Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии навъи кушода
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иқтисодӣ, ҷалби сармоягузориҳо, ташаккул ва рушди бозори коғазҳои арзишнок дар асоси тезонидани хусусигардонӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомиро ба ғайр аз объектҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида намешаванд, ба фурӯш расонад.
Фурӯши саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ мутобиқи Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музояда ва тендерҳо анҷом дода шавад. Дар айни замон ҳиссаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи фурӯхташаванда (бо дарназардошти саҳмияҳои пеш фурӯхташуда) бояд на камтар аз 75 фоизи саҳмияхои ҷамъиятҳои саҳомиро ташкил диҳад.
2. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни фурӯши саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 20 феврали соли 1998 № 57
ш. Душанбе