Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2000, № 216 "Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи намудҳои соҳибкорӣ, ки аз он андоз аз дар асоси патент ситонида мешавад ва Тартиби гирифтани аз тарафи шаҳрвандоне, ки бидуни шахсияти ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкорӣ анҷом медиҳанд."

Санаи амалкуни: 06.06.2003

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2004с. № 140 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи намудҳои соҳибкорӣ, ки аз он андоз аз дар асоси патент ситонида мешавад ва Тартиби гирифтани аз тарафи шаҳрвандоне, ки бидуни шахсияти ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкорӣ анҷом медиҳанд.

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 6 июни соли 2003 № 250)

Мутобиқи моддаи 121 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз он андоз аз даромад дар асоси патент ситонида мешавад, мутобиқи замимаи № 1 тасдиқ карда шавад.

2. Тартиби гирифтани патент аз тарафи шаҳрвандоне, ки бидуни шахсияти ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкорӣ анҷом медиҳанд, мутобиқи замимаи №2 тасдиқ карда шавад.

3. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, ки бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти пешниҳодоти Раисони ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар мавридҳои зарурӣ андозаи пардохти патентро зиёд намоянд ё бо дарназардошти даромаднокӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ ва омилҳои дигар нисбати андозаи пардохт барои патент коэффисенти афзояндаи танзимкунандаро муқаррар кунад, инчунин ба намудҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ андозаи пардохти патентро муқаррар намоянд.

4. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шавад: қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 маи соли 1995 № 360 "Дар бораи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз онҳо андоз ба таври пардохт барои патент ситонида мешавад, тартиби гирифтани патент ва андозаи пардохт барои патент";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 маи соли 1996 № 199 "Дар хусуси қисман тағйир додани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 маи соли 1995 № 360 "Дар бораи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз онҳо андоз ба таври пардохт барои патент ситонида мешавад, тартиби андозаи пардохт барои патент";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 1997 №106 "Дар бораи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, аз онҳо андоз ба таври пардохт барои патент ситонида мешавад ва андозаи пардохт барои патент";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1998 №201 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 1997 № 106 "Дар бораи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз онҳо андоз ба таври пардохт барои патент ситонида мешавад ва андозаи пардохт барои патент".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Э. Раҳмонов

аз 10 майи соли 2000 № 216

ш. Душанбе