандони театрҳо

Шароити меҳнат ва талаботҳои меъерии муҳофизати меҳнати кормандони театрҳои шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқи ва шаклҳои моликият бо Низомнома оид ба шароит ва ҳифзи меҳнати кормандони театрҳо бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

Кормандони эҷодии касбҳои театри ва кормандони дигар касбҳои хоси театри, ки корҳоро дар асоси шартномаи ҳуқуқи граждани иҷро менамоянд, баробари кормандоне, ки корро тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнати иҷро мекунанд, аз ҳодисаҳои нохӯш дар истеҳсолот ва бемориҳои касби суғуртаи ҳатмии иҷтимои карда мешаванд.

Моддаи 25. Бо кор таъмин намудани кормандони эҷодии касбҳои театри ва кормандони дигар касбҳои хоси театри

Бо кор таъмин намудани кормандони эҷодии касбҳои театри ва кормандони дигар касбҳои хоси театри, ки бекор мондаанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.

Моддаи 26. Таъмини иҷтимоии кормандони эҷодии касбҳои театри

Кормандони эҷодии касбҳои театри барои хизмати дарозмуддат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба нафақа ҳуқуқ доранд.

Мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои кормандони театрҳо, ки дар инкишофи театри ватани саҳми калон гузоштаанд, нафақаи давлати, иловапули барои унвонҳои давлати, таъминоти иловагии моддии ҳармоҳаи якумри, хизматрасонии имтиёзноки тибби ва санаторию курорти, таъмини бепули манзил ва истифодаи бепули нақлиёти ҷамъияти, инчунин чораҳои дигари ҳифзи иҷтимои аз хисоби маблағҳои буҷетҳои дахлдор ва дигар манбаъҳои манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини карда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1485).

Ба ходимони театр, ки дар инкишофи театри ватани саҳми барҷаста гузоштаанд, бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлати, ки танзими давлатии соҳаи фарҳанг ба зиммаи он вогузошта шудааст, таъминоти ҳармоҳаи иловагии якумра ва дигар чораҳои ҳифзи иҷтимои муқаррар шуда метавонанд.

БОБИ 7. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ВА ИТИСОДИИ ХОРИҶИИ ТЕАТРҲО ВА ТАШКИЛОТҲОИ ТЕАТРИ

Моддаи 27. Фаъолияти байналмилалии театрҳо ва ташкилотҳои театри

Мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти худидораи маҳалли ба инкишофи робитаҳои байналхалқии театрҳо ва ташкилотҳои театри кӯмак мерасонанд, иштироки мустақилонаи бевоситаи ходимони театрро дар мубодилаҳои байналмилалии театри ҳавасманд мегардонанд, иштироки театрҳо ва ташкилотҳои театриро дар феетивалҳо ва озмунҳои байналмилалии театри дастгири менамоянд, барои гузаронидани чунин чорабиниҳо дар дигар мамлакатҳо мусоидат мекунанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478, аз 2.01.2018 № 1485).

Бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон театр, ташкилоти театри ҳуқуқ дорад бо ташкилотҳои хориҷи робитаҳои мустақим муқаррар намуда, фаъолияти иқтисодии хориҷиро амали карда, дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредити ҳисобҳои асъори дошта бошад.

Боби 8. МУҚАРРАРОТӢ ХОТИМАВӢ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 478)

Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1485)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1485).

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

2 декабри соли 2002 № 80