Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ аз 5.11.2002 № 724, аз 3.11.2004 № 1216, аз 1.06.2005 № 67, аз 6.12.2006 № 414)
(қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ аз 5.11.2002 № 724, аз 3.11.2004 № 1216, аз 1.06.2005 № 67, аз 6.12.2006 № 414)
ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1
1. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст.
2. Маҷлиси намояндагон масъалаҳои ба салоҳияти он тааллуқдоштаро мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", қонунҳои конститутсиони, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Дастур мустақилона ҳал мекунад.
Моддаи 2
Маҷлиси намояндагон, Шӯрои Маҷлиси намояндагон, Раис ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, фраксияҳо, гурӯҳҳо ва вакили Маҷлиси намояндагон мутобиқи тартиби муқарраркардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", қонунҳои конститутсиони ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро амали мегардонанд.
Моддаи 3
Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси усули таҷзияи ҳокимияти давлати, волоияти қонун, ошкорбаёни, дастаҷамъи, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандеши, масъулият дар назди халқ ба амал мебарорад.
ФАСЛИ I СОХТОРИ ДОХИЛӢ, МАҚОМОТИ ҲАМОҲАНГСОЗ ВА ҲИСОБОТДИҲАНДАИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
БОБИ 1 Раис ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон
Моддаи 4
1. Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳони, бо истифодаи бюллетенҳо ва бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон интихоб мешавад.
...