Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 № 863 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ"

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 маи соли 1998 "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, № 10, мод.98) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад:

1. Қисми панҷуми моддаи 2 дар таҳрири зайл баён гардад:

"Ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки аз аттестатсия нагузаштаанд, иҷозатномаи (литсензияи) ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти аудиториро нагирифтаанд ва тибқи тартиботи муқарраршуда ба қайд гирифта нашудаанд, наметавонанд "аудитор" номида шаванд ва ё худро чун ашхоси машғули фаъолияти аудиторӣ тавсия намоянд".

2. Аз қисми шашуми моддаи 4 калимаҳои "ки агар дар он аққалан як аудитор кор кунад, иҷозати фаъолияти аудиторӣ дода мешавад" хориҷ карда шаванд.

3. Дар қисми дуюми моддаи 5 калимаҳои "тафтишро" ва "иқтисодӣ" мувофиқан бо калимаҳои "аудитор" ва "хоҷагидорӣ" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 6:

қисми якум дар таҳрири зайл баён гардад:

"Тартиби аттестатсия барои ҳуқуки машғул шудан ба фаъолияти аудиторӣ ва додани иҷозатномаи (литсензияи) амалӣ кардани фаъолияти аудиториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд";

аз қисми дуюм калимаҳои "Комиссияи тахассусӣ дар маҷлиси умумии Палатаи аудиторҳо ба мӯҳлати 5 сол интихоб карда мешавад" хориҷ карда шаванд.

5. Дар моддаи 7:

аз сарсатри якум калимаҳои "аз тарафи Комиссияи тахассусӣ" хориҷ карда шаванд;

баъди сарсатри дуюм сарсатрҳои дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:

" - ҳангоми аз тарафи аудитор (фирмаи аудиторӣ) амалӣ кардани фаъолияти аудиторие, ки иҷозатномаи ба вай додашуда онро муқаррар нанамудааст;

- ҳангоми аз тарафи аудитор (фирмаи аудиторӣ) пешниҳод кардани маълумоти дар рафти аудит бадастовардашуда ба шахси сеюм бидуни иҷозати роҳбари (соҳиби) субъекти хоҷагидорӣ, ба истиснои он ҳолатҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

- ҳангоми қасдан аз тарафи аудитор (фирмаи аудиторӣ) пинҳон кардани ҳолатҳое, ки барои гузаронидани аудити субъекти хоҷагидорӣ имконият намедиҳанд;"

6. Дар банди "а" қисми дуюми моддаи 14 калимаҳои "субъекти иқтисодӣ" ба калимаҳои "субъекти хоҷагидорӣ" иваз карда шаванд.

7. Дар моддаи 16:

қисми якум хориҷ карда шавад;

қисми чорум дар таҳрири зайл баён гардад:

"Мақоми олии Палатаи аудиторҳо Маҷлиси умумӣ ба ҳисоб меравад"

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш.Душанбе 

 10 декабри соли 1999 № 863