Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 январи соли 1997 № 44
тасдиқ шудааст
Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом
1. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
1. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом (минбаъд Комиссия) бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 1996 № 275 "Дар бораи таъсиси Комиссияи ҷумҳурияви оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом" таъсис ёфтааст.
2. Комиссия дар фаъолияти худ ба Комиссияи давлатии ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад.
3. Иҷрои қарорҳои Комиссияи доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияташ барои мақомоти, идораи давлатии ҳамаи зинаҳо ва субъектҳои хоҷагидори, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҳатми мебошад. Дар ҳолати рози набудан бо қарори Комиссия, ба иҷрокунандагон ҳуқуқ дода мешавад, ки дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯз ба Комиссияи давлатии ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кунад. Хулосаи он доир ба масъалаи баҳснок ниҳои ба ҳисоб меравад.
II. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ КОМИССИЯ
4. Мақсади фаъолияти Комиссия аз инҳо иборат аст:
иштирок дар таҳия ва амали гардонидани сиёсат дар масъалаҳои хусусигардонии объектҳои сохтмонашон нотамом;
ташкили кори мақсаднок дар мавриди паст намудани ҳаҷми сохтмони нотамом;
ташкили фурӯши объектҳои сохтмонашон нотамоми таъиноти гуногун;
муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ.
5. Комиссия мутобиқи мақсади фаъолияти худ:
якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли (ҳукуматҳо) барномаҳои хусусигардонии объектҳои сохтмонашон нотамомро таҳия ва татбиқ менамояд;
корҳои гузаронидани экспертиза ва муайян намудани арзиши объектҳои фурӯхташавандаро ташкил менамояд;
мӯҳлат, ҳаҷм, арзиш ва шаклҳои фурӯши объектҳои сохтмонашон нотамомро, сарфи назар аз шакли моликияташон, муайян менамояд;
нархи ибтидоии объектҳои сохтмонашон нотамомеро, ки дар музояд ва озмун фурӯхта мешаванд, муқаррар менамояд;
оид ба хусусигардонии объектҳои сохтмонашон нотамом музояда ва озмунҳоро ташкил мекунад ва мегузаронад;
ба Комиссияи давлатии ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои хусусигардонии объектҳои сохтмонашон нотамоме, ки аҳамияти умумидавлати доранд, таклифҳо пешниҳод мекунад;
манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти худ ҳифз мекунад.
III. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ
6. Фаъолияти Комиссия дар шакли мунтазам даъват намудани маҷлисҳо ва ё ба қадри дохил шудани дархостҳо оид ба хусусигардонии объектҳои сохтмонашон нотамом, вале на камтар аз як маротиба дар як моҳ ба амал бароварда мешавад. Мӯҳлати муайян ва вақти гузаронидани маҷлисҳои Комиссияро Раиси он муайян мекунад.
7. Рӯзномаи маҷлис бо аксарияти оддии овозҳои аъзои иштирокдоштаи Комиссия тасдиқ карда мешавад. Ба рӯзномаи маҷлис бо пешниҳоди аъзои Комиссия тағъирот ворид карда мешавад.
8. Маҷлиси Комиссия дар ҳолати иштироки на камтар 2/3 шумораи умумии аъзо ваколатдор ба ҳисоб меравад.
9. Ҳуҷҷатҳои мебаровардаи Комиссия қарорҳо, инчунин протоколҳое мебошанд, ки Раиси Комиссия ва котиби он имзо мекунад.
10. Хароҷоти вобаста ба кори Комиссияро Комиссияи давлатии ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад ва онро Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳое, ки дар ихтиёри Кумитаи давлати аз хусусигардонии моликияти давлати гузошта мешаванд, маблағгузори мекунад.
11. Ҳайати Комиссия, аз ҷумла Раиси онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.