×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002, № 72 "Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ"

Санаи амалкуни: 18.03.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Кодекси тандурустии ҶТ аз 30.05.2017 № 1413 аэ эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВӢ ВА ҲУҚУҚҲОИ РЕПРОДУКТИВӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 699)

(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1201)

Қонуни мазкур асос ва тартиби танзими муносибатҳоро дар соҳаи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви, ки аз эътироф намудани ҳуқуқҳои зану мард бобати доштани маълумот ва дастрас будани усулҳои бехатар, босамар, муносиб ва қобили қабули танзими оила ва таваллуди фарзанд, пешгирии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинси гузаранда ва дигар муносибатҳои ба он алоқамандро муайян мекунад.

Қонун ба таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон барои дахлнопазирии ҳаёти шахси сирри шахсию оилави нигаронида шуда, амали намудани онҳоро кафолат медиҳад.

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви

Қонунгузори дар бораи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ефта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳоли", ҳамин Қонун, санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асоси

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зёрин истифода бурда мешаванд:

Репродуктиви (репродуксия) - худтакроркуни, бозтакроркуни. Системаи репродуктиви - маҷмӯи узвҳое мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба таъмини ҷараёни репродуктиви равона карда шудааст (узвҳои ҷинси, мағзи cap, узвҳои ғадуди).

Солимии репродуктиви - ҳолати беҳбуди комили ҷисмони, рӯҳи ва иҷтимоиест вобаста ба ҳамаи масъалаҳое, ки ба системаи репродуктиви ва фаъолияту ҷараёни он алоқаманданд.

Солимии репродуктиви ба саломатии инсон дар синну соли баъди репродуктиви низ, чи барои занон ва чи барои мардон, мусоидат менамояд.

Ҳуқуқи репродуктиви - ҳуқуқи шаҳрванд оиди ҳифзи солимии репродуктиви ва озодии қабули қарор вобаста таваллуди кӯдак ё даст кашидан аз он, инчунин аз ёрии тиббию иҷтимои, иттилооти ва машварати дар ин соҳа иборат аст.

Хадамоти ҳифзи солимии репродуктиви - хадамоте, ки фаьолиятро барои ба амал баровардани ёрии дастрасу зарурии момодояги, хизматрасони оид ба танзими оила, барқарорсозии қобилияти репродуктиви, пешгири ва табобати бемориҳое, ки тавассути алоқаи ҷинси сироят мекунанд, анҷом медиҳад.

Синну соли репродуктиви - синну соли (15-49 солаги) қобилияти фарзандтаваллуднамои.

Қобилияти фертили (наслдиҳи) - шумораи миёнаи кӯдакон, ки зан метавонист, дар синну соли репродуктиви таваллуд кунад.

Фосилаи интергенетики - фосилаи байни таваллуд шудани фарзандон.

Безурёти - ноқобилии обистани.

Тухмгузаронии сунъи (тухмгузарони) - ворид намудани маводи генетикии ҳамсар ва ё бегона ба роҳҳои ҷинсии зан бо мақсади ҳомилагардони.

Ҳомиладоркунии сунъи (экстракорпорали) ва пайвастани он ба батнҳомиладоркунии тухмҳуҷайра (оотсит) берун аз бадан ва кӯчонидани ҷанини тақсимшудаистода ба ковокии бачадон.

Танзими оила - ин қобилияти шахсони алоҳида ва ҷуфтҳое, ки тавлиди миқдори муайяни фарзандонро бо риояи фосилаи байни таваллуд пешбини менамоянд ва ноил мегарданд.

Контрасепсия (пешгирии ҳамли номатлуб) - ҳар як воситае, ки қобилияти пешгирии ҳомиладоршавиро дорад.

Моддаи 3. Вазифаҳои асосии мақомоти ҳокимияти давлати дар соҳаи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви

Вазифаҳои асосии мақомоти ҳокимияти давлати дар соҳаи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви аз инҳо иборатанд:

- ташаккули муносибати бошуӯронаи шаҳрвандон ба таваллуди насли солим;

- рушди хадамоти нигоҳдории тандурустии репродуктиви;

- ба таври васеъ дастрас гардонидани иттилоот ба шаҳрвандон, баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон ва наврасон дар соҳаи солимии репродуктиви;

- мустаҳкам кардани солимии репродуктиви бо роҳи мусоидат намудан ба нигаҳдошти саломати ва камолоти шахсият дар давоми тамоми ҳаёт, тарғиби тарзи ҳаёти солим;

- таъмин намудани дастрасии воситаҳои ҳозиразамону бехатари пешгирии ҳамл ба аҳоли;

- таъмини имтиёзнок ва бепули усул ва воситаҳои пешгирии ҳамл тибқи тартиби муқарраршуда;

- назорати давлати ба хадамоти тандурустии репродуктиви;

- кӯмак дар рафъ намудани баъзе аз масъалаҳои хоси солимии репродуктиви бо роҳи додани маълумот ба аҳоли тавассути хадамоти маориф, маърифатию машварати ва тиббию санитари;

- расонидани ёри ба шахсони алоҳида: огоҳонидан аз алоқаи барвақти ҷинси то расидан ба дараҷаи балоғати ҷисмонию психологи, ноил гардидан ба муносибатҳои масъулиятноки дутарафа дар оила, пешгири намудани ҳамли номатлуб, расидан ба тафоҳум дар истифода бурдани воситаҳои муайяни пешгирандаи ҳамл, исқоти бехавфи ҷанин, ҳомиладоршавии бехавф ва таваллуди кӯдак;

- пешгири намудани фавт ва маъюбшавии модарону кӯдакони навзод;

- таҳия ва татбиқи барномаҳои давлати ва дигар барномаҳо дар соҳаи солимии репродуктиви;

- назорати давлати аз болои хадамоти тандурустии репродуктиви;

Вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлати дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродукгиви бо роҳҳои зёрин амали гардонида мешаванд:

- такмили асосҳои ҳуқуқи дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктиви ва танзими оила;

- рушди кӯмаки тиббию иҷтимои ва психологию педагоги ба шаҳрвандон ҳангоми истифодабарии онҳо аз ҳуқуқҳои репродуктиви;

- дастгирии тадқиқотҳои илми дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивии шаҳрвандон, танзими оила ва сиёсати демографи;

- тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктиви ва ҳимояи ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон мутобики стандартҳои таълими давлати;

- ҷалб намудани ташкилотҳои ҷамъияти ва воситаҳои ахбори омма ба ҳалли масъалаҳои эътибори оила, ҳифзи солимии репродуктиви, танзими оила ва таваллуди кӯдакони солим;

- ҳамкори дар сатхи байналмилали дар соҳаи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви, инчунин дар соҳаи танзими оила.

Моддаи 4. Ҳифзи солимии репродуктивии аҳоли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солимии репродуктивии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат аст.

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хадамоти хизматрасони дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктиви, фаъолияти муассисаҳои ҷумҳурияви, илмию тадқиқотии давлати ва муассисаҳои таълими роҳбари намуда, дар таҳияи стратегияи ҳифзи солимии репродуктивии аҳоли иштирок намуда, дар якҷояги бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, фаъолияти муассисаҳои системаи давлатии ҳифзи солимии репродуктивиро бобати сифатнокии расонидани кӯмаки тиббию санитари, расонидани кӯмаки контрасептиви дар соҳаи солимии репродуктиви дар муассисаҳои идорави ва муассисаҳои системаи хусусии тандурусти назорат ва ҳамоҳанг намуда, барои рушду нумӯъ ва ҳолати хадамоти тандурустии репродуктиви масъул мебошад.

Моддаи 5. Тартиби ташкили фаъолияти муассисаҳои давлатии тандурустии репродуктиви

Тартиби ташкили фаъолияти муассисаҳои давлатии ҳифзи тандурустии репродуктивиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Тартиби ташкили фаъолияти муассисаҳои давлатии ҳифзи солимии репродуктивиро дар маҳалҳо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (хукуматҳо) дар мувофиқа бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

Моддаи 6. Системаи хусусии хадамоти тандурустии репродуктиви

Фаъолияти муассисаҳои системаи хусусии хадамоти тандурустии репродуктиви мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 7. Тайёр кардан ва такмили дониши касбии кормандони тиб дар соҳаи солимии репродуктиви

Тайёр кардан ва такмили савияи дониши касбии баъдидипломии кормандони тиб дар соҳаи солимии репродуктиви тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Моддаи 8. Принсипҳои асосии амалисозии ҳуқуқҳои репродуктиви

Ҳангоми амалисозии ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон принсипҳои зёрин таъмин карда мешаванд:

- принсипи қонуният, башардусти, маҳрамият, роҳ надодан ба паст задани шаъну шарафи инсони;

- ҳуқуқи зану мард оид ба гирифтани маълумоти зарури ва доштани имконияти истифодабарии воситаҳои бехавфу самарабахш ва қобили қабул дар соҳаи танзими оила тибқи интихоби онҳо ва дастрас будани хизматрасонии лозима дар соҳаи ҳифзи саломати, ки имконият фароҳам меоварад, то занон давраи ҳомиладори ва таваллудро бехавф аз cap гузаронанд ва ҳамсарон имконияти беҳтарини таваллуди кӯдаки солимро дошта бошанд.

Моддаи 9. Озодиии шаҳрвандон дар муносибатҳои репродуктиви

Шаҳрвандон дар интихоб ва назорати ҳаёти репродуктивии худ озоданд.

Муносибати байни зану мард, масъалаҳои танзими таваллуди фарзандон дар баробари, озоди, масъулияти байниҳамдигари ва эҳтироми тарафайн асос меебад. Зан набояд барои ҳомиладор шудан ва ё барои исқоти ҳамл маҷбур карда шавад.

Моддаи 10. Ҳуқуқи ниёзмандон.

Шахсони ба хадамоти ҳифзи солимии репродуктиви муроҷиаткунанда дорои чунин ҳуқуқҳо мебошанд:

- гирифтани маълумоти пурра, эътимоднок ва сифатнок дар бораи танзими оила ва таваллуди кӯдак;

- бархӯрдор гардидан аз хизматрасониҳои тибби дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктиви ва танзими оила;

- интихоби озодонаи корманди тиб ва машваратчи;

- изҳори озодонаи ирода, нисбати истифодаи усулҳои бехавфи танзими оила;

- маҳрамияти сӯҳбат ҳангоми гирифтани маслиҳат ва ҳангоми муоинаи ҷисмони;

- ибрози ақида нисбати усулҳои пешгирандаи ҳамл ва хизматрасони;

- гирифтани маълумот нисбати воситаҳои муайяни пешгирандаи ҳамл ва ҳама намуди хизматрасониҳое, ки пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 11. Ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон ва кафолати амали гардонидани онҳо

Ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи конститутсионии инсон, аз ҷумлаи ҳуқуқ ба ҳаёт, озоди ва бехатарии шахси, баробари дар муроҷиат намудан, гирифтани маълумот, иттилоот, инкишоф ва ноил гардидан ба саломатии хубтар асос меебад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки ҳуқуқҳои репродуктивии худро аз рӯи ирода ва манфиатҳои худ амали созанд. Ба амалбарории ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон набояд ҳуқуқ, озоди ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони дигарро халалдор намояд.

Ҳуқуқҳои репродуктиви аз эътироф намудани ҳуқуқҳои асосии зану шавҳар дар қабули қарори озодона ва масъулона нисбати шумораи фарзандон, вақти обистани ва фосилаи байни таваллуди онҳо, дар пайдо намудани воситаҳо ва маълумоти барои он зарури, ноил гардидан ба солимии репродуктиви замина мегиранд. Ба ҳуқуқҳои асосии репродуктиви ҳамчунин ҳуқуқи инсон оид ба озодона ва бе маҳдудкуни ҳал намудани масьалаҳое, ки ба таваллуд вобастаги доранд, дохил мегардад. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки мустақилона:

- масъалаи шумораи фарзандонро ҳал намоянд;

- нисбати фосилаи байни таваллуди фарзандон бо назардошги ҳолатҳои тибби ва иҷтимои, ки самаранокии тарбияи наслро таъмин карда метавонад, қарор қабул намоянд;

- аз усул ва воситаҳое истифода баранд, ки инсонро аз беморшави ва ё маъюбшавиҳое, ки ба фаъолияти шаҳвони ва репродуктивии онҳо зарар мерасонад, эмин доранд;

Аз тарафи давлат кафолат дода мешавад:

- имтиёзҳои пеш аз таваллуд ва баъди таваллуд ба модарон;

- ҳифз аз ҳамагуна шаклҳои маҷбуркунии шаҳвони ва таъкиби шаҳвони;

- дастрас гардонидани маълумотҳое, ки ба ҳавасмандгардонии иҷтимои, беҳбудии маънавию ахлоқи, солимии ҷисмонию рӯҳи барои таваллуди фарзанд, равона карда шудаанд.

Моддаи 12. Ҳуқуқ барои қабули қарори мустақилона нисбати ҳомиладоршавию таваллуд ва пешгирии ҳамл

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки нисбати ҳомиладоршавию таваллуд ва пешгирии ҳамл мустақилона қарор қабул намоянд.

Шаҳрвандон ҳуқуқи интихоби воситаҳои пешгирии ҳамл, аз ҷумла бо роҳи ҷарроҳи ва ё худдори намудан аз истифодаи онҳоро доранд.

Мудохилаи ҷарроҳии пешгирии ҳамл чун усули ногузир танҳо баъд аз гузаронидани машваратри ҳатмии тиббию иҷтимои сурат мегирад.

Тартби гузаронидани машварати тиббию иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Безурётсози (стерилизатсия) бо роҳи ҷарроҳи чун мудохилаи махсус бо мақсади маҳрум сохтани одам аз наслдиҳи ва ё чун усули бебозгашти пешгирии ҳамл мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳоли" ва ҳамин Қонун гузаронида мешавад.

Безурётсози (стерилизатсия) бо роҳи тибби (ҷарроҳи) бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Моддаи 13. Ҳуқуқи ноболиғону ҷавонон ба ҳифзи саломатии репродуктивӣ

Ноболиғону ҷавонон ба гирифтани таълиму тарбияи ахлоқии ҷинсӣ ва хизматрасонӣ дар саҳаи ҳифзи саломатии репродуктивӣ ҳуқуқ доранд.

Барномаҳои таълимӣ оид ба таълиму тарбияи ахлоқии ҷинсӣ, ҳифзи саломатии репродуктивӣ, омода намудани ноболиғону ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи маориф ва тандурустӣ таҳия карда мешаванд.

Ноболиғону ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва муассисаҳои дигар аз рӯи барномаҳое, ки дар онҳо ҷинс, синну сол ва хусусиятҳои инкишофи равонию ҷисмонии онон ба назар гирифта, мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд, аз ҷониби шахсони тайёрии махсусдошта тарбия дода, ба ҳаёти оилавӣ омода карда мешаванд.

Ба ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла ба намояндагони гурӯҳҳои таҳти хатар қарор дошта, хизмати машварати тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрхоҳона ва маҳрамона расонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1201).

Моддаи 14. Ҳуқуқ ба табобати безурёти

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки безурётиро бо истифода аз технологияи ҳозиразамони репродуктиви, ки аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, табобат намоянд.

Шаҳрвандоне, ки дар қаёди никоҳи қонуни мебошанд, ҳуқуқ доранд, ки танҳо бо розигии тарафаён аз технологияи репродуктиви истифода баранд. Дар аёни ҳол онҳо бояд доир ба технологияи репродуктиви, самарабахшии он, мӯҳлатҳои мувофиқи истифода аз он, эҳтимолияти мушкилотҳо ҳангоми истифода аз он, оқибатҳои тиббию ҳуқуқи, инчунин оид ба мавҷудияти дигар воситаҳои табобати безурети маълумоти комил гиранд.

Моддаи 15. Хизматрасониҳои кафолатнок дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктиви

Номгӯи хизматрасониҳои кафолатнок оид ба ҳифзи солимии репродуктиви аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 16. Маҳфуз доштани сир ҳангоми амали гардонидани ҳуқуқҳои репродуктиви

Давлат маҳфуз доштани сирри ахборотро оиди муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти марбута ва ташкилотҳо, вобаста ба амали гардонидани ҳуқуқҳои репродуктивии худ ва ҳифзи солимии репродуктиви, кафолат медиҳад.

Мақомотҳо, шахсони воқеи ва ҳуқуқи вазифадоранд ахборотро оиди муроҷиати шаҳрвандон, вобаста ба амалигардонии ҳуқуқҳои репродуктиви ва ҳифзи солимии репродуктивии онҳо, маҳфуз доранд.

Моддаи 17. Донории ҳуҷайраҳои ҷинси

Донори ҳуҷайраҳои ҷинси (мани ва тухмҳуҷайраҳо) метавонанд мардон ва заноне бошанд, ки аз ҷиҳати ҷисмони ва рӯҳи солиманду синнашон аз 35-сола боло набуда, аз машварати тиббию генетики гузаштаанд.

Тартиби гузаронидани машварати тиббию генетикиро Вазорати тандурустии Чyмҳypии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 18. Ҳомиладоркунии сунъи (экстракорпорали) ва кӯчонидани ҷанин

Ҳомиладоркунии сунъи (экстракорпорали) ва кӯчонидани ҷанин дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳоли" ва ҳамин Қонун сурат мегирад.

Табибе, ки амалиети тиббиро мегузаронад, вазифадор аст ба зан дар бораи тарзи иҷрои ҳомиладоркунии сунъи ва кӯчонидани ҷанин, доир ба оқибатҳои ҷанбаҳои ҳуқуқию тиббии он, натиҷаҳои муоинаҳои тиббию генетики, намуди зоҳири ва миллати шахси донор маълумот пешниҳод намояд.

Ҳангоми истифодаи технологию репродуктиви, ба интихоби ҷинсияти кӯдаки оянда роҳ дода намешавад, ба ҷуз аз мавридҳое, ки эҳтимолияти ирсияти бемориҳое, ки ба ҷинс вобастаанд, мавҷуд бошад.

Истифодаи ҷанини инсон бо мақсади тиҷорат ва истифода дар саноат, инчунин ҳомиладоркунии сунъи ва кӯчонидани ҷанин нисбати ноболиғон ва занҳое, ки аз тарафи қонун ғайри қобили амал ва ё қобили амалашон маҳдуд эътироф шудаанд, қатъиян манъ аст.

Uайриқонуни гузаронидани ҳомиладоркунии сунъи (экстракорпорали) ва кӯчонидани ҷанин, риоя накардани талаботи дигари ин модда мувофиқи қонунгузории Ҷyмҳypии Тоҷикистон боиси ҷавобгари мегардад.

Моддаи 19. Нигоҳдоштани ҳуҷайраҳои ҷинси

Марду зан барои нигоҳ доштани ҳуҷайраҳои ҷинсии худ ҳуқуқ доранд. Тартибу шароити нигоҳдории ҳуҷайраҳои ҷинси аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Дар ҳолатҳои мавҷуд будани хатари гум кардани солимии репродуктиви е хатар ба ҳаёт, ки аз фаъолияти касби ва ё иҷрои ӯҳдадориҳои ҳарби бармеоянд, инчунин дар асоси нишондодҳои тибби, хизматрасонии бепул оид ба нигоҳ доштани тухмҳуҷайраҳои ҷинси аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.

Номгӯи намудҳои фаъолиятҳои касби ва нишондодҳои тиббие, ки дар асоси онҳо давлат баҳри бепул нигоҳ доштани ҳуҷайраҳои ҷинси хизматрасониро кафолат медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 20. Қатъи сунъии ҳомиладорӣ

(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1201)

Қатъи сунъии ҳомиладорӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" ва Қонуни мазкур танзим карда мешавад.

То қатъи сунъии ҳомиладорӣ ва пас аз он машварати тиббию иҷтимоӣ дода мешавад. Қатъи сунъии ҳомиладории интихобӣ вобаста ба ҷинси ҷанин манъ аст.

Қатъи сунъии ҳомиладории ноболиғон ва шаҳрвандоне, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал ё дорои қобилияти маҳдуди амал дониста шудаанд, бо розигии намояндагони қонунӣ (падару модар, фарзандхондагон, васиён ва парасторон) гузаронида мешавад.

Баҳсҳо вобаста ба қатъи сунъии ҳомиладорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1201).

Моддаи 21. Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои системаи давлатии тандурустии репродуктиви

Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои системаи давлатии тандурустии репродуктии мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 22. Ҷавобгари оид ба ҳифзи солимии репродуктивии аҳоли.

Риоя накардани талаботи ҳамин Қонун мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгари мегардад.

Моддаи 23. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивии шаҳрвандон

Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивии шаҳрвандон дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқи анҷом дода мешавад.

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

2 декабри соли 2002 № 72

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВӢ ВА ҲУҚУҚҲОИ РЕПРОДУКТИВӢ

Қонуни мазкур асос ва тартиби танзими муносибатҳоро дар соҳаи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви, ки аз эътироф намудани ҳуқуқҳои зану мард бобати доштани маълумот ва дастрас будани усулҳои бехатар, босамар, муносиб ва қобили қабули танзими оила ва таваллуди фарзанд, пешгирии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинси гузаранда ва дигар муносибатҳои ба он алоқамандро муайян мекунад.

Қонун ба таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон барои дахлнопазирии ҳаёти шахси сирри шахсию оилави нигаронида шуда, амали намудани онҳоро кафолат медиҳад.

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви

Қонунгузори дар бораи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ефта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳоли", ҳамин Қонун, санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асоси

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зёрин истифода бурда мешаванд:

Репродуктиви (репродуксия) - худтакроркуни, бозтакроркуни. Системаи репродуктиви - маҷмӯи узвҳое мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба таъмини ҷараёни репродуктиви равона карда шудааст (узвҳои ҷинси, мағзи cap, узвҳои ғадуди).

Солимии репродуктиви - ҳолати беҳбуди комили ҷисмони, рӯҳи ва иҷтимоиест вобаста ба ҳамаи масъалаҳое, ки ба системаи репродуктиви ва фаъолияту ҷараёни он алоқаманданд.

Солимии репродуктиви ба саломатии инсон дар синну соли баъди репродуктиви низ, чи барои занон ва чи барои мардон, мусоидат менамояд.

Ҳуқуқи репродуктиви - ҳуқуқи шаҳрванд оиди ҳифзи солимии репродуктиви ва озодии қабули қарор вобаста таваллуди кӯдак ё даст кашидан аз он, инчунин аз ёрии тиббию иҷтимои, иттилооти ва машварати дар ин соҳа иборат аст.

Хадамоти ҳифзи солимии репродуктиви - хадамоте, ки фаьолиятро барои ба амал баровардани ёрии дастрасу зарурии момодояги, хизматрасони оид ба танзими оила, барқарорсозии қобилияти репродуктиви, пешгири ва табобати бемориҳое, ки тавассути алоқаи ҷинси сироят мекунанд, анҷом медиҳад.

Синну соли репродуктиви - синну соли (15-49 солаги) қобилияти фарзандтаваллуднамои.

Қобилияти фертили (наслдиҳи) - шумораи миёнаи кӯдакон, ки зан метавонист, дар синну соли репродуктиви таваллуд кунад.

Фосилаи интергенетики - фосилаи байни таваллуд шудани фарзандон.

Безурёти - ноқобилии обистани.

Тухмгузаронии сунъи (тухмгузарони) - ворид намудани маводи генетикии ҳамсар ва ё бегона ба роҳҳои ҷинсии зан бо мақсади ҳомилагардони.

Ҳомиладоркунии сунъи (экстракорпорали) ва пайвастани он ба батнҳомиладоркунии тухмҳуҷайра (оотсит) берун аз бадан ва кӯчонидани ҷанини тақсимшудаистода ба ковокии бачадон.

Танзими оила - ин қобилияти шахсони алоҳида ва ҷуфтҳое, ки тавлиди миқдори муайяни фарзандонро бо риояи фосилаи байни таваллуд пешбини менамоянд ва ноил мегарданд.

Контрасепсия (пешгирии ҳамли номатлуб) - ҳар як воситае, ки қобилияти пешгирии ҳомиладоршавиро дорад.

Моддаи 3. Вазифаҳои асосии мақомоти ҳокимияти давлати дар соҳаи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви

Вазифаҳои асосии мақомоти ҳокимияти давлати дар соҳаи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви аз инҳо иборатанд:

- ташаккули муносибати бошуӯронаи шаҳрвандон ба таваллуди насли солим;

- рушди хадамоти нигоҳдории тандурустии репродуктиви;

- ба таври васеъ дастрас гардонидани иттилоот ба шаҳрвандон, баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон ва наврасон дар соҳаи солимии репродуктиви;

- мустаҳкам кардани солимии репродуктиви бо роҳи мусоидат намудан ба нигаҳдошти саломати ва камолоти шахсият дар давоми тамоми ҳаёт, тарғиби тарзи ҳаёти солим;

- таъмин намудани дастрасии воситаҳои ҳозиразамону бехатари пешгирии ҳамл ба аҳоли;

- таъмини имтиёзнок ва бепули усул ва воситаҳои пешгирии ҳамл тибқи тартиби муқарраршуда;

- назорати давлати ба хадамоти тандурустии репродуктиви;

- кӯмак дар рафъ намудани баъзе аз масъалаҳои хоси солимии репродуктиви бо роҳи додани маълумот ба аҳоли тавассути хадамоти маориф, маърифатию машварати ва тиббию санитари;

- расонидани ёри ба шахсони алоҳида: огоҳонидан аз алоқаи барвақти ҷинси то расидан ба дараҷаи балоғати ҷисмонию психологи, ноил гардидан ба муносибатҳои масъулиятноки дутарафа дар оила, пешгири намудани ҳамли номатлуб, расидан ба тафоҳум дар истифода бурдани воситаҳои муайяни пешгирандаи ҳамл, исқоти бехавфи ҷанин, ҳомиладоршавии бехавф ва таваллуди кӯдак;

- пешгири намудани фавт ва маъюбшавии модарону кӯдакони навзод;

- таҳия ва татбиқи барномаҳои давлати ва дигар барномаҳо дар соҳаи солимии репродуктиви;

- назорати давлати аз болои хадамоти тандурустии репродуктиви;

Вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлати дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродукгиви бо роҳҳои зёрин амали гардонида мешаванд:

- такмили асосҳои ҳуқуқи дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктиви ва танзими оила;

- рушди кӯмаки тиббию иҷтимои ва психологию педагоги ба шаҳрвандон ҳангоми истифодабарии онҳо аз ҳуқуқҳои репродуктиви;

- дастгирии тадқиқотҳои илми дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивии шаҳрвандон, танзими оила ва сиёсати демографи;

- тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктиви ва ҳимояи ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон мутобики стандартҳои таълими давлати;

- ҷалб намудани ташкилотҳои ҷамъияти ва воситаҳои ахбори омма ба ҳалли масъалаҳои эътибори оила, ҳифзи солимии репродуктиви, танзими оила ва таваллуди кӯдакони солим;

- ҳамкори дар сатхи байналмилали дар соҳаи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви, инчунин дар соҳаи танзими оила.

Моддаи 4. Ҳифзи солимии репродуктивии аҳоли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солимии репродуктивии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат аст.

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хадамоти хизматрасони дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктиви, фаъолияти муассисаҳои ҷумҳурияви, илмию тадқиқотии давлати ва муассисаҳои таълими роҳбари намуда, дар таҳияи стратегияи ҳифзи солимии репродуктивии аҳоли иштирок намуда, дар якҷояги бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, фаъолияти муассисаҳои системаи давлатии ҳифзи солимии репродуктивиро бобати сифатнокии расонидани кӯмаки тиббию санитари, расонидани кӯмаки контрасептиви дар соҳаи солимии репродуктиви дар муассисаҳои идорави ва муассисаҳои системаи хусусии тандурусти назорат ва ҳамоҳанг намуда, барои рушду нумӯъ ва ҳолати хадамоти тандурустии репродуктиви масъул мебошад.

Моддаи 5. Тартиби ташкили фаъолияти муассисаҳои давлатии тандурустии репродуктиви

Тартиби ташкили фаъолияти муассисаҳои давлатии ҳифзи тандурустии репродуктивиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Тартиби ташкили фаъолияти муассисаҳои давлатии ҳифзи солимии репродуктивиро дар маҳалҳо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (хукуматҳо) дар мувофиқа бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

Моддаи 6. Системаи хусусии хадамоти тандурустии репродуктиви

Фаъолияти муассисаҳои системаи хусусии хадамоти тандурустии репродуктиви мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 7. Тайёр кардан ва такмили дониши касбии кормандони тиб дар соҳаи солимии репродуктиви

Тайёр кардан ва такмили савияи дониши касбии баъдидипломии кормандони тиб дар соҳаи солимии репродуктиви тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Моддаи 8. Принсипҳои асосии амалисозии ҳуқуқҳои репродуктиви

Ҳангоми амалисозии ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон принсипҳои зёрин таъмин карда мешаванд:

- принсипи қонуният, башардусти, маҳрамият, роҳ надодан ба паст задани шаъну шарафи инсони;

- ҳуқуқи зану мард оид ба гирифтани маълумоти зарури ва доштани имконияти истифодабарии воситаҳои бехавфу самарабахш ва қобили қабул дар соҳаи танзими оила тибқи интихоби онҳо ва дастрас будани хизматрасонии лозима дар соҳаи ҳифзи саломати, ки имконият фароҳам меоварад, то занон давраи ҳомиладори ва таваллудро бехавф аз cap гузаронанд ва ҳамсарон имконияти беҳтарини таваллуди кӯдаки солимро дошта бошанд.

Моддаи 9. Озодиии шаҳрвандон дар муносибатҳои репродуктиви

Шаҳрвандон дар интихоб ва назорати ҳаёти репродуктивии худ озоданд.

Муносибати байни зану мард, масъалаҳои танзими таваллуди фарзандон дар баробари, озоди, масъулияти байниҳамдигари ва эҳтироми тарафайн асос меебад. Зан набояд барои ҳомиладор шудан ва ё барои исқоти ҳамл маҷбур карда шавад.

Моддаи 10. Ҳуқуқи ниёзмандон.

Шахсони ба хадамоти ҳифзи солимии репродуктиви муроҷиаткунанда дорои чунин ҳуқуқҳо мебошанд:

- гирифтани маълумоти пурра, эътимоднок ва сифатнок дар бораи танзими оила ва таваллуди кӯдак;

- бархӯрдор гардидан аз хизматрасониҳои тибби дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктиви ва танзими оила;

- интихоби озодонаи корманди тиб ва машваратчи;

- изҳори озодонаи ирода, нисбати истифодаи усулҳои бехавфи танзими оила;

- маҳрамияти сӯҳбат ҳангоми гирифтани маслиҳат ва ҳангоми муоинаи ҷисмони;

- ибрози ақида нисбати усулҳои пешгирандаи ҳамл ва хизматрасони;

- гирифтани маълумот нисбати воситаҳои муайяни пешгирандаи ҳамл ва ҳама намуди хизматрасониҳое, ки пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 11. Ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон ва кафолати амали гардонидани онҳо

Ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи конститутсионии инсон, аз ҷумлаи ҳуқуқ ба ҳаёт, озоди ва бехатарии шахси, баробари дар муроҷиат намудан, гирифтани маълумот, иттилоот, инкишоф ва ноил гардидан ба саломатии хубтар асос меебад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки ҳуқуқҳои репродуктивии худро аз рӯи ирода ва манфиатҳои худ амали созанд. Ба амалбарории ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон набояд ҳуқуқ, озоди ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони дигарро халалдор намояд.

Ҳуқуқҳои репродуктиви аз эътироф намудани ҳуқуқҳои асосии зану шавҳар дар қабули қарори озодона ва масъулона нисбати шумораи фарзандон, вақти обистани ва фосилаи байни таваллуди онҳо, дар пайдо намудани воситаҳо ва маълумоти барои он зарури, ноил гардидан ба солимии репродуктиви замина мегиранд. Ба ҳуқуқҳои асосии репродуктиви ҳамчунин ҳуқуқи инсон оид ба озодона ва бе маҳдудкуни ҳал намудани масьалаҳое, ки ба таваллуд вобастаги доранд, дохил мегардад. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки мустақилона:

- масъалаи шумораи фарзандонро ҳал намоянд;

- нисбати фосилаи байни таваллуди фарзандон бо назардошги ҳолатҳои тибби ва иҷтимои, ки самаранокии тарбияи наслро таъмин карда метавонад, қарор қабул намоянд;

- аз усул ва воситаҳое истифода баранд, ки инсонро аз беморшави ва ё маъюбшавиҳое, ки ба фаъолияти шаҳвони ва репродуктивии онҳо зарар мерасонад, эмин доранд;

Аз тарафи давлат кафолат дода мешавад:

- имтиёзҳои пеш аз таваллуд ва баъди таваллуд ба модарон;

- ҳифз аз ҳамагуна шаклҳои маҷбуркунии шаҳвони ва таъкиби шаҳвони;

- дастрас гардонидани маълумотҳое, ки ба ҳавасмандгардонии иҷтимои, беҳбудии маънавию ахлоқи, солимии ҷисмонию рӯҳи барои таваллуди фарзанд, равона карда шудаанд.

Моддаи 12. Ҳуқуқ барои қабули қарори мустақилона нисбати ҳомиладоршавию таваллуд ва пешгирии ҳамл

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки нисбати ҳомиладоршавию таваллуд ва пешгирии ҳамл мустақилона қарор қабул намоянд.

Шаҳрвандон ҳуқуқи интихоби воситаҳои пешгирии ҳамл, аз ҷумла бо роҳи ҷарроҳи ва ё худдори намудан аз истифодаи онҳоро доранд.

Мудохилаи ҷарроҳии пешгирии ҳамл чун усули ногузир танҳо баъд аз гузаронидани машваратри ҳатмии тиббию иҷтимои сурат мегирад.

Тартби гузаронидани машварати тиббию иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Безурётсози (стерилизатсия) бо роҳи ҷарроҳи чун мудохилаи махсус бо мақсади маҳрум сохтани одам аз наслдиҳи ва ё чун усули бебозгашти пешгирии ҳамл мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳоли" ва ҳамин Қонун гузаронида мешавад.

Безурётсози (стерилизатсия) бо роҳи тибби (ҷарроҳи) бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Моддаи 13. Ҳуқуқи наврасон ва ҷавонон доир ба маълумот ва хизматрасони дар соҳаи солимии репродуктиви

Наврасон ва ҷавонон ба гирифтани маълумот ва бархӯрдор гаштан аз хизматрасони дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктиви ва танзими оила ҳуқуқ доранд, то ки худро аз ҳамли номатлуб ва бемориҳое, ки бо роҳи алоқаи ҷинси сироят менамоянд, ҳифз карда тавонанд.

Таълими ҷинсии ноболиғон дар муассисаҳои таълими аз рӯи барномаҳои махсуси таълимии таҳиягардида дар асоси ба ҳисоб гирифтани ҷинсият, синну сол, хусусиятҳои инкишофи рӯҳию ҷисмонии ноболиғон аз тарафи шахсоне амали карда мешаванд, ки тайёрии махсус дошта бошанд.

Таҳияи барномаҳои таълими доир ба тарбияи ҷинси ва ҳифзи солимии репродуктивии ноболиғон, тайёр намудани онҳо ба ҳаёти оилави аз тарафи мақомоти давлатии соҳаи маориф ва тандурусти ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 14. Ҳуқуқ ба табобати безурёти

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки безурётиро бо истифода аз технологияи ҳозиразамони репродуктиви, ки аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, табобат намоянд.

Шаҳрвандоне, ки дар қаёди никоҳи қонуни мебошанд, ҳуқуқ доранд, ки танҳо бо розигии тарафаён аз технологияи репродуктиви истифода баранд. Дар аёни ҳол онҳо бояд доир ба технологияи репродуктиви, самарабахшии он, мӯҳлатҳои мувофиқи истифода аз он, эҳтимолияти мушкилотҳо ҳангоми истифода аз он, оқибатҳои тиббию ҳуқуқи, инчунин оид ба мавҷудияти дигар воситаҳои табобати безурети маълумоти комил гиранд.

Моддаи 15. Хизматрасониҳои кафолатнок дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктиви

Номгӯи хизматрасониҳои кафолатнок оид ба ҳифзи солимии репродуктиви аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 16. Маҳфуз доштани сир ҳангоми амали гардонидани ҳуқуқҳои репродуктиви

Давлат маҳфуз доштани сирри ахборотро оиди муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти марбута ва ташкилотҳо, вобаста ба амали гардонидани ҳуқуқҳои репродуктивии худ ва ҳифзи солимии репродуктиви, кафолат медиҳад.

Мақомотҳо, шахсони воқеи ва ҳуқуқи вазифадоранд ахборотро оиди муроҷиати шаҳрвандон, вобаста ба амалигардонии ҳуқуқҳои репродуктиви ва ҳифзи солимии репродуктивии онҳо, маҳфуз доранд.

Моддаи 17. Донории ҳуҷайраҳои ҷинси

Донори ҳуҷайраҳои ҷинси (мани ва тухмҳуҷайраҳо) метавонанд мардон ва заноне бошанд, ки аз ҷиҳати ҷисмони ва рӯҳи солиманду синнашон аз 35-сола боло набуда, аз машварати тиббию генетики гузаштаанд.

Тартиби гузаронидани машварати тиббию генетикиро Вазорати тандурустии Чyмҳypии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 18. Ҳомиладоркунии сунъи (экстракорпорали) ва кӯчонидани ҷанин

Ҳомиладоркунии сунъи (экстракорпорали) ва кӯчонидани ҷанин дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳоли" ва ҳамин Қонун сурат мегирад.

Табибе, ки амалиети тиббиро мегузаронад, вазифадор аст ба зан дар бораи тарзи иҷрои ҳомиладоркунии сунъи ва кӯчонидани ҷанин, доир ба оқибатҳои ҷанбаҳои ҳуқуқию тиббии он, натиҷаҳои муоинаҳои тиббию генетики, намуди зоҳири ва миллати шахси донор маълумот пешниҳод намояд.

Ҳангоми истифодаи технологию репродуктиви, ба интихоби ҷинсияти кӯдаки оянда роҳ дода намешавад, ба ҷуз аз мавридҳое, ки эҳтимолияти ирсияти бемориҳое, ки ба ҷинс вобастаанд, мавҷуд бошад.

Истифодаи ҷанини инсон бо мақсади тиҷорат ва истифода дар саноат, инчунин ҳомиладоркунии сунъи ва кӯчонидани ҷанин нисбати ноболиғон ва занҳое, ки аз тарафи қонун ғайри қобили амал ва ё қобили амалашон маҳдуд эътироф шудаанд, қатъиян манъ аст.

Uайриқонуни гузаронидани ҳомиладоркунии сунъи (экстракорпорали) ва кӯчонидани ҷанин, риоя накардани талаботи дигари ин модда мувофиқи қонунгузории Ҷyмҳypии Тоҷикистон боиси ҷавобгари мегардад.

Моддаи 19. Нигоҳдоштани ҳуҷайраҳои ҷинси

Марду зан барои нигоҳ доштани ҳуҷайраҳои ҷинсии худ ҳуқуқ доранд. Тартибу шароити нигоҳдории ҳуҷайраҳои ҷинси аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Дар ҳолатҳои мавҷуд будани хатари гум кардани солимии репродуктиви е хатар ба ҳаёт, ки аз фаъолияти касби ва ё иҷрои ӯҳдадориҳои ҳарби бармеоянд, инчунин дар асоси нишондодҳои тибби, хизматрасонии бепул оид ба нигоҳ доштани тухмҳуҷайраҳои ҷинси аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.

Номгӯи намудҳои фаъолиятҳои касби ва нишондодҳои тиббие, ки дар асоси онҳо давлат баҳри бепул нигоҳ доштани ҳуҷайраҳои ҷинси хизматрасониро кафолат медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 20. Қатъи сунъии ҳомиладори

Ба таври сунъи қатъ намудани ҳомиладори, аз ҷумла бо нишондодҳои иҷтимои ва тибби дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳоли" ва ҳамин Қонун ба танзим дароварда мешавад.

То ва баъд аз давраи ба таври сунъи қатъ намудани ҳомиладори машварати тиббию иҷтимои, аз ҷумла интихоби инфиродии воситаҳои гуногуни ҳозиразамони пешгирикунандаи ҳамли номатлуб, инчунин пешгири ва табобати окибатҳои ногувори ба таври сунъи қатъ намудани ҳомиладоршави, гузаронида мешавад.

Гузаронидани исқоти селективии вобаста аз ҷинсияти ҷанин, қатьиян манъ аст.

Қатъи сунъии ҳомиладории ноболиғон ва шаҳрвандоне, ки бо тартиби муқарраркардаи қонун ғайри қобили амал ва ё қобили амалашон маҳдуд эътироф шудаанд, бо розигии намояндагони қонунии онҳо (волидон, фарзандхондагон, васиён ва парасторон) гузаронида мешавад.