Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳо иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 1998 № 1123 "Дар бораи азнавтаъсисёбии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 1998 № 1123 "Дар бораи азнавтаъсисёбии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Оинномаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" тасдиқ карда шавад (замима аст).
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди оинномавии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"- ро ба андозаи муқаррарнамудаи Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон ташаккул диҳад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ғайри қобили пардохт гардидани Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" амнияти пурраи дороиҳои пулӣ ва дигар арзишҳои ашхоси воқеъиро, ки ба муассисаҳои бонк боварӣ намуда супоридаанд, кафолат медиҳад ва онро бо талаби аввалини амонатгузорон бармегардонад.
4. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 1992 № 8 "Масъалаҳои Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 27 январи соли 1999 № 6
ш. Душанбе