Низомномаи идораи экспертизаи давлатии ғайриидораи лоиҳаҳои сохтмони назди кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 1997, № 553

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 614 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 декабри соли 1997 № 553

тасдиқ шудааст

Низомномаи идораи экспертизаи давлатии ғайриидораи лоиҳаҳои сохтмони назди кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Идораи экспертизаи давлатии ғайриидораи лоиҳаҳои сохтмони назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - идораи экспертизаи давлатӣ) ташкилоти мустақиле мебошад, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усулҳои ҳисоби хоҷагӣ ба экспертизаи давлатии ба ҳисобгирии техникию иқтисодӣ ва асосноккунии техникии иқтисодӣ (БТИ ва АТИ), лоиҳаҳои сохтмон, таҷдид ва нав кардани текникаи корхонаҳо, биною иншооти сарфи назар аз манбаъҳои маблағгузорӣ ва шаклҳои моликияти иншоот (минбаъд - лоиҳаҳои сохтмон), ҳамчунин лоиҳаҳои таҷрибави ва асосии сохтмони истифодаи умуми, ки тибқи барномаҳои фаъолияти буҷетии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб меёбанд, машғул мешавад.

2. Идораи экспертизаи давлати зимни фаъолияташ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, ҳамчунин амр ва дастурамали Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбари мегирад.

3. Экспертизаи давлатии лоиҳаҳои сохтмон бо мақсади пешгирии сохтмони объектҳое, ки сохтан ва истифодаи онҳо ба талаботи меъёру қоидаҳои давлатии сохтмон мувофиқ нест ва ё ба ҳуқуқу манфиат аз тарафи қонун ҳифзшавандаи шаҳрвандон ашхоси ҳуқуқи ва давлат зарар меорад, гузаронда мешавад.

4. Вазафаҳои асосии Идораи экспертизаи давлати чунинанд:

а) назорати дар лоиҳаҳои сохтмон риоя шудани сиёсати инвестиционии давлат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои сохтмон, ҳалли масъалаҳои сохтмони иншооти истеҳсолӣ, хонаҳои истиқоматӣ, иншоотҳои дигари тайиноти иҷтимоии якҷоя бо объектҳои ҳифзи муҳити зист;

б) таъмини гузаронидани экспертизаи давлатии лоиҳаҳои сохтмон ба дараҷаи баладди илмию техникӣ ва бо дарназардошти истифодаи дастоварҳои пешрафти илму техника дар сохтмон ва лоиҳакаши, истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои модди, сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои меҳнатӣ, то ки корхонаҳо, биноҳо ва иншоотҳои сохташуда то вақти ба кор андохташуданашон аз ҷиҳати техникӣ пешқадам буда, оид ба ҳосилнокии меҳнат, арзиши аслии истеҳсолот ва сифати маҳсулот нишондиҳандаҳои баланд дошта бошанд;

в) баланд бардоштани сатҳи меъморӣ, тарҳрезӣ ва шаҳрсозӣ;

г) назорати дар лоиҳаҳои сохтмон риоя шудани талаботи асноди қонуни ва меёрие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд;

д) арзёбии эътимод ва истифодаи бехатари лоиҳаҳои сохтмон, бо дар назардошти хизматрасонии санитарию маишӣ, таъмини шароити мусоиду бехатарии меҳнат, оқилона ҷойгир намудани онҳо;

е) назорати дар лоиҳаҳои оиди истифодаи технология, таҷҳизот, масолеҳ ва конструкцияҳои хориҷии сертификациякунонидашуда ва шаҳодатномаи техникии бо тартиби муайян додашуда.

5. Идораи экспертизаи давлатӣ аз рӯи лоиҳаҳои сохтмон ва дар сурати тағйир ёфтани нишондодҳои асосии техникию иқтисодӣ, ҳамчунин аз рӯи лоиҳаҳои қаблан тасдиқшудаи сохтмон, хулосаҳо тартиб медиҳад ва ба фармоишгарон (инвесторон) мефиристад.

Хулосаи Идораи экспертизаи давлатӣ аз рӯи лоиҳаҳои сохтмон асос барои мувофиқи тартиби муқарраршуда тасдиқ намудан ва санади ҳатмиест, ки онро бояд фармоишгарон, ташкилотҳои қудратӣ ва ташкилотҳои дигари манфиатдор иҷро намоянд.

6. Идораи экспертизаи давлатӣ ҳуқуқ дорад:

а) лоиҳаҳои сохтмонро, сарфи назар аз шаклҳои моликият, тобеият, манбаъҳои маблағгузорӣ ва арзиши умумиашон экспертиза намояд;

б) натиҷаи экспертизаи лоиҳаҳои сохтмонро ҷамъбаст кунад, перомуни такмили умури лоиҳакашию сметави таклифҳо таҳия намояд, аз рӯи масъалаҳои таҳқиқ ва лоиҳакаши маслиҳат бидиҳад, хадамоти иттилоотиро ба ҷо орад;

в) дар фаъолияти лицензиякунонии ташкилотҳои лоиҳакашӣ иштирок намояд, ҳамчунин дар таҳияи санадҳои зарурии марбут ба лицензиякунонии ташкилотҳои лоиҳакашӣ ширкат варзад;

г) мутахассисони моҳири вазорату идораҳо, ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва фармоишгарро (коршиносони ғайриштатӣ) барои иштирок дар экспертизаи лоиҳаҳои сохтмон ҷалб намуда, муздашонро мувофиқи тартиби муқарраршуда пардозад;

д) аз вазорату идораҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо) перомуни сатҳи техникию иқтисодии тарақии соҳа маълумоти зарурӣ, ҳамчунин маълумоти дигаре бигирад, ки барои иҷрои вазифаҳои Идораи экспертизаи давлатӣ заруранд;

е) масъалаҳои марбут ба кори фармоишгарон ва ташкилотҳои лоиҳакаширо ҷиҳати беҳтар сохтани сифати лоиҳакашӣ барои баррасӣ ба муҳокимаи ҷаласаҳои коллегияи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузорад;

ж) мувофиқи тартиби муқарраршуда аз рӯи масъалаҳои салоҳияти Идораи экспертизаи давлатӣ конференцияҳо ва машваратҳо даъват намояд;

з) дар мавриди зарурат ба ташкилотҳои лоиҳакашии машғули таҳқиқу тарҳрези дастур бидиҳад, ки барои интихоби вариантҳои қобили қабул вариантҳои иловагии БТИ ва АТИ-ро аз рӯи лоиҳаҳои сохтмон тартиб диҳанд.

7. Идораи экспертизаи давлатӣ барои иҷрои корҳои зерин масъулият дорад:

а) ҷамъбасти натиҷаи экспертизаи лоиҳаҳои сохтмон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад;

б) таҳияи пешниҳодод перомуни такмили умури лоиҳакашию сметавӣ ва таҳқиқи лоиҳаҳои сохтмон ва заминаи меъёрии он.

8. Лоиҳаҳои сохтмон, сарфи назар аз арзиши умумии онҳо, манбаи маблағгузори, шакли моликият ва марбутияти иншоот то тасдиқ шудани онҳо аз экспертизаи давлатӣ мегузаранд. Асосноккунии техникии иқтисодӣ (АТИ), ба ҳисобгирии техникию иқтисодӣ (БТИ) дар сохтмони ҳамаи иншоотҳое, ки дорои аҳамияти муҳими давлатӣ мебошанд ва эъмори онҳо бо ҷалби инвесторони хориҷи пешбини шудааст, аз ҷониби Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи номгӯи якҷоя бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки идораи экспертизаи давлатии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва экспертизаи экологии давлатии Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, экспертизаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, инчунин ҳангоми зарурат бо салоҳдиди Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби дигар вазорату идораҳо ва ташкилотҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.

9. Феҳристӣ аснод ва маводеро, ки барои экспертиза ба Идораи экспертизаи давлатӣ пешниҳод менамоянд, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳад ва тасдиқ мекунад.

10. Идораи экспертизаи давлатӣ шахси ҳуқуқӣ буда, мӯҳри худро дорад, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфта, унвонаш ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сабт шудааст.

11. Ба Идораи экспертизаи давлатӣ Сардор роҳбари мекунад, ки ӯро Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Муовинони сардори Идораи экспертизаи давлатиро бо пешниҳодоти Сардори Идораи экспертизаи давлати Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

12. Сардори Идораи экспертизаи давлатӣ:

а) барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Идораи экспертизаи давлатӣ гузошташуда шахсан ҷавобгар мебошад ва дараҷаи масъулияти муовинон ва роҳбарони бахшҳои сохтории Идораро муқаррар мекунад;

б) манфиати Идораи экспертизаи давлатиро бидуни ваколатнома дар ҳамаи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ мекунад, аз рӯи масъалаҳои марбут ба салоҳияти Идораи экспертизаи давлатӣ бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли (ҳукуматҳо) ва ташкилотҳои дигар мукотиба менамояд;

в) дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва феҳристӣ муқарраршудаи мансабҳо коркунони Идораи экспертизаи давлатиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад, мувофиқи тартиби муқарраршуда санҷиш мегузаронад, ба коркунон изофа маъош медиҳад ё онро бекор менамояд, барои нишондодҳои баланди кор аз нигоҳи моддӣ ва бо шаклҳои дигар ҳавасманд мегардонад;

г) бо тартиби муқарраршудаи амвол ва маблағҳои Идораи экспертизаи давлатиро идора мекунад, ваколатномаҳо (аз ҷумла бо ҳуқуқи ба каси дигар додани ваколат) медиҳад, дар бонк ҳисобнома ва ҳисобҳои дигар мекушояд, риояи интизоми молиявӣ ва ҳифзи моликиятро таъмин менамояд;

д) дар ҳудуди салоҳияти Идораи экспертизаи давлати фармону дастурҳо медиҳад, иҷрои онҳоро ташкил ва тафтиш мекунад;

е) Хисоботи роҷеъ ба фаъолияти Идории экспертизаи давлатиро тасдиқ ва манзури Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон менамояд.

13. Сохтор ва штатҳои Идораи экспертизаи давлатиро Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.