Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2001, № 536 "Дар бораи тадбирҳои такмили баъзе сохторҳои идораи давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои такмили баъзе сохторҳои идораи давлатӣ

Бо мақсади такмили системаи идораи давлатӣ ва бо шароити тағйирёбандаи иқтисоди мутобиқ гардонидани он фармон медиҳам:

1. Ба зиммаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаҳои асосии зерин дар соҳаҳои дахлдори иқтисод вогузор карда шавад:

таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатии соҳавӣ, мониторинги вазъияти ҷори дар соҳа, таҳияи дурнамо ва барномаҳои миёнамӯҳлату дарозмӯҳлати рушди соҳа ва бахшҳои марбути он, таҳияи пешниҳодотҳо дар хусуси ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ;

таҳияи муқаррарот, стандартҳо, меъёрҳо ва нормативҳо барои анҷом додани фаъолият дар соҳаи дахлдори иқтисод, назорати иҷрои онҳо, иштирок дар муҳокимаи нарху тарифҳои маҳсулот, кор ва хизматрасониҳои корхонаҳо - монополистҳои дахлдор;

таҳияи пешниҳодот дар бораи баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ, ташакули шароити бозаргон, мусоидат ба ҷалб намудани сармоягузориҳо ба соҳаҳои дахлдори иқтисод, рушди соҳибкории хусусӣ, дастгирии рақобатнокӣ;

мутобиқи қонунгузории ҷори литсензиякунонии фаъолияти тамоми корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар соҳаи дахлдори иқтисод фаъолияташонро анҷом медиҳанд:

танзими фаъолияти корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки ба моликияти ҷумҳурияви тааллуқ дошта, фаъолияташонро дар соҳаи дахлдори иқтисод бо роҳи бастани созишномаҳои дуҷониба бо онҳо анҷом медиҳанд, таҳияи пешниҳодҳо оид ба танзими фаъолияти дигар корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, тичоратикунонӣ ва баланд бардоштани мустақиляти ташкилоту муассисаҳои давлатие, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешаванд.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар мӯҳлати ду моҳ низомномаҳои вазоратҳои зикргардида, сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи марказии онҳо, нақшаҳои идора, ҷойгиркунонӣ, тартиби маблағгузории онҳо ва номгӯи корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳоеро, ки тибқи созишномаҳои дуҷониба бо онҳо фаъолият мекунанд, таҳия ва тасдиқ намояд;

то 1 августи соли 2001 оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии амалкунанда, ки бар хилофи ҳамин Фармон мебошанд, пешниҳодот манзур намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

аз 14 марти соли 2001 № 536 ш. Душанбе