Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1996-1997
Бо мақсади татбиқи тадбирҳои таъмину тавсиаи минбаъдаи ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва равона намудани қисми пасандозҳои пулии аҳолӣ ва маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимашудаи хусусигардонии моликияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1996- 1997 тасдиқ карда шавад.
2. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) дар мавриди иҷрои Барномаи мазкур чораҳои мушаххас андешанд ва дар вақти хусусигардонии иншооти моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ талаботи онро қатъиян ба роҳбарӣ гиранд.
3. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) дар мӯҳлати ду моҳ мавҷудӣ ва дуруст ба расмият даровардани аҳдномаҳоро дар барои хусусигардонӣ ва ба иҷора додани иншооту амвол тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин воридоти саривақтии маблағ ба буҷетро тафтиш намоянд.
Аз натиҷаи кори анҷомдода ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот дода шавад.
4. Ба Ҳукумати давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ( ҳукуматҳо) иҷозат дода шавад, ки бо дарназардошти пешниҳодоти вазорату муассисаҳо, коллективҳои меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номгӯи иншооти хусусигардонидашавандаи ба барномаи мазкур дохилгардида тағьироту иловаҳо дохил намоянд.
5. Вазорати фарҳанг ва иттолооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳру фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Барномаро тавассути васоити ахбори умум таъмин намоянд.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 20 маи соли 1996, № 203
ш.Душанбе
* Барнома дар матни русӣ оварда шудааст