Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2002 № 834
тасдиқ шудааст
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2002 № 834
тасдиқ шудааст
Тасвири медали ҷашнии бахшида ба 10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум
Медал шакли мудаввар дошта, аз металли композитии тиллоранги қутраш 32 мм бо ҳошияи барҷастаи тарҳи дутарафа сохта шудааст.
Дар рӯи медал тасвири барҷастаи мурғи афсонавии Ҳумо акс ёфтааст, ки дар болои он харитаи Тоҷикистон дар партави нақши нурҳо ва тасвири барҷастаи тоҷи давлатӣ аз нимдоираи иборат аз 7 ситора дар болои он ҷой гирифтааст.
Дар қисми поёнии медал рақами барҷастаи ,XVI, тасвир ёфтааст, ки дар болои он тасма бо навиштаҷоти "Иҷлосияи" насб шудааст. Аз чап ба рост тарҳи нақши рақамҳои "1992" ва "2002" ҷой дода шудааст.
Дар қисми болоии медал гӯшаке ҳаст, ки медал бо ҳалқа ба овезаи росткунҷаи васегиаш 32 миллиметраи бо тасмаи парниёи дорои рахҳои рангашон сурх, сафед ва сабз рӯйкаш шудааст, пайваст мешавад.
Дар пушти медал рақами тартибии он, дар пушти овеза бошадсӯзанак барои ба либос овехтани медал мавҷуд аст.
...