ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 717; с. 2012, №8, мод. 823; с. 2014, №3, мод. 147)
Қонуни мазкур статус, асосҳои ҳуқуқии ташкили ва фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби назоратро ба фаъолияти он муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - разведкаи ҳарби) қисми таркибии таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бояд амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз хатари беруна бо истифодаи тарзу усулҳо ва воситаҳои муайянкардаи ҳамин Қонун муҳофизат намояд.
Моддаи 2. Фаъолияти разведкави
Фаъолияти разведкави - ин маҷмӯи чорабиниҳое мебошад, ки аз ҷониби мақомоти разведкаи ҳарби тавассути инҳо амали гардонда мешавад:
- ба даст овардан, таҳлилу коркард ва ба роҳбарияти сиёсии кишвар ва фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани иттилоот дар бораи имкониятҳои воқеи ва нерӯги, амалиёт, нақшаҳои давлатҳои хориҷи, ташкилотҳо ва шахсон (минбаъд - ахбороти разведкави), ки ба манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд;
- расонидани кӯмак дар татбиқи чорабиниҳое, ки давлат ба манфиати таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардонад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведкаи ҳарби
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведкаи ҳарби ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти разведкави
Фаъолияти разведкави дар асоси принсипҳои зерин анҷом дода мешавад:
- тақсими ваколатҳои мақомоти давлати, ки ба ҳайати қувваҳои таъмини амнияти давлат дохил мешаванд;
- қонуният;
- эҳтироми ҳуқуқ ва риояи озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- пинҳонкори;
- бо ҳам пайвастани усул ва воситаҳои аёни ва маҳфи.
Моддаи 5. Мақсади фаъолияти разведкави
Мақсади фльолияти разведкавии разведкаи ҳарби аз инҳо иборат аст:
- таъмини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ахбороти разведкави, ки ба онҳо барои қабули қарорҳо дар соҳаҳои сиёси, иқтисоди, мудофиа, илмию техники ва экологи зарур аст;
- таъмини шароитҳое, ки барои татбиқи бомуваффақияти сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амният мусоидат менамоянд;
- расонидани кӯмак ба инкишофи ҳарбию иқтисоди, пешрафти илмию техникии мамлакат тавассути аз ҷониби мақомоти разведкаи ҳарби ба даст овардани ахбороти ҳарби - иқтисоди ва илмию (техники, аз ҷумла дар шакли чассум пешниҳод намудани он ба мақомоти давлати, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
- Фаъолияти разведкави наметавонад барои ноил шудан ба мақсадҳои зиддибашари ва инчунин расидан ба мақсаде, ки дар ҳамин Қонун пешбини нашудааст, анҷом дода шавад.
Моддаи 6. Ваколати мақомоти разведкаи ҳарби
Барои ба даст овардани мақсади фаъолияти разведкави ба мақомоти разведкаи ҳарби ваколатҳои зерин дода мешаванд:
- дар асоси маҳфи муқаррар кардани муносибатҳои ҳамкори бо шахсоне, ки хоҳиш изҳор намуда ба ин ихтиёрона розиги додаанд;
- ба амал баровардани чораҳо оиди рамзнависи кардани ҳайати кадрҳо ва ташкили фаъолияти он бо истифодаи мансубияти дигари идорави ба ин мақсадҳо;
- бо мақсади таъмини амнияти миллӣ амалӣ намудани чорабиниҳои махфӣ ва ғайримахфии разведкавӣ, ташкилӣ ва идоракунӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ;
- ба мақсади пинҳонкори истифода бурдани ҳуҷҷатҳое, ки шахсияти кормандони ҳайати кадрҳо, мансубияти идоравии ҷузъу томҳо, ташкилотҳо, биноҳо ва воситаҳои нақлиётии мақомоти разведкаи ҳарбиро размнависи шудаанд;
- ҳамкори бо мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти разведкави ва зиддиразведкавиро анҷом медиҳанд;
- дар рафти анҷом додани фаъолияти разведкави тибқи қарордод ё розигии шифоҳи истифода бурдани биноҳои хизмати, амволи муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, қисмҳои ҳарби, ҳамчунин биноҳои истиқомати ва ғайриистиқомати, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи шахсони алоҳида;
- бо вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани созишномаҳое, ки барои анҷом додани фаъолияти разведкави заруранд;
- ҳамкори бо хадамоти разведкави ва зиддиразведкавии давлатҳои хориҷи бо тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун;
- барпо кардани муассисаҳои махсуси таълими оиди баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо;
- ташкил ва истифодаи баҳисобгирии оперативи, системаи иттилоти ва бойгониҳое, ки ҳалли вазифаҳои разведкави ва ташкилиро таъмин менамоянд, чопи нашрияҳои махсус;
- таъмини амнияти худи;
- таъсиси фондҳои ғайрибуҷетӣ барои таъмини фаъолияти разведкавӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- роҳбарӣ намудан ба фаъолияти разведкавии сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ;
- барпо кардани сохторҳои ташкили (ҷузъу томҳо), ки барои амал кардани мақомоти разведкаи ҳарби заруранд.
Моддаи 7. Маблағгузори ва таъминоти моддию техникии мақомоти разведкаи ҳарби
Маблағгузори ва таъминоти моддию техникии мақомоти разведкаи ҳарби аз ҳисоби буҷети давлати, ки барои мудофиа ҷудо карда мешавад, инчунин маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, сурат мегирад .
Мақомоти разведкаи ҳарби метавонанд фонди манзили хизмати, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад, дошта бошанд.
Моддаи 8. Ҳифзи маълумот оид ба мақомоти разведкаи ҳарби
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои хизмат ба мақомоти разведкаи ҳарби дохил мешаванд, инчунин шахсоне, ки ба маълумоти оиди мақомоти разведкаи ҳарби роҳ дода мешаванд, аз тартиби ба расмиятдарории иҷозат ба маълумотҳое, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, мегузаранд, агар қонун тартиби дигарро пешбини накарда бошад.
Ҳуҷҷатҳои мақомоти разведкаи ҳарби, ки дар бораи ҳайати кадрҳои онҳо, шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарби пинҳони кӯмак мерасонанд (расондаанд), инчунин дар бораи усул ва воситаҳое, ки ин мақомот истифода мебарад, маълумот доранд, танҳо дар бойгониҳои разведкаи ҳарби маҳфуз дошта мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои бойгониҳои разведкаи ҳарбии қимати таърихи ва илми дошта, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда мешаванд, барои маҳфуздории доими ба хадамоти давлатии бойгони супорида мешаванд.
Моддаи 9. Робитаи мақомоти разведкаи ҳарби бо аҳли ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои огоҳии аҳли ҷомеа оид ба фаъолияти худ мақомоти разведкаи ҳарби, кормандони он тавассути хадамоти дахлдоре, ки дар сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин мақсад таъсис дода мешавад, бо созмонҳои ҷамъияти, воситаҳои ахбори умум ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон робита менамоянд.
Маводе, ки оид ба фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои ахбори умум пешниҳод мегардад, бояд дорои маълумоти марбут ба сирри давлати набошад.
Иттилооти ба зиндагии шахси, шаъну шараф ва шахсияти шаҳрвандон дахл дошта, ки дар ҷараёни фаъолият ба мақомоти разведкаи ҳарби маълум шудааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, бояд ифшо карда нашавад.
Нашр кардани мавод оид ба разведкаи ҳарби аз тарафи воситаҳои ахбори умум, ки сирри давлатро ташкил мекунанд, боиси масъулияти пешбининамудаи қонунгузории ҷори мегардад.
БОБИ 2. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБӢ
Моддаи 10. Таъсиси мақомоти разведкаи ҳарби
Фаъолияти разведкави ҳам аз ҷониби мақомоти мустақили разведкаи ҳарби, ҳам мақомоти разведкаи ҳарбие, ки ба сохтори дигар вазорату идораҳо дохил мешавад, ба амал бароварда мешавад.
Таъсис, аз нав ташкилдиҳи ва барҳам додани мақомоти мустақили разведкаи ҳарби ва мақомоти разведкаи ҳарби дар ҳайати вазорату идораҳоро бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари вазорату идораҳои дахлдор, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.
Низомномаро дар бораи мақомоти мустақили разведкаи ҳарби, инчунин дар бораи вазорату идораҳое, ки ба ҳайати он мақомоти разведкаи ҳарби дохил мешавад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Моддаи 11. Соҳаи фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарби
Разведкаи ҳарби дар доираи салоҳияти худ фаъолияти разведкавиро дар соҳаҳои ҳарби, ҳарби-сиёси, ҳарби-техники, ҳарби-иқтисоди, экологӣ, инчунин дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва таҳдиду хатарҳои дигари муосир амали мегардонад .
Моддаи 12. Роҳбари ба мақомоти разведкаи ҳарби
Ба мақомоти разведкаи ҳарби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умуми мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вазифаҳои стратегии фаъолияти разведкавиро муайян менамояд;
- фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбиро назорат ва мутобиқ мекунад;
- дар ҳолатҳои алоҳида мақомоти разведкаи ҳарбиро барои фаъолияти разведкавӣ дар дохили кишвар дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва таҳдиду хатарҳои дигари муосир ҷалб менамояд ;
- оид ба масъалаҳои вобаста ба разведкаи ҳарби, аз ҷумла оид ба масъалаҳои мувофиқи мақсад будани бастани шартномаҳои дорои хусусияти байниидоравии байни мақомоти разведкаи ҳарбии давлат ва хадамоти разведкави ва зиддиразведкавии давлатҳои хориҷи қарорҳо қабул менамояд;
- роҳбари разведкаи ҳарбиро бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод мекунад.
Моддаи 13. Усул ва воситаҳои фаъолияти разведкави
Дар раванди фаъолияти разведкави мақомоти разведкаи ҳарби усул ва воситаҳои аёни ва маҳфиро истифода бурда метавонад, ки хусусияти хоси онҳоро шароити фаъолияти мазкур муайян менамояд.
Усул ва воситаҳои фаъолияти разведкави набояд ба ҳаёт ва саломатии одамон ва муҳити зист зарар расонанд.
Мақомоти разведкаи ҳарби барои расидан ба мақсадҳои фаъолияти разведкави ҳуқуқ доранд системаҳои иттилооти, сабти видео-аудио, суратгири, аз каналҳои техникии алоқа гирифтани ахборот, инчунин дигар усул ва воситаҳоеро, ки ба талаботи қисми дуюми ҳамин модда ҷавобгӯ мебошанд, истифода барад.
Тартиби истифода бурдани усул ва воситаҳои маҳфии фаъолияти разведкавиро қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд .
Мазмуни санадҳои меъёрии ҳуқуқи оид ба масъалаҳои истифодаи усул ва воситаҳои фаъолияти разведкави сирри давлатиро ташкил медиҳад.
Моддаи 14. Пешниҳод кардани иттилооти разведкави
Иттилооти разведкави ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба мақомоти давлатии муайянкардаи ӯ пешниҳод карда мешавад.
Роҳбарони мақомоти разведкаи ҳарби дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳаққони, объективона будани ахбороти разведкави ва сари вақт пешниҳод шудани он масъулияти шахси доранд.
Роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори мақомоте, ки маълумоти разведкавии номбурдаро гирифтаанд, барои фош кардани маълумотҳои дар он мавҷудбуда, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд ё манбаъҳои ин ахборотро ошкор менамоянд, бо тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 14(1). Истифодаи мақомоти разведкаи ҳарбӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва таҳдиду хатарҳои дигари муосир
Дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва таҳдиду хатарҳои дигари муосир мақомоти разведкаи ҳарбӣ метавонад дар ҳолатҳои зерин истифода шавад:
- барои ба даст овардан ва коркарди маълумот оид ба ҳодиса, шахсон, зуҳуроте, ки ба амнияти кишвар таҳдид мекунанд, инчунин оид ба шахсони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он қарордошта, ки ба тайёр ва содир кардани амалҳои террористӣ, экстремистӣ ва таҳдиду хатарҳои дигари муосир алоқаманданд;
- барои иштирок дар амалиётҳои зиддитеррористӣ ва махсуси дигар.
Корманди мақомоти разведкаи ҳарбӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин иштирок дар чорабиниҳои зиддитеррористӣ ва махсуси дигар ҳуқуқ дорад шахсан ё дар ҳайати воҳидҳо (гурӯҳҳо) силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва махсусро мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд .
Моддаи 15. Ҳамкории мақомоти разведкаи ҳарби бо хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо хадамоти разведкаи дигар давлатхо
Ҳамкории қувваҳо ва воситаҳои разведкаи ҳарби ва дигар хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои меъёрии дохилиидорави асос ёфта, тибқи созишномаҳои дуҷонибаи байни вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда муайян мегардад.
Ҳамкории мақомоти разведкаи ҳарби бо хадамоти разведкаи дигар давлатҳо тибқи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 16. Муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти разведкаи ҳарби бо вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар фаъолияти разведкави ба тағйири самтҳои асосии фаъолияти онҳо алоқаманд набошад, ба мақомоти разведкаи ҳарби кӯмак менамоянд.
Тартиби ҳамкори бо вазорату идораҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои мусоидат ҷиҳати анҷом додани фаъолиятҳои разведкави бо ин мақомот дар асоси санадҳои меъёрии байниидорави сурат мегирад ва дар созишномаҳои дуҷониба, ки байни роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор баста мешавад, муайян мегардад.
БОБИ 3. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБӢ ВА ШАХСОНЕ, КИ БА ИН МАҚОМОТ КӯМАК МЕРАСОНАНД (РАСОНДААНД)
Моддаи 17. Кормандони мақомоти разведкаи ҳарби
Ба кормандони мақомоти разведкаи ҳарби хизматчиёни ҳарби, хизматчиёни ҳайати кадрҳо ва инчунин хизматчиёни ҳарби, хизматчиёну коргарони ба ҳайати кадрҳо дохилнашаванда, ки ихтиёри мутобиқан ба хизмати ҳақиқии ҳарби ё ба кор ба ин мақомот даромаданд, дохил мешаванд.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи сифатҳои маънавию рӯҳи ва кори, синну сол, маълумот ва вазъи саломати барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда қобил аст, корманди мақомоти разведкаи ҳарби буда метавонад.
Адои хизмати ҳарби дар мақомоти разведкаи ҳарби аз рӯи даъват ва ихтиёри сурат мегирад.
Ба хизматчиёну коргарони мақомоти разведкаи ҳарби ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва имтиёзҳои пешбиникардаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегарданд.
Хизматчиёни ҳайати кадрҳо ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти разведкаи ҳарби, хизматчиёне, ки ба ҳайати кадрхо дохил намешаванд ва коргарони мақомоти разведкаи ҳарби узви хизбҳои сиёси, иттиҳодяҳои ҷамъияти, ки мақсадҳои сиёси доранд, буда наметавонанд.
Моддаи 18. Ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарби
Ба ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарби хизматчиёни ҳарбии ба вазифаҳои дахлдор таъиншуда ва хизматчиёни мақомоти разведкаи ҳарби, ки ӯҳдадориҳои вазифагии онҳо бевосита ба амали гардондани фаъолияти разведкави алоқаманд аст, дохил мешаванд.
Маълумотҳо дар бораи мансубияти шахсони мушаххас ба ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарби, аз ҷумла кормандони аз ин мақомот озодшуда, сирри давлати мебошанд.
Кормандони ҳайати кадрҳо барои иҷрои вазифаҳояшон метавонанд мутобиқи талаботи ҳамин Қонун бидуни кушодани рамзи мансубияташон ба мақомоти разведкаи ҳарби дар вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳоро ишғол намоянд.
Ба кормандони ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарби иштироки махфи дар кори мақомоти ҳокимияти иҷроия, қонунгузори (намояндаги) ё суди, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъияти ва ташкилотҳои дини бо мақсади расонидани таъсир ба хусусияти фаъолияти онҳо манъ карда мешавад.
Кормандони ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарби ҳуқуқ надоранд, агар ба ин зарурати хизмати набошад, бо фаъолияти дигари музднок машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илми, муаллими ва эҷоди, ки бо розигии роҳбари мақомоти дахлдори разведкаи ҳарби сурат мегирад.
Моддаи 19. Шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарби махфи кӯмак мерасонанд (расондаанд)
Барои ноил шудан ба мақсадҳои фаъолияти разведкави мақомоти разведкаи харб дар асоси беподош ё подошнок бо шахсони синнашон болиг, қобили амал, ки барои расондани кӯмаки махфи ба мақомоти разведкаи ҳарби ихтиёри розиги додаанд, муносибатҳои ҳамкори муқаррар карда метавонанд. Тартиби муносибатҳои ҳамдигариро бо чунин шахсон санадҳои меъёрии ин мақомот, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, муайян менамоянд.
Маълумотҳо дар бораи шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарби махфи кӯмак мерасонанд (расондаанд), сирри давлатиро ташкил медиҳанд ва бинобар ба охир расидани мӯҳлати ҷоизи зиёдтарини махфи доштани маълумотҳое, ки сири давлатиро ташкил медиҳанд, набояд ошкор карда шаванд. Ба ин маълумотхо танхо ба кормандони барои он ваколатдори мақоми дахлдори разведкаи ҳарби ҳуқуқи ичозат дода мешавад.
Барои таъмини амнияти шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарби кӯмаки махфи мерасонанд (расондаанд) ва аъзои оилаҳои онҳо метавонад чорабиниҳои муҳофизатие гузаронда шаванд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигарро вайрон накунанд.
Моддаи 20. Вазъи ҳуқуқии кормандони мақомоти разведкаи ҳарби
Кормандони мақомоти разведкаи ҳарби вазифаҳояшонро иҷро менамоянд ва дорои ҳуқуқҳое мебошанд, ки дар қонун барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Ҳангоми ба хизмати ҳарбии мақомоти разведкаи ҳарби дохил шудани мутахассисони ихтисоси баланд дошта, ки ба онҳо мақомоти разведкаи ҳарби мӯҳтоҷанд, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбии ин мақомот, ки то мавриди дар амал ҷори намудани Қонуни мазкур ба мақомоти разведкаи ҳарби ба хизмати ҳарби дохил шудаанд, собиқаи меҳнатии онҳо ба мӯҳлати хизмати ҳарбие, ки барои таъин намудани нафақа ва иловапулии собиқаи хизмати лозим аст, ба андозаи ду соли собиқаи умумии меҳнати ба як соли хизмати ҳарби ҳисоб карда мешавад.
Ба хизматчиёни ҳарби ва хизматчиёни ғайринизомии мақомоти разведкаи ҳарби маоши вазифави (ставкаи тарифи) барои хизмат (кор) дар мақомоти разведкаи ҳарби ба андозаи 25 фоиз баландтар муайян карда мешавад.
Хизматчиёни ҳарби, хизматчиён ва коргарони мақомоти разведкаи ҳарби дар ҳимояи давлат мебошанд. Ҳеҷ кас, ба ғайр аз мақомот ва шахсони мансабдоре, ки барои он қонун ваколатдор кардааст, ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти хизматии онҳо дахолат намояд.
Муҳофизати ҳаёт ва саломати, шараф ва шаъну эътибор, инчунин амволи кормандони мақомоти разведкаи ҳарби ва оилаҳои онҳо аз сӯиқасдҳо ва таҳдид бинобар амали кардани фаъолияти разведкави аз ҷониби мақомоти разведкаи ҳарби бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Нисбат ба кормандони мақомоти разведкаи ҳарби муқаррароти дахлдори санадҳои қонунгузори оид ба адои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти истиснои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусиятҳои аз ҷониби онҳo иҷро намудани вазифа (душвории кор, дараҷаи тахассуси, махфият, донистани забонои хориҷи) татбиқ мегардад.
Моддаи 21. Ҷавобгарии кормандони мақомоти разведкаи ҳарби барои ҳуқуқвайронкуни
Кормандони мақомоти разведкаи ҳарби барои содир намудани ҳуқуқвайронкуни мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯш масъулият доранд.
Мансубият ба мақомоти разведкаи ҳарби ва алоқаманди дар анҷом дидани фаъолияти разведкави корманди мақомоти разведкаи ҳарбиро барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулият озод намекунад.
Статуси корманди мақоми разведкаи ҳарби ба мақсадҳое, ки ба ӯҳдадориҳои вазифагии ӯ мувофик нест, истифода шуда наметавонад.
Моддаи 22. Ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо
Ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" муқаррар менамояд ().
Моддаи 23. Ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки ба мақоми разведкаи ҳарби кӯмаки махфи мерасонанд (расондаанд)
Шахсе, ки ба мақомоти разведкаи ҳарби кӯмаки махфи мерасонад (расондааст) ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, мумкин аст бо дархости ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
Давраи ҳамкории шахси ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда бо мақоми разведкаи ҳарби ба собиқаи меҳнатии ӯ дохил карда мешавад. Ҳифзи иҷтимоии чунин шахсон мутобиқи моддаҳои 14-16, 21 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" амалӣ мегардад .
БОБИ 4. НАЗОРАТ БА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБӢ
Моддаи 24. Назорат ба фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарби
Назорати умумиро ба фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.
Моддаи 25. Назорати прокурори
Назоратро аз рӯи иҷро намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тарафи мақомоти разведкаи ҳарби Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ба он ваколатдор ба амал мебароранд.
Маълумотҳо дар бораи шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарби кӯмаки махфи мерасонанд (расондаанд), инчунин дар бораи ташкил, усул ва воситаҳои амали гардондани фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарби ба соҳаи назорати прокурори дохил намешаванд.
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
2 декабри соли 2002 № 78
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 886)
Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонуни мазкур статус, асосҳои ҳуқуқии ташкили ва фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби назоратро ба фаъолияти он муайян менамояд.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - разведкаи ҳарби) қисми таркибии таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бояд амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз хатари беруна бо истифодаи тарзу усулҳо ва воситаҳои муайянкардаи ҳамин Қонун муҳофизат намояд.
Моддаи 2. Фаъолияти разведкави
Фаъолияти разведкави - ин маҷмӯи чорабиниҳое мебошад, ки аз ҷониби мақомоти разведкаи ҳарби тавассути инҳо амали гардонда мешавад:
ба даст овардан, таҳлилу коркард ва ба роҳбарияти сиёсии кишвар ва фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани иттилоот дар бораи имкониятҳои воқеи ва нерӯги, амалиёт, нақшаҳои давлатҳои хориҷи, ташкилотҳо ва шахсон (минбаъд - ахбороти разведкави), ки ба манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд;
расонидани кӯмак дар татбиқи чорабиниҳое, ки давлат ба манфиати таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардонад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведкаи ҳарби
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведкаи ҳарби ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти разведкави
Фаъолияти разведкави дар асоси принсипҳои зерин анҷом дода мешавад:
тақсими ваколатҳои мақомоти давлати, ки ба ҳайати қувваҳои таъмини амнияти давлат дохил мешаванд;
қонуният;
эҳтироми ҳуқуқ ва риояи озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
пинҳонкори;
бо ҳам пайвастани усул ва воситаҳои аёни ва маҳфи.
Моддаи 5. Мақсади фаъолияти разведкави
Мақсади фльолияти разведкавии разведкаи ҳарби аз инҳо иборат аст:
таъмини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ахбороти разведкави, ки ба онҳо барои қабули қарорҳо дар соҳаҳои сиёси, иқтисоди, мудофиа, илмию техники ва экологи зарур аст;
таъмини шароитҳое, ки барои татбиқи бомуваффақияти сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амният мусоидат менамоянд;
расонидани кӯмак ба инкишофи ҳарбию иқтисоди, пешрафти илмию техникии мамлакат тавассути аз ҷониби мақомоти разведкаи ҳарби ба даст овардани ахбороти ҳарби - иқтисоди ва илмию (техники, аз ҷумла дар шакли чассум пешниҳод намудани он ба мақомоти давлати, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Фаъолияти разведкави наметавонад барои ноил шудан ба мақсадҳои зиддибашари ва инчунин расидан ба мақсаде, ки дар ҳамин Қонун пешбини нашудааст, анҷом дода шавад.
Моддаи 6. Ваколати мақомоти разведкаи ҳарби
Барои ба даст овардани мақсади фаъолияти разведкави ба мақомоти разведкаи ҳарби ваколатҳои зерин дода мешаванд:
дар асоси маҳфи муқаррар кардани муносибатҳои ҳамкори бо шахсоне, ки хоҳиш изҳор намуда ба ин ихтиёрона розиги додаанд;
ба амал баровардани чораҳо оиди рамзнависи кардани ҳайати кадрҳо ва ташкили фаъолияти он бо истифодаи мансубияти дигари идорави ба ин мақсадҳо;
ба мақсади пинҳонкори истифода бурдани ҳуҷҷатҳое, ки шахсияти кормандони ҳайати кадрҳо, мансубияти идоравии ҷузъу томҳо, ташкилотҳо, биноҳо ва воситаҳои нақлиётии мақомоти разведкаи ҳарбиро размнависи шудаанд;
ҳамкори бо мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти разведкави ва зиддиразведкавиро анҷом медиҳанд;
дар рафти анҷом додани фаъолияти разведкави тибқи қарордод ё розигии шифоҳи истифода бурдани биноҳои хизмати, амволи муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, қисмҳои ҳарби, ҳамчунин биноҳои истиқомати ва ғайриистиқомати, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи шахсони алоҳида;
бо вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани созишномаҳое, ки барои анҷом додани фаъолияти разведкави заруранд;
ҳамкори бо хадамоти разведкави ва зиддиразведкавии давлатҳои хориҷи бо тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун;
барпо кардани муассисаҳои махсуси таълими оиди баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо;
ташкил ва истифодаи баҳисобгирии оперативи, системаи иттилоти ва бойгониҳое, ки ҳалли вазифаҳои разведкави ва ташкилиро таъмин менамоянд, чопи нашрияҳои махсус;
таъмини амнияти худи;
барпо кардани сохторҳои ташкили (ҷузъу томҳо), ки барои амал кардани мақомоти разведкаи ҳарби заруранд.
Моддаи 7. Маблағгузори ва таъминоти моддию техникии мақомоти разведкаи ҳарби
Маблағгузори ва таъминоти моддию техникии мақомоти разведкаи ҳарби аз ҳисоби буҷети давлати, ки барои мудофиа ҷудо карда мешавад, сурат мегирад.
Мақомоти разведкаи ҳарби метавонанд фонди манзили хизмати, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад, дошта бошанд.
Моддаи 8. Ҳифзи маълумот оид ба мақомоти разведкаи ҳарби
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои хизмат ба мақомоти разведкаи ҳарби дохил мешаванд, инчунин шахсоне, ки ба маълумоти оиди мақомоти разведкаи ҳарби роҳ дода мешаванд, аз тартиби ба расмиятдарории иҷозат ба маълумотҳое, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, мегузаранд, агар қонун тартиби дигарро пешбини накарда бошад.
Ҳуҷҷатҳои мақомоти разведкаи ҳарби, ки дар бораи ҳайати кадрҳои онҳо, шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарби пинҳони кӯмак мерасонанд (расондаанд), инчунин дар бораи усул ва воситаҳое, ки ин мақомот истифода мебарад, маълумот доранд, танҳо дар бойгониҳои разведкаи ҳарби маҳфуз дошта мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои бойгониҳои разведкаи ҳарбии қимати таърихи ва илми дошта, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда мешаванд, барои маҳфуздории доими ба хадамоти давлатии бойгони супорида мешаванд.
Моддаи 9. Робитаи мақомоти разведкаи ҳарби бо аҳли ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои огоҳии аҳли ҷомеа оид ба фаъолияти худ мақомоти разведкаи ҳарби, кормандони он тавассути хадамоти дахлдоре, ки дар сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин мақсад таъсис дода мешавад, бо созмонҳои ҷамъияти, воситаҳои ахбори умум ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон робита менамоянд.
Маводе, ки оид ба фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои ахбори умум пешниҳод мегардад, бояд дорои маълумоти марбут ба сирри давлати набошад.
Иттилооти ба зиндагии шахси, шаъну шараф ва шахсияти шаҳрвандон дахл дошта, ки дар ҷараёни фаъолият ба мақомоти разведкаи ҳарби маълум шудааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, бояд ифшо карда нашавад.
Нашр кардани мавод оид ба разведкаи ҳарби аз тарафи воситаҳои ахбори умум, ки сирри давлатро ташкил мекунанд, боиси масъулияти пешбининамудаи қонунгузории ҷори мегардад.
БОБИ II. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБӢ
Моддаи 10. Таъсиси мақомоти разведкаи ҳарби
Фаъолияти разведкави ҳам аз ҷониби мақомоти мустақили разведкаи ҳарби, ҳам мақомоти разведкаи ҳарбие, ки ба сохтори дигар вазорату идораҳо дохил мешавад, ба амал бароварда мешавад.
Таъсис, аз нав ташкилдиҳи ва барҳам додани мақомоти мустақили разведкаи ҳарби ва мақомоти разведкаи ҳарби дар ҳайати вазорату идораҳоро бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари вазорату идораҳои дахлдор, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.
Низомномаро дар бораи мақомоти мустақили разведкаи ҳарби, инчунин дар бораи вазорату идораҳое, ки ба ҳайати он мақомоти разведкаи ҳарби дохил мешавад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Моддаи 11. Соҳаи фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарби
Разведкаи ҳарби дар доираи салоҳияти худ фаъолияти разведкавиро дар соҳаҳои ҳарби, ҳарби-сиёси, ҳарби-техники, ҳарби-иқтисоди ва экологи амали мегардонад.
Моддаи 12. Роҳбари ба мақомоти разведкаи ҳарби
Ба мақомоти разведкаи ҳарби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умуми мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
вазифаҳои стратегии фаъолияти разведкавиро муайян менамояд;
фаъолияти мақомоти разведкаи ҳарбиро назорат ва мутобиқ мекунад;
оид ба масъалаҳои вобаста ба разведкаи ҳарби, аз ҷумла оид ба масъалаҳои мувофиқи мақсад будани бастани шартномаҳои дорои хусусияти байниидоравии байни мақомоти разведкаи ҳарбии давлат ва хадамоти разведкави ва зиддиразведкавии давлатҳои хориҷи қарорҳо қабул менамояд;
роҳбари разведкаи ҳарбиро бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод мекунад.
Моддаи 13. Усул ва воситаҳои фаъолияти разведкави
Дар раванди фаъолияти разведкави мақомоти разведкаи ҳарби усул ва воситаҳои аёни ва маҳфиро истифода бурда метавонад, ки хусусияти хоси онҳоро шароити фаъолияти мазкур муайян менамояд.
Усул ва воситаҳои фаъолияти разведкави набояд ба ҳаёт ва саломатии одамон ва муҳити зист зарар расонанд.
Мақомоти разведкаи ҳарби барои расидан ба мақсадҳои фаъолияти разведкави ҳуқуқ доранд системаҳои иттилооти, сабти видео-аудио, суратгири, аз каналҳои техникии алоқа гирифтани ахборот, инчунин дигар усул ва воситаҳоеро, ки ба талаботи қисми дуюми ҳамин модда ҷавобгӯ мебошанд, истифода барад.
Тартиби истифода бурдани усул ва воситаҳои маҳфии фаъолияти разведкавиро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии мақомоти разведкаи ҳарби муайян мекунанд.
Мазмуни санадҳои меъёрию ҳуқуқи оид ба масъалаҳои истифодаи усул ва воситаҳои фаъолияти разведкави сирри давлатиро ташкил медиҳад.
Моддаи 14. Пешниҳод кардани иттилооти разведкави
Иттилооти разведкави ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба мақомоти давлатии муайянкардаи ӯ пешниҳод карда мешавад.
Роҳбарони мақомоти разведкаи ҳарби дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳаққони, объективона будани ахбороти разведкави ва сари вақт пешниҳод шудани он масъулияти шахси доранд.
Роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори мақомоте, ки маълумоти разведкавии номбурдаро гирифтаанд, барои фош кардани маълумотҳои дар он мавҷудбуда, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд ё манбаъҳои ин ахборотро ошкор менамоянд, бо тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 15. Ҳамкории мақомоти разведкаи ҳарби бо хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо хадамоти разведкаи дигар давлатхо
Ҳамкории қувваҳо ва воситаҳои разведкаи ҳарби ва дигар хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои меъёрии дохилиидорави асос ёфта, тибқи созишномаҳои дуҷонибаи байни вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда муайян мегардад.
Ҳамкории мақомоти разведкаи ҳарби бо хадамоти разведкаи дигар давлатҳо тибқи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 16. Муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти разведкаи ҳарби бо вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар фаъолияти разведкави ба тағйири самтҳои асосии фаъолияти онҳо алоқаманд набошад, ба мақомоти разведкаи ҳарби кӯмак менамоянд.
Тартиби ҳамкори бо вазорату идораҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои мусоидат ҷиҳати анҷом додани фаъолиятҳои разведкави бо ин мақомот дар асоси санадҳои меъёрии байниидорави сурат мегирад ва дар созишномаҳои дуҷониба, ки байни роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор баста мешавад, муайян мегардад.
БОБИ III. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБӢ ВА ШАХСОНЕ, КИ БА ИН МАҚОМОТ КӯМАК МЕРАСОНАНД (РАСОНДААНД)
Моддаи 17. Кормандони мақомоти разведкаи ҳарби
Ба кормандони мақомоти разведкаи ҳарби хизматчиёни ҳарби, хизматчиёни ҳайати кадрҳо ва инчунин хизматчиёни ҳарби, хизматчиёну коргарони ба ҳайати кадрҳо дохилнашаванда, ки ихтиёри мутобиқан ба хизмати ҳақиқии ҳарби ё ба кор ба ин мақомот даромаданд, дохил мешаванд.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи сифатҳои маънавию рӯҳи ва кори, синну сол, маълумот ва вазъи саломати барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда қобил аст, корманди мақомоти разведкаи ҳарби буда метавонад.
Адои хизмати ҳарби дар мақомоти разведкаи ҳарби аз рӯи даъват ва ихтиёри сурат мегирад.
Ба хизматчиёну коргарони мақомоти разведкаи ҳарби ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва имтиёзҳои пешбиникардаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегарданд.
Хизматчиёни ҳайати кадрҳо ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти разведкаи ҳарби, хизматчиёне, ки ба ҳайати кадрхо дохил намешаванд ва коргарони мақомоти разведкаи ҳарби узви хизбҳои сиёси, иттиҳодяҳои ҷамъияти, ки мақсадҳои сиёси доранд, буда наметавонанд.
Моддаи 18. Ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарби
Ба ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарби хизматчиёни ҳарбии ба вазифаҳои дахлдор таъиншуда ва хизматчиёни мақомоти разведкаи ҳарби, ки ӯҳдадориҳои вазифагии онҳо бевосита ба амали гардондани фаъолияти разведкави алоқаманд аст, дохил мешаванд.
Маълумотҳо дар бораи мансубияти шахсони мушаххас ба ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарби, аз ҷумла кормандони аз ин мақомот озодшуда, сирри давлати мебошанд.
Кормандони ҳайати кадрҳо барои иҷрои вазифаҳояшон метавонанд мутобиқи талаботи ҳамин Қонун бидуни кушодани рамзи мансубияташон ба мақомоти разведкаи ҳарби дар вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳоро ишғол намоянд.
Ба кормандони ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарби иштироки махфи дар кори мақомоти ҳокимияти иҷроия, қонунгузори (намояндаги) ё суди, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъияти ва ташкилотҳои дини бо мақсади расонидани таъсир ба хусусияти фаъолияти онҳо манъ карда мешавад.
Кормандони ҳайати кадрҳои мақомоти разведкаи ҳарби ҳуқуқ надоранд, агар ба ин зарурати хизмати набошад, бо фаъолияти дигари музднок машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илми, муаллими ва эҷоди, ки бо розигии роҳбари мақомоти дахлдори разведкаи ҳарби сурат мегирад.
Моддаи 19. Шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарби махфи кӯмак мерасонанд (расондаанд)
Барои ноил шудан ба мақсадҳои фаъолияти разведкави мақомоти разведкаи харб дар асоси беподош ё подошнок бо шахсони синнашон болиг, қобили амал, ки барои расондани кӯмаки махфи ба мақомоти разведкаи ҳарби ихтиёри розиги додаанд, муносибатҳои ҳамкори муқаррар карда метавонанд. Тартиби муносибатҳои ҳамдигариро бо чунин шахсон санадҳои меъёрии ин мақомот, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, муайян менамоянд.
Маълумотҳо дар бораи шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарби махфи кӯмак мерасонанд (расондаанд), сирри давлатиро ташкил медиҳанд ва бинобар ба охир расидани мӯҳлати ҷоизи зиёдтарини махфи доштани маълумотҳое, ки сири давлатиро ташкил медиҳанд, набояд ошкор карда шаванд. Ба ин маълумотхо танхо ба кормандони барои он ваколатдори мақоми дахлдори разведкаи ҳарби ҳуқуқи ичозат дода мешавад.
Барои таъмини амнияти шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарби кӯмаки махфи мерасонанд (расондаанд) ва аъзои оилаҳои онҳо метавонад чорабиниҳои муҳофизатие гузаронда шаванд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигарро вайрон накунанд.
Моддаи 20. Вазъи ҳуқуқии кормандони мақомоти разведкаи ҳарби
Кормандони мақомоти разведкаи ҳарби вазифаҳояшонро иҷро менамоянд ва дорои ҳуқуқҳое мебошанд, ки дар қонун барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Ҳангоми ба хизмати ҳарбии мақомоти разведкаи ҳарби дохил шудани мутахассисони ихтисоси баланд дошта, ки ба онҳо мақомоти разведкаи ҳарби мӯҳтоҷанд, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбии ин мақомот, ки то мавриди дар амал ҷори намудани Қонуни мазкур ба мақомоти разведкаи ҳарби ба хизмати ҳарби дохил шудаанд, собиқаи меҳнатии онҳо ба мӯҳлати хизмати ҳарбие, ки барои таъин намудани нафақа ва иловапулии собиқаи хизмати лозим аст, ба андозаи ду соли собиқаи умумии меҳнати ба як соли хизмати ҳарби ҳисоб карда мешавад.
Ба хизматчиёни ҳарби ва хизматчиёни ғайринизомии мақомоти разведкаи ҳарби маоши вазифави (ставкаи тарифи) барои хизмат (кор) дар мақомоти разведкаи ҳарби ба андозаи 25 фоиз баландтар муайян карда мешавад.
Хизматчиёни ҳарби, хизматчиён ва коргарони мақомоти разведкаи ҳарби дар ҳимояи давлат мебошанд. Ҳеҷ кас, ба ғайр аз мақомот ва шахсони мансабдоре, ки барои он қонун ваколатдор кардааст, ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти хизматии онҳо дахолат намояд.
Муҳофизати ҳаёт ва саломати, шараф ва шаъну эътибор, инчунин амволи кормандони мақомоти разведкаи ҳарби ва оилаҳои онҳо аз сӯиқасдҳо ва таҳдид бинобар амали кардани фаъолияти разведкави аз ҷониби мақомоти разведкаи ҳарби бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Нисбат ба кормандони мақомоти разведкаи ҳарби муқаррароти дахлдори санадҳои қонунгузори оид ба адои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти истиснои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусиятҳои аз ҷониби онҳo иҷро намудани вазифа (душвории кор, дараҷаи тахассуси, махфият, донистани забонои хориҷи) татбиқ мегардад.
Моддаи 21. Ҷавобгарии кормандони мақомоти разведкаи ҳарби барои ҳуқуқвайронкуни
Кормандони мақомоти разведкаи ҳарби барои содир намудани ҳуқуқвайронкуни мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯш масъулият доранд.
Мансубият ба мақомоти разведкаи ҳарби ва алоқаманди дар анҷом дидани фаъолияти разведкави корманди мақомоти разведкаи ҳарбиро барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулият озод намекунад.
Статуси корманди мақоми разведкаи ҳарби ба мақсадҳое, ки ба ӯҳдадориҳои вазифагии ӯ мувофик нест, истифода шуда наметавонад.
Моддаи 22. Ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо
Ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" муқаррар менамояд ().
Моддаи 23. Ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки ба мақоми разведкаи ҳарби кӯмаки махфи мерасонанд (расондаанд)
Шахсе, ки ба мақомоти разведкаи ҳарби кӯмаки махфи мерасонад (расондааст) ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, мумкин аст бо дархости ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
Давраи ҳамкории шахси ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда бо мақоми разведкаи ҳарби ба собиқаи меҳнатии ӯ дохил карда мешавад. Ҳифзи иҷтимоии чунин шахс мутобиқи қисмҳои сеюм-ҳафтуми моддаи 22 ҳамин Қонун сурат мегирад.
БОБИ IV. НАЗОРАТ БА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБӢ