Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи муқаррар намудани маошҳои хизматии кормандони маҷмуи меҳмонхонаҳои Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Маошҳои хизматии кормандони маҷмӯи меҳмонхонаҳои Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи замима тасдиқ ва аз 1 июли соли 1996 ҷори кара шаванд.
2. Ба роҳбари маҷмӯи меҳмонхонаи Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти хизматии кормандони маҷмӯи меҳмонхонаҳои Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, ки дар доираи фонди пардохти музди меҳнат:
ба командон барои иҷрои корҳои махсусан муҳим ба андозаи то 20 фоизи маоши хизмати иловапулӣ муқаррар намояд. Иловапулии мазкур дар сурати бад шудани сифати кор бекор ё кам карда мешавад;
ба кормандон мукофотпулӣ муқаррар намуда, барои ин мақсад фонди чормоҳаи пардохти музди мехнатро равона кунад. Роҳбар бо мувофиқаи иттифоқи касаба мустақилона низомномаи мукофот кормандонро таҳия ва тасдиқ менамояд, ҳангоми ҳисоби маблағи мукофотпулии хар як корманд алоҳида ҳисоб карда мешавад ва аз саҳми шахсии корманд дар натиҷаи умумии кори коллектив бо дарназардошти мӯҳлати кори анҷомдода (аз ҷумла рухсатиҳои меҳнати) вобаста буда, бо андозаи ҳадди аксар маҳдуд карда намешавад;
ба кормандон ёрдампулӣ муқаррар намуда, барои ин мақсад фонди думоҳаи пардохти музди меҳнатро равона кунад.
Мукофотонии роҳбар ва муовинони ӯ бо иҷозати ташкилоти болоӣ ба андозаи то чор маоши хизматӣ дар як сол сурат мегирад.
3. Илова ба мукофотпулиҳое, ки дар банди 2 қарори мазкур пешбинӣ гардидаанд, аз ҳисоби сарфаи фонди пардохти музди меҳнат ба роҳбарон ва кормандон дар арафаи идҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд (Рӯзи Истиклолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди Наврӯз, Иди Қурбон, 9 май) ба андозаи як маош мукофотпулӣ дода шавад. Маблағи мукофотпулии мазкур ба ҳисоби маоши миёна дохил гардида, аз он андоз ситонида мешавад.
4. Ҳисоби музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, ёрдампулӣ барои корношоямии муваққатӣ ёрдампулӣ ҳангоми аз кор рафтан, ёрдампулиҳое, ки ба маъюбон барои ҷуброни зиён пардохта мешаванд ва дар дигар ҳолатҳои вобаста ба пардохти музди миёнаи меҳнат, бо дарназардошти музди меҳнат мутобиқи маошҳои хизматие, ки қарори мазкур муқаррар намудааст. Анҷом дода шавад.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пӯшондани хароҷоти вобаста ба татбиқи қарори мазкур манбаъҳои иловатӣ дарьёфт намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 18 июли соли 1996 №330
ш. Душанбе