Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2001, № 534 "Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади баланд бардоштани. самаранокии истифодаи захираҳои давлатии замин ва ба шароити тағйирёбандаи иқтисоди мутобиқ намудани системаи идораи давлати мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Дар заминаи Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Ба зиммаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад:

таҳияи сиёсати ягонаи давлати ва татбиқи қарорҳои қабулгардида оид ба заминсози, истифодаи замин ва муносибатҳои марбут ба замин;

пешбурди кадастри давлатии замин, мониторинги заминҳо, анҷом додани заминсози;

бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони замин;

мутобиқи қонунгузори анҷом додани назорати давлатии истифодаи самаранок ва муҳофизати захираҳои замин;

ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳодҳо ҷиҳати бекор намудани қарорҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳури, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин мухолифат мекунанд.

3. Ба Сохтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1994 № 7 тасдиқ гардидааст, калимаҳои Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд.

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ ин корҳоро анҷом диҳад:

Низомномаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи марказии он, нақшаи идора ва тартиби маблағгузории буҷети, инчунин номгӯи корхонаҳои давлати ва ҷамъиятҳои саҳомиеро, ки фаъолияташонро тибқи созишномаҳои дуҷониба бо Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд тасдиқ намояд;

ҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрии амалкунанда бинобар қабули ҳамин фармон тадбирҳо андешад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э. Раҳмонов

аз 14 марти соли 2001 № 534 ш. Душанбе