Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои таъмини иҷрои Созишнома оиди шарту усулҳои умумии дастгирии рушди кооперацияи истеҳсолии корхонаҳо ва соҳаҳои давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Протокол оиди усули Созишномаи мазкур
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008 № 47)
Бо максади таъмини шароити мусоиди рушди кооперация барои тарафайн муфид байни корхонаҳо ва соҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи тартиби ҳаракати молу маҳсулот аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Созишнома оиди шарту усулҳои умумии дастгирии рушди кооперацияи истеҳсолии корхонаҳо ва соҳаҳои давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Протокол оиди усули татбиқи Созишномаи мазкур тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати давлатии саҳомию ҳолдингии "Барқи Тоҷик", Ширкати давлатии саҳомии "Умрон", Кумитаи саноати озуқа ва коркарди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассоциацияи соҳибкорӣ ва бизнеси хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳ номгӯи корхонаҳои тобеъ ва рӯйхати молҳоро бо муайян намудани ҳаҷми воридоту содироти ин молҳо мутобиқи тартиби муқаррагардида муайян карда, аз рӯи онҳо Созишномаҳои соҳавӣ ба имзо расонанд .
3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як моҳ Низомномаи тартиби молрасонӣ (кору хизматрасонӣ)-ро дар доираи кооперацияи истеҳсолӣ ва махсусгардонии истеҳсолот байни корхонаҳо ва соҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳия ва тасдиқ намояд.
4. Вазорату идораҳое, ки ба рӯйхати иштирокчиёни кооперацияи истеҳсолӣ дохил карда шудаанд, шахсони ваколатдорро доир ба ҳар минтақаи ҷумҳурӣ ҷиҳати пешниҳод намудани аснод ба мақомоти гумрукӣ дар маҳалот ва ҳар семоҳа таҳия намудани гузориш оиди воридоту содироти захираҳои муҳими ашьёи хоми стратегӣ таъин намоянд .
5. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа оиди воридоту содироти маҳсулот ва ашьёи хом дар доираи кооперацияи истеҳсолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кунад .
6. Назорати иҷрои Созишнома ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 12 январи соли 1996, № 28
ш.Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои таъмини иҷрои Созишнома оиди шарту усулҳои умумии дастгирии рушди кооперацияи истеҳсолии корхонаҳо ва соҳаҳои давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Протокол оиди усули Созишномаи мазкур
Бо максади таъмини шароити мусоиди рушди кооперация барои тарафайн муфид байни корхонаҳо ва соҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи тартиби ҳаракати молу маҳсулот аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Созишнома оиди шарту усулҳои умумии дастгирии рушди кооперацияи истеҳсолии корхонаҳо ва соҳаҳои давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Протокол оиди усули татбиқи Созишномаи мазкур тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати давлатии саҳомию ҳолдингии "Барқи Тоҷик", Ширкати давлатии саҳомии "Умрон", Кумитаи саноати озуқа ва коркарди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассоциацияи соҳибкорӣ ва бизнеси хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳ номгӯи корхонаҳои тобеъ ва рӯйхати молҳоро бо муайян намудани ҳаҷми воридоту содироти ин молҳо мутобиқи тартиби муқаррагардида муайян карда, аз рӯи онҳо Созишномаҳои соҳавӣ ба имзо расонанд.
3. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як моҳ Низомномаи тартиби молрасонӣ (кору хизматрасонӣ)-ро дар доираи кооперацияи истеҳсолӣ ва махсусгардонии истеҳсолот байни корхонаҳо ва соҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳия ва тасдиқ намояд.
4. Вазорату идораҳое, ки ба рӯйхати иштирокчиёни кооперацияи истеҳсолӣ дохил карда шудаанд, шахсони ваколатдорро доир ба ҳар минтақаи ҷумҳурӣ ҷиҳати пешниҳод намудани аснод ба мақомоти гумрукӣ дар маҳалот ва ҳар семоҳа таҳия намудани гузориш оиди воридоту содироти захираҳои муҳими ашьёи хоми стратегӣ таъин намоянд.
5. Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа оиди воридоту содироти маҳсулот ва ашьёи хом дар доираи кооперацияи истеҳсолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кунад.
6. Назорати иҷрои Созишнома ба зиммаи Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 12 январи соли 1996, № 28
ш.Душанбе