ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвариши чорвои зоти парранда, занбури асал ва моҳи дар соҳаи кишоварзӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.03с. № 519)
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарвари дар соҳаи чорводорӣ" ва бо мақсади зудтар барқарор ва афзун намудани саршумори чорвои зоти дар хоҷагиҳои ҷамоавию давлати, корхонахои байнихоҷаги, хоҷагиҳои деҳқони (фермери) ва дигар хоҷагиҳо, такмили минбаъдаи сифати зот ва маҳсулнокии чорвои соҳаи кишоварзи дар асоси истифодаи пурра ва самарабахши захираҳои худии хоҷагиҳо, инчунин дар онҳо муҳайё намудани шароити заруру ҷиҳати дар ин кор расонидани кӯмак ба аҳолии ҷумҳури, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муқаррар карда шавад, ки заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тавлид ва парвариши ҳайвоноти зоти хоҷагии қишлоқ, парранда, занбӯри асал ва моҳи, ки дар замимаи* қарори мазкур дохил карда шудаанд, зотпарвар буда, муносибатҳои дутарафаи хешро ба дигар субъектҳои хоҷагидори пурра дар асоси ҳисоби хоҷаги худмаблағузори анҷом медиҳанд ва масъалаҳои андозбандин онҳо тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.
Муқаррар карда шавад, ки парваришгоҳҳои давлатии чорвои зоти марказ, стансияҳо ва корхонаҳои бордоркунии сунъии ҳайвонти кишоварзи муссисаҳои давлатии зотпарвари мебошанд (Замимаи 2)
2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони вилоятҳо шаҳру ноҳияҳо:
дар ду соли наздик беҳдошти пурраи тамоми заводҳо, хоҷагиҳо фермаҳои зотпарвариро аз касалиҳои сирояткунанда ва инвизиони ба субот расонида дар онҳо офияти устувор заминаи боэътимоди хӯрокаро бунёд кунанд. ҳамаҷониба ба афзун гардонидани саршумор, беҳбудии сифати зот ва маҳсулнокии чорво, парранда ва занбӯри асал, ки дар моликияти шахсии шаҳрвандони ҷумҳури мавҷуданд, мусоидат намоянд;
то аттестатсияи навбатии хоҷагиҳои зотпарварии ҷумҳури оид ба барқароркунии сархшумор, афзун намудани миқдор ва маҳсулнокии чорво ва парранда дар хоҷагиҳое, ки аз шабакаи заводҳо. хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шудаанд, тадбирҳо андешанд.
3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи ҷумҳуриявии истеҳсолии "Моҳипарвар", Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академия илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо пажӯишгоҳҳои соҳавии илмию тадқиқотии зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский, чорводори ва бойтори ба хоҷагиҳои зотпарвари дар анҷом додани кори самарабахши селексиони оид ба ташкили подаю рамаи чорво, парранда, моҳи, оилаҳои занбӯри асали сермаҳсули зоти, инчунин пешгирии қисирмонии саршумори наслдеҳ ёрии амали расонанд.
4. Фасли хоҷагиҳои давлатии зотпарварии замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 1996 № 267 "Дар бораи тадбирҳои зиёд намудани саршумори чорвои зотии ҷамъиятӣ" бандҳои 24, 25, 26, 27 дорои мазмуни зайл пурра карда шаванд:
24 Хоҷагии давлатии "Машъал" Хоҷагии зотпарвари Чорвои майдаи
шохдор
ноҳияи Вахш қароқӯли
вилояти Хатлон
25 Хоҷагии давлатии "Оличабулоқ" Хоҷагии зотпарвари Чорвои майдаи
ноҳияи Совет, шохдор
вилояти Хатлон Маҳинпашмӣ
дарвозӣ
26 Хоҷагии давлатии Хоҷагии зотпарвари Чорвои калони
ба номи У.Усмонов, шохдор
ноҳияи Ховалинг, қазоқии
вилояти Хатлон сарсафед
27 Хоҷагии давлатии "Рӯшон" Хоҷагии зотпарвари Чорвои калони
ноҳияи Рушон, шохдор
Вилояти Мухтори шведи
Кӯҳистони Бадахшон
* Замима оварда намешавад.
5. Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 1994 "Дар бораи тасдиқ намудани шабакаи заводҳо, хоҷагию фермаҳои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвариши чорвою паррандаҳои зотии кишоварзӣ" ва бани 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 1999 № 287 "Дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэьтибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 19 июни соли 2000 № 262
ш.Душанбе