Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои такмили минбаъдаи савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади танзими усули савдои биржавӣ ва захираҳои ашёи хом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ гардонидани он бо сиёсати давлат, ки ба рушди афзалиятноки муносибатҳои бозорӣ ва озод кардани савдои хориҷӣ нигаронида шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Биржаи давлатии молу ашёи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Биржаи молу ашёи Тоҷикистон" дар назди Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Биржаи давлатии молу ашёи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Биржаи молу ашёи Тоҷикистон" табдил дода шавад.
2. Директори генералии биржаи давлатии молу ашёи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Биржаи молу ашёи Тоҷикистон" ва муовини ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вачифа озод менамояд.
3. Биржаи молу ашёи Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ ба тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳо ба Низомномаи биржаи молу ашёи Тоҷикистон, ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 1996 № 104, тасдиқ шудуаст, ва тартиби танзимкунандаи амалиёти содиротиро, ки Биржаи молу ашёи Тоҷикистон ба амал мебарорад, пешниҳод намояд.
4. Ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 1996 № 104 "Дар бораи ташкил намудани биржаи молу ашёи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти зерин ворид карда шаванд:
дар банди 1 калимаҳои "дар назди Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд;
дар банди 5 калимаҳои "Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 декабри соли 1998 № 533
ш. Душанбе