Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 апрели соли 1996,
таҳти № 137 тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи бо маром тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо роҳи шартномавӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
1. Вазифаи асосии бо роҳи шартномавӣ пайваста тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ аз ҷумлаи шахсоне, ки аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълим мегиранд (минбаъд пайваста тайёр кардани мутахассисон бо роҳи шартномавӣ номида мешавад), қонеъ намудани талаботи корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо дар навбати аввал онҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои номбаршуда маблағгузорӣ мешаванд, бо кадрҳои баландихтисос мебошад.
2. Зарурати пайваста тайёр кардани мутахассисон бо роҳи шартномавӣ барои соҳаҳои гуногун тайёр мешударо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дар ихтиёри худ муассисаҳои таълимии маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ дошта, муқаррар менамояд .
Супориши пайваста тайёр кардани мутахассисон дар ҳудуди шумораи қабули донишҷӯён барои таҳсил бо назардошти маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки ба ҳамин мақсад ҷудо шудаанд, дар асоси пешниҳодҳои (дархости) идораҳои давлатии ҳокимияти иҷроияи Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои таълимӣ муқаррар карда мешаванд.
3. Шумораи таълимгирандагон дар доираи шартномаи пайваста тайёр кардани мутахассисон ба таври ихтиёрӣ аз ҷумлаи шахсоне, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ тавассути бастани шартнома байни донишҷӯ ва муассисаи таълимӣ бо омӯзиш фаро гирифта шуданд, ташаккул меёбанд.
4. Пайваста тайёр кардани мутахассисон бо роҳи шартномавӣ тавассути бастани шартнома байни донишҷӯ ва корфармои мушаххас за мӯҳлати на камтар аз 3 сол аз рӯи пешниҳоде, ки роҳбари муассисаи таълими дар давраи таҳсили донишҷӯ (на дертар аз моҳи муассисаи таълимиро хатм намудани донишҷӯ) менамояд, амалӣ мегардад.
ӯҳдадории тарафҳо, аз ҷумла шаклҳои масъулияти мутақобила тавассути шартнома муайян карда мешавад.
Коре (мансабе), ки ба хатмкунанда аз рӯи шартнома пешниҳод мегардад, бояд бо ихтисос ва дараҷаи маълумоти касбии ӯ мувофиқат намояд.
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахасисони ҷавоне, ки тибқи шартнома берун аз ҳудуди ҷои истиқомати доимиашон ба кор мераванд, инчунин аъзои оилаи онҳо ба гирифтани ҷуброн ҳуқуқ доранд. Онҳо мутаносибан аз ҷониби корфармо, мақомоти идораҳои давлатӣ, ҳукуматҳои иҷроияи маҳаллӣ аз рӯи меъёри муқарраркардашуда, бо манзил таъмин карда мешаванд. Истиқомат дар хобгоҳ иҷораи манзил тадбирҳои муваққатии бо манзил таъмин кардани хатмкунанда ва аъзоёни оилаи ӯ мебошанд. Барои онҳо тамоми имтиёзу сабукиҳое, ки қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутахассисони ҷавон пешбинӣ кардааст, нигоҳ дошта мешавад.
5. Ба донишҷӯёне, ки дар асоси пайваста тайёр кардани мутахассисон бо роҳи шартномавӣ қабул шудаанду бомуваффақият таҳсил мекунанд, кӯмакхарҷии давлатӣ муқаррар карда мешавад. Он аз маблағи буҷети ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ дар ҳаҷме, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, пардохта мешавад.
Ба донишҷӯёни зикршуда ҳамчунин иловаю кӯмакпулӣ, кӯмакхарҷии номӣ муқаррар шуда, барои истиқомат дар хобгоҳ пардохти хадамоти коммуналӣ ва маишӣ аз ҳисоби маблағҳои муассисаи таълимӣ ва корфармо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи шартнома имтиёзҳо пешниҳод карда мешаванд.
6. Донишҷӯёне, ки бо муассисаи таълимӣ шартнома бастаанд, зимни хоҳишашон аз бастан ва иҷроиши шартнома бо корфармо дар ҳолатҳои зерине, ки баъди бастани шартнома бо муассисаи таълимӣ ба миён, омадаанд, озод карда мешаванд:
- ҳангоми мавҷуд будани мамнӯъоти тиббии кор дар корхонаҳои (мансабҳои) мушаххас ё он қаламрав;
- занони ҳомиладор ё дорои кӯдаки синни 3-сола дар вақти хатми муассисаи таълимӣ, агар кор на дар ҷои истқомати доимии оилаи мард (зан) ё волидайн пешниҳод карда шавад.
Аз бастан ва иҷрои шартнома бо кофармо хатмкунандагон ҳамчунин дар ҳолате озод карда мешаванд, ки агар кори (мансаби) пешниҳод кардашуда ба ихтисос ва дараҷаи маълумоти касбӣ мувофиқат намояд ва ё шартҳои таъмини моддӣ ё манзилиро, ки бо Низомномаи мазкур ва Қонунгузории мавҷудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мешавад, халалдор намояд.
Агар яке аз ҳамсарон муассисаи таълимро барвақт хатм кунад, бо ӯ дар асоси шартҳои умумӣ ва боназардошти ҷои кори эҳтимолии ҳамсари дигар, агар дертар хатм кунад дар ҷои кори ҳамсараш кор пешниҳод карда мешавад.
Дар ҳолатҳои номбаршуда дар асоси шартҳои умумӣ ба донишҷӯён кӯмакхарҷӣ ва имтиёзҳо муқаррар карда мешавад.
7. Донишҷӯёне, ки бо муассисаи таълимӣ шартнома баста ва аз бастани он бо корфармо даст мекашанд, ё шартномаро бекор мекуанд (шартҳои онро иҷро намекунанд), то гирифтани диплом ба муассаи таълимӣ ва корфармо товони ҳамаи хароҷотро вобаста ба таълим ва тартиботе, ки шартнома муайян мекунад, бармегардонад. Аз товони хароҷот донишҷӯёни зерин озод карда мешаванд:
- онҳое, ки ба гурӯҳи шахсони дар банди 6-и Низомномаи мазкур нишондодашуда дохил мешаванд;
- онҳое, ки ба таври ҳатми мувофиқи Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакхарҷӣ мегиранд;
- онҳое, ки аз лаҳзаи имзои шартнома танҳо ба баҳои "аъло" таҳсил мекунанд;
- кӯдакони ятим ва кӯдакони бепарастор мондагон;
- маъюбони гурӯҳҳои якум ва дуюм;
- собиқадорони амалиётҳои ҳарбӣ;
8. Ҳаҷм ва тартиби ташкили пайваста тайёр кардани мутахассисон бо роҳи шартномавӣ аз зумраи шахсоне, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ таҳсил мекунанд, аз ҷониби Ҳукуматҳои дахлдор бо мувофиқаи муассисаи таълимӣ муқаррар карда мешавад.
Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 апрели соли 1996,
таҳти № 137 тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи бо маром тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо роҳи шартномавӣ
1. Вазифаи асосии бо роҳи шартномавӣ пайваста тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ аз ҷумлаи шахсоне, ки аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълим мегиранд (минбаъд пайваста тайёр кардани мутахассисон бо роҳи шартномавӣ номида мешавад), қонеъ намудани талаботи корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо дар навбати аввал онҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои номбаршуда маблағгузорӣ мешаванд, бо кадрҳои баландихтисос мебошад.
2. Зарурати пайваста тайёр кардани мутахассисон бо роҳи шартномавӣ барои соҳаҳои гуногун тайёр мешударо Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дар ихтиёри худ муассисаҳои таълимии маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ дошта, муқаррар менамояд.