Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оиди тараққӣ додани соҳаи кирмакпарварӣ ва саноати абрешим
Бо мақсади тадбиқи дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов, ки тибқи паёмаш дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва захираи пилла, коркарди пурраи он дар дохили ҷумҳурӣ ва таьмини кори мураттаби корхонаҳои коркарди пилла зикр ёфтаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати кишоварзӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати давлатии молҳоп истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барномаи соҳаи тараққии соҳаи кирмакпарвариро дар ҷумҳурӣ бо нақшаи чорабиниҳо оиди афзун намудани киштзорҳои дарахтони тут дар солҳои 2001-2005 дар мӯҳлати ду моҳ таҳия намуда барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд, якҷоя 6о Раисонн вилояти худмухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо тадбирҳои тараққии соҳаи кирмакпарвариро дар солҳои 2001-2005 ва бо мақсади таъмини корхонаҳои саноати абрешими кишвар бо ашъёи хом, ҳар сол ба 3,0-3,1 ҳазор тонна расонидани ҳаҷми истеҳсол ва захираи пилларо пешбинӣ кунанд.
2. Раисони вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади бо ашъёи хом пурра таъмин намудани корхонаҳои саноати абрешим, ҷиҳати коркарди минбаъдаи он дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони пилла шароит фароҳам намоянд, корхонаҳои коркарди абрешим ва филиалҳои маҳаллии онхо бо кишоварзони бахши истеҳсоли пилла дар асоси ҳамкории мутақобилан судманд мустақиман шартнома банданд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002" ва солҳои минбаъда барои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраршуда ҷудо карданн маблағро барои руёнидани зотҳои нави кирмак ва беҳтар намудани заминаи моддию техникии соҳаи кирмакпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 31 январи соли 2001 № 54
ш. Душанбе